Главная / Биология / Арча – дархт

Арча – дархт

Арча растании (дарахти) ҳамешасабз буда, ба синфи сӯзанбаргон дохил мешавад. Хелҳои он асосан дарахт ё бутташакл буда, баъзан хобраванда мешаванд. Шаклҳои дарахтии он 10-12 м ва ҳатто то 20-30 м ба боло қад мекашанд.

archa

Баргҳои аксари растаниҳои ҷавони арча дар солҳои аввали сабзишашон сӯзанмонанд буда, баъд шакли пулакчаро мегиранд. Дар баъзе намудҳои арча баргҳо ба таври доимӣ сӯзаншакл боқӣ мемонад. Баргҳои сӯзанмонанд шакли нештар ё хофро доранд. Баргҳои пулакчашакл одатан хурд буда, болои ҳам ё гирдогирд ҷойгир шудаанд.

Арча дар миқёси ҷаҳон бештар дар мамлакатҳои соҳили Баҳри Миёназамин, Осиёи Наздик ва Марказӣ, инчунин дар минтақаҳои хушки ҷануби Америкаи Шимолӣ мерӯяд. Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон 4 намуди арча (хорбурс ё арчаи туркистонӣ, маҳин- бурс ё арчаи зарафшонӣ, сарварча ё саурарча, патакарча ё арчаи сибирӣ) нашъунамо мекунад. Онҳо дар ҳамаи ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон дар баландии 1000-1200 то 3400-3700 м аз сатҳи бахр паҳн гардидаанд.

archa-223

Арча дарахти рӯшноидӯст буда, ба шароити хушкӣ ва хунукӣ ниҳоят тобовар мебошад. Решаи пурқуввати он ба қаъри замин чуқур рафта, инчунин аз ҳисоби решаҳои иловагии тирреша багирду атроф васеъ паҳн мешавад. Чунин тарзи решаронӣ ба арча имкон медиҳад, ки об ва моддаҳои ғизоиро аз хокҳои нисбатан камғизо ҷаббида, ба худ гирад. Аз ин ҷост, ки арча ҳатто метавонад дар заминҳои регзор, оҳаккӯҳ, тарқиши шахҳои урён, пастхамиҳои кӯҳсор низ нашъунамо кунад. Арча ба сармои қаҳратуни кӯҳсор нағз тоб меоварад.

Арча дарахти дарозумр аст. Ҳатто дар синну соли 800-1000-солагӣ дар он навдаҳои ҷавон пайдо шуда, метавонанд чалғӯзаи бисёр ва тухми аълосифат ҳосил кунанд.

Дар минтақаҳои ҷангалҳои паҳнбарг арча дар ҷойҳои холии замин, ки барои сабзиши дигар намудҳои дарахтон мувофиқ нест, анбӯҳи мустақили арчазорро пайдо мекунад. Бо ин роҳ худро аз рақобати дигар растаниҳо барканор мегирад.

Қисми рӯизаминии ҳамаи намудҳои арча нисбати системаи (шабакаи) решагиашон ниҳоят суст месабзад. Барои 3,5 м қад каши- дани арча зиёда аз 100-120 сол лозим мешавад. Ҳамин тавр, решаи пурқувват ва шохарондаи арча ба тарқиши шахҳои лучу урён фурӯ рафта, қисми рӯизаминий дар шахҳо овезоншудаи онро мустаҳкам нигоҳ медорад.

Арчазорони Тоҷикистон растаниҳои хоси кӯҳистон мебошанд. Омили асосии нисбатан махдудкунандаи арча дар минтақахои кӯҳӣ, ҳарорати паст ва таркиби ғизоии хок набуда, балки ба қадри кофӣ набудани намии хок мебошад. Дар баробари ин арчазорони Тоҷикистон аз арчазорони дигар мамлакатҳои ҷаҳон бо он фарқ ме- кунанд, ки онҳо ба ҳарорати ниҳояг паст (то -30°С) ва ҳам ба ҳаро- рати ниҳоят баланд (+40°С) тобовар мебошанд.

Сарв низ ба шӯъбаи лучтухмон тааллуқ дошта, дарахти ҳамешасабз аст. Вай дар ҷумҳуриамон дар шакли худрӯй масоҳати васеъро ишғол намекунад. Фақат дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон, дар дараи Сардаи Миёна чакалакзори сарви худрӯйро вохӯрдан мум- кин аст.

Одатан дарахти сарв то 15-20 м (баъзан то 30 м) қад мекашад. Пӯстлохи танааш хокистарранг буда, баргаш ба мисли барги арча сабзи пулакчашакл мебошад. Чалғӯзааш гирд ё байзашакл аст, баъди пухтан мекафад ва тухмҳои дар дохилаш буда ба замин пош мехӯ- ранд. Тухмҳои ба берун афтода метавонанд қобилияти сабзишашон- ро то 2-3 сол нигоҳ доранд. Сарв низ чун аксари сӯзанбаргон тавассути тухмаш афзоиш мекунад. Ба ин мақсад аввали баҳор дар ниҳолхона (ё парвардахона) тухмашро мекоранд. Дар шароити мусоид тақрибан пас аз як моҳ тухм неш зада, ба сабзиш шурӯъ мекунад. Дар давоми 3-4 соли парвариш ниҳоли
навраси сарв то як метр қад мекашад ва онро ҷиҳати кабу- дизор намудани гулгашту хиёбонҳои шаҳру деҳоти ватанамон ба ҷои доимии мувофиқ мешинонад.

Сарв то ду хазор сол умр мебинад. Вай ҳамчун дарахти ҳамешасабзу зебо аз қадимулайём дар худуди Тоҷикистон мавриди парвариш қарор до- рад.

Суръати сабзиши санавбар нисбат ба арча хеле зиёд мебошад. Вай ба равшанӣ эҳтиёҷи ниҳоят калон дорад. Шохаронии он фақат дар қисми нӯгиаш ба амал меояд ва тарзи ҷойгиршавии шохаҳои он имкон медиҳад, ки рӯшноӣ ба тамоми қисмҳои растанӣ бахубӣ дастрас шавад. Тиррешаи санавбаре, ки дар замини сахт мерӯяд, хуб сабзида, хеле чуқур меравад. Дар регзаминҳо бошад, дарахти са- навбар ба ҷуз тирреша, дар қабати болотари замин решаҳои ило- вагӣ низ ҳосил мекунад.Санавбар дарахти сӯзанбарги ҳамешасабз мебошад. Пояаш сутунмонанди рост, пӯстлохаш тираранг, ғафсии танаи баъзе фардҳои калонсолаш то 1-1,5 м, баландии қадаш то 40 м мешавад ва то 350 — 400 сол умр мебинад.

Санавбар дарахти ба хунукӣ тобовар мебошад. Дар Тоҷикистон дарахти санавбарро барои кабудизор кардани кӯчаву хиёбонҳои шаҳ- ру деҳот, боғҳои истироҳатӣ ва ғайраҳо васеъ истифода мебаранд.

  1. Барги арча чӣ гуна сохт дорад?
  2. Дар Тоҷикистон кадом намудҳои арча мерӯянд?
  3. Барои сабзиши мӯътадили арча чӣ гуна шароитҳо ҳатман заруранд?
  4. Сарв ба таври худрӯй дар кадом маҳалли Тоҷикистон вомехӯрад?

Аз рӯи кадом хусусиятҳояш санавбар аз арча фарқ мекунад?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …