Главная / Ҷамъият / АҚИҚА – ҚУРБОНӢ БА МУНОСИБАТИ ТАВАЛЛУДИ ФАРЗАНД

АҚИҚА – ҚУРБОНӢ БА МУНОСИБАТИ ТАВАЛЛУДИ ФАРЗАНД

Ақиқа – ин маросими ё худ расму русуми қурбонӣ кардани ҳайвон ва муисаргирӣ баъди таваллуди кӯдак аз ҷониби мусулмонон мебошад. Аммо муисаргирӣ кардани кӯдак бо чорабинии қурбоникунии чорво (ақиқакунӣ) дар як замон мувофиқ омаданаш шарт нест.  Лек дар як замон ақиқа кардан бо муисаргирӣ намудан авлотар шуморида мешавад.

Қайд кард, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани чорабинии ақиқа манъ карда шудааст ва ба ин муносибат додани хӯрок ба мардум ва туй кардан дигар иҷозат нест.

Таърих ва асоси гузаронидани Ақиқа

Мутобиқи хулосаи 3 имомоҳои мазҳабҳои калонтарини дунё аз ҷумла Шафии, Маликӣ ва Аҳмадӣ чорабинии ақиқа суннат (суннати муақада) ба ҳисоб меравад. Яъне ин суннатест, ки иҷроишаш авлотар аст.  Дар мазҳаби Абу-Ҳанифа (Эмоми Аъзам) қурбонӣ кардани чорво-парранда амали мубоҳ шуморида мешавад («Ал-Фиқҳу ал-исломию ва идиллатуҳу», Ҷилди  4, саҳифаи 2745).

qurban01_b-1024x484

Асосҳои шариатӣ оид ба иҷозати гузаронидани ақиқа  

Асос ва иҷозат барои гузаронидани ақиқа  дар ҳадиси Паёмбар Муҳаммад (салалоҳу алайҳи васаллам) омадааст,  ки ӯ гуфтааст: «Барои таваллуди фарзанди нав қурбонӣ кунед!» (Ал Бухорӣ).

Худи Паёмбари Аллоҳ (Муҳаммад С.А.В) бинобар сабаби таваллуд шудани Ҳасан ва Ҳусен яктогӣ гусфандро қурбонӣ-ақиқа кардааст.  Баъдан саҳобаҳо низ бинобар сабаби тавалллуд шудани фарзандонашон ақиқа – қурбонӣ кардаанд.

ОқилӢ аз қурбонӢ-ақиқа кардан                            

Хирадмандии ақиқакунӣ дар он таҷассум мегардад, ки ин чорабинӣ як қатор манфиатҳоро дар худ дорост:                                                

  1. Ин шукргузорӣ кардан ба Худо ки ӯ фарзанд тақдим кардааст ва ба таваллуди осону бехавфи кӯдак ёри расонидааст. Инчунин барои онки Аллоҳ баракатро зиёда кардааст.
  2. Ин – эълон ба одамон, ки дар оилаи мазкур таваллуди қудак шудааст ва одамон биноданд ки ин кӯдак ба кадом оила (авлод), дахл дорад;
  3. Ин ба инсон тарбияи саховатмандиро дода аз бахилӣ дур мекунад ва ҳамчунин дилу ботинро аз ифлосӣ тоза мекунад. Дар бораи он, ки шахсони саховатманду тоза нафарони хубахт мешаванд дар китоби Қуръон гуфта шудааст;
  4. Ин амалест, ки аъзоёни оилаву авлод ва камбағалонро ба сари дастархон ҷамъ карда ба онҳо хӯрок дода шуда, хурсандӣ пайдо мегардонад. Бо ин роҳ одамон бо якдигар алоқаи зиёд мекунанд ва байни онҳо муҳаббати зиёд пайдо мешавад;

Вақти гузаронидани маросими ақиқа.                                                         

Қурбонӣ кардани чорво (парранда)-ро метавон аз лаҳзаи таваллуд шудани фарзанд амалӣ кард. Аз ҳама вақти беҳтарин барои ақиқа ин 7-умин рӯз пас аз таваллуди фарзанд аст. Агар дар 7-умин рӯз, ки натавонистед, пас 14-ум ва ё 21-ум ва ё ҳамин тур баъди ҳафтаи дигари замшуда то он замоне, ки фарзанд ба болиғати синусолӣ расида набошад. Дар назар гирифт, ки мутобиқи баҳогузории мазҳаби ҳанафӣ духтарон дар 17-солагӣ ва писарон 18 солагӣ ба балоғати ақлӣ мерасанд.

Ҳамин тавр агар то сини балоғати ақлӣ агар ақика накарда бошед пас, ҳар кас метонад нисбати худаш ақиқа кунад. Муҳлати ақиқа кардан дар ин ҳола  то давраи марг аст.

Нисбати ки ақиқа ба амал бароварда мешавад ?                                      

Ақиқа нисбати фарзанди нави таваллудшуда ба амал бароварда мешавад. Гарчанде агар кӯдак дар вақти таваллуд фавдида бошад, ҳам вале дар ҳаққи ӯ ақиқа кардан тавсия карда мешавад. Инчунин агар кӯдак баъди таваллуд фавтида бошад, ҳам пас дар ҳаққи ӯ ақиқа кардан кори муносиб аст.  Лек агар кӯдак дар батни модар мурда бошад ва мурда таваллуд шавад пас дар ҳаққи ӯ ақиқа кардан шарт нест ва ба чунин кӯдак ном дода намешавад.

Дар ҳаққи писар 2-гусфанд қушта ақиқа кардан тавсия карда мешавад ва гусфандон беҳтараш 1-солаи баробарҷисму баробар бо синашон бошанд.  Лек қурбонии 1-гусфанд ҳам кифоя аст, ки амали сунна иҷрошуда ҳисоб шавад.

Агар духтар таваллуд шуда бошад 1-гусфанд қурбонӣ кардан афзалтар аст. Инчунин афзалтар аст, ки нисбати ҳар як фарзанди нави таваллудшуда дар алоҳидагӣ қурбонӣ карда шавад. Яъне агар дугоник ё сегоник таваллуд шуда бошад пас 2 ва 3 чорво мутаносибан қурбонӣ кард.

Чорвои лоиқи ақиқа шудан.                                                   

Барои ақиқа кардан ҳамон чорвое, ки дар иди Қурбон қурбонӣ мекунанд, лоиқи ақиқа кардан ҳисоб меёбанд, ки ҷумлаи онҳо: Шутур, буқа, гов, гусфанд, буз ва ғ. Ҳар касе, ки вазъияти молиявиаш имконияти чорворо қурбонӣ карданро надорад пас ба ӯ иҷозати паррандаро ақиқа кардан роҳ дода мешавад, ки ҷумлаи онҳо мурғобӣ, мурғ, шутурмурғ, идук ва ғайра мебошанд. Лек агар вазъияти пулию-молӣ имконият дода тавонад пас қурбонӣ карданӣ чорво афзалият дорад.  Сифати моли қурбонишаванда бояд ба он моле, ки дар Иди Қурбон кушта мешаванд, бояд мувофиқ бошанд. Ҳайвоне, ки ба талаботи қурбонӣ кардан дар Иди Қурбон мувфиқ нест, пас ба ақиқа шудан низ мувофиқ нест.

Яъне агар шутур кушта шавад пас ақиқа нисбати 7-фарзанд амалишуда ҳисоб кардан мумкин аст, чунки ин чорвои калон аст ва ҳаҷми қурбонӣ низ бо андозааш калонҳаҷм ҳисоб меёбад.

Ният 

Нияти ақиқаро дар тартиби мазкур бояд иҷро кард. Ният кардам, ки чорвои мазкурро ба номи фарзандам «Номи писар ё духтар» ақиқа менамоям.

Қурбонӣ карданро барои мардуми мусалмон чи вай зинда ва ё чи вай маҳрум бошад, бахшидан мумикин аст.

Ки метонад, ки маросими ақиқаро анҷом диҳад?.

Маросими ақиқаро падари кӯдак метонад, ки содир кунад  ва агар ӯ набошад пас бобояш ва агар бобояш набошад пас бобокалонаш.   Яъне мувофиқи шариат ақиқаро ҳамон нафаре содир мекунад, ки пастори кӯдак ҳисоб меёбад. Чорабинии ақиқаро падар бояд аз ҳисоби моли ҳалоли худ содир кунад, на ин ки аз ҳисоби моли дуздидашудаю бо роҳи фиреб ҷамъоваришуда.

Инчунин агар кӯдак молеро аз меърос гирифта бошад пас аз ҳисоби он низ ақиқа кардан ё худ қурбонӣ намудан мумкин нест. Агар қудрати – тавоноии молии падар ё бобои кӯдак барои ақиқа кардан нарасад, пас ба модари кӯдак ақиқа кардан, иҷозат дода мешавад (бо шарте, ки имконият дода бошад).

Падар, бобо ва модари кӯдак бо шарте имкониятдошта ҳисоб меёбанд, ки агар моли онҳо барои истеъмол кардани хӯроки зиёда аз якшабонарӯз дошта бошанд ва қудраташон барои ақиқа кардан, чорвое харида дар давоми 60 шабонарӯз баъди таваллуди кӯдак маросимро иҷро намоянд. Агар дар ин муддат мавсуфони инқадар молу мулк ва қудратро надошта бошанд, пас шариат чунин оилаҳоро беқудрат меҳисобад ва ақиқа карданро талаб намекунад.

Ҳаракат кардан лозим, ки ақиқаро дар муддати 60-рӯз пас аз таваллуди кӯдак анҷом дода шавад, вале агар дар ин муддат амалӣ карда, ки нашуд пас то ба сини балоғати ақли расидан ақиқа карда шавад.

Агар кӯдак дар натиҷаи қанчиқии зан (ҳамхобӣ бо мардони гуногун) ба дунё омада бошад, пас ақиқаро модари кӯдак бояд анҷом диҳад. Сабабаш дар он аст, ки падари кӯдак дар ин ҳолат номуайян аст. Лек набояд ҳангоми ақиқа кардан ба мардум дар натиҷаи чи кӯдак таваллуд шудааст фош карда шавад. Чунин ҳолатро бояд чун сир нигоҳ дошт ва ба иззати нафси шахсони дахлдор нарасид.

Зарурияти ақиқа (қурбонӣ) кардан.                                                

Чи хеле ки қаблан ёдоварӣ шуда будем, маросими ақиқа суннати Пайғамбар – Муҳаммад (С.А.В.) мебошад, ки дар он гуфта шудааст:

«Кӯдак дар кафолати ақиқа аст» («Ҳамидият», ҷилди 12, саҳифаи 291). Маънояш дар он аст, ки агар нисбати кӯдак ақиқа карда нашавад, пас ӯ чи тавре ки лозим аст ба воя намерасад, ҳифз намешавад ва солим буданаш доимо зери хавф қарор мегирад.

Имом Аҳмад мазмуни ҳадисро чунин маънидод кардааст: Кӯдаконе, ки ба номи онҳо ақиқа нашудааст, хурд мемонад ва барои ҳифзи Волидони худашон ҳуқуқ пайдо намекунанд. Яъне дар ҳифзи падару модари худ дар он дунё иштирок карда наметонад.   Лек агар кӯдак баъди ба воя расидан ба номи худ ақиқа кунад, пас ин маъмоният аз байн меравад.

Одоби қурбоникунӣ дар ақиқа                                  

Бартарият дорад агар чорвои қурбонишаванда дар рӯзи 7-ум пас аз таваллуди кӯдак ба амал бароварда шавад. Дар вақти ҳисоб кардани рӯз бояд тартиби ҳисобкунии мусалмонӣ яъне «аз шом то шом» истифода бурда шавад.   Вақти ақиқа кардан бошад аз ҳама хубаш субҳидам мебошад.

Аз чорвои хурд аз ҳама беҳтаринаш барои ақиқа ё қурбонӣ кардан ин гаронтарин, фарбеҳтарин, тозатарин, бенуқсонтарин ва шохдортарини он мебошад.  Гӯшти чунин чорворо беҳтараш пухта ба камбағалон тақсим карда шавад. Имконияташ бошад устухони чунин чорво ношикаста ва майда накарда истифода шавад, бо он нияте, ки устухони кӯдак дар ҳаёташ нашикананд.  Агар устухони чорворо шахси истеъмолкунанда (камбағалон) шиканад пас ҳеҷ гап не. Дар вақти пухтани гушти ақиқа ба он каме ширинӣ бо мақсади он, ки ҳаёти кӯдак ширин шавад, ҳамроҳ менамоянд.

Пойи қафои рости чорворо дар шакли хом ба дояе, ки дар вақти таваллуди кӯдак иштирок кардааст, тақдим карда мешавад. Хӯроки ақиқаро, ки дар дохилаш гӯшти қурбонишуда ҳаст пухта ба камбағалон тақсим карда шавад беҳтар аст, назар ба оне, ки онҳоро ҷамъ карда хӯрок дода шавад. Ба назар гирифт, ки гӯшти ақиқаро ба шахсони бой додан мавқуф нест ва ба онҳо низ истеъмол кардани хӯроки ақиқа раво аст.

Гушти ақиқашаванда бояд 2-тақсим карда шавад, ки якумаш дар шакли хом ва 2-юмаш дар шакли пухташуда тақсим карда шавад. Гушти ақиқа бояд:

  1. Якум ба камбағалон;
  2. Дувум ба ҳамсояҳо;
  3. Савум ба хешовандон;
  4. Чорум ба доя (зане ки бепул дар таваллуди кӯдак хизмат кардааст) агар лоиқ донед;
  5. Чорум ба оилаи худ ва агар лозим донад ба наздикону дустон тақсим карда шавад;

Фарқи байни Гушти ақиқа ва Гушти Ақиқа

Дар аксари ҳолатҳо ақиқа бо қурбонӣ монандӣ дорад вале камее фарқиятҳо ҳастанд, ки ҷумлаи онҳо:

  1. Одами бой, ки гушти ақиқаро аз кассе гирифтааст метавонад ба дигарон фурушад; Лекин гушти қурбониро фурухтан мумкин нест;
  2. Гушти ақиқаро беҳтараш дар шакли пухташуда тақсим карда шавад;
  3. Беҳтараш Пойи қафои рости чорворо дар шакли хом ба доя дода шавад;
  4. Желательно дать заднюю правую ляжку этого животного в сыром виде акушерке.
  5. Нисфи гушти ақиқаро дар шакли хом ва нисфи дигар дар шакли пухташуда тақсим карда мешавад.
  6. Имконияташ бошад устухони чорвои ақиқаро намешикананд, вале дар қурбонӣ ин чиз маҳдудият надорад;

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …