Главная / Илм / АШ-ШОМИЛ

АШ-ШОМИЛ

9rno4wnpawgqzv2magcb8sqc«АШ-ШОМИЛ», асари Алоуддин Алӣ ибни Абилҳазми Қурашӣ, маъруф ба Ибни Нафиси Димишқӣ (1200 – 1288) дар боби тиб. Китоб аввалин доиратулмаориф (энсиклопедия)-и комилу шомили тиббӣ буда, муаллиф онро ба итмом нарасондааст. Ҳамин шакли нотамоми он ҳаштод муҷалладро дарбар мегирад. Аз рӯи нақшаи муаллиф дар сурати ба итмом расондан он бояд аз сесад ҷилд иборат мешудааст.
Ад.: Ҳоҷихалифа, «Кашфу-з-зунун ан асомии-л-кутуби ва-л-фунун», ҷ. 2, Лубнон, 2007.
С. Шаҳобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …