Главная / Гуногун / Шартнома оид ба иҷораи амволи коммуналӣ

Шартнома оид ба иҷораи амволи коммуналӣ

Суроға : 734025  ш.Душанбе, хиёбони Рудакӣ,  38\1        

Шартномаи №_____

оид ба иҷораи амволи коммуналии шаҳри Душанбе ва хароҷотҳои нигоҳдориву хизматрасониҳои коммуналӣ

аз «______» ________________соли  2016                                                            ш. Душанбе

Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, минбаъд «Иҷрокунанда» номида мешавад, дар шахсияти Табаров Аъзам Афзалович, ки дар асоси Низомнома амал менамояд, аз як тараф ва аз тарафи дигар _________________________________________________, ки минбаъд «Иҷорагир» номида мешавад, дар асоси Протоколи № _________ аз ______ _________ соли 2016  «Дар бораи натиҷаи озмун оид ба иҷора супоридани амволи  коммуналӣ  шаҳри  Душанбе» (Замимаи №1), аз ____ _________ соли 2016  шартномаи мазкурро оид ба истифодабарии муздноки амволи давлатӣ мутобиқи шартҳои зерин ба имзо расонидаанд.

  1. Муқаррароти умумӣ

1.1. «Иҷрокунанда» ба «Иҷорагир» амволи давлатиро қисми бинои Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» вақеъ дар кўчаи Рўдакӣ 38/1 дар ошёнаи __________-ум қисмати «Б» «Утоқи корӣ» дар масоҳати умумии ___________ м2, ки арзиши моҳонаи он ____________ (___________________) сомониро ташкил медиҳад, бо мақсади истифодабарӣ ҳамчун объекти «Утоқи корӣ» (Офис) ба иҷора месупорад.

1.2.Шартнома дар асоси ихтиёрӣ ва баробарҳуқуқии тарафҳо баста мешавад.

1.3.Баъди ба имзо расидани шартномаи байни «Иҷорадиҳанда» ва «Иҷорагир» дорандаи мувозинати объекти иҷора санади қабулу супоридани амволи давлатиро бо зикри ҳолати техникӣ ва таснифоти навъи амвол омода намуда, якҷоя бо намояндаи иҷорагиранда ба имзо мерасонад. Супоридани амволи давлатӣ тибқи санади қабулу супоридан ба анҷом расонида мешавад. Санади қабулу супоридани объекти иҷора қисми ҷудонашавандаи шартномаи мазкур ба ҳисоб меравад.

  1. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои тарафҳо

2.1. «Иҷорадиҳанда» ҳуқуқ дорад:

– дар ҳолати аз ҷониби «Иҷорагир» мутобиқи шартҳои шартномаи иҷора истифода набурдани объекти иҷора, шартномаи иҷораро бекор намуда, ҷуброни зарареро, ки дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидории «Иҷорагир» ба амволи давлатӣ расонида шудааст, талаб намояд;

– дар мувофиқа бо «Иҷорагир» ба шартнома тағйиру иловаҳо ва ислоҳоти дахлдорро ҳангоми тағйир ёфтани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ворид намояд;

– корҳоеро, ки «Иҷорагир» бар хилофи шартҳои ҳамин шартнома анҷом медиҳад, боздорад;

– санҷиши риояи шартҳои пешбинишудаи шартномаи мазкурро дар ҳудуди объекти иҷора бе мамоният гузаронад.

2.2. «Иҷорагир» ҳуқуқ дорад:

– фаъолияти хоҷагидориро дар биноҳо (иншоот), корхонаҳои давлатии ба иҷора гирифтааш мустақилона, танҳо мувофиқи мақсад ва шартҳои пешбинишудаи ҳамин Шартнома анҷом диҳад;

– баъди имзои санади қабулу супоридан ба истифодаи амволи давлатии ба иҷора гирифтааш шурўъ намояд.

2.3. «Иҷорадиҳанда» вазифадор аст:

– риояи шартҳои пешбинишудаи Шартномаро таҳти назорат қарор диҳад.

