Главная / Маданият ва санъат / Мусаббаоти Ашара

Мусаббаоти Ашара

Гурз ибни Вабра (ва ӯ аз абдол буд) гуфт, ки: Бародаре аз аҳли Шом бари ман омад ва маро ҳадяе дод ва гуфт:

  • Эй Гурз, аз ман ин ҳадяро қабул кун, ки неку ҳадяест.

Гуфтам:

  • Эй бародар, туро ин ҳадя кӣ додаст?

Гуфт:

  • Иброҳими Тайимӣ.

Гуфтам:

  • Аз Иброҳим напурсидӣ, ки ӯро аз куҷо ёфт?

asharaГуфт:

  • Бале, пурсидам. Ӯ чунин гуфт, ки: Дар пеши дари хонаи Каъба нишаста будам ва таҳлилу тасбеҳ ва таҳмиду тамҷид мегуфтам. Марде биёмаду бар ман салом гуфт ва бар дасти рости ман нишаст. Ва ман дар асри худ аз ӯ хубтару накӯрӯйтар ва сапедҷоматару хушбӯйтар надида будам, гуфтам:
  • Эй Абдуллоҳ (яъне бандаи Худо), ту кистӣ ва аз куҷо меоӣ?

Гуфт:

  • Ман Хизрам.

Гуфтам:

  • Мӯҷиби омадан чист?

Гуфт:

  • То бар ту салом гӯям, чӣ туро барои Худо дӯст медорам ва ба наздики ман ҳадяест, мехоҳам, ки он туро диҳам.

Пурсидам, ки:

  • Он чӣ чиз аст?

Гуфт:

  • Он, ки пеш аз баромадани хуршед ва густурда шудани нури он бар замин ва пеш аз фурӯ шудани он сураҳои “Алҳамд” ва “Нос” ва “Фалақ” “Ихлос” ва “Кофирун” ва “Ояту-л-Курсӣ”, ҳар яке аз онро ҳафт бор бихонӣ ва ҳафт бор “Субҳоналлоҳи ва-л-ҳамду лиллоҳи ва Ло илоҳа илаллоҳу валлоҳу Акбар” ва ҳафт бор бар Пайғамбар (с) дуруд диҳӣ ва ҳафт бор барои мардону занони муъминомурзиш хоҳӣ ва ҳафт бор барои худ ва ҳафт бор бигӯй: “Аллоҳумма-фъал бӣ ва биҳим оҷилан ва оҷилан фӣ-д-дини ва-д-дунё ва-л-охирати мо Анта лаҳу аҳлиҳи ва ло тафъал бино ё Мавлоно мо наҳну лаҳу аҳлуи иннака Ғафурун Ҳалимун Ҷаводун Каримун Рауфун Раҳим” ва бингар, ки онро бомдоду шабонгаҳ нагзорӣ (тарк накунӣ).

Гуфтам:

  • Хоҳам, ки ахбор фармоӣ, ки ин ато туро кӣ додаст?

Гуфт:

  • Муҳаммад (с).

Гуфтам:

– Аз савоби он маро хабар деҳ.

Гуфт:

  • Чун Муҳаммад (с)-ро хоҳӣ дид аз савоби он бипурс, ки туро аз он ахбор фармояд.

Ва ривоят кардаанд, ки Меҳтари Хизр (а) Иброҳимро гуфт, ки:

  • Эй Иброҳим, бояд, ки ду ракъат намоз бигузорӣ дар ракъати аввал баъд аз сураи «Фотиҳа» сураи «Кофирун»-ро ҳафт бор ва дар ракъати дуввум баъд аз сураи «Фотиҳа» сураи «Ихлос»-ро як бор ва тасбеҳоти рукуъу суҷудро низ ҳафт бор гуфта бошӣ. Ва баъд аз салом cap ба саҷда бинеҳ ва ҳафт бор калимаи тамҷид (Субҳоналлоҳи ва-л-ҳамду лиллоҳи ва Лo илоҳа иллаллоҳу валлоҳу Акбару ва ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳил-Алийи-л-Азим) ва ҳафт бор дуруд (Аллоҳумма салли ало Муҳаммадин абдика ва набиййика ва ҳабибика ва расулика-н-набийи-л-уммиййи ва ало олиҳи ва асҳобиҳи ва борик ва саллим) бихон ва чун cap аз саҷда бардорӣ як бор «Фа субҳоналлоҳи ҳина тумсуна ва ҳина тусбиҳуна ва Лаҳу-л-ҳамду фӣ-с-самовоти ва-л-арзи ва ашийё»-ро то охир бихонӣ. Баъд аз он ба хоб равӣ ва каломи дунё накунӣ ва рӯй ба қибла оварда хоб кунӣ ва дуруд гуфта бошӣ, то дар хоб Ҳазрати Рисолатпаноҳ (с)-ро бубинӣ.

Пас Иброҳими Тайимӣ ҳамчунон кард ва он Ҳазрат (с)-ро дар хоб дид ва гуфт, ки рӯзе дар хоб дидам, ки чунон астӣ, ки малоика биёмаданд ва ӯро бардоштанд ва ба биҳишт бурданд ва ӯ он чӣ дар он аст бидид ва корҳои азим, ки дар биҳишт дида буд, васф кард ва гуфт, ки: Аз фариштагон пурсидам, ки:

  • Ин ҳама кирост?

Гуфтанд, ки:

  • Он касро, ки мисли ту кунад.

Ва гуфт, ки аз меваву шароби биҳишт тановул кард. Пас Пайғамбар (с) бари ман омад бо ҳафтод пайғомбари дигар ва ҳафтод сафе аз фариштагон, ки ҳар сафе аз машриқ то мағриб ва бар ман салом гуфт ва дасти ман гирифт. Гуфтам:

  • Ё Расулаллоҳ (с), Хизр маро гуфт, ки ин ҳадисро аз ту шунидааст.

Гуфт:

  • Хизр рост гуфтааст. Ду бор мукаррар[1] кард. Ва ҳар чӣ ӯ ҳикоят кунад ҳақ бошад ва ӯ олими аҳли замин асту раиси (сардори) абдол аст ва ӯ аз лашкарҳои Худои аст дар замин.

Гуфтам:

  • Ё Расулаллоҳ (с), ҳар кӣ ин бикунад ва мисли ин, ки ман дар хоб дидам, набинад, чизе аз ин, ки ман ёфтаам, биёбад?

Гуфт:

  • Бад-он Худое, ки маро ба ҳақ баъс фармудааст, ки кунандаи ин, агарчи маро дар биҳишт набинад, ҳамаи кабоири (гуноҳҳои кабираи) ӯ омурзида шавад ва хашму ғазаби Ҳақ таолоро аз вай бардоранд ва соҳиби шимолро (мурод фариштаест, ки бар души чап ҷой дорад ва гуноҳонро менависад) фармоянд, ки то соле ҳеҷ бадӣ бар вай нанависад. Ва бад-он Худое, ки маро ба ҳақ пайғамбар гардонидааст, ки ин кор накунад, магар касе, ки Ҳақ таоло вайро некбахт офарида ва тарки ин нагирад, магар касе, ки вайро бадбахт офаринад.

Ва Иброҳими Тайимӣ чаҳор моҳ таому шаробро тановул накарда буд ва шояд, ки ин пас аз ин хоб будааст.

Азбаски баъзе аз хонандагони ин маҷмуа бо ҳуруфи ниёгон ошно нестанд, мо шакли пурраи ин оёту дуоҳоро барои онҳо бо ҳуруфи ҳозираи тоцикӣ пешкаш менамоем.

[1] Мукаррар – такрор.

Инчунин дар сомона Дуои Ашора аст ки онро низ метавонед хонед

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …