Главная / Илм / АРТРОЗ

АРТРОЗ

_artrozАРТРОЗ (Arthrosis), буғумдард, остеоартроз, иллати музмини бандҳо. Ба он бештар раққосҳо, операторони компютер, варзишгарон ва ғ. бинобар ихтилоли эндокринӣ, дар натиҷаи зарбулати бандҳо, барзиёдии вазн, аз сабаби ихтилоли раванди мубодила дар организм, инчунин ҳангоми кори бисёру доимии ҷисмонӣ гирифтор мешаванд. Пӯшидани пойафзоли танг низ боиси А.-и бандҳои кафи по мегардад.
Чӣ бандҳои калон (зону, кос, соқу кафи по, оринҷ) ва чӣ бандҳои хурд, аз ҷумла бандҳои сутунмӯҳра (спондилоартроз), осеб меёбанд. Ҳангоми А. тағояке, ки сатҳи банди устухонҳоро фаро гирифтааст, тадриҷан вайрону тунук шуда, бофтаи устухон ва пардаи дохилии халтачаи буғум зиён мебинад, баъзан устухон калон мешавад.
Беморӣ аз дарди сусту номуттасили бандҳо оғоз ёфта, ҳангоми кори сабук худ аз худ нест мешавад. Сонӣ аз кори дуру дарози вазнин дард аз нав пайдо шуда, тадриҷан доимӣ мегардад. Бандҳо андаке варам ва дар аснои даст расондан дард мекунанд, аз хаму рост шудан қирс-қирс садо мебароранд. Тағйир ёфтани шакли банд ва дар бандҳои калон ҷамъ шудани моеъ аз эҳтимол дур нест.
Дар мавриди спондилоартроз решачаҳои асаб бинобар калон гаштани устухонҳо фишор ва зарбулат хӯрда, ба ном «дарди решачаи асаб» ба вуҷуд меояд; дар атрофи дилу шикам низ дард ҳис карда мешавад. Хурӯҷи беморӣ, одатан, дар натиҷаи кори барзиёди банди осебдида сар мезанад.
Муолиҷаи А. ба давраи беморӣ вобаста аст. Мақсад аз табобат мӯътадил гардондани раванди мубодилаи моддаҳо дар организм ва аз бори вазнин эҳтиёт намудани банди иллатёфта мебошад. Дар баъзе мавридҳо ҷарроҳӣ низ зарур аст. Раҳоӣ аз вазни зиёдатӣ дар кори табобати А. аҳамияти калон дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …