Главная / Ҷуғрофия / ҶАРАЁН ДАР УҚЁНУС ВА БАҲРҲО

ҶАРАЁН ДАР УҚЁНУС ВА БАҲРҲО

 Ҷараёни оби укёнусҳо. Дар уқёнус ва баҳрҳо ҳаракат кардани обро одамон ҳатто дар замонхои қадим мушоҳида карда буданд. Ҳаракат хоси на танҳо оби сатҳ, инчунин хоси оби қабатҳои қаъри уқёнус ва баҳрхо низ мебошад.
Сабабҳои ҳаракати об гуногун аст. Сабаби аз ҳама асосии он бод. тафовути ҳарорат, шӯрии оби уқёнус ва баҳрҳо мебошад. Дар натиҷаи ин тафовут дар уқёнусу баҳрҳо селобҳои бузург ҳосил мешаванд ва ба таври уфуқӣ бо самти муайян доимӣ ҳаракат мекунанд, ки онҳоро ҷараёнҳои уқёнусӣ мегӯянд. Ҷараён ин дарёест дар уқёнус. Аммо онҳо ба дарё пурра монанд нестанд. Самти ҳаракати ҷараёнхо гуногун аст. Онро ба воситаи шишаҳои ба об партофта муайян мекунанд.

bahr

Ба ин мақсад ба даруни шиша хатчае меандозанд, ки дар он координати маҳали шишаро маҳкам карда Партофтан навишта шудааст. Маллоҳоне, кн чунин шишаҳоро аз об мегиранд, дарҳол мефаҳманд, ки шишаро ҷараёни баҳрӣ аз куҷо ба ин ҷо овардааст. Олимоки Канада-барои тадқиқ кардани ҷараёни Уқёнуси Атлантика ба об қариб 40 ҳазор шиша партофтаанд.

Олимон ҷараёнҳои уқёнусиро омӯхта, ба хулоса омаданд, ки самти ҳаракати ҷараёнҳо ба самти бодҳои мунтазам вазандй мутобиқат менамояд. Бодҳои доимй ба об фишор оварда, онро маҷбур мснамоянд, ки ба самти муайян ҳаракат кунад. Якс аз ин ҷараёнҳо дар соҳили шарқии Африка дар ду тарафи хати истиво ҳосил шуда, тавассути бодҳои доимие, ки аз Африка ба сӯи Амсрика мевазанд (пассати Шимолй), ба тарафи ғарб ҷорӣ мешавад. Он қад-қади хати истиво ҳаракат карда, ба соҳили Америкаи Ҷанубй бархӯрда, ба ду шоха ҷудо мешавад.

Як шохаи он аз он ҷо ба шарқ бармегардад, қисми дигари он ба Халиҷи Мексика дохил шуда, аз он ҷо ба соҳилҳои шарқии Амермкаи Шимолӣ ва баъд аз он ба соҳилҳои Европа ҳаракат менамояд. Ин ҷараёнро Голфистрим меноманд. Оби он гарм аст (20°С). Дарозии ин ҷараёни гарм 3000 километр буда, бо суръати 10 километр дар як соат ҳараказт мекунад. Васегии анбӯҳи оби ин ҷараён аз 75 то 120 километр тағйир меёбад Ғайр аз ҷараёиҳои гарм дар Уқёнуси Олам инчунин ҷараёнҳои хунук ба монанди ҷараёни Лабрадор, Канар, Перу ва ғайра ба самтҳои гун-огун ҳаракат мекунанд.

 Паҳншавни наботот ва ҳайвонот дар уқёнус. Дар уқёнус ба монанди сатҳи хушкӣ наботот ва ҳайвоноти гуногун паҳн, гардидаанд. Мувофиқи ақидаи бисёр олимон ҳаёт ҳам аз ибтидо дар уқёнус пайдо шуда, намудҳои аввалиии растанӣ ва ҳайвонот аз он ҷо ба хушкӣ баромадаанд. Ҳоло дар оби уқёнус аз организмҳои соддатарин то ширхӯрон ҳаёт ба cap мебарад. Растаниҳо (обсабзҳо) ба равшанӣ эхтиёҷи зиёд доранд, бинобар ин дар чуқуриҳои 100 150 метр васеъ паҳн гардидаанд. Дар ин ҷо обсабзҳо ва карами баҳрй то даҳ метр дароз мсшаваид. Ҳайвонот ба равшанӣ кам эхтиёҷ доранд, бинобар ин дар ҳама қабатҳои оби уқёнус ҳаёт мегузаронанд.

Онҳо мувофики шароити хаётгузаронӣ аз сатҳи оби уқёнус қаъри он нобаробар тақсим шудаанд. Аз сатҳй оби уқёнус то чуқурии якчанд метр организмҳон гумроҳ, (планктонҳо) паҳн гардидаанд. Онҳо наботот ва ҳайвоноти хурдтарин мебошанд. Худашон фаъолона ҳаракат карда наметавоманд, мавҷ ва ҷараёни об онҳоро аз ҷое ба ҷое мебарад. Ин мавҷудотро дигар организмҳо ҳамчун манбаи дигар истифода мебаранд, аз ҷумла наҳангҳо. Организмҳои фаъол ба монанди наҳанг, морж, моҳӣ ва ғайра дар қабати ғафси об ҳаёт мегузаронанд. Дар каъри уқёнус наботот дида намешавад, фақат баьзе намуди ҳайвонот вомехӯранд, ки ба чуқурии зиёди об мутобиқ шудаанд. Ҳоло дар уқёнус беш аз 10 ҳазор намуди наботот ва 160 намуди ҳайвонот зиндагӣ мекунанд. Ба онҳо баъзе намуди моҳиҳо, харчангҳо, кирмҳо, нармбаданхо ва ғайра мансубанд.

Муҳофизати сарватҳои уқёнус. Уқёнуси Олам ниҳоят азим аст. Бинобар ин одамон тасаввур мекарданд, ки сарватҳои он адонашавандаанд. Аммо ин тасаввурот нодуруст аст. Зиёд шудани талаботи инсон ба хӯрокворй ва саноат ба ашёи хом (равған, пӯст, мӯина ва ғайра) ба он оварда расонд, ки давлатҳои соҳили баҳр барои шикори ҳайвонот ва ҷамъ кардани наботот флоти махсус ташкил карданд.
Онҳо дар қисмҳои алоҳидаи уқёнус ҳайвоноти гуногунро шикор. обсабзхо ва карами баҳриро ҷамъ мекарданд. Дар натиҷаи он баъзе намудҳои ҳайвонҳо несту нобуд шуданд. Миқдори бисёр намудҳо кам шуд. Масоҳати сабзиши набототи баҳрӣ ҳам маҳдуд гардид. Бинобар ин баъзе намудхои ҳайвонот, аз ҷумла наҳангҳои кабуд, гурбаҳои баҳрӣ таҳти муҳофизат қарор доранд.
Солҳои охир миқдори моҳиҳои сайдшаванда ҳам кам гардидаанд. Барои зиёд кардани миқдори онҳо дар бисёр мамлакатҳои соҳили баҳр заводҳои моҳипарварӣ сохта шудааид. Онҳо аз тухми моҳӣ моҳичаҳо парвариш карда, ба баҳрҳо cap медиҳанд. Инчунин барои афзун намудани обсабзҳо ва карами баҳрй баъзе мамлакатҳо дар тунукобаи соҳили баҳрҳо қитъаҳои сабз ва карамиарварӣ бунёд намудаанд. Парвариши онҳо аҳамияти калон дорад. Карамро ҳамчун хӯрокворй ва дору истифода мебаранд. Аз обсабзҳо ҳам хӯроки одамон, дору, қоғаз, матоъ, нурй, хӯроки чорво тайёр мекунанд.
Барои кам шудани миқдори мавҷудоти биологии уқёнусҳо ифлосшавии онҳо хавфи калон дорад. Ҳар сол ба оби уқёну партовҳои корхонаҳои саноатӣ, моддаҳои химиявии аз сатҳи хушкӣ шусташуда. моддаҳои радиоактивии дар натиҷа озмоиши яроқи ҳаставӣ (ядроӣ) ҳосилгардида ва партов саноатии онҳо ворид мешаванд. Агар ин амалиётхои номатлуб пешгирӣ карда нашаванд, хавфи дар қитъаҳои алоҳидаи уқёнус охиста-оҳиста нест шудани ҳаёт ногузир аст.

Тадқиқи баҳру уқёнусхо. Тамоми уқёнус ҳоло ҳам пур аз шаклҳои то ҳанӯз номаълуми ҳаёту асрорҳои ниҳонӣ аст Олимон уқёнусро омӯхта, онҳоро ошкор мекунанд. Ба ин мақсад давлатҳои алоҳида киштиҳои экспедитсионӣ ташкил намуда; Мақсади ин экспедитсияҳо таҳқиқ ва аз худ намудани сарватҳо уқёнус мебошад, киштиҳои экспсдитсионй бо асбобҳо ҳозиразамон таҷҳизонида шудаанд. “Михаил Ломоносов”. “06 “Академик Курчатов”. “Юрий Гагарин”, “Витяз” аз қабл чунин киштиҳо мебошанд. Барои гузарондани тадқиқоз да киштихои экспеднтсионй ғайр аз олимони соҳаҳои гуногун илм, гаввосону дигар кормандон иштирок мекунанд.

Ғаввосоя дар чуқуриҳои то 100 метр мушоҳида мегузаронанд, аксбардо мекунанд, намунаи наботот, ҳайвонот, таҳшинҳо ва дигар ҷонваронн зериобиро гирифга таҳқиқ менамоянд.
Барои дар чуқуриҳои зиёдтар тадқиқот гузарондап воситаҳои техникӣ истифода мебаранд. Аз ҷумла қаъри уқёнус ба воситаи батискаф, чуқурии баҳрҳо ба воситаи заврақ» зериобӣ ва батистат тадқиқ карда мешавад. Соли 1960 олимй швейсариявй Жак Пикар бо батискаф ба қаъри фурӯхамидам Мариана фуромада, дар он ҷо мушоҳида гузаронд. Дар қаърй ҳамаи ин воситаҳо олимон барои ҳаматарафа омӯхтани уқёнус аз стансияҳои рӯи яхҳои шинокунанда, радифони маснӯий
Замин, киштиҳои кайҳонӣ низ истифода мебаранд. Натиҷаи тадқиқотҳоро барои пешрафги илмҳои гуногун, азхуд намудани сарватҳои биологй, минералӣ ва ҳаракати бехатари киштиҳо истифода мекунанд.

Савол на супориш

  1. Пайдоиши чарасни уқёнусӣ ба чӣ вобастаасг?
  2. Наботот ва ҳайвонот дар уқёнус чӣ тавр паҳн шудаанд?
  3. Барои чӣ набототи баҳрй бештар дар чуқурии 100-150 метр месабзанд?
  4. Аз обсабзҳо чй хел маҳсулот истехсол мекунанд?
  5. Чӣ зарурат пайдо шуд, ки уқёнус ва сарватҳои онро муҳофизат намоянд?
  6. Барои афзун намудани наботот ва намудҳои камшудаи ҳайвонот чӣ чораҳо меандешанд?
  7. Барои тадқиқи уқёнус аз кадом воситахо истифода мебаранд?

Инчунин кобед

sol-mertvogo-morya

ХОНДАНИ НАҚШАИ МАҲАЛ ВА ХАРИТАИ ГЕОГРАФӢ

Шумо медонед, ки нақшаи маҳал ва харита намунаи хурдкардаи сатҳи Замин мебошанд. Онҳо аз якдигар …