2.4. «Иҷорагир» вазифадор аст:

– истифодаи объекти иҷораро мутобиқи шартҳои Шартнома қабул ва таъмин намояд;

– амволро мутобиқи таъиноте, ки дар банди 1.1. ҳамин Шартнома зикр гардидааст, самарабахш истифода баранд;

– дар объекти иҷора қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ, зидди сўхтор, меъёр ва қоидаҳои соҳавие, ки барои корхонаю ташкилотҳои машғули чунин навъи фаъолият муқаррар шудаанд, риоя намояд;

– амволро дар ҳолати коршоямӣ нигоҳ дорад, аз ҳисоби худ таъмири ҷории онро анҷом диҳад;

– азнавсозӣ ва азнавтаҷҳизотонии объекти ба иҷора гирифтаро бе иҷозати хаттии «Иҷорадиҳанда» анҷом надиҳад;

– нигоҳдории таҷҳизотҳои муҳандисӣ ва шабакаҳои барқиро дар ҳудуди объекти иҷора таъмин намояд;

– бо дорандаи баланси иҷора барои пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ ва пардохтҳо тибқи қонунгузории муайяншуда шартнома бандад;

– маблағи иҷораи амволи коммуналиро дар мўҳлатҳои муқаррарнамудаи Шартнома пардохт намояд;

– объекти иҷораро дар маҷмуъ ва (ё) қисман бе иҷозати «Иҷорадиҳанда» ба зериҷора надиҳад;

– объекти иҷораро ба гарав намонад ва ба тарзи дигар ба он арзонӣ  наорад;

– баъди ба итмом расдани муҳлати шартнома ба дорандаи баланс обекти иҷораро бо назардошти қисмҳои беҳшудаи тақсимнашаванда, фарсудашавӣ ё ҳолати дар шартномаи иҷора пешбинишуда, тибқи санади қабулу супоридан баргардонад.

  1. Шарт, муҳлат, андоза ва маблағи умумии иҷорапулӣ

3.1. Муҳлати амали шартнома аз ________________ соли 2016 то ______________ соли 2017 муқаррар карда мешавад.

3.2 маблағи солонаи иҷорапулии «утоқи корӣ» (офис) ______________ (__________________) сомониро ташкил медиҳад. Пардохти маблағи иҷорапулӣ бо ҳиссаҳои баробар ҳар моҳ на дертар аз рўзи моҳи ҳисоботӣ ба маблағи ___________(________________) (___________cомонӣ  пардохти иҷораи амволи давлатӣ ва   _______________  маблағи  хароҷотҳои  нигаҳдорӣ ва хизматрасониҳои коммуналӣ)  сомонӣ муқаррар карда мешавад.

«Иҷорагир» ҳуқуқ дорад, ки маблағи иҷораро дар ҳаҷми маблағи семоҳа, шашмоҳа ва ё солонаро пешпардохт намояд.

Маблағи иҷорапулӣ ба Департаменти маркази хазинадори Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе суратҳисоби мукотибавӣ ИНН 020007889 суратҳисоб (р/с) 20204972221010100010, БИК 320101800 пардохт карда шавад.

3.3.  «Иҷорагир» боҷи комиссиониро аз рўи меъёри 5% ба маблағи ____________(___________) сомонӣ аз ҳаҷми иҷорапулии семоҳа, ки ин маблағ ба арзиши объекти иҷора дохил намешавад,  ба суратҳисоби (р/с) №20204972822010100015, МФО 350101800, ИНН 020007879 дар Раёсати хазинадори Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе мепардозад.

3.4. «Иҷорагир» боҷи давлатиро аз рўи меъёри 0,1% ба маблағи __________ (__________________) сомонӣ аз ҳаҷми иҷорапулии семоҳа, ки ин маблағ ба арзиши объекти иҷора дохил намешавад,  ба суратҳисоби (р/сч) №0, МФО 310101801, ИНН 020004877 дар Раёсати хазинадори Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе мепардозад.

3.5. Ҳаҷми маблағи иҷора минбаъд метавонад аз ҷониби  «Иҷорадиҳанда» мутобиқӣ шартҳои азнавнархгузории воситаҳои асосӣ, тағйирёбии нарх, бо дарназардошти таварруми қурби асъори миллӣ,дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти таҷдиди назар қарор гирад.

3.6. Маблағи иҷора аз «_____________» ____________________ соли 2016 пардохт карда мешавад.

3.7. Ҳангоми аз ҳисоби «Иҷорагир» иҷро намудани корҳои вобаста ба беҳгардонии ҳолати амволи давлатии баиҷоргирифташуда, маблағи иҷорапулӣ кам карда намешавад.

3.8. «Иҷорагир» уҳдадор аст, ки то охири соли ҳисоботӣ, нисбати пардохти маблағи иҷора бо «Иҷорадиҳанда» санади муқоисавӣ тартиб диҳад.

  1. Масъулияти тарафҳо

4.1. Тарафҳо барои иҷро накардан ё иҷрои номатлуби шартҳои ҳамин шартнома ва уҳдадориҳои ба зима гирифтаашон, мутобиқи қонунгузории ҷори масъулият доранд.

4.2. Ҳангоми беш аз ду моҳ аз муҳлати муқарраргардида пардохт накардани маблағи иҷора «Иҷорадиҳанда» шартномаро яктарафа бекор мекунад ва ҷуброни зарареро, ки дар натиҷаи бекор намудани шартнома расонида шудааст, талаб менамояд.

4.3. Масъулияти нигоҳдорӣ ва таъмини бехатарӣ аз сўхтор дар объекти иҷора ба зиммаи иҷорагир вогузор аст.

 

5 Катъи амали шартнома

5.1. Шартнома амали худро баъди ба итмом расидани муҳлат, инчунин мувофиқи созишномаи тарафҳо дар ҳама дигар муҳлатҳо қатъ менамояд.

5.2. Шартнома метавонад дар  ҳолатҳои зайл яктарафа бекор карда шавад:

– ҳангоми тибқи таъиноти  истифода набурдани объекти иҷора, ки дар банди 1.1. ҳамин шартнома зикр шудааст;

– ҳангоми дидаю дониста ё беэҳтиётона бад кардани ҳолати объекти иҷора;

– ҳангоми пурра ё қисман иҷро накардани Шартнома;

– ҳангоми беш аз ду моҳ аз муҳлати муқарраргардида пардохт накардани маблағи иҷора.

5.3. Муҳлати шартномаи иҷора метавонад бо розигии тарафҳо тамдид карда шавад. Барои тамдид намудани муҳлати шартнома «Иҷорагир» дар муҳлати на камтар аз 1 моҳ то қатъи амали шартнома «Иҷорадиҳанда»-ро ба таври хатти огоҳ менамояд.

5.4. Дар ҳолати зарурати истеҳсолӣ ё зарурати дигар, «Иҷорадиҳанда» як моҳ пеш «Иҷорагир»-ро ба таври хатти огоҳ намуда, амали шартномаро яктарафа бекор мекунад.

 

  1. Шартҳои дигар

6.1. Муносибатҳое, ки дар ҳамин Шартнома дарҷ нагардидааст, тибқи қонунгузории амалкунанда ба танзим дароварда мешавад.

6.2.  Тағироту иловаҳо ба ҳамин Шартнома дорои эътибор мебошад, агар дар шакли хаттӣ таҳия гардида, ҳарду тараф имзо гузошта бошанд.

6.3. Шартномаи мазкур дар 2 (ду) нусха таҳия гардида, дорои эътибори ҳуқуқии баробар мебошанд ва чунин нигоҳ дошта мешаванд:

нусхаи аввал- дар; Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

нусхаи дуюум – дар; дасти иҷорагир

Шартнома аз лаҳзаи ба имзо расидан эътибор пайдо мекунад.

 

  1. Суроғаи ҳуқуқии тарафҳо
«Иҷорадиҳанда» «Иҷорагир»
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе

Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза»

 

ш. Душанбе, хиёбони Рудакӣ – 38/1

Тел: 2274270

_____________________________

 

 

 

Директор Табаров А.А.

             (имзо, муҳр, ному насаб)

 

 

Иҷорагир:                       ______________________

                                  (имзо, муҳр ному насаб)

 

 

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

3_zheleznaya_loshad

Техника дар нимаи дуюми асри XIX — аввали асри XX

Дар ИМА солҳои 60-70-ум дар коркарди гӯшт, ордкунии ғалла ва маъданистеҳсолкунӣ конвейер истифода бурда шуд. …