Главная / Гуногун / Ҳаракати миллию озодихоҳии халқи Миср

Ҳаракати миллию озодихоҳии халқи Миср

Ба молияи Миср назорати европавиҳоро ҷорӣ намудан, зада гирифтани мансабҳои муҳимтарини давлатӣ нисбати хориҷиён оппозитсияи ҷиддиеро ба вуҷуд овард, аз он ҷумла дар артиши Миср.

misr1

Моҳи майи соли 1880 гурӯҳи афсарон бо роҳбарии Аҳмад Арабӣ (минбаъд ӯро Аҳмад Арабпошшо ном мебарем) ба номи вазири ҳарбӣ бо эътирозномае муроҷиат карданд. Ҳарчанд вазорати ҳарбӣ шикояти ин гурӯҳро дуруст ҳисобид, лекин бо вуҷуди ин таъқиботи афсарони шикояткарда оғоз ёфт. Моҳи январи соли 1881 Аҳмад Арабпошшо ва гурӯҳи ӯ аз нав, ин дафъа бо талабнома, ба шӯрои вазирон муроҷиат карданд. Дар он истеъфои вазири ҳарбӣ ва тафтиши ҷиддии тартиби ба афсарон додани рутбаи ҳарбӣ талаб карда мешуд. Ҳукумат қарор кард, ки Аҳмад Арабпошшо ва ҷонибдорони ӯро бо роҳи фиреб ба дом афтонда, ба додгохи ҳарбӣ диҳад. Вале полкҳои Қоҳира биноеро, ки Арабпошшо ва ҳамсафони ӯ дар он ҷо боздошт шуда буданд, муҳосира намуда, дастгиршудагонро озод карданд. Баъд полкҳои шӯришбардошта ба қасри хидев рафта, аз нав истеъфои вазири ҳарбиро тақозо карданд. Шӯришгарон ба халқ ҳам муроҷиат карданд, ки онҳо чӣ мехоҳанд.

Канали Суэтс. Иншиогн калони гидротехникии асри XIX.

Солҳои 1859 – 1869 сохта шудааст. Тамоми кор дастӣ иҷро мешуд. Ҳангоми сохтмон қариб 120 ҳазор кас ҳалок шудааст. Аввал 53 фоиз саҳмияҳои ширкати канал ба Фаронса, 44 фоиз ба Миср таалуқ дошганд, ки соли 1875 онҳоро ба Англия фурӯхт.

Вазири ҳарбӣ аз вазифааш сабукдӯш карда шуда, ба ҷои ӯ Маҳмуд Самеъ Албарӯдӣ таъйин гардид. Ғайр аз ин дар зери роҳбарии Арабпошшо барои тафтиши тартиби дар артиш додани рутбаҳои ҳарбӣ комиссияи махсус ташкил карда шуд. Бо ин роҳ хидев Тавфиқ хост, ки шӯришгаронро фиреб диҳад.

Ин вақт Арабпошшо бо роҳбарони зиёди сиёсӣ ва намояндагони зиёиёни миллӣ вомехӯрад. Дар ин вохӯриҳо масъалаи истиқлолияти Миср ҳам баррасӣ шуд. Ҳарчанд ҳукумат барои бо роҳи осоишта барҳам додани муноқиша чораҳо меандешид (масалан, ба афсарон сари вақт моҳона ва рутбаҳоро боадолатона медодагӣ шуд), бо вуҷуди ин бо маслиҳати мушовирони европавӣ қарор карда шуд, ки ба ҳар роҳе бошад, аз Арабпошшо халос шавад. Барои ҳамин фармон дода шуд, ки полкҳои исёнгар аз пойтахт ба ҷои дуртар – ба Искандария ва Диаметта равон карда шаванд. Вазири ҳарбӣ иҷрои ин қарорро рад намуд. Барои саркашӣ хидев ӯро аз вазифа сабукдӯш карда, ба ҷои ӯ шахси иртиҷоиеро вазири нави ҳарбӣ таъйин намуд.

Моҳи сентябри ҳамон сол аз нав фармон дода шуд, ки полк­ҳои исёнгар ба ҷои муайяншуда раванд, вале Арабпошшо ба ин фармон итоат накард. Полкҳои гарнизони Қоҳира боз ба сӯи қасри хидев раҳсипор шуданд. Ин дафъа Арабпошшо талаб кард, ки ҳукумати иртиҷоӣ ба истеъфо равад ва дар мамлакат конститутсия ҷорӣ намуда, парламент даъват карда шавад. Зиёд кардани артиш низ ба рӯйхати талабҳои шӯришгарон дохил буд. Хидев ин талабҳоро қабул кард, чунки илоҷи дигар надошт.

Табаддулоти Арабпошшо ба европавиҳо маъқул нашуд. Барои ҳамин роҳҳои гуногунро ба кор мебурданд, то ки Миср аз тобеияти онҳо халос нашавад. Аз он ҷумла, бо роҳи ҳарбӣ ҳам.

Дар ҷанги зидди Англия ба қувваҳои мусаллаҳи Миср Арабпошшо сарварӣ мекард. Соли 1882 баъди муҳорибаҳои  шадид англисҳо аввал Искандарияю Канали Суэтс ва баъд шаҳри Қоҳираро ба даст дароварданд. Баъди ин хидеви Миср Тавфиқи ҷонибдори Англия, ки ба Искандария фирор карда буд, аз нав ба Қоҳира баргашта, Арабпошшоро аз вазифааш сабукдӯш кард. Арабпошшо ба англисҳо таслим шуд. Ҳукуматдорон ва англисҳо таъқиботи иштирокчиёни ҳаракати озодихоҳиро cap карданд. Арабпошшо ва ҳамсафони наздики ӯро додгоҳи рӯ ба Англияи Миср ба қатл ҳукм кард. Баъд ҳукми қатли Арабпошшо ба бадарғаи якумра ба Сейлон иваз карда шуд. Ватандӯстони зиёде ба хориҷи кишвар фирор карданд. Англисҳо ба Миср ба маблағи 9 млн ф.-ст. товони ҷанг бор карданд. Баъди шикасти Арабпошшо Миср дар амал аз соли 1882 ба мустамликаи Англия табдил ёфт, ҳарчанд ҳуқуқи байналхалқии он мисли пештара мондан гирифт, яъне Миср мустамликаи империяи Туркия буд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …