Главная / Гуногун / Ҳаракати миллӣ дар Эрон

Ҳаракати миллӣ дар Эрон

Дар охирҳои асри XIX дар Эрон ғояҳои миллатдӯстии буржуазӣ пайдо мешаванд. Бедории миллии эрониён дар фаъолияти зиёиёни он ифода меёфт. Қисми зиёиёни ҷонибдори ислоҳот аз таъқиботи шоҳ ба хориҷа фирор карда буданд. Муҳоҷирони эронӣ дар Туркия, Миср, Ҳиндустон ва баъзе давлатҳои дигар рӯзномаҳои “Ахтар”, “Ҳикмат”, “Қонун” ва ғайраро нашр мекарданд. Дар ин рӯзномаҳо ва дар асарҳои ватандӯстони маъруф Мирзо Малкумхон, Абдурраҳим Толипов ва Зайнулобиддини Мароғаӣ тартиботи мавҷудаи Эрон ба зери танқид гирифта мешуд. Дар Табрез ва Теҳрон мактабҳои нави замонави кушода шуданд ва китобхонаҳои миллӣ ба фаъолият оғоз карданд.

01-02-2008

Дар охирҳои асри XIX-авали асри XX дар Эрон якчанд созмонҳои ватаниарварӣ, аз он ҷумла соли 1901 Ҷамъияти махфии зиддиҳукуматӣ ва соли 1905 “Анҷумани махфӣ” ташкил меёбад. Онҳо бар зидди мансабдорони иртиҷоии шоҳ ва зӯроварии хориҷиён баромада, талаб мекарданд, ки дар мамлакат ислоҳоти сиёсии демократӣ гузаронида шавад.

Эътирози мардуми Эрон бар зидди аҷнабиён ва нерӯҳои иртиҷоии дохилӣ ҳар сари чанд вақт ба шӯришҳои халқӣ табдил меёфт. Чунин шӯришҳо солҳои 1896-1898 дар ҷануби Эрон ва соли 1897 дар Шуштар ба амал омаданд. Баромади калони дигари мардуми Эрон аз сабаби соли 1896 аз тарафи Ризои Кирмонӣ кушта шудани Насириддиншоҳ ба амал омад.

Загрузка...

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

3_zheleznaya_loshad

Техника дар нимаи дуюми асри XIX — аввали асри XX

Дар ИМА солҳои 60-70-ум дар коркарди гӯшт, ордкунии ғалла ва маъданистеҳсолкунӣ конвейер истифода бурда шуд. …