АРТРИТИ ТАРБОДМОНАНД (Rheumatoid arthritis), бемории бофтаҳои пайвандист, ки бо осеби буғумҳо падид меояд. Сабаби А. т. то ҳол маълум нест. Баъзе маълумотҳои тахминӣ далолат бар он мекунанд, ки А. т. табиати сироятӣ дорад (мас., зиёд шудани лейкоситҳои хун, афзудани суръати таҳшини эритроситҳо – СОЭ ва ғ.). А. т. боиси маъюбӣ (дар 70% беморон) мегардад. Сабаби асоси фавти маризон дар мавриди беморӣ нуқси гурдаҳо аст.
А. т. се давраро дарбар мегирад. Дар давраи аввал халтачаҳои зулолӣ (синовалӣ) варам карда, дардманд мешаванд. Дар давраи дуюм бинобар тақсим шудани ҳуҷайраҳо пардаи зулолӣ ғафс ва сахт мегардад. Дар давраи сеюм ҳуҷайраҳои иллатӣ фермент ихроҷ мекунанд, ки он ба устухон ва тағоякҳо зарар расонда, боиси каҷ ва беҳаракат гаштани бандҳо мешавад.
А. т. дар оғоз оҳиста ҷараён мегирад. Нишонаҳои он ба полиартрит ва олигоартрит монанд мебошанд. Банду буғумҳо бар асари тағйири обу ҳаво ба дард медароянд. А. т. аксар вақт якҷоя бо дигар бемориҳо – остеоартроз, тарбод, амрози бофтаҳои пайвандӣ ва ғ. пайдо мешавад. А. т. метавонад дар ҳама бандҳо ба мушоҳида расад, вале бисёр вақт дар буғумҳои ангуштон ва банди даст падид меояд. Осеби бандҳо, одатан, ба таври симметрӣ сурат мегирад, яъне агар банди дасти рост зарар бинад, пас ҳамон банди дасти чап низ иллат меёбад.
Аломатҳои А. т. гуногун мебошанд, мас., хастагӣ, субҳидам карахт шудани банду буғумҳо, сустию беҳолӣ, пайдо шудани дард ҳангоми бисёр нишастан, хуруҷ ёфтану хомӯш шудани нишонаҳои маризӣ, дард кардани мушакҳо, беиштиҳоӣ, хиратабъӣ, хароб шудан, камхунӣ, хунук будани кафи дастон ва ғ.
Бо мақсади табобати А. т. аз доруҳои рафъи илтиҳоб истифода мебаранд. Усулҳои табобати физиотерапевтӣ, гармишифоӣ (парафин, озокерит), электрофорез, муолиҷа дар санаторияҳо низ корбаст мешаванд.
У. Расулов.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Литсейи Умари Хайём дар шаҳри Душанбе
31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон …