Главная / Гуногун / Вазифаи асбобу механизми танзимаи дарозии лаганда

Вазифаи асбобу механизми танзимаи дарозии лаганда

Барои матоъҳои ғафсиашон, гуногун лагандаи гуногун талаб карда мешавад. Барои матои тунук лаганди кӯтоҳ 1,5-2 мм, барои матои ғафс лагандаи дарозро истифода мебаранд.

Масофаи байни ду дӯхти сӯзанро лагандачок меноманд. Лагандаи аз ҳама дарозтарин дар мошинаҳои дарздӯзии дастӣ 4 мм мебошад.

Барои муайян кардани дарозии лаганда мурвати танзимро ба тарафи чап тоб дода, гӯшаки онро озод нигоҳ медоранд, баъд рақамҳои ҷадвалро ба ҳисоб гирифта, гӯшаки танзимро муқобили рақами зарур мегузоранд ва мурватро ба тарафи рост тоб медиҳад.

narez-tkani

ҳангоми аз аввалу охир мустаҳкам кардани дарз ва аз тарафи акс лаганда кардан забончаи танзима боло тела дода мешавад.

Ҳангоми дӯхтани дарзи чин-чин забончаи танзима муқобили рақами 4 (поён) бурда мешавад. Дар ин ҳолат риштаи тор бештар холӣ мешавад ва риштаи пуд осон кашида мешавад.

Чин-чин ҳангоми то қадри ҳол кашидани риштаи пуд пайдо мешавад. Вабаста ба навъу гурӯҳи мошинҳо танзими онҳо низ гуногуншакл мешавад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …