Главная / Без рубрики / Корхонаи арматурии Душанбе / Арматурный завод имени Ордженикидзе

Корхонаи арматурии Душанбе / Арматурный завод имени Ордженикидзе

Таърихи рушду иқтисодии Тоҷикистонро бе фаъолияти заводи арматурии Душанбе тасаввур кардан мушкил аст. Тоҷикистони шӯравӣ ҳамагӣ даҳ сол дошт, ки мақомоти Иттифоқ дар бораи бунёди корхонаи мазкур тасмим гирифт. Солҳои 30-юм айни авҷи маъракаи коллективонӣ ва индуст- риякунонии иттиҳод буд. Ва маҳсулоти аввалини коргоҳ соли 1934 тавлид ёфт. Таҳҷизоти нахустини завод барои соҳаҳои кишоварзӣ, сохтмону бунёдкорӣ хеле зарур буд. Бо вуҷуди нав буданаш он аз ӯҳдаи вазифаҳои ба зимма дошта меба- ромад. Ва тайи 70 соли сипаригашта дар бобати ташаккули иқтисоду соноати мамлакат ҳиссаи сазовор гузоштааст.

Арматурный завод ДушанбеБо назардошти ҳамаи ин муаллифи китоб кӯшиш ба харҷ додааст, ки ҳамин таърихи 70-солаи заводро аз ин қуллаи муборак аз диди нав, бархӯрди нав ва муносибати нав, бо фаро гирифтани ҳамаи он анъанаву муқаддасот бо низоми муайяни пай дар пай, дар либоси озодаю пероста хеле ҷолиб ба қалам кашад ва манзури алоқамандон гардонад. Ва муал- лиф муваффақ ҳам гаштааст, ки ин рисола омили ифтихори ҳар кадом соҳибватан бошад.

Хати сужети китоб ба қароре ҳаст, ки муаллиф бо оварда- ни далелҳои хронологӣ, факту рақамҳо, рӯйдодҳои муҳими ҳаёти корхона махдуд нашуда, банду басти онро бо лавҳаҳои зебою хонданӣ рангин кардааст. Китоби мазкур мисли чаро- ғест, ки саҳифаҳои таърихи мамлакатро дар бахши саноату иқтисод боз ҳам рӯшан мегардонад.

Вазъи сиёсии солҳои сиюм ба ҳама маълум аст. Тоҷикис- тон пеш аз хдма ба бунёди чунин корхонаҳои саноатӣ ва кадрҳои миллӣ эҳтиёҷи калон дошт. Вақте ки корхона бунёд шуд, ак- сарияти томи коргарону роҳбаронаш аз мардуми рус буд. Рӯҳбаландии инқилобӣ мардумро водор мекард. ки хонаю Дарро монда, бо амри ҳизбу виҷдон барои ободгардонии иттиҳоду иқтидори иқтисодии он садҳо километрро паймуда, ба ҷумҳуриҳои дигар раванд. Осиёи Миёнаи ақибмондаро ба по хезонанд. Тоҷики камбағал дастгоҳро диду таҷҳизотро бо дасти худ истеҳсол кард. Маҳсулоти миллӣ рӯи кор омад ва ифтихорманду сарбаланд гашт.

Заводи арматурии Душанбе ба номи Серго Орджоникидзе дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо назардошти талаботи замони ҷанг ва фронт мувофиқ гардонда шуд. Қисмҳои эҳти- ётии истеҳсолкардаи он дар аслиҳа ва техникаи ҷангӣ васеъ истифода мешуд. Дар ин солҳо дар завод асосан занҳо кор мекарданд. Бештари онҳо нақшаҳои истеҳсолиро ду – се ба- робарӣ иҷро мекарданд. Мардҳо ҳамагӣ мисли дигар корхо- наҳои кишвар ба ҳимояи ватан рафта буданд. Баъди пирӯзӣ дар ҷанг боз ба корхонаи азизашон баргашта, ҷиҳати барқа- рорсозию рушди истеҳсолот саҳми калон гузоштанд. Солҳои 50-ум ва 60-ум сеху истеҳсолоти нави завод пай дар пай ба кор даромада, сафи коргаронаш беш аз пеш меафзуд.

Дар баробари ин корхона ба мактаби пешқадами тайёр кардани мутахассисону кадрҳои соҳибтаҷриба табдил ёфта буд. Таҷ- рибаи пешқадам, мусобиқаи истеҳсолӣ равнақёфта, сифати маҳсулот баланд мешуд. Тӯли солҳои 70-80 бошад, қуллаи баланди фаъолияти завод маҳсуб мегардад. Талабот ба моли корхона на танҳо дар ҷумҳурӣ ва иттиҳод, балки хориҷаи дур ҳам зиёд гардид. Маҳсулоти корхона ба дахҳо кишварҳои хо- риҷӣ содирот мешуд.

МАКОНИ КОРХОНА ДАР ХАРИТА

Ҳамаи ин ба он мусоидат мекард, ки даромади корхона афзоиш ёфта, барои беҳбуди шароиту фароғату истироҳат, баланд гаштани сатҳи рӯзгори коллектив мусоидат намояд. Маҳсулоти завод дар озмунҳои байналмилалӣ сазовори ҷоизаҳо мегардад ва қадрдонӣ мешавад. Баъдтар вобаста ба бозсозӣ ва ҷорӣ гардидани меъёрҳои демократӣ дар кор- хона ҳам ислоҳот ба амал омад. Аввал ба усули ҳисоби хо- ҷагии кор гузаштанд, сипас онро ба ҷамъияти саҳомӣ табдил доданд. Кандани риштаҳои додугирифти маҳсулот бо корхо- наҳои даврони шӯравӣ вазъи истеҳсолии заводро як андоза мушкил гардонд. Ҷангҳои ҳамватанӣ ҳам ба набзи истеҳсолот таъсири муайян гузошт. Аммо дар ин давра роҳбарон мутахассисоне рӯи кор омаданд, ки аз ӯҳдаи бозсозии он ва ба талаботи замон мутобиқ гардондани истеҳсолоти завод баромаданд.

Муаллиф бо як маҳорати хоса ҳамаи ин таҳавД вулотро рӯи коғаз овардааст ва бо ҷузъиёте оро додааст ки писанди хонанда мегардад. Дар он ҳаддалимкон аксҳои зи- ёде, ки аҳмияти муҳими таърихӣ доранд, мавриди истифода қарор гирифтааст. Мо дар он номҳои зиёди коргарон, вете- ранҳои ҷангу меҳнат ва роҳбарони давраҳои гуногунро босаҳ- ми гузоштаашон дар ташаккул ва равнақи истеҳсолоти завод мехонем. Ҷустуҷӯ, талош ва заҳмату ташаббускориҳои ма- қомоти имрӯзаи завод, ҷиҳати тараққӣ додани истеҳсолот, афзудани нерӯи истеҳсолӣ, беҳбуди ҳолати иҷтимоии корга- рон қобили зикр аст.

Ҳамин тариқ, мо аз ин қуллаи 70-умин солгарди ташкилёбӣ ва бунёди он саҳифаҳои гуногуни таърихи онро ба туфайли солноманигории муаллиф варақгардон карда, аз он меболем ва ифтихор мекунем, ки дастони муъҷизаофари инсон ба ҳама гуна созандагӣ қодир аст.

Умед аст, ки ин китоби ихтисосии муаллиф чун дигар асарҳояш алоқамандони зиёд пайдо мекунад.

Усмон Солеҳ. Узви иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон.

БУНЁД ВА РУШДИ ЗАВОДИ АРМАТУРИИ ТОҶИК

Ҳар соату рӯз ва ҳафтаю моҳу сол паи ҳам мегузаранд Одамон ҳам меоянду мераванд. Танҳо нақши дастону маҳсу- ли заҳмати онҳо мемонад. Осори онҳое боқӣ мемонад ки ба- рои ояндагон намунаи ибрат аст ва равшангари зиндагии ҳақиқии инсонист. Таърих номи ин гуна одамонро бо ҳарфҳои заррин сабт намуда, чун ситораҳои осмони тирашаб дурахш медиҳад. Ҳарчанд чархи таърих гирд гардаду солҳо гузарад ҳам, нбми одамони неку бунёдкор ва созанда ҳамон қадар қудрати баланди некӣ пайдо мекунад. Ҳар як ҷамъияту за- мон аз якдигар бо хусусиятҳои хоси худ фарқ мекунад. Асри бист бо созандагӣ ва офарандагиҳои зиёд фарқ мекунад. Шоире гуфтааст:

Дар асри атом – саддаи бист,

Бе илму ҳунар наметавон зист.

Оре, асри XX – асри пайдоиши атому фатҳи коинот, тарақ- қиёти баланди илму техника ба ҳисоб рафта, инсоният садҳо ҳунарҳои дигарро касб кард. Тоҷикистони имрӯза дар аввали асри XX як гӯшаи дури ақибмондаи Осиё буд. На завод дош- ту на фабрика. Ба шарофати Инқилоби Октябр оҳиста-оҳис- та ба яке аз ҷумҳуриҳои баробарҳуқуқи замони Шӯравӣ таб- дил ёфт. Гарчанде тоҷикон таърихан ҳудуди калонтареро касб мекарданд, дар натиҷаи “табартақсим”-и замони Шӯравӣ пой- тахти он деҳаи деринаи Душанбе гардид, ки баъдтар номи “доҳии пролетариати ҷаҳон”- Сталинро гирифт ва ҳамин тавр Сталинобод шуд. Чуноне ки соли 2005 80-солагии Душанбе ҳамчун пойтахт ҷашн гирифта мешавад. Заводи арматурии он бошад, соли 2003 қадам ба 70 гузошт. 19 июли соли равон онро “Ҷамъияти саҳомии шакли кушоди корхонаи арматури ном гузоштаанд. Баробари тараққиёти шаҳри Душан е зав ди арматурӣ инкишоф ёфта, ҳам аз ҷиҳати техники ва солу ҳудуд васеъ ва нерӯманд шудааст.

Бояд қайд намуд, ки 10-уми сентябри соли 1929 ба Душан- бе омадани қатораи нахустин ва 16 октябри соли 1929 ба ҳай- ати Иттифоқи Шӯравӣ дохил шудани Тоҷикистон чун ҷумҳу- рии мустақил дар алоқаҳои пурраи Тоҷикистону Россия ша- роит ба амал омада, имконияти пайдо гардидани корхонаҳои хурду калон гардид. Зеро акнун барои аз Россия бо қатораҳо овардани таҷҳизот ва шахсони ихтисосманд шароит омад.

Сохтмони аввалин корхонаи металгудозии Тоҷикистон, яъне заводи арматурӣ соли 1930 сар шуда, бо қарори махсу- си Госплани РСС Тоҷикистон аз 1 октябри соли 1931 барои баохиррасонии баъзе корҳои сохтмонӣ 787 ҳазор сум таҳия шуда буд[1]. Чуноне дар солномаи сохтмон ифода шудааст, охири соли 1932 бинои васлкунии сехи №1, гудозиш, сехи оҳангарӣ, лабраторияи кимёӣ, маъмурии завод, дидбонгоҳи назоратӣ, амбор барои оташхомӯшкунӣ ва бинои истиқоматӣ барои коркунони муҳандисӣ – техникӣ ба истифода дода шуда буд.

Дар аввали солҳои 1933 ба завод аз устохонаи мошину трактории сталинободӣ як дастгоҳи пармакунӣ ва дастгоҳи харротӣ дода шуд, ки конструксияи кӯҳна ва қисман нав кар- дашуда ба ҳисоб мерафт.

Кӯраи гудозиш аввалин бор 18 марти соли 1933 барои сан- ҷиш ба кор дароварда шуд, ки дар гудозиши чӯян натиҷаи қаноатбахш дод. Дар хусуи оғози фаъолият ва ҷараёни за- вод 22-юми марти соли 1933 дар маҷлиси намояндагии Вазо- рати саноати вазнини СССР (Наркомтяжпром) дар назди шӯрои комиссариати (СНК) халқии РСС Тоҷикистон масъала муҳокима шуда, мавзӯи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии таракторҳо, баохиррасии хатҳои барқгузаронии завод таъкид гар- Дид. Махсусан масъалаи аз ҳисоби кадрҳои маҳаллӣ таъмин намудани завод, тайёр кардани коргарон ва кормандони муҳандисӣ – техникӣ низ дида шуд. Ба роҳбарияти завод супорида шуд, ки тарзи шогирдтайёркунӣ ва барои омӯзиш ҷалб намудани кадрҳо дар назди завод курсҳои махсус кушодашаванд. Аз солнома маълум мегардад, 11 сентябри соли 1933 комиссияи давлатӣ оиди қабул ва ба кор даровардани завод акти имзо тартиб дод ва он, яъне заводи таъмиргарӣ – механикии Сталинобод ба номи вазири (Нарком) саноати вазнин Г.К. Орджоникидзе гузошта шуд.

Аз рӯи маълумоти дар рӯзномаи “Комммунист Таджикиста- на”1 оварда, то вақти ба кор даромадани завод 2,5 млн. сум харҷ шуда, ҳанӯз ҳам объектҳои асосӣ (корпусҳо) холӣ буда- анд ва ба ҷои 80 нафар коргари асосӣ 36 нафар кор мекарда- аст. Дар корхона ягон муҳандиси маълумотдор набуда, дар наздикии он ботлоқ вуҷуд доштааст ва партовҳои шаҳриро низ дар он наздикиҳо мерехтаанд. Аз ҳамин сабабҳо кори асосии завод 2 апрели соли 1934 сар шудааст.

Аввалин коргарон аз гӯшаю канорҳои гуногуни мамлакат омада буданд. Челонгарони аввалин А.М. Макаров, П.А.Са- зонов, И.Я.Варламов барои ёрӣ бо роҳхати махсус омада буданд. Аввалин тракторронҳо Волков, Икром Соибов, Аб- дураҳмон Қаландаров, Қурбон Нарзуллоев ва Ғафур Абду- валиев, ки дар завод касб омӯхта буданд, ба МТС-и Ҳисор фиристонида шуданд. Тайёр шудани кадрҳои коргарӣ ва ме- ханизаторӣ дар завод барои ободшавии МТС-у дигар корхо- наҳои техникии ноҳияҳо замина мегузоштанд. Яъне завод дар солҳои сиюм соҳаи хоҷагии халқамонро, на ин ки бо маҳсу- лоти худ, балки бо кадрҳои ихтисосманд низ таъмин мена- муд. Аз ин сабаб хизмати завод дар ҳама соҳаҳои ҳамонвақ- таи республика калон буд. Ҳатто ихтисосмандони ҳарбӣ низ ба завод фиристода шуда, дар вақти муайян ба пешравии кори он ёрӣ мерасониданд ва корҳои зиёдро ба роҳ мемонданд.

Маҳсулоти аввалини завод бо дастони харротон – С.В Серябряков, Безрукавский; челонгарон – П. Неретин, Ф.Я. Вовченко; оҳангар – Коломейс, вулканизатор – Воронин, бригади- ри сехи моторҳо – Г. Желябовский; коргарон – Д. Исмоилов. М. Улмасов, Б. Роҷмиддинов ва Р. Ҷумаев баромада буд- Го 1 марти соли 1934 шумораи кормандони завод 1

Маҳсулоти аввалини завод аз чӣ иборат буд?

Маҳсулоти зарурии ҳамонвақта ҳар гуна печҳои гармкунӣ пилтаҳои ошхона, чархҳой ароба, сандуқҳои металии н^аҳ доранда, катчаҳо, асбобҳои варзишӣ ва инчунин фармоишҳои соҳаҳои саноати сабуку хуроквори ва хоҷагии халқро ба ҷо меовард.

иоли 1935 завод ба кори таъмири капиталии тракторҳо гу- зашт. Аввалин тракторҳое, ки аз таъмир баромаданд, мар- каҳои хориҷии “Джондир”-и олмонӣ ва “Катерпиллер”-и аме- рикоӣ буданд. Баъдтар таракторҳои ватании ҳамонвақта “С- XI 3” таъмир гардида, фармоишоти ноҳияҳои Янгибозор, Ҳисор, Регар ва Сталинободро ба ҷо оварда буд. Соли 1936 аввалин бор двигателҳои автомашинаҳои ТАЗ-АА”-и анбори ғалла таъмир карда шуда буданд. Ҳамон солҳо завод нақшаи истеҳсолиро 45-48 фоиз ба ҷо оварда, то 200-300 ҳазор суми ҳамонвақта мегирифтааст.

Аввалин бор коллективи завод дар соли 1936 микдори 183,5 тонна маҳсулоти чӯянӣ гудохта, истеҳсоли он минбаъд аф- зоиш ёфтааст. Соли 1939 истеҳсоли метали ранга то ба 11 тонна расид. Чӣ тавре ки аз қарорҳои ҳукуматӣ маълум аст, бо қарори Шӯрои Комиссарони Халқии РСС Тоҷикистон аз 10- уми декабри соли 1940 завод “авторемонтный” номгузорӣ шуд ва ба Вазорати нақлиёти РСС Тоҷикистон гузаронида шуда буд. Он вақт ҳукумат дар назди завод вазифаҳои зерини ис- теҳсолиро ба миён гузошта буд:

Таъмири капиталии автомашинаҳои ГАЗ-АА ’ сту таъмири капиталии мотори тракторҳо, ИҶР° кардани формоишҳои гуногуни муассисаҳои  саноати хочақисмҳои эҳтиётии трактор, автомашинаҳо в резиНи чар- гиҳою механизмҳои роҳсози, коркарду та хҳо (вулканизатсия)1.

Чуноне қайд шудааст, он солҳо дар завод ва берун аз он шароити комуналии кормандон ҳамагӣ 25 фоиз таъмин буда- аст. Ҳатто қубурҳои об ҳам гузаронида нашуда буданд. Ҳамаи ин камбудиҳо дар ҷараёни корҳо амали мегардиданд.

Бо вуҷуди душвориҳо завод мададгори аввалиндараҷаи хоҷагии халқи республика ба ҳисоб рафта, бо кадрҳои баво- ярасидаи худ ба муассисаҳои бо метал коркунанда асос ме- гузошт ва ривоҷу равнақи онҳоро ҳаматарафа таъмин мекард.

Ба кори таъмини кадрҳои лаёқатнок он солҳо пеш аз ҳама Федератсияи Россия, Украина ва дигар республикаҳои баро- дарии замони Иттиҳоди Шӯравӣ ёрӣ мерасониданд. Корман- дони муҳандисӣ -техникӣ мактабҳои олии техникӣ ва миёнаи махсуси шаҳрҳои Москва, Ленинград, Воронеж, Саратов, Куй- бишев, Харков, Томск ва ғайраҳоро хатм карда, ба завод фи- ристода мешуданд. Аввалин кадрҳои лаеқатманди маҳаллӣ ба камол расиданд, ки беҳтарини онҳо Ӯзбек Хоҷаев, Хуҷа Раҷабов, Муборак Аҳмедгалиев ва дигарон буданд.

Кормандони муҳандисӣ – техникии пешазҷангй Иван Анто- нович Корнеев, Михаил Парфенович Новохатко, Михаил Ива- нович Малютин, Иван Павлович Ратушиий, бародарон Копа- евҳо, Григорий Константинов ва дигарон дар ташаккули за- вод хизмати арзанда карда буданд.

Чуноне дар асарҳои таърихӣ ва матбуоти даврагии ҳамон- замонаи Иттифоқи Шӯравӣ қайд шудааст, коргарони заводу корхонаҳо ва шахтаҳо ба Алексей стаханови донетскгй паӣ- равӣ намуда, бо номи “Ҳаракати стахановӣ” ном мебаровар- данд. Пайравии ин ҳаракат дар заводи арматурии ба номи Орджоникидзе низ ба роҳ монда шуд. Онҳо беҳтарин корга- рон буданд, ки вақтро сарфа намуда, сифат ва микдори маҳ- сулотро баланд мебардоштанд. Нақшаи истеҳсолии худр° аз 2 то 4, 5 баробар иҷро мекарданд. Коргарони беҳтарини завод ба мисли харрот – Кутянин, Климов, Судаков, Волков. Куликов; суфтагар – Перминов: рандагар – Кен ва гайраҳо бу данд, ки дар рӯзномаи ҳамонвақтаи ‘‘Коммунист ТаджимК тана [I] дарҷ ёфта буданд. Дар ҳар сурат то замони Ҷанги

РУШДИ ЗАВОД ДАР СОЛҲОИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба сари ҳамаи мардуми Ит- тифоқи Шӯрави душвориҳо оварда буд. Заводе, ки акнун қомат рост карда, барои нашъунамои Тоҷикистони азиз хизмат ме- кард, маҷбур гардид, ки бисёр кадрҳои баландихтисоси худ- ро ба фронт фиристад ва барои ғалаба бар душман кор ку- над. Кормандони завод дар қатори аввалинҳо ба сафи Ар- мияи Советӣ даъват карда шуданд. Борҳо шудааст, ки завод гурӯҳ-гурӯҳ кормандони худро ба фронт гусел кардааст. Сафи кормандон кам мешуд, коргарони баландихтисос намерасид. Чӣ тавре ки ҳамон солҳо дар дигар корхонаҳои Иттифоқи Шӯравӣ занону ҷавонон ҷои мардони ба фронтрафтаро мегирифтанд, дар заводи арматурии тоҷик ҳам чунин шуда буд. Ба ҷои 304 нафар кормандон 160 нафар занону 137 на- фар коргарони ҷавон омаданд. Он солҳо аз рӯи шиори: “Ҳама барои фронт, ҳама барои ғалаба бар душман” кор мекарданд. Дар солҳои 1942 завод барои фронт як қисми гулулаҳои ар- тилерӣ ва норанҷаки дастӣ бароварда мефиристод. Дар ба- робари ин таъмири пурраи автомашинаҳо тезонида мешуд. Сафи дастгоҳҳои сехҳо зиёд мешуданд, истеҳсолоти сано- атӣ боз меафзуд. Дар баробари ин барои ҳаматарафа таъ_ мин намудани армияи амалкунанда кормандони завод заём тақсим мекарданд, либосҳои гарм ҷамъ меоварданд, дар сох тмони ГЭС-и Варзоби поён ва таъмири роҳи оҳан, чидани пахта ва ғайраҳо иштирок менамуданд.

Чуноне дар солномаи завод қайд шудааст, соли автомашинаи ТАЗ-АА” ва 50 “ЗИС-5” аз таъмир баровард . супориши фронтро ба ҷо оварданд. Хатто Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватани бисер заводчо ва донишгоҳҳою мактабҳои техники ба ақ буданд. Омӯзишгоҳи техникии шаҳри Харков ба Душанбе оварда шуда буд. Қариб ҳаррӯз 50-60 нафар донишомӯзони ин омӯзишгоҳ дар корҳои завод иштирок мекарданд. Бо иш- тироки умумии коллективи омузишгоҳ дар кори завод сафи коргарони ҷавони ихтисосманд боз боло рафт. Ҳамзамон навсо- зии сеху дастгоҳҳо сурат мегирифт. Баъзе ҷавонон нақшаи иҷрои корҳоро дар як рӯз то 200 фоиз ба иҷро мерасониданд. Баъзан музди кории худро ба фронт, барои ғалаба мебахши- данд. Вақти муқаррарии корӣ дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ то 11-12 соат тӯл мекашид. Сехи нави чӯянгудозӣ низ ба кор даромад, ки қувваи гудозишаш дар як моҳ то 100 тонна мерасид. Ҳамаи ин ба он оварда расонид, ки истеҳсоли маҳ- сулоти завод нисбати то давраи ҷангӣ 5 баробар зиёд гар- дад. Аз 19 декабри соли 1942 завод ба ихтиёри Вазорати са- ноати нефти СССР гузашт. Ин барои завод, на ин ки як дав- раи таърихӣ ба ҳисоб мерафт, балки давраи болоравии он буд. Дар ҳамин давра дар назди завод вазифа гузошта шуда буд, ки ғалақаи “Лдло-3” ва баровардани қисмҳои мураккаб- тари тракторҳоро ба роҳ монад.

Соли 1943 печи нави гудозиши метал сохта ба истифода дода шуд, аммо дар сехҳо коргарони гуногуни техникӣ наме- расид. Барои тайёр кардани харротон, челонгарон, суфтага- рон қолибрезу дигар ихтисосҳои коргарӣ курсҳои кӯтоҳмуд- дат кушода шуданд, ки зиёда аз 50 намуди ихтисосро меомӯ- зонданд. Он қисму дастгоҳҳои барои завод даркорӣ, ки аз шаҳру ноҳияҳои Украина ва Россия овардашудаи замони ҷанг буданд, фаъолияти онро мукаммал мекарданд. Махсусан аз шаҳрҳои Одесса, Днепропетровск ва ғайраҳо омадани корга- рони баландихтисос ва муҳандисӣ – техникӣ ба мисли рехта- гарон, қолибсозон, лоиҳакашу, ҳарорати металро мефаҳмида- гиҳо боз истеҳсоли тараққиёти заводро баланд бардошт. Му- собиқаи сотсиалистӣ аз омилҳои пешравии кор ва баландбар’ дории истеҳсолоти завод гардида буд.

Шарафи коллективи заводро 13 нафар коргарони 300 фо
иза ва 44 нафар коргарони 200 фоиза баланд бардоштанд’’-‘

  1. ЦГА Тадж .ССР, Ф. 1451, оп 1, д.ЗО, л,9.

Чи тавре маълум аст, соли 1943, агар 86 стахановчи дар завод бошад, дар соли 1944 ба 132 нафар расид.

Чуноне қайд шудааст, бо супориши ҳукумати республика завод фармудаҳои муассисаҳои гуногун: трести равған, “То- ҷиктилло”, комбинати бофандагӣ, заводи семент, роҳи оҳани Вахш, комбинати гӯшти Душанбе, комбинати абрешим, заво- ди пахтаи Регар ва ғайраҳоро ба ҷо меовард. [I]

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои меҳнати дилова- рона бисёр кормандон бо мукофотҳои қиматбаҳо ва бо меда- ли “Барои меҳнати шоён дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1941-1945” қадр карда шуда буданд.

СОЛҲОИ БОЛОРАВИИ ИСТЕҲСОЛОТ

Баъди бо ғалабаи қушунҳои Иттиҳоди Шӯравӣ анҷом ёф- тани ҷанги дуюми ҷаҳон давраи азнавсозӣ сар мешавад. Бо қарори Шӯрои Олии СССР дар соли 1946 нақшаи панҷсолаи чорум тасдиқ карда шуд. Дар назди ҳар як корхонаю муасси- са ва хоҷагию ноҳия ва ғайраҳо вазифа меистод, ки нақшаҳои худро дошта бошанду онро барзиёд иҷро кунанд. Чунин ва- зифа дар назди коллективи заводи арматурии тоҷик низ ме- истод. Завод ғайр аз истеҳсоли маҳсулоти асосии худ – ғалақа баровардани баъзе қисмҳои тракторҳоро низ ба роҳ монда буд ва фармоиши заводу корхонаҳои гирду атроф ва шаҳру ноҳияҳои республикаро ҳам ба ҷо меовард.

Дар завод “Мусобиқаи сотсиалистӣ” ба таври васеъ ба роҳ монда шуда буд. Кормандони завод барои пеш аз мӯҳлат иҷро кардани нақшаҳои панҷсолаи чорум меҳнат мекарданд.

Дар соли 1946 директори завод В.Е. Новичков таъин карда шуда буд. Бо роҳбарии ӯ корҳои техникии завод дуруст ба роҳ монда шуда, дараҷаи сифатнокӣ ва маҳсулнокӣ боло рафт. Завод, на ин ки дар респулбика, балки берун аз он ҳам эътироф карда мешуд.

Соли 1948 бисёр коргарон аз қабили Мосин, К.С Портноеа,

Ӯзбек Хоҷаев, Е.И. Воронин, Гулховеский, Чиванов; ҷавонон Абдуллин.’ Алекссева, Давлатшин, Кулешов, Суворов, Шли- ков, Хусаинов ва дигарон планҳои панҷсолаи худро пеш аз‘ мӯҳлат иҷро карданд.

Натиҷаи ҳамин буд, ки сармуҳандиси завод Д.Т. Гераси- менко ва директори он В.Е, Новичков бо ордени “Нишони Фахрӣ” мукофотонида шуда, баъзе коргарон бо медали “Ба- рои меҳнати шоён” сарфароз гардонида шуданд.

Ҳукумати ҳамонвақгаи шаҳр бо қарори махсуси худ ҳуду. ди заводро васеъ намуда, ба кормандони он имконият дод, ки сехҳои нав ба навро ба кор андозанд, дар истеҳсолот их- тироъкорию навовариҳои пешқадамонро ҷорӣ намоянд. Соли 1952 дар завод истеҳсоли қубурҳои арматурӣ барои саноати нефт махсус гардонида шуда буд. Дар ин кор мошинсозони Москва ва Боку барои гузоштани қисмҳои технологияи нав ва тайёр намудани кадрҳо ёрии калон мерасониданд.

Соли 1945 завод пурра ба истеҳсоли ғалақа ва қубури ар- матурии нефтгузаронӣ гузашт, ки маҳсулоти он ба Туркма- нистон, Татаристон, Қазоқистон, Латвия, Башқирдистон, Озор- бойҷон, вилоятҳои марказии РСФСР ва Шимолу Ғарбии Си- бир фиристода мешуданд.

Бахшида ба 25-солагии респубикаи Тоҷикистон ва муваф- фақиятҳои бадастовардаи завод аз 24 октябри соли 1954 гурӯҳи коркунони муҳандисӣ – техникӣ ва коргарони пешқа- дам бо фармони Шӯрои олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шуда буданд.1

Дар соли 1958 завод аз мамлакатҳои сотсиалисти ва баъ- зе мамлакатҳои капиталистӣ дархост гирифт, ки барои соҳаи нефт, газ ва кимиёӣ маҳсулот барорад. Ба ҳамин муносибат дар завод комиссияи махсус тартиб дода шуд, то ки маҳсу- лоти содирот мекардагиро хуб дарк кунанд. Дар натиҷа Да раҷаи сифати маҳсулот рафта – рафта баланд гардид ва хосткунандагон ҳам зиёдтар шуданд. Ҳамон солҳо метаагу

дозони тоҷик бо маҳсулоти худ, на ин ки алоқаи Тоҷикистон- ро бо давлатҳои хориҷа мустаҳкам намуданд, балки обрӯи Тоҷикистони азизро баланд бардоштанд ва ба мамлакатҳое, ки намедонистанд, муаррифӣ намуданд.

БОЛОРАВИИ ТЕХНИКӢ – АСОСИ ЗИЁДШАВИИ МАҲСУЛОТ

Чӣ тавре дар солномаи завод нишон дода шудааст, охирҳои солҳои 50-ум ва 60-ум автоматикунонии сеху дастгохҳо ба амал бароварда шуда, тарзи дастҷамъии онҳо пайдо гардид. Дар натиҷа боз болоравии истеҳсолот ба амал омад. Ба ҷои 10 нафар акнун ба қолаб рехтанро механизми махсус иҷро мекард. Ҳар як такпифу дархостҳои пешқадами ихтироъко- рону навоварон дар завод амалӣ гардонида мешуданд. Чуно- не қайд шудааст, бо номи В.Е Белокон зиёда аз 150 ихтироъ- кориҳо пайвастагӣ дорад. Белокон ҳамроҳи С.С. Садридди- нов бисёр навоварию ихтироъкорӣ кардааст. Виталий Еме- лянович Белокон ва С.С. Садриддинов бо мукофотҳои ҳуку- матӣ қадр карда шудаанд. Автоматикунонӣ ва болоравии ис- теҳсолот номҳои гуногуни маҳсулоти арматуриро дар завод зиёд гардонид. Чуноне маълум аст, он солҳо завод зиёда аз 30 намуди маҳсулоти арматуриро мебаровард.

Яке аз коргарзаноне, ки 30 соли ҳаёти худро дар завод гу- заронида, ҳамчун харроти оддӣ то сарвари бригадаи харро- тон расида буд, ин Ксения Семеновна Степанова мебошад, ки ӯ нақшаи кории худро барзиёд иҷро мекард, балки даҳҳо ҷавонони дигарро ёд дода, чун харротони моҳир дар сари дастгоҳ мустақилона роҳхат дод. Шогирдони тайёркардаи ӯро дар дигар муассисаҳои техникии республика низ вохӯрдан мумкин буд. Соли 1948 Ксения Степанова нақшаи панҷсола- ро дар 2 солу 4 моҳ ба ҷо овард. У бо медали “Меҳнати шоён сарфароз гардонида шуд. К.С.Степанова муддати дарозҳам- чун сарвари бригада бо аъзоёни худ пешқадамиро аз даст надода, ҷои аввалро ишғол карда меомад. Ҳукумат х

матҳои ин зани меҳнатию наҷибро ба назар гирифта, ӯр0 бо номи Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалис-тӣ сарфароз’ гар- донид. Расми ин зани хоксору меҳнатдӯст ҳанӯз ҳам дар толори завод буда, онро зебу зиннат медиҳад ва барои коргарони оянда намунаи ибрат аст.

Солҳои 50-ум ва 60-ум дар завод шахсоне ба воя раси- да ном бароварданд, ки онҳо ифтихори коллективи завод ва ифтихори мардуми Тоҷикистон буданд. Онҳо бо меҳна- ти бурдборонаашон, на ин ки худ ба дараҷаҳои баланд рафта расиданд, балки заводро ҳамон солҳо такмилу ин- кишоф доданд, Тоҷикистонро берун аз Иттиҳоди Шӯравӣ муаррифӣ намуданд.

Вақте ки китоби фахрии заводро варақгардон мекунем, номҳои Нормаҳмад Турсунов, Муҳаммадраҳим Ғафуров, Николай Петрович Макуха, Николай Шувалов, И.П.Ратуш- ний ва Наталя Григоревна Бархатова ба чашм мерасанд. Онҳо чун байрақбардори завод шуҳрат пайдо намуда, на ин ки ба дараҷаи баланди истеҳсолӣ расида буданд, бал- ки чун шахсони ҷамъиятчӣ, депутатҳои ноҳиявию шаҳрӣ ва аъзоёни дигар корҳои ҷамъиятӣ фаъолият намудаанд. Танҳо бо меҳнати хоксоронаашон, рафторҳои неку наҷи- башон соҳиби обу рӯю унвонҳо ва мукофотҳои гуногуни давлатӣ гардида буданд. Ҳар кадоми онҳо даҳҳо ҷавонони дигарро тарбия карда буданд, ки давомдиҳандаи корашон гаштанд.

ИНКИШОФИ ҲУДУД ВА ДАРАҶАИ БАЛАНДИ АФЗОИШИ МАҲСУЛОТ

Дар муқаддимаи китоби М Фалилеев ва Тайсун Ли “Ар- матурный имени Орджоникидзе” оварда шудааст, ки: “Кори завод аз устохонаи нимбуттазор (қамишзор) сар шуда бо шад ҳам, имрӯз ҷашни дурахшони худро дар даврае мвгу заронад, ки дараҷаи баланди механиконидашудаи саноа ти ҳозиразамон мавҷуд аст ва маҳсулоти он ғайр аз реС’ пулбикаҳои бародарии мамлакатамон боз ба зиёда аз 50 мамлакати хориҷаи сотсиалистӣ ва капиталистӣ меравад.

Ин ифодаро М. Фалилеев ва Тайсун Ли (собиқ директо- ри завод) дар даврае навишта буданд, ки 40-солагии за- водро қайд менамуданд. Он__вақт завод дар^як: уой буд ва ҳоло онро қисми “А” мегӯянд, КИ 9 га заминро ишғол карда- астГдммоқисми “Б”, ки^оли 1974ба корсар кардааст, дар тарафи маҳалли политехникум, қариб, ки берун аз шаҳр ҷойгир буда, 17 га заминро ишғол кардааст. Оқ қариб ба ду баробари қисми “А”, яъне ба заводи пештара баробар аст. Ҳар ду қисмро як роҳбарияти асосӣ идора мекунад. Дар даврае, ки 40 – солагии заводи арматурии тоҷикро қайд мекарданд, сохтмони қисми “Б” ба охир расида истода буд. Аммо аз чӣ бошад, ки дар китоби М. Фалилеев ва Тайсун Ли дар бораи ояндаи васеъ гардидани майдони завод, яъне то ба 26 га расидани заводи арматурии тоҷик ишорае ҳам нарафтааст.

Чӣ тавре ки дар боло қайд намуда будем, маҳсулоти асо- сии завод ғалақа буда, онро барои интиқоли нефту газ ва об кор фармудан мумкин аст. То соли 1973 8 намуди ғапақа мебароварданд. Баъди ба кор даромадани қисми “Б” то соли 1992 ин ба 32 номгӯи маҳсулоти асосӣ омада расида буд. Дар қисми “Б” сехҳои гуногуни калонтарин сохта шуда, даст- гохҳои навтарин гузоштанд. Махсусан сехи чӯянгудозии калонтарин ба истифода дода шуд, ки дар Осиёи Миёна ягона буда, иқтидораш дар як сол ба 40 ҳазор тонна мера- сид. Аз ҳамин сабаб номгӯи маҳсулот ҳам зиёд гардида, микдор ва сифати он низ боло рафт.

Яке аз собиқадорони завод, сармуҳандиси ҳозираи он Ҷумъабой Ҷӯраев, ки аз соли 1973 ба сифати шогирди харрот кори худро сар карда, то ба ин дараҷа расидааст, дар сӯҳбат чунин гуфт:

– Аз солҳои 1985 сар карда завод ба худмаблағгузори гузашт. Солҳои 1985 то солҳои 1990 завод дар мамлакат яке аз аввалинҳо буд. Борҳо байрақи сурхи сайёр ва мукофоти пулӣ гирифта будем. Дар соли 1989 завод дараҷаи ба- ландтарини маҳсулотро истеҳсол намуд, Истеҳсоли ғалақа то ба 1 миллиону 600 ҳазор дона расон ,да шуда буд.

Давраҳое, ки дараҷаи баландтарини заводи металургии тоҷикро нишон медиҳад, давраи директорӣ – роҳбарии Аҳтам Акбаров буда, ӯ то солҳои 1993 ин вазифаро ба дӯши худ доштааст. Чуноне ки Ҷумъабой Ҷӯраев ёдоварӣ мекунад, ду маротиба аз Мадриду НЮ-ЁРК мактуб омадааст, ки маҳсу- лоти чӯянии онҳо соҳиби медали тилло гаштааст, аммо касе аз намояндагони завод дар ин намоишгоҳ иштирок карда на- тавонистаанд.

ДАРАҶАИ МАДАНӢ-МАИШИИ КОРМАНДОНИ ЗАВОД ДАР СОЛҲОИ РУШДИ ОН

Дар завод то солҳои 1992 2300 нафар кор мекардаанд. Солҳои 70-ум ва 80-ум болоравии истеҳсоли маҳсулоти са- ноатии завод, солҳои худмаблағгузорӣ, дараҷаи баландша- вии ҷиҳатҳои маданӣ – маишии кормандони завод низ ба ҳисоб меравад. Завод дар он солҳо кормандони худро қисман бо хӯроки гарм таъмин менамуд, ба дараҷаи маишӣ-истироҳа- тии кормандон низ диққати махсус дода мешуд. Дар дараи Варзоб бо нақшаи-олмонӣ мавзеи истироҳатӣ сохта шуда буд, ки кормандон дар мавридҳои даркорӣ ба он ҷо рафта истиро- ҳат мекарданд. Барои фарзандони кормандони завод ду боғ- чаи наврасон амал менамуд, ки маблағгузориашон ҳам аз ҳисоби завод буд. Ҳоло яке аз онҳо амал намояд ҳам, худи кормандон маблағгузорӣ мекунанд. Дар назди завод комллек- си варзишӣ – саломатӣ амал менамуд, ки дар он ҳамаи шаро- итҳо фароҳам оварда шуда буданд. Ҳатто фермаи ёрирасон ташкил дода шуда, он дар паси боғӣ “Ғалаба” ҷойгир аст. Гаир аз ин ҳар моҳ даҳҳо кормандон ба истироҳатгоҳҳои Тоҷикис- тсн, умумииттифоқ ва берун аз он фиристода мешуданд

Рехтагарон Салоҳиддин Асоев ва Тоир Раҳмонов ҳангоми кор.Сар задани ҷангҳои шаҳрвандӣ ҳама чизро барҳам зад А°л0 дар он истироҳатгоҳи дараи Варзоб касе аз кормандони за- вод рафта натавониста, моли бегонагон гаштааст. Фермаи ёрирасон бошад, дигар молу гов надорад. Роҳбарияти завод танҳо тавонист, ки посбон гузошта, бинои фермаро аз ғорат- шавӣ нигоҳ дорад.

Комплекси варзишӣ – саломатӣ бошад, дар назди завод мавҷуд асту касе аз кормандони завод он ҷо намераванд ва машғулият ҳам гузаронида намешавад. Шояд, аз он сабаб бошад, ки муттасадие надорад. Роҳбарияти ҳозираи завод мақсад дорад, ки ин камбудиҳоро бартараф намуда, ҷиҳатҳои маданӣ-маишии кормандонро баланд бардоранд.

РОҲБАРӢ САНЪАТ АСТ

Чуноне ки аз нақлҳои собиқадорон фаҳмидем, завод дар 70 соли мавҷудияти худ даҳҳо роҳбарони кордонро аз сар гузаронидааст, ки дар давраҳои гуногун ба коргарони оддӣ ҳам меҳнат кардану ҳам зиндагӣ ва мавқеи худро дар байни омма муайян намуданро омӯзонидаанд. Ва чуноне ки маълум аст, бисёр коргарон аз шогирдони оддии усто дар ин завод то ба дараҷаи роҳбарӣ расидаанд. Дар ҳамин ҷо кор карда, хо- надор шудаанд, дар ҳамин ҷо кор карда, соҳиби маълумот шудаанд. Чуноне бузургон гуфтаанд: “Ҳар чизе зуд барояд, дер напояд”.

Чӣ тавре мебинем, Тайсун Ли аз соли 1962 роҳбарии за- водро ба дасти худ гирифта, 40-солагии онро ҳамчун ҷашни фархунда барои коргарони заводу республика қайд карда- анд. Ӯ ҳамчун марди наҷиб бо ҳамроҳии И. Фалилеев китоб- чае низ навишт, ки ба саволҳоямон аз таърихи 40-солаи за- вод ҷавоб мегирем. Мо аз ҳамин китоб аввалин металисти тоҷик ва маълумот дар бораи бавоярасии кадрҳои техникии тоҷикро низ дарёфт карда метавонем. 15 марти соли 1974 дар шаҳри Лейпски Олмон ярмаркаи баҳорӣ гузаронида шуДа* маҳсулоти завод медали тилло ва диплом гирифта буд. Худи ҳамон сол зиёда аз 50 нафар кормандони завод бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардида буданд.

Тайсун Ли 17 соли ҳаёти худро дар завод ва барои ободии он гузаронида, соли 1979 аз сари қудрат рафтааст.

Дар ҳақиқат, чӣ тавре ки дар боло қайд намудем,

СЕХИ ВАСЛКУНИ

ба гурӯҳи одамон ва муассисае, ки ба дигар муассисаҳо ва берун аз мамлакат робитаҳои додугирифт дорад, шахси ни- ҳоят дурандешро тақозо менамояд, то ин ки ҳам дили кол- лективи худро ба даст оварда тавонаду ҳам берунаро. Агар чунин набошад, вой бар ҳоли чунин муассиса. Ба гумони ман Тайсун Ли дар роҳбарӣ санъаткори моҳире будааст. Чуноне баъди Тайсун Ли Владимирский ва баъдтар Журавлёв Вла- димир Иванович ба сари қудрат омада, онҳо яксолӣ – дусолӣ роҳбар будаанд. Роҳбарӣ ба чунин муассисаи калон шахсо- ни тасодуфро намепарварад.

Латофатшо Иқболшоен ва Абдурақмон Раҷабов ҳамгоми кор.

Соли 1983 Аҳтам Акбаров роҳбариро ба дасти худ гириф- та, даҳ соли расо кор кардааст. Дар замони роҳбарии ҳамин марди наҷиб завод истеҳсоли рекордӣ ба даст оварда, маҳ- сулоти асосии худро то 1 миллиону 600 ҳазор дона расонида буд. Дар миқиёси Иттифоқи Шӯравӣ борҳо ҷойҳои аввалинро ишғол намуда, сазовори мукофотҳо низ гардида будааст. Дараҷаи маданӣ – маишии коргарон низ дар ҳамин давра ба- ланд шудааст ва худи завод ба ҳама корҳо маблағгузориҳо мекардааст. Аксари коргарон дар ҳамин давра соҳиби хонаю дар шудаанд. Дар ҳамин давра 5 бинои бузург аз тарафи за- вод сохта шуд, ки ҳар кадоми он то 72 оилаи корманди завод- ро ба ҷой таъмин намудааст. Дар солҳои охири роҳбарии ҳамин шахси наҷиб завод ба 45 мамлакати хориҷӣ додуги- рифт доштааст.

Соли 1986 ва 1987 завод аз тарафи палатаи саноати савдои СССР барои додугирифт ба давлатҳои хориҷӣ ва аз ҷиҳати илмӣ -техникӣ маҳсулоти баландсифат истеҳсол кардан со- ҳиби дипломҳо гардид, ки давраи роҳбарии Аҳтам Акбаров буд.

Соли 1993 дар давраи кашмакашиҳои дохилӣ, дар давари рӯ ба таназзул овардани соҳаи иқтисоди мамлакат, дар дав- раи кандашавии робитаҳои хориҷӣ ва парокандашавии Итти- ҳоди Шӯравӣ ҳамчун давлати боқудраттарини ҷаҳон дар за- вод Маҳмадалӣ Гулов роҳбар шуда буд.

М. 3. Гулов дар корхонаи арматурии тоҷик ба ҳайси коргари оддӣ корро сар карда, то ба вазифаи директори он расид- Собиқаи кории ӯ дар ҳамин корхона ба 30 сол мерасад. Саҳми М. 3. Гулов дар сохтмон ва ба истифодадиҳии баъз қитъаҳои корхона хело калон аст.

Дар давраи душвори ҷангҳои шаҳрвандӣ бо роҳбарии М З Гулов корхона лаҳзае ҳам кори худро қатъ накардааст. Дар баробари истеҳсоли маҳсулоти асосӣ маҳсулоти ниёзи мардуМро ҳам ба роҳ монда буданд. Аз он ҷумла асбобу анҷомҳои гарм- кунӣ, асбобҳои гуногуни варзишӣ, панҷара, обкашаки барқӣ бо номи “Сомон” ва ғайраҳо.

Хизмати бебаҳои Маҳмадалӣ Зокирович Гулов дар ҳамин давра аз он иборат аст, ки заводро ҳаматарафа ҳифз карда тавонист. Нагузошт, ки як мех ҳам аз ин муассисаи калон ба тороҷ равад. Чуноне ки ба ҳамаи мо маълум аст, дар ин солҳои бесарусомонӣ аз тарафи шахсони алоҳида корхонаҳо таллаю тороҷ гардиданд ва ё худи роҳбарони тасодуфии баъ- зеи онҳо бо роҳҳои гуногун ба тороҷгарӣ даст зада буданд.

НИЯТҲОИ НЕКУ ОЯНДАИ ДУРАХШОН

Моҳи марти соли 2000 сарвари корхона М. 3. Гулов ба вазифаи боз ҳам масъулиятноктар гузашт. Бо пешниҳоди худи ӯ сармуҳандиси корхона Хайрулло Маҳмадуллоев директори завод таъин шуд. Маҳмадуллоев фаъолияти кории худро соли 1993 аз касби таъмиргарӣ сар намуда, баъд дар ҳамин корхонаи мазкур муҳандиси шӯъбаи механикӣ, сармеханик, ҷонишини сармуҳандис ва ҳамчун сармуҳандис иҷрои вази- фа намудааст.Ӯ дар давоми кори худ рисолаи номзадии илмҳои техникиро ҳимоя намуд.

Истиқлолияти Тоҷикистони азиз дар назди роҳбарияти кор- хона ва кормандони муҳандисӣ-техникии он вазифа гузошт, ки худ эҷодкорӣ кунанду аз канданиҳои фоиданоки худи ис- тифода баранд. Кӯшишҳои эҷодкорон ба он оварда расонд, ки дар сехи чӯянгудозӣ агрегати хурде сохтанд ва сӯзишвори сарфа шуда, иқтидораш дар як соат то се тонна маҳсулсл мерасид. Печи бо қувваи барқ коркунанда ва ду печи мингудозӣ низ сохтанд. Аввалин ғалақаҳои алюминиро тарҳрезӣ карданд, ки нисбати чӯянӣ сабук ва бобардор аст. 

Дар расм қитъаи қолабрези: аз чап Бахтиёр Сатторов, Эргаш Ҳасанов ва Толиб Бӯриев.
Дар расм қитъаи қолабрези: аз чап Бахтиёр Сатторов, Эргаш Ҳасанов ва Толиб Бӯриев.

“Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад, Агар хоре бувад, гулдаста гардад”.

Ҳамаи ин ба он оварда расонид, ки роҳбарият ва кормандони техникӣ бо олимони худӣ алоқаҳои зич пайдо намоянд. Бо ёрию дастгирии узви вобастаи АУ Ҷумҳурии Тоҷикистон, док- тори илми кимиё Ғаниев Иззатулло Наврӯзович ва доктори илмҳои техникӣ Ҳакдодов Маҳмадшариф Маҳмудович хокаи нигахдории гудозиши пӯлодро аз худи Ватани азизамон пай- до кунанд. Санҷишҳо нишон доданд, ки чунин хокаро дар Ва- тани худамон, чӣ қадаре ки хоҳем, пайдо карда метавонем. Дигар зарурат надорад, ки ҳазорҳо км роҳро тай намуда, аз хориҷи кишвар биёрем. Ё ин ки барои нигаҳдории печҳо санги кварситро низ аз сарзамини худамон ёфтанд. Ангиштсанги деҳаи Канти ноҳияи Айнӣ ва Назарайлоқи ноҳияи Тоҷикобод барои гудозиши метал санҷида шуд, ки хеле хуб гузашт. Ин олимон боқимондаҳои равғани пахтаро низ санҷиданд, ки онро ҳам истифода бурдан мумкин будааст.Кӯшишҳои муттахассисони корхона бо олимони худӣ Ғаниев Иззатулло Наврӯзо- вич ва Ҳақдодов Маҳмадшариф Маҳмудович нишон дод, ки:

Гуфтани шоирро асоснок мекунад.

Ҳангоми сӯҳбат аз роҳбари корхона пурсидам:

– Оё заводи шумо қудрате пайдо карда метавонад, ки ме- талпораҳои дар кӯчаю ҷойҳои нақлиётӣ (гаражҳо) партофтаю ғарам шуда хобидаро гудозаду дуюмбора истифода бурда шавад? Пештар мактаббачагон ҷамъоварӣ мекарданду ба- рои гудозиш мебурданд.

-Истеҳсоли асосии заводи мо ғалақа буда, он ҳам аз мета- ли чӯян иборат аст. Ва печҳои калонтарини мо ҳам солҳои зиёд барои гудозиши чӯян мутобиқ карда шудаанд. Мо худа- мон печҳои гуногуни гудозиши алюминиро сохтем. Аз тара- фи дигар ин метал нисбати чӯян сабук ва ғалақаҳои бобар- доштар мешаванд. Ва худатон низ медонед, ки метали алю- миниро ҳеҷ кас ҳоло дар кӯча намепартояд. Худи партовҳои он ҳам фоида оварда метавонад. Дар мамлакатҳои Европа кайҳо ба истеҳсоли маҳсулоти металҳои сабуку бобардошТ гузаштаанд. Дар хусуси партовҳои дигар металҳо бошад, боташкилотҳои байналхалқӣ муносибат карда истодаем, ки ба маб- лағгузории онҳо кореро ба манфиати халқу Ватан иҷро намоем.

Дар расм: дар байн директори корхона Хайрулло Маҳмадуллоев; аз чап - сармуҳандис Ҷумъабой Ҷӯраев, ҷонишини директор оиди истеҳсолот Латиф Ҳамидов. Аз рост: ҷонишини директор оиди тиҷорат Бобохон Саидоа, ҷон. сармуҳандис Амиралӣ Нуров, раиси иттифоқи касаба Раҳматулло Хоҷаев.
Дар расм: дар байн директори корхона Хайрулло Маҳмадуллоев; аз чап – сармуҳандис Ҷумъабой Ҷӯраев, ҷонишини директор оиди истеҳсолот Латиф Ҳамидов. Аз рост: ҷонишини директор оиди тиҷорат Бобохон Саидоа, ҷон. сармуҳандис Амиралӣ Нуров, раиси иттифоқи касаба Раҳматулло Хоҷаев.

Роҳбарияти корхона дар назди худ мақсад гузоштаааст, ки бо Русия алоқаҳои зич бандаду маҳсулоти солҳои зиёд дар ам- борҳо хобидаро фиристад ва аз он ҷо маҳсулоти даркориро гирад.

Муҳайё намудани ҷойҳои корӣ, ҷавобгӯи стандарти ҷаҳонӣ будани маҳсулоти асосӣ, барқарории робитаҳо ба даҳҳо мам- лакатҳои хориҷӣ, баландбардории дараҷаи иқтисодӣ ва ма- данӣ-маишии коргарон мақсадҳои наҷибу неки роҳбарият ва кормандони муҳандисӣ-техникии корхона аст.

– Мо бояд боз заводро пуриқгидортар гардонем. Зеро дар асри XXI зиндагӣ ва кор кардан боз дар давраи баландравии хеле шиддатноки техникӣ будан аст. Мо хоҳем, нахоҳем ҳам, дига- рон дар пешравианд. Барои ҳамин агар гузашта натавонем, бояд аз дигарон қафо намонем, – мегуяд X. Маҳмадуллоев.

СОБИҚАДОРОНИ ЗАВОД

Бузурге гуфтааст, ки: “Агар он чиро аз гузашта таҷриба ги- рифтаем, дар оянда ба кор бубарем, мисли ин аст, ки ду бор умр дида бошем”.

Оре! Онҳое, ки ин заводро еолҳо такмил додаю то ба ин рӯз -рӯзи фирӯз, рӯзӣ 70-солагӣ оварда расонидаанд, дубора не, балки номи онҳо абадӣ хоҳад монд. М. Фалилеев ва Тай- сун Ли дар китобчаи худ “Арматурный” имени Орджоникид- зе” аксар собиқадорону пешқадамони истеҳсолотро дар солҳои 1933 то 1970 дарҷ намудаанд. Ин ҷо дар бораи ҳамон собиқа- дорону пешқадамоне ҳарф заданием, ки солҳои минбаъда ба нафақа рафтаанд ва ё дар нафақа бошанд ҳам, заводро чун хонаи дуюми худ дониста.дар назди дастгоҳи он ҷумбуҷул доранд.

Женщины Таджикистана в заводах
Хоҳарон Вера ва Наталя Петровнаҳо ҳангоми кор.

Онҳо Рамазон Султонов.Сайфиддин Абудуллоев, Акрам Турақулов, Карим Кӯзов.Салоҳиддин Асоев, Наврӯз Бозма- мадов, Толиб Бӯриев, Хоҷаев Ҷумъахон Кӯганович, Содиқ Холиқов, Ситамхон Холиқов, Бозӣ Гӯзаев, Зевар Азизхонов,

Муҳиддин Тоҷев, Сквартсова Галина Андреевна ва ғайраҳо- янд, ки ба қисми зиёди онҳо дар сехҳо рӯ ба рӯ шудем.

Он рӯзе, ки мо ба завод рафта будем.ҷонишини сармуҳан- дис Амиралӣ Нуров маро бо марди нуронию хушгуфтор ва хеле дурандеш.ки бо нигоҳҳои меҳрубонона диққати касро ба худ ҷалб мекард, шинос намуд.

  • Ин кас Нормаҳмад Турсунов. Зиёда аз бист сол аст, ки дар нафақа мебошад, кор ҳам накунад, мунтазам омада за- водро хабар мегирад, – гуфт Амиралӣ Нуров.

Ман хеле ҳайрон мондам.

  • Охир ин ҳамон Турсунови иштирокчии Ҷанги Бузурги Ва- танӣ нест, ки сураташро дар музеи завод дида будем? – гуф- там ба Амиралӣ.
  • Бале, муаллим, – ҷавоб дод ӯ.

Нормаҳмад Турсунов ҳанӯз ҳам ҷавону боқувват ва хеле диққатҷалбкунанда менамуд. Охир ӯ аз соли 1939 ба кор ома- да, ҳамчун харрот кор кардааст ва соли 1941 дар ҷангҳои зид- ди фашистӣ иштирок намуда, то солҳои 1946 хизмати Ватан- ро ба ҷо овардааст. Баъди адои хизмат соли 1946 боз ба сари дастгоҳи худ-ба завод баргашт. Меҳнати бошарафона барои халқу Ватан ӯро соҳиби обу рӯю мукофотҳо ва ифтихори кол- лективи завод гардонид Ғайр аз ордену медалҳои ҷангӣ Нор- маҳмад Турсунов дорандаи “Ордени нишони фахрӣ” ва “Ор- дени Инку1лоби октябр” буда, даҳҳо ифтихорномаю мукофотҳои дигар насибаш гардидааст. Аввалин суоле, ки ман ба акаи Нормаҳмад додам, ин буд:

  • Шумо дар ин синну соле, ки мо аз музеи завод дида баро- мадем, ба 81 рафтед, аммо ҳанӯз ҳам ҷавону боқувват мена- моед. Сабабаш дар чӣ бошад?

Акаи Нормаҳмад лаҳзае табассуми ширине намуду гуфт:

  • Намедонам. Шояд, дар меҳнату зиндагии гуворо бошад. Ман хушбахтам, ки дар ҳамин завод кор карда, шогирдони зиёдеро дар ҷои худ тайёр кардам. Ин ҷо дӯстони зиёде доштам, ки ҳоло аксари онҳо дар қайди ҳаёт нестанд. Ҳар вақт дидори он Дӯстон ба хотир оянд, ба завод меояму дар сехҳо чанде қадам мезанам. Баъзе шогирдонамро дида шод мешавам.

Мо ба акаи Нормаҳмад хайрухуш кардем. Ӯ оҳиста аз ҷои худ бархоста, бо дасташ ҳам хайрбод намуду андешамандо- на қадам зада, аз саҳни ҳавлии баланди завод ба поён – ба роҳ фаромад.Шод аз он мешавам, ки баъзв навовариҳои кормандони муҳандисӣ-технкии корхонаро ба чашм мебинаму бовар ме- намоям, ки замонҳои душвор паси сар шуда истодаанду за- водро ояндаи дурахшон интизор аст. Ҳама чиз аз сари фар- занди одам бигзарад.

 Собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва меҳнат Нормаҳмад Турсунов
Собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва меҳнат Нормаҳмад Турсунов

Бо собиқадори дигари завод Суворов Иван Прокофиевич дар назди дастгоҳи харротӣ шинос шудем. Иван Прокофие- вич соли 1943 ҳамчун харрот ба кор сар карда, соли 1949 чун устои моҳир дар сехи васлкунӣ кор мекард ва соли 1952 сар- варии онро ба ӯхда доштааст. Соли 1960 вазифаи сармеха- никиро дар завод иҷро намудааст.

Соли 1989, вақте ки ӯро ба нафақа гуселониданд, боз бар- гашта омаду дар дастгоҳи харротӣ ба кор шурӯъ намуд. Инак, 17 сол боз дар назди дастгоҳи харротӣ кор мекунад.

Аз Иван Прокофиевич пурсидам, ки кадом лаҳзаҳои хуш- бахтии худро дар хотир дорад?

  • Лаҳзаҳои хушбахтӣ дар ҳаёти ман хеле зиёданд. Гириф- тани ҳар як ордену медал ва мукофоти дигаре, ки ман барои меҳнати ҳалол ба даст овардаам-, аз хотирам фаромӯш на- мегарданд. Аммо, вақте ки соли 1974 дар шаҳри Москва маро барои маҳсулоти баландсифати завод медали нуқраи ВДНХ доданд, хурсандиам ниҳоят зиёд буд. Зеро маҳсулоти завод дар байни маҳсулоти заводҳои дигар чунин медалро соҳиб шуда буд. Он рузе, ки печҳои сохтаи алюмингудозӣ ва чӯян- гудозии сохтаи муттахассисони корхонаро ба кор андохтанд, хеле хурсандибахш буд. Чунки меҳнати онҳо беҳуда набуду он печҳо дар муддати муайяни пешбинишуда металро гудох- танд. Ана он рӯз ман ҳам хеле хурсанд будам.
  • Чаро Шумо ба мисли баъзеҳо Тоҷикистонро тарк накар- да, боз ҳам дар завод кор мекунед?

Аввало ин ки Тоҷикистон барои ман ватани асоси гашта
аст. Бе офтоби дурахшони он, манзараҳои нотакрораш ва е

Собиқадори меҳнат Суворов Иван Прокофиевич

боду ҳавои лаззатбахшаш зиндагӣ карда наметавонам. За- вод бошад, барои ман хонаи дуюм буда, дил мехоҳад, ки ҳаме- ша дар назди он дастгоҳҳо бошаму чизеро истеҳсол намоям. Мумкин, ки дар сурати аз ин чизҳои дар бало гуфтаам дур шавам, зиндагӣ ҳам аз ман дур гардаду ҳаёт бароям чун қафа- си танге намояд.

Мо бо Иван Прокофиевич хайрхуш намуда, ба берун қадам гузоштем.

МУНДАРИҶА

  1. Пешгуфтор ……………………………………………………… …………….. 4
  2. Бунёд ва рушди заводи арматурии тоҷик……………………………. 7
  3. Рушди завод дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ………………… 13
  4. Солҳои болоравии истеҳсолот…………………………………………. 15
  5. Болоравии техникӣ – асоси зиёдшавии маҳсулот………………. 17
  6. Инкишофи ҳудуд ва дараҷаи баланди афзоиши маҳсулот….18
  7. Дараҷаи маданӣ – маишии кормандони завод дар солҳои рушди он…….. 22
  1. Роҳбарӣ санъат аст………………………………………………………… 24
  2. Ниятҳои неку ояндаи дурахшон………………………………………… 29
  3. Собиқадорони завод……………………………………………………… 32

Имомали НУРАЛИЕВ

РАТНЫЙ ТРУД ЗА 70 ЛЕТ

Редактор:                             Усман Солех

Фотограф:                           Махмадюсуф Юнусов

Технический редактор: Эргаш Кодиров Корректор:

 Сабохат Худоёрбекова

Компьютерный набор: Муътабар Зиёбекова

ба матбаа 25.08.2003 супорида шуд. Ба чопаш
аз 2003 имзо шуд. Андозаи 60 x 84 1/16. Адади нашр 500.
Супориши 198.

шаҳри Душанбе – 2003.

[I] ЦГА Тадж. ССР, Ф 1451, оп 1, д.ЗЗ, л,49

[II] М. Фалилеев, Тайсун Ли, “Арматурный имени Орджоникидзе , Издательство “Ирфон”, Душанбе-1973 г. стр. 4

Инчунин кобед

tajhizot

Таҷҳизот барои ошхона

Аз куҷо дар Душанбе таҷҳизот барои ошхона, кафе, ресторан, ки аз пулоди зангногир — металли …