Главная / Гуногун / ҲАРАКАТИ МОЛЕКУЛА ВА АТОМҲО – ДИФФУЗИЯ ЧИСТ?

ҲАРАКАТИ МОЛЕКУЛА ВА АТОМҲО – ДИФФУЗИЯ ЧИСТ?

Бисёр таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки молекулаҳои ҳамаи моддаҳо дар ҳаракат қарор доранд. Ба зарфи шишагин зок, яъне даҳони фарангро, ки дар об мунҳал шудааст, бирезед. Вай ранги обиро ба худ мегирад. Ба маҳлул оби тозаро ончунон эҳтиёткорона бирезед, ки онҳо омехта нашаванд.

Диффузия ин воридшавии молекулаи як ашё ба молекулаи дигар ашё мебошад. 

Дар оғози таҷриба марзи байни об ва маҳлули даҳони фаранг баромало дида мешавад. Зарфро дар ҳолати ором гузошта ба марзи байни моеъҳо мушоҳида бикунед. Пас аз чанд рӯз марзи байни онҳо шуруъ ба тахриб шудан мекунад. Пас аз ду ҳафта марзе, ки моеъро аз ҳам ҷудо мекард, аз байн рафта, моеъи дар зарф буда ранги оби­ро ба худ гирифт. Пас маълум мегардад, ки моеъҳо омехта шудаанд.

Дифузия

Натиҷаи таҷриба чунин ташреҳ мешавад: аввал молекулаҳои об ва маҳлули даҳони фаранг, ки дар наздикии марз қарор доранд, дар натиҷаи ҳаракат ҷойҳои ху- дро иваз мекунанд. Молекулаи даҳони фаранг ба қабати поёнии об гузашта, молекулаи об ба қабати болоии маҳлули даҳони фаранг, марзро бишкаста мегузаранд. Пас аз ин як қисми ин молекулаҳо бо молекулаҳои қабатҳои дигар ҷой иваз мекунанд. Бад-ин тартиб, дар натиҷаи ҳаракати пайваста ва номуназзами молекулаҳо, моеъҳо комилан ба ҳамдигар омехта туда, ба худ ранги ягона мегиранд.

Ҳодисаи баҳамдигар гузаштани молеқулаҳои моддаҳои ҳамҳудуд, ки дар натиҷаи ҳаракатҳои номуназзами ҳиссачаҳои моддаҳо сурат мегиранд, диффузия номида мешавад. Тавассути диффузия метавон раванди гӯршавии бодирингҳо, карамҳо, моҳиҳо ва дигар маҳсулоти ғизоиро шарҳ дод.

Диффузия дар газҳо низ pyx медиҳад. Агар ба ҳуҷра ашёи бӯйдиҳандаро, масалан, атрро дароред, пас ҳамон лаҳза бӯйи атр тамоми ҳуҷраро фаро мегирад. Маълум мегардад, ки дар ҳама қисматҳои ҳуҷра молекулаҳои атрҳо cap даровардаанд ва ҳодисаи диффузия сурат мегирад. Молекулаҳои атрҳо бетартибона ҳаракат карда ва бо молекулаҳои ҳаво бархӯрда, дар тамоми хона паҳн мешаванд.

Диффузия дар моддаҳои сахт низ ба вуҷуд меояд, вале хеле ба оҳистагй. Ду пластинро, ки болояшон аз сарпӯшҳои руҳӣ ва тиллоӣ сохташуда кафшер шудаанд, бо­ной ҳамдигар гузошта, тавассути бор фишурданд.

Дар шароити одии ҳарорати ҳуҷравӣ тилло ва ва руҳ бо ҳам дар муддати панҷ сол то ба масофаи 1мм омехта гардиданд.

Диффузия ҳамчунин дар ҳаёти инсон ва ҳайвонот аҳамияти бузург дорад. Масалан, ҳаво аз муҳити зисти мо ба организми инсон тавассути пӯст дар натиҷаи диф­фузия ворид мешавад. Моддаҳои ғизоӣ аз рӯда ба хун дар асоси диффузия интиқол меёбанд.

АСОСИТАРИН НУКТАҲОИ МАВЗУЪ

Молекулаҳои ҳамаи моддаҳо пайваста ва номуназзам ҳаракат мекунанд. Дар натиҷа моддаҳои ба ҳам ҳамҳудуд ба ҳам омехта мешаванд. .

Супориш.

  1. Якҷо бо модаратон ба зарфи бодирингдор маҳлули намакини сарду гарм бирезед..

Пурсишҳо

  1. Чӣ тавр метавон исбот кард, ки молекулаҳои ҳамаи моддаҳо дар ҳаракат карор доранд?
  2. Диффузия чист?
  3. Диффузия дар табиат чӣ аҳамият дорад?
  4. Дар шароити хона ҳодисаи диффузияро мушоҳида кардаед?

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …