Главная / Гуногун / ҲАРАКАТИ ҲАВО. БОРИШОТ

ҲАРАКАТИ ҲАВО. БОРИШОТ

Дари ҳуҷраи гармро кушода, шамъи фурузонро ба остона (қолаби дар) мебарем. (расми 74). Дар ин маврид мебинем, ки аланга ба тарафи хона майл кардааст. Пае маълум мегардад, ки ҳавои хунук ба хуҷра тавассути қисмати поёнии дар ворид ме- шавад. Агар мо шамъро боло бубардорем, метавон дид, ки аланга ба ҷониби толори хунук моил аст.

Пас маълум мегардад, ки ҳавои гарми сабук, ки тавассути ҳавои хунук ба қисмати болоии дар танг карда шудааст, ба самти муқобил ҳаракат мекунад.

sham

А Ҳиссачаҳои ҳаво ба ҳуҷра бетаваққуф ворид мешаванд. Ин ҳодиса конвексия ном дорад.

Ҳавое, ки дар наздикии дастгоҳҳои гармкунӣ (батарея, бухорӣ ва ғайра) қарор доранд, шуруъ ба гармшавй мекунанд. Вай васеъ туда, сабук мегардад ва ба боло мебарояд. Ҳавои боқимонда бошад, оҳиста поён мефарояд. Дар атмосфераи Замин чунин равандҳо ҳамеша сурат мегиранд. Сатҳи об, хушкӣ, ки бо шуъои Офтоб хуб таъминанд, бештар гарм шуда, ҷараёни ҳавои гарм боло мебарояд. Ба ҷои он ҳавои нисбатан хунук меояд. Ҳар қадар ҳавои гарм тезтар боло шавад, ба ҳамон андоза ҳавои хунук дар сатҳи Замин тезтар ҳаракат мекунад.

Ҷараёни ҳавое, ки таври параллелй дар сатҳи Замин ҳаракат мекунад, шамол номида мешавад.

Шамолро кӣ дидааст? Албатта, ҳеҷ кас! Вай нонамоён ва тоза буда, вале мо ҷараёни шамолро тавассути бадан ҳис мекунем, онро тавассути ҷумбидани барги дарахтон, бонизом алвонҷ хӯрдани дарахтон мушоҳида мекунем.

Сатҳи шамолро тавассути флюзер муайян кардан мумкин аст. Шумо самти ша- молро бо нишондоди мо муайян карда, онро дар рӯзномаи мушоҳидаҳои хуб сабт кардаед.

Рӯзномаи мушоҳидаҳоро истифода бурда, чизҳои зеринро муайян кунед:

  • Дар он ҷое, ки ту зиндагӣ мекунӣ, оё зуд-зуд шамол мевазад?
  • Самти шамол чӣ тавр аст?
  • Оё шамол бо тағйирёбии обу ҳаво вобаста аст?
  • Оё шамол ба фишори атмосферӣ таъсир мерасонад?

Нерӯи шамол ҳар гуна мешавад. Нерӯи шамолро маъмулан тавассути баллҳо ишора мекунанд.

О балл – бешамолӣ, штил.

1-2 балл – дуде, ки аз карнаи баромада, ба як тараф майл мекунанд ва барги да- рахтонро мечумбонанд.

3-4 балл – барги кӯчаки дарахтон ҷунбида, гарду чанг мехезад.

5-6 балл – барги ғафс ва нӯги дарахтон ҷумбид, дар сатҳи об мавҷҳо пайдо ме- шаванд.

7-8 балл – симҳои барқй садо мекунанд, шохи хушки дарахтон мешикананд.

9-10 балл – шамол шиферро аз бом ва хиштҳоро аз мӯриҳои дудбаро ва да- рахтонро бо решаҳояш мекананд. Чунин шамолро шамоли тӯфонй меноманд. Вай мавҷҳоро дар баҳрҳо баланд бардошта, киштиҳоро сахт такой медиҳад.

Боло аз 12 балл -шамоли тундбод бу да, боми хонаҳоро канда, тахтаҳоро ба ос- мон бардошта, пулу сарбандҳоро вайрон мекунад.

Рабство

Дар борамон admin

Инчунин кобед

хасибхои Точики

Ҳасибҳои болаззаттарини тоҷикӣ – ҳасибҳо

Ҳасибҳои болаззат дар шаҳри Душанбе- пойтахти Тоҷикистон, бо тамғаи “Хасибчаи Дидор” дар комбинати шири Душанбе …