Главная / Гуногун / Ақоид дар Ислом

Ақоид дар Ислом

Ақоид:  Он чизҳое, ки мо мусалмонон бояд ба онҳо имон ва бовар дошта бошем, монанди имон ба Худованд, фариштагон, паёмбарон, китобҳои осмонӣ (Забур, Таврот, Инҷил ва Қуръони Маҷид), рӯзи қиёмат ва ғайра мислуҳум.

Донишмандони бузург ва фуқаҳои кабири Исломи мубин, бахши ақоиди дини Исломро «Усули дин», «Пояҳои дин» гӯфтаанд. Ба ғайр аз ин, сироҷи умам Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р), илми ақоиди исломиро «Фиқҳи акбар» ҳам гуфтаанд. Инак чанд намуна, аз ақоиди фиқҳи ҳанафӣ, ки дар асос ва партави ваҳии Илоҳӣ-Қуръони Маҷид ва Суннат-аҳодиси Расулуллоҳ (с), сироҷи умам Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р), шогирдону ёрони эшон (р) ва уламову фуқаҳои барҷаста ва ворастаи ин мазҳаби муҳаззаб табйин, тафсир ва танзим намудаанд:

  1. Ақидаи Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) оиди ҳисоб. Ӯ мегӯяд: «-Ҳисоб ҳақ аст. Барои сухани Худо, ки гуфтааст: «Ва ин тубду мо фӣ анфусикум ав тухфуҳу юҳосибкум биҳиллоҳ». (Яъне: «Ва агар зоҳир кунед он чӣ дар дили Шумо аст ва ё пӯшида доред, ҳисоб бигирад, ба он шуморо Аллоҳ»). Ва низ Худо боз хабар додааст, ки «Фааммо ман утия китобаҳу бияминиҳи фасавфа юҳосабу ҳисобан ясиро» (Яъне: «Ва аммо касе, ки номаи аъмолаш ба дасти росташ дода шавад, пас ҳисоб гирифта мешавад, ҳисоби осон»).
  2. Мизон (Тарозу) Мизон ҳақ аст. Худованд аъмоли бандагонро ба воситаи мизон (тарозу) месанҷад. Ин мизон шаклаш ба одамиён маълум нест. Дар дунё тарозуҳои гуногуншакл мавҷуд аст, ки барои вазн кардани тилло, навъи дигар барои маводи иртизоқӣ ва ғайра. Дар рӯзи Растохез вазн кардани аъмол, дар рӯ ба рӯи одамиён бо насси Қуръон собит аст. Ҳарки инро инкор кунад, аз мусалмонон нест. Барои сухани Худо, ки гуфтааст: «Ва назаъул-мавозина бил қистӣ лиявмил-қиёмати фало тузламу нафсун шайан ва ин кона мисқола ҳаббатин мин хардалин отайно биҳо ва кафо бино ҳосибина» (Яъне: «Ва мениҳем мизонҳо (тарозуҳо) ба адл, барои рӯзи қиёмат, пас зулм карда нашавад, ҳеҷ кас ба чизе, агарчӣ бошад, ба миқдори як донаи хардал, овардем, ба ӯ ва кофӣ ҳастем мо ҳисобкунанда».
  3. Ҷаннат. Ҷаннат ҳақ аст. Барои сухани Худо, ки гуфтааст: «-Ва узлифатил-Ҷаннату лил-муттақина» (Яъне: «Ва наздик карда шавад ҷаннат, барои парҳезгорон»).
  4. Дӯзах (Ҷаҳаннам) Дӯзах ҳақ аст. Барои сухани Худо, ки гуфтааст: «Ва бурризатил-ҷаҳиму лил-ғовина» (Яъне: «Ва зоҳир шавад дӯзах барои гумроҳон»).
  5. Ҳавзи Расул (с) (Ҳавзи Кавсар) Ҳавзи Расул (с) ҳақ аст. Барои сухани Аллоҳ, ки гуфтааст: «Инно аътайнокал-Кавсар» (Яъне: «Мо ато кардем туро ҳавзи Кавсар»). Ва гуфтаи Расул (с) аст, ки: «Ҳавзӣ масирата шаррин, моуҳу абязу минал-лабани ва риҳуҳу атябу минал миски ва кизонаҳу кануҷумиссамои, ман яшрабу минҳо фало язмаа абадо. «Яъне: «-Ҳавзи ман (гуфтааст Расул ъалайҳиссалом) (Кавсар) масофати як моҳа аст. Оби ӯ сафедтар аст аз шир ва бӯи ӯ покизатар ва гуворотар ва хушбӯйтар аст аз мушк ва ҷому ибриқҳои ӯ, мисли ситораҳои осмон дурахшон, шахсе, ки бинӯшад аз он пас ташна нашавад ҳеҷ гоҳ»).
  6. Сирот. Сирот ҳақ аст. Барои қавли Худованд, ки гуфтааст: «Ва ин минкум илло воридуҳо кона ъало Раббика ҳатман мақзиян сумма нунаҷҷиллазинат-тақав ва назаруз-золимана фиҳо ҷасийё» (Яъне: «Ва нест аз Шумо эй одамиён, ҳеҷ кас, магар расанда ва гузаранда бар дӯзах аст. Аз Парвардигор қатъӣ файсала ва ҳукм карда шуд. Пас, наҷот диҳед ононро, ки парҳез кардаанд, аз ширк ва бигузорем кофиронро дар дӯзах ба зону даромадагон»). Ва низ Расул (с) гуфтааст: «-Аммас-сироту ҷисрун мамдудун ъало батни ҷаҳаннам, ва ҳува адақу минаш-шаъри ва аҳадун минас-сайфи ва азламу минал-лайли» (Яъне: «-Аммо сирот кӯпрӯки дарозест, бар шиками дӯзах бар болои дӯзах ва он аз мӯй бориктару аз шамшер тезтар аст»). Ва қавли Расули акрам (с) аст, ки: «-Ас-сироту ҷисрун мамдудун ъало батни ҷаҳаннам, ямурру алайҳил-халоиқу, баъзуҳум кал-барқи ва баъзуҳум кар-риҳи ва баъзуҳум кал-ҷаводил-асраъи ва баъзуҳум кал-моши ва баъзуҳум кан-намлатӣ». (Яъне: «-Сирот-пул (кӯпрук)-и дарозест, ки бар шиками дӯзах мегузаранд, бар ӯ мардумон, баъзеашон мисли барқ ва баъзеашон мисли шамол ва баъзеашон мисли аспи тездав ва баъзеашон мисли пиёдагард ва баъзеашон мисли мӯрча»).
  7. Дидани дидори Худо-мувофиқи таълимоти Имом Абӯҳанифа (р). Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) мегӯяд, ки Аллоҳро мебинанд мӯъминон, яъне, парҳезгорон ва тақводорон ва обидон ва зоҳидон ва онҳо дар Ҷаннат-ул-ҷовидон бошанд. Расул (с) гуфтааст, ки: «Изо дахала аҳлал-Ҷаннати филҷаннати яқулуллоҳу таъоло лаҳум атуридуна шайан азида лакум, фаяқулуна алам табяз вуҷуҳано, алам тудхилнал-Ҷанната ва тунаҷҷино минан-нори» (Яъне: «-Ҳар гоҳ дохил шаванд аҳли Ҷаннат дар Ҷаннат, бигӯяд Аллоҳ Таъоло барои эшон, оё мехоҳед чизеро, ки зиёда кунам барои шумо? Пас бигӯянд: -Оё сафед нест рӯи мо, оё дохил накардӣ, моро дар Ҷаннат. Ва наҷот бидеҳ, моро аз Дӯзах». Пас Расул (с) давом дод: «Фаюрфаъул-ҳиҷобу, фаянзуруна ило ваҷҳиллоҳи биъайнин, фамо уъту шайан аҳабба илайҳим минан-назари ило Раббиҳим». Тарҷума: «Пас бардошта шавад парда, пас назар хоҳанд кард, ба тарафи Аллоҳ Таъоло, ба чашм, пас ончӣ додӣ шавад онҳоро, ҳеҷ чиз пеши эшон маҳбуб набошад, аз дидори Худованди Таъоло»). Ва гуфт Расул (с): «Иннакум сатаравна Раббакум аёнан ва ло якуна байнаҳу ва байна халқиҳи масофатун, лианналлоҳа лайса фил Ҷаннати лианнаҳу муназзаҳун анил-макони лиқавлиҳи Таъоло фаайнамо туваллу фасамма ваҷҳуллоҳи ва қавлуҳу Таъоло вуҷуҳун явмаизин нозиратун ило Раббиҳо нозиратун». (Тарҷума: «Ба таҳқиқ, шумо ба зӯдӣ мебинед дидори чигун ва бе чигуни Парвардигори худро ба чашм ва набошад дар миёни ӯ ва миёни халқи ӯ масофат, чаро, ки ба таҳқиқ Аллоҳ нест дар Ҷаннат. Ҳароина Ӯ муназзаҳ аз макон аст. (Барои қавли Аллоҳ Таъоло: «Пас ба ҳар сӯй, ки рӯ, яъне, назар кунед, пас ба ҳамон тарафи рӯй аст, Худо «Ва сухани Худо аст, ки: «Рӯйҳои анбиёъ ва мӯъминон, дар рӯзи қиёмат тоза ва тобон бошанд. Ба Худованди худ нигаранда бошанд, бе ҳиҷоб»).
  8. Меъроҷи Расул (с) ҳақ аст. Сухани Худованд аст, ки: «Субҳоналлазӣ усро биабдиҳи зул-лайлан минал-масҷидил-ҳароми илал-масҷидил ақсаллазӣ…». (Тарҷума: «Пок аст, он Худованд, ки сайр кунонид ба бандаи худ шабе аз масҷиди Ҳаром то масҷиди Ақсо…».

Ва гуфт Расул (с): «Утийту бил-буроқи ва ҳия доббатун абязу, тавилун фавқал ҳимори дунал-бағли яқаъу ҳафраҳу инда мунтаҳо тарфиҳи фаракабтуҳу ҳатто  отайту байтал-Муқаддаси фарабаттуҳо билҳалқатиллатӣ тарбату биҳал-анбиёу сумма дахалту фил масҷиди фасал-лайту фиҳи ракъатайни сумма хараҷту фаҷоани Ҷибриил (ъалайҳиссалом)-у бииноайни аҳадуҳумо минал хамри вал-охару мил-лабани фаахтартул-лабана, фақола Ҷибриил (ъ-м)-у ахтар-тал-фитрата сумма араҷаби илас-самои қавлуҳу Таъоло: «Ва ҳува бил-уфуқил-аъло» (Тарҷума: «-Оварда шуд, бароям Буроқ. Ва ӯ чорпое буд, сафедранги дароз, боло аз хар, камтар аз хачир, ки меафтид қадами ӯ то мунтаҳои назар. Пас савор шудам ӯро, то ки омадам ба Байтулмуқаддас. Пас рабт додам ӯро ба ҳалқае, ки рабт додаанд, ба ӯ анбиёъ. Пас дохил шудам дар масҷид, пас хондам, дар ӯ ду ракаъат намоз, баъд берун шудам аз он ҷо. Пас омад, пеши ман, Ҷибриил (ъ-м) бо ду зарф: Яке аз онҳо, аз хамр буд ва дигаре аз шир. Пас ихтиёр кардам ширро. Пас гуфт Ҷибриил (ъ-с): «-Ихтиёр кардӣ фитратро». Пас баланд шуд, ҳамроҳи ман, ба тарафи осмон. Монанди сухани Аллоҳ, ки: «Ва ӯ болои баландӣ расида»).

  1. Суоли Накир ва Мункар. «Суоли Накир ва Мункар ҳақ аст». Баъди вафоти Паёмбари гиромии Исломи мубин (с) фирқаҳое чун мӯътазила ва ғайра, ба майдон омаданд, ки азоби қабрро инкор мекарданд. Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) зимни таснифи рисолаи фиқҳии дар заминаи калом, таълифнамудаи хеш-(«Фиқҳи акбар», оиди ин мавзӯъ гузориш додааст: «-Суоли Накир ва Мункар ҳақ аст, ки бошад, дар қабр. Чаро, ки Расул (с) фармудаанд: «-Изо уқбирал-майиту атоҳу малакони асвадони азрақони юқолу лиаҳадиҳимо Мункарун ва ли охари Накирун. Фаяқулони ман Раббука ва мо динука ва ман-Набиюка, фаяқулул-мӯъмину рабиаллоҳул-лазӣ халақал-олама ва халақано воҳидун-воҳидун. Вад-динил-ал-Ислом ва яҳзуру сурата-Набийи алайҳиссалому фӣ-қабриҳи фаяқулони лаҳу мозо кунта тақулу фӣ ҳозарраҷулӣ. Фаин кона мӯъминан фаяқулу ҳува абдуллоҳи ва расулиҳи ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва Расулуҳу. Фаяқулони қад кунно наъламу аннака тақулу ҳазо. Фаюфсаху лаҳу фӣ-қабриҳи сабъуна зироан фӣ-сабъина, сумма юнаввару лаҳу фиҳи, сумма юқолу лаҳу нам, канав-матила-русиллазӣ ло уқизуҳу илло аҳабба аҳлиҳи илайҳи ҳатто ябъа-суллоҳу мин мазҷаъиҳи» (Яъне, тарҷума: Ҳар гоҳ дафн кунанд майитро, меоянд пеши ӯ ду фаришта-сиёҳранги сабзчашмон. Гуфта мешавад, яке аз онҳоро Мункар ва дигарро Накир. Пас мепурсанд, аз майит:-Кист, Рабби ту, кадом аст, дини ту ва кист, Набии ту? Пас бигӯяд мӯъмин:-Рабби ман, он Худо (Аллоҳ)-и якка ва ягона аст, ки офарида кулли ҷаҳонро ва пайдо кард, моро як-як. Ва дини ман, дини фитрати Исломи мубин аст. Ва ҳозир карда мешавад, он гоҳ сурати Набӣ алайҳиссалом дар қабри ӯ. Пас, бигӯянд ӯро, ки ту чӣ гӯӣ, дар ҳақи ин мард. Пас, агар бошад мӯъмин мегӯяд, он бандаи Аллоҳ ва Расули гиромии ӯст. Гувоҳӣ медиҳам, ки нест ҳеҷ маъбуде, магар Аллоҳ ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад (с) банда ва Расули ӯст. Баъдан он ду фаришта бигӯянд, ки ба таҳқиқ моён медонистем, ки ту ин гӯӣ. Пас, фарох (васеъу паҳн) шавад қабри ӯ ҳафтод газ дар ҳафтод. Пас, Накир ва Мункар бигӯянд, ки бихоб монанди хуфтани наварӯсе, ки касе, беором намекунад ӯро, магар шавҳари ӯ, то он муддат, ки зинда мекунад, Аллоҳ Таъоло ӯро аз қабри ӯ»)… Агар майит мунофиқ бошад, аз ҷавоби суоли Накиру Мункар оҷиз монад. Пас ин ду фаришта заминро бигӯянд, ки ин одамии мунофиқро кашиш кун. Пас, замин ӯро кашиш бикунад. Устухонҳои ӯ молида шаванд. Пас ҳамеша бимонад, дар он азоби гарон, то ки дар рӯзи Растохез Худо ӯро зинда кунад…»).
  2. Имон ва Ислом. Имон, дар луғат, тасдиқи ба қалб аст. Дар шариъат имон иқрори ба забон ва тасдиқи ба қалб (дил) аст. Барои қавли Расул (с) ки: «-Ал имону иқрорун бил-лисони ва тасдиқун бил-қалби» (Яъне: «Имон, иқрор кардан, ба забон ва тасдиқи ба қалб аст»). Ислом қабул кардан, таслим будан ва тавозӯъ аст, барои аҳкоми Аллоҳ Таъоло. Аз рӯи луғат фарқ аст, байни Имон ва Ислом. Лекин Имон бе Ислом ёфта намешавад ва Ислом бе Имон вуҷуд дошта наметавонад. (Бале. Исломи мубинро ба мо Худованд насибу рӯзӣ гардонид, ки мо соҳиби Имон гардидем. Худоё, аз имон моро маҳрум  магардон, то ки Исломи мо пойдор бимонад-С.Б.Б).

Имон ва Ислом, мисли шикам ва пушт ҳастанд. Пас, Имон ва Ислом лозиму малзуманд ва ҷудо намешаванд, ҳар яки аз инҳо аз ҳамдигар, чуноне, ки гӯшт аз нохун ва ё пуст аз шикам ҷудо намешавад. Дин исми воқеъ аст, бар Имон ва Ислом. Имон беш ва кам (ва ё кам ва зиёдат) намешавад. Сухани Расул (с) аст, ки: «Ал-Имону ло язиду ва ло юнқасу (Яъне: «Имон кам ва зиёд намешавад»).

Дар фароварди мавзӯи мавриди назар як нуқтаро бояд таъкид намуд, ки мазҳаби ҳанафиро, ки бисёре аз муҳаққиқони таърихи мазоҳиби Ислом, мазҳаби нисбатан соддакардашуда ва равиши тамоман осон (назар, ба моликия, шофеъия ва ҳанбалия) меноманду мепиндоранд, комилан нодуруст аст. Зеро мазҳаби ҳанафӣ, ки онро аз рӯи эҳтиром «мазҳаби Имоми Аъзам» низ мегӯянд, дар қатори се мазҳаби баъдинаи аҳли суннат мазҳабест, ки дар асоси Қуръон, ормонҳо ва умеду хоҳишҳо ва суннати Расули акрам (с) созмон дода шуда аст. Мазҳаби Ҳанафӣ дар бисёре аз масойили шаръӣ ниҳоят сахтгир аст, масалан, дар мавриди эҳтироми аҳли байти Расулуллоҳ (с) ва авлоди поки эшон, яъне, сайидзодагон ва ҳамчунин дар мавриди эҳтироми хоҷагон ва акобири шариф ва уламойи фозил ва инсонҳои комил, ҳукме ба пайравони ин мазҳаби ростон дарҷ ёфта, ки риояи он ба ҳамаи пайравони ин мазҳаб ҳатмӣ мебошад. Дар шаҷара (насабнома)-и Ҳазрати Сайид Яҳё Амири Девонаи Кирмонӣ (оромгоҳи ин бузургвор, ки аз ҷониби падарӣ, ба авлоди Ҳазрати Алӣ ибни Абӯтолиб разиаллоҳу анҳум ва аз ҷониби модарӣ, ба Шоҳ Шуҷоъи Кирмонӣ рафта мерасад, дар мавзеъи баландкӯҳи байни Норак ва Кангурт воқеъ аст) омада: «Дар хазинат-ул-муфтиин» омада, ки «Вашшатму алал олими (яъне, дашном додан ) авил сайиди ъало ваҷҳил истиғфофи авил иҳонати (паст шуморидан), вал ҳақорати, якфуру ва талақат имраату») аз «Разват-ул-фатво» аст; яъне, шахсе агар дашном диҳад бар авлоди Сайид ва олими кабир, аз рӯи сабуксарӣ ё ки паст шуморад эшонро ё дашноми қабеҳ диҳад ва ё масхара кунад, пас ба таҳқиқ ӯ кофир аст ва завҷааш талоқ» 61.21-22.

Ва боз омада: «Мо қавлаҳум аиматуддин ризвоналлоҳи таъоло алайҳим аҷмаъин, дар ин масъала, ки шахсе, ки аз авлоди Ҳазрати Сайиди Мурсалин ва хотими пайғамбарон Муҳаммади Мустафо (с) набудааст ва агар ин шахси мазкурро дар дил буғз ва адоват ситода паноҳи мазкур бошад, ба таҳқиқ, ба шариъати набавӣ (с) ва мазҳаби раусуҳум-Ҳазрати Имоми Аъзам (р) ин буғзу адоват бар муаллими башар ва авлоди ӯ (с) бошад, буғз ба Расулуллоҳ (с) куфри маҳз бошад. Ва касе буғзу адоват ва бадгӯӣ ва иҳонат мекунад, ба авлод ва дудмони шарифи Расули акрам (с), пас ба таҳқиқ ӯ кофир аст ва тавбаи ӯ назди Худо қабул нест ва аз шафоати он Ҳазрат (с) маҳрум аст ва маҳкуми қатл (!) аз «Шарҳи ҳамома», «Шарҳи ҳидоя». 61, 18-19.

Бале, мазҳабе, ки фатвои чунин масойил мекунад ва медиҳад, пас чӣ тавр метавон, ки ин мазҳабро равиши осони осон номид ва дур аз далойили нақлӣ (ҳадис)?…

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …