Главная / Гуногун / Ҳаракатҳои инқилобӣ дар Чин

Ҳаракатҳои инқилобӣ дар Чин

Дар баробари ҳаракати ислоҳотхоҳӣ дар Чин ҳаракати инқилобӣ-демократӣ низ оғоз меёбад. Ин ҳаракат бо номи инқилобчии демократи бузурги Чин Сун Ятсен алоқаманд аст. Ӯ 12 ноябри соли 1866 дар деҳкадае воқеъ дар наздикии Гуанчжоу дар оилаи кишоварз тавалдуд ёфтааст. Сун Ятсен солҳои 1879-1883 бо ҳамроҳии бародараш дар шаҳри Гонолулуи ҷазираҳои Гавай, зиндагонӣ карда, баъди хатми мактаби миёна ба ватан баргашт. Соли 1892 Донишгохи англиси тиббии Гонконгро хатм мекунад. Сун Ятсен соли 1894 дар ҷазираҳои Гавай бо номи “Синчжунхуэ” (“Ҷамъияти эҳёи Чин”) ҷамъияти инқилобӣ – демократиро ташкил мекунад. Ин ҷамъият дар назди худ вазифа гузошт, ки манчурҳоро аз Чин ронда, обрӯю эътибори байналхалқии мамлакатро аз нав барқарор менамояд.

gettyimages-56154115-676x450

“Ҷамъияти эҳёи Чин” мақсад дошт, ки соли 1895 бо ёрии аъзоёни ҷамъиятҳои пинҳонкор дар Гуанчжоу шӯриш бардорад. Лекин тайёрӣ ба он аз тарафи ҳукуматдорон ошкор гардида, 9 сентябри соли 1895 иштирокчиёни шӯриши баамалнаомада ҳабс қарда шуданд. Сун Ятсен маҷбур мешавад, ки аввал ба Гонконг ва баъд аз он ҷо ба Америка фирор кунад.

Моҳи августи соли 1905 Сун Ятсен дар Ҷопон созмони нави инқилобӣ “Чжунго гзмин тунмэнхуэй” (“Лигаи муттаҳидаи инқилобӣ”)-ро ташкил кард, ки он бо номи “Лигаи иттифоқӣ” машҳур аст. Он дар асоси аз нав ташкил кардани “Ҷамъяти эҳёи Чин” ба вуҷуд омад. Ба “Лигаи иттифоқӣ” аввал тахминан 60-70 нафар дохил буданд, вале то соли 1906 шумораи онҳо ба 10 ҳазор нафар мерасад. Президенти “Лига” Сун Ятсен интихоб мешавад. Аз Моҳи сентябри соли 1905 органи чопии “Лига” “Мин бао” (“Халқ”) интишор мешавад. Вай дар тарғиби ғояҳои ин созмон мақоми калон пайдо мекунад. “Лигаи иттифоқӣ” нашрияҳои дигар ҳам дошт.

Ташкилёбии “Лигаи иттифоқӣ” дар сафарбар кардани нерӯҳо бар зидди мутлақияти манчурӣ қадами муҳиме гардид.

“Лигаи иттифоқӣ” барномаи худро дошт. Дар он се принсипи Сун Ятсен инъикос ёфта буд: миллӣ, демократӣ ва некӯаҳволии халқ. Онҳо се мақсади асосии ватандӯстони Чинро ифода мекарданд: аз мамлакат пеш кардани манҷурхо, барқарор кардани истиқлолияти Чин, эълон кардани ҷумҳурӣ ва истифодаи баробари замин.

Дар солҳои 1906 – 1908 дар мамлакат ҳаракати инқилобӣ- демократӣ авҷ мегирад. Дар як қатор музофотҳои Чин, аз он ҷумла, дар Хунан, Тсзяной, Гуандун, Гуанси, Юнъан ҳаракатҳои инқилобӣ ба амал омаданд, ки онҳоро аъзои “Лигаи иттифоқӣ” тайёр карда буданд.

Дар баробари ҳаракати инқилобӣ дар зери таъсири он ҳаракати конститутсионӣ – мутлақиятхоҳӣ оғоз меёбад. Иштирокчиёни ин ҳаракат тақозо доштанд, ки Император ба қабули Конститутсияи Чин розӣ шавад. Ин талаби конститутсиячиён – мутлақиятхоҳон онҳоро дар муқобиди “Лигаи иттифоқӣ” гузошт. Ҳаракати нав органи чопии худ Синъмин Тсунбао” (“Халқи ҷадид”)-ро нашр мекард.

Иштирокчиёни ҳаракати конститутсиячиён – мутлақиятхоҳон ҳукумати манчуриро бовар мекунониданд, ки татбиқи ислоҳотро тезтар ба амал баровардан лозим аст, вагарна мисли Русия дар Чин ҳам инқилоб ба амал меояд, яъне онҳо ислоҳотро ҳамчун роҳи ягонаи пешгирии инқилоб медонистанд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …