Главная / Илм / АРТРИТ

АРТРИТ

6-54АРТРИТ (Arthritis; аз юн. arthron – банд, буғум, мафсил), газаки банду буғум, бемориест, ки аз илтиҳоби банду буғум сар мешавад. А. оқибати бемориҳои сироятии сил, сӯзок, брутселлёз, домана, исҳоли хунин, ангина ва ғ., ҳамчунин зарбу лати бандҳо ва манбаи сирояти музмини микробҳо (ҳангоми газаки бодомак, дарди гӯш, иллати узвҳои нафас, иллати дандонҳо ва ғ.) аст. Сирояти тӯлонии микробҳои касалиангез дар пайдоиши бемориҳои музмини бандҳо мавқеи муҳим дошта, боиси инкишофи аллергия мегардад. Заҳролудӣ, хунук хурдан, суст шудани қобилияти муҳофизатии организм низ ба пайдоиши А. мусоидат мекунанд.
Дарди бандҳо, ки ҳангоми ҳаракат шиддат мегирад ва ҳисси карахтӣ (махсусан дар сурати тӯлонӣ ҷараён гирифтани беморӣ) аломатҳои асосии А. мебошанд. Аксар вақт варам, тағйири шакл ва тарҳи банд (аз сабаби ҷамъ шудани моеи газак дар ҷавфи банд) мушоҳида шуда, пӯсти ҷои иллатӣ сурх мегардад. Ҳангоми А. беҳолӣ ва вараҷа ба амал меояд. Дар сурати саривақт ва дуруст табобат кардан (аз рӯи таъиноти духтур), ки он истифодаи доруҳои пурсамар, варзиши шифоӣ ва масҳро фаро мегирад, бемор шифо меёбад. Дар аснои кӯҳна гаштани иллат, беморӣ музмин ва боиси бадшаклии банду камҳаракатии онҳо мегардад. Ба варзиши шифоӣ ва масҳ фавран баъди нест шудани зуҳури шадиди беморӣ шурӯъ бояд кард. Дар аввал машқҳои оддиро иҷро карда, тадриҷан онҳоро мураккаб мегардонанд. Бо ин мақсад маҷмӯи машқҳои махсусро дарёфтаанд. Ба бемороне, ки гирифтори А.-и музминанду фаъолияти бандҳояшон халал ёфтааст, варзиши шифои (ҳаракат)-и муттасил зарур мебошад. Аз сабаби барзиёдии вазни бемор табобати бандҳои осебдидаи сутунмӯҳра, кос ва пой душвориҳо пеш меорад. Маҳлул ва марҳамҳое, ки ба бандҳо мемоланд, чун воситаи мусакин истифода мешаванд. Барои масҳ фақат доруҳои таъинкардаи духтурро истифода бояд бурд, чунки воситаҳои хонагӣ бештар аз ангезандаҳои химиявӣ иборат буда, аксар вақт ҷараёни газаки бандро метезонанд ва боиси сӯхтани пӯст мегарданд. Табобат дар осоишгоҳ танҳо дар давраи хуруҷ надоштани газак ва бо таъиноти духтур тавсия мешавад.
Барои пешгирии А. саривақт табобат кардани бемориҳои сироятӣ, мунтазам тоза нигоҳ доштани ҷавфи даҳон (ниг. Даҳон) зарур аст. Худро аз оббозӣ дар оби хунук, хунук хӯрдан, якбора тағйир ёфтани обу ҳаво эҳтиёт кардан лозим аст. Обутоби организм, тарбияи ҷисмонӣ, инчунин беҳтар кардани шароити зиндагию меҳнат аҳамияти калон дорад.
Бо мақсади муолиҷаи А. қабл аз ҳама сабабҳои асосии бемориро бартараф сохтан лозим аст; истифодаи антибиотикҳо, гормонҳо, доруҳои рафъи дард ва зидди илтиҳоб, гоҳо ҷарроҳӣ, низ дар назар дошта мешавад.
У. Расулов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …