Главная / Илм / АРТРОГРИПОЗ

АРТРОГРИПОЗ

artrogripozАРТРОГРИПОЗ (Arthrogryposis; аз юн. arthron – банд ва grypos – хамида, каҷ), бемории модарзоди бандҳои дасту по. Дар натиҷаи атрофияи мушакҳо ва ба бофтаи чарбӣ иваз шудани торҳои мушак ба амал меояд. Ҳангоми А. дастҳо ба бадан ҷафс шуда меистанд; панҷаи даст ва ангуштон мисли чанголи мурғони шикорӣ аст. Пойҳо каҷ ва аз ҳам дур мебошанд. Кафи пойҳо шакли муқаррарии худро гум мекунанд. Бо мақсади табобати А. аз усулҳои ҷарроҳӣ, раддодӣ (ортопедӣ), бандинагузорӣ, варзиши шифоӣ ва ғ. истифода карда мешавад. Табобат ҳар қадар бармаҳал оғоз шавад, натиҷааш ҳамон қадар хубтар аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …