Главная / Без рубрики / Антагонизм

Антагонизм

Онҳо,  яке марди газгўшти сиёҳҷурда ва дигаре қадпасти кулўла , ки риши кўтоҳ қайчизадааш мисли ангишт сиёҳ буд, дар чойхонаи лаби рўд нишаста, чой менўшиданд. Марди газгўшт, ки Ёқуб Раҳмон ном дошт, чандин сол дар мактаби деҳа муаллиӣ карда, ҳамин қарибиҳо ба нафақа баромада буд. Ҳамнишасти ў – Ҳоҷӣ Халил то дирўз ба ном дар кадом корхонаи ноҳия кор мекард, аммо рўзаш ба савдогарӣ мегузашт. Чанд сол пеш барои ин амали ғайриқонуниаш якуним сол дар маҳбас низ нишаста буд. Аммо ҳозир вай одами обрўманди деҳа буд. Бо кўмаки ду писари тоҷираш ду маротиба ба зиёрати хонаи худо мушарраф гардид. Акнун пиру ҷавони деҳа ўро бо эҳтиром Ҳоҷӣ Халил ва ё Бобои Ҳоҷӣ ном мебурданд. Аммо баъзан дар ғайбаш Халил-макарон низ мегўянд. Таърихи чунин лақаб гирифтани ў бисёр аҷиб аст. Онро на танҳо дар Сангоб, балки сокинони деҳоти атроф низ нағз медонанд.

Антагонизм
Антагонизм чист?

Чанд сол қабл, Халил, ҳангоми ба савдогарӣ машғул буданаш, боре ба Душанбе рафта, дар Фурўшгоҳи марказӣ барои харидани як навъ матои серхаридор дар навбат меистад. Аммо дар ноомади кор ҳоло навбати ў нарасида, фурўшанда эълон мекунад, ки дигар беҳуда навбат напоянд, матоъ тамом шуд. Халил ҳамроҳи чанд нафар бахтбаргаштагон маъюс мешавад ва пас аз пароканда шудани харидорони дигар аз фурўшанда илтиҷо мекунад, ки бо нархи баланд бошад ҳам, аз ҳамон матоъ як тўб пайдо кунад. Аммо фурўшанда ҷавоби рад медиҳад. Ҳамин вақт як марди хушлибоси зиёинамо Халилро ба гўшае бурда мегўяд: Мебинам, ки аз роҳ дур омадаеду ноумед шудед. Агар ҳамин навъ матоъ бисёр зарур бошад, метавонам ба шумо ёрӣ расонам. Хулоса гапашон мепазад ва Халил дусад сўми дар ҷайбаш бударо ба он мард медиҳад. Мард бошад, дипломати дар дасташ бударо ба ихтиёри Халил гузошта, таъкид мекунад, ки эҳтиёт кунад, дар даруни он ҳуҷҷатҳои муҳим дорад. Ва мард ба дари даромади хизматчиёни фурўшгоҳ даромада меравад.

Халил қариб як соат дар дами дар роҳи марди ҳоҷатбарорро мепояд. Аммо аз ў дараке намешавад. Оқибат тоқати Халил тоқ шуда, ба як милиса арз мекунад. Милиса ба ў мефаҳмонад, ки ин дар ба ҳавлии фурўшгоҳ мебарояд ва ҳавлӣ ду-се дарвозаи баромад дораду ў, Халил, ба доми қаллобе афтодааст. Баъд Халил дар ҳузури милиса дипломатро мекушояд, ки он пур аз макарони арзон.

Ҳамин тариқ лақаби «Макарон» ба гўши Халил ҳалқа шуд.

Дар чойхонаи хурдакак ҳамагӣ чор кати чўбин гузошта шуда буд. Онҳо яке аз он катҳоро соҳибӣ карда, дар ду кунҷи он рўи кўрпача менишастанд. Дар байнашон як чойник чой ва дар лаълича як каф қанди печак гузошта шуда буд. Ҳарду ба фурҷа чой менўшиданду аз ҳар дар сўҳбат мекарданд.

Ҳамин вақт каме дуртар аз чойхона мошини милисионери деҳа омада истод. Милиса ҳамроҳи ду зан аз мошин фуромад ва сипас сандуқи қафои мошинро боз карда, як сўмка ва ду халтаи пурборро берун оварда, ба замин гузошт.

– Бизнесменҳо омаданд, – гуфт Ҳоҷӣ Халил, пиёлаи дасташро болои дастархон гузошта. – Чӣ оварда бошанд? Акнун занону духтарони деҳа ду-се рўз хобу хўрро гум мекунанд, кисаи чанд камбағал холӣ мешавад, – табассуми фарох кард вай.

– Намедонам чӣ хел замин ин ду қаллобро мебардорад, – гуфт Ёқуб Раҳмон.

– Беминнат лозимиатонро ба дари хонаатон оварда диҳанд, боз қаллоб мегўед, – изҳори тааҷҷуб кард Ҳоҷӣ Халил.

– Чӣ гўям? Фаришта! Чӣ хел қаллоб нагўям, ки ба духтарам ду метр куртавориро моли хориҷӣ, моли нағз гуфта, аз нархи аслиаш якуним баробар гарон фурўхтаанд.

– Шумо нархи аслии онро аз куҷо медонед?

– Парерўз ба маркази ноҳия рафта будам, дар як дўкон тасодуфан чашмам афтид. Нархаша пурсида, ҳангам канд. Аз маркази ноҳия то деҳаи мо ҳамагӣ панҷоҳ километр. Наход… Фоидаи медидагиашон насиб накунад, ин инсофашона гург хўрдагиҳора!

– Онҳо ҳамон либосвориро ба сари духтари шумо маҷбур бор накардагистанд?

– Албатта бор накардааст ва бор карда ҳам наметавонад. Аммо инсон бояд лафзи ҳалол дошта бошад, адлу инсофро донад. Духтарам ҳамон куртаро як об гирифта буд, ки рангаш парида, мисли латтаи кўҳна шуд… Боз шуморо қаҳратон меояд, ки чаро қаллоб мегўӣ!

– Қоидаи бозор ҳамин – бардорат зам кун, набардорат кам кун, гуфтаанд.

– Инсоф чӣ?! Дасти мардуми бечораро кўтоҳ дида, талаву тороҷ кардан даркор набудагист.

– Э маълим, – даст афшонд Ҳоҷӣ Халил, – шумо аз зин фуромада бошед ҳам, аз узангу нафаромадаед. О вай фоида набинад, девона шудааст, ки ба чор тарафи дунё давида, савдогарӣ мекунад. Агар ба ману шумо молро ба нархи худаш оварда диҳад, хароҷоти роҳро аз кисаи кӣ пўшонад?

– Болонархӣ монад, аммо бо эбаш.

– Росташро гўям, шумо ба сарфаҳми ин корҳо намеравед. Беҳуда оташин шуда, сари худатон ва сари дигаронро гаранг накунед.

– Шумо сарфаҳм меравед, ришханд зад Ёқуб Раҳмон.

– Ман сарфаҳм меравам, албатта.

Занҳо ба милиса чизе гуфтанд, ки вай аз таҳти дил баланд хандид ва сипас хушҳолона ба мошинаш нишаста, онро ба самти муқобил гардонд ва чанги заминро ба ҳаво хезонда, бо суръати тез ҷониби идораи колхоз ронд.

– Аҷаб замонҳое шуд, а! – гуфт Ҳоҷӣ Халил, аз қафои мошин чашм наканда. – Милисаҳо дар хизмати савдогарон. Аммо ман… якуним сол умри ҷавонамро дар он ҷо хазон кардам. Барои чӣ!

– Гунаҳкор будед, қонуну қоидаи давлата вайрон карда будед, – гуфт Ёқуб Раҳмон, лабонаш моил ба табассум.

– Ҳеҷ гуноҳ надоштам. Мисли ана ин ду заиф савдогарӣ мекардам. Ҳам ҳоҷати мардумро мебаровардаму ҳам ризқу рўзии бачаҳоямро меёфтам. Магар ҳамин кор гуноҳ аст?!

– Моли давлата аз магазинаш харида, бо нархи гарон ба халқ мефурўхтед. Он вақт ин ҷиноят ҳисоб мешуд, мардумфиребӣ буд.

– Ҳм… мардумфиребӣ… О ҳамун мардум дар орзуи моли нағз мемурданду дар магазини давлат пайдо карда наметавонистанд-ку! Ман бошам, шаҳр ба шаҳр гашта, ёру ошноҳоямро ба кор андохта, ба фурўшандаҳо болонархӣ дода,онҳоро ёфта меомадам. Бар зами ин роҳкиро медодам. Душанбеву Маскав паси кўча нест, ки пиёда рафта биёӣ. Мардум, ки мўҳтоҷ буданд, ба гарониаш нигоҳ накарда мехариданд. Онҳо хурсанд, ман – розӣ. Ин кор чӣ ҷои гандагӣ дорад!

– Ун давлат қонуну қоидаҳои одилона дошт. Агар касе онҳоро вайрон кунад, беҷазо намемонд.

– Ҳозир ҷазо намедиҳанд-ку! Худи давлат ба воситаи радиову телевизораш мегўяд, ки ба савдогарӣ машғул шавед, аз кадом кунҷи дунё бошад, мол оварда фурўшед. Мешудааст-ку!

– Ҳозир замони қаллобу муштзўрҳо… ҳар кас худаш медонаду дави аспаш. Барои онҳо ба ғайр аз пул дигар ягон чизи муқаддас вуҷуд надорад. Хулоса, корди қаллобу шўъбадабоз болои равған. Аммо ун давлат дигар буд, зўр буд вай!

– Э гўр ҳам набуд! Ҳамаро тайёрхўр карда буд. Намемонд, ки одами чашмикордон озод нафас кашад.

– Яке аз чашмикордон шумо будед?

– Ҳа, ман будам! Ягон гап дорӣ?! Хуб шуд, ки ҳамун давлат дафъи мўминон шуд! – якбора даргирифт Ҳоҷӣ Халил.

– Ҳаромгулўҳоро чашми дидан надошт ун давлат, – гуфт Ёқуб Раҳмон оромона, – нони даҳонатро ҳалол меҳнат карда ёб, мегуфт.

– Чӣ, ҳозир магар одамон ҳалол меҳнат намекунанд?

– Мекунанд. Аммо рўзашон базўр мегузарад. Лекин давлати қаллобу фиребгарон рўз аз рўз зиёда мегардад.

– Э бас кунед! Шуморо кӣ маълумоти олидор мегўяд.

– Сухани ҳақ сахт мерасад, а!

– Ба кӣ? Ба ман!

– …

– Гапатро дониста зан, ҷулҳундӣ! Ҳурматат кардам наёз, аз худ нарав, – ба «ту-ту» гузашт Ҳоҷӣ Халил.

Ин муомила ба Ёқуб Раҳмон сахт расида бошад ҳам, ғалаёни дилашро ошкор насохта, ба ҳамон оҳанг суханашро идома дод.

– Масалан, шумо мисли ман нафақахўр… Аз куҷо пул ёфта, ду бор ба ҳаҷ рафта омадед?

– Аввало ин ки, ту ҳамсанги ман нестӣ, худатро бо ман ба тарозу наандоз. Сониян, шукри худо, ман ду гулписар дорам, ки кўҳро зананд талқон мешавад. Мисли писари ту рўзи дароз муши коғазхўр барин дар мактаб пилмида намегарданду аз паи зиндагиянд, тиҷорат мекунанд, дар бозор инро ба он зада пул меёбанд. Ту палағдамағзи маълумоти олидор медонистагистӣ, ки тиҷорат кардан гуноҳ нест. Ҳатто пайғамбарамон Муҳаммади Мустафо ба тиҷорат машғул буданд ва мардуми тоҷирро дўст медоштанд. Кару кўр набудӣ, нағз медонӣ, ки ман аз пули бачаҳоям ба ҳаҷ рафтам.

– Дуруст, пайғамбарамон дарҳақиқат тоҷирони баинсоф ва баимонро дўст медоштанд. Лекин шумо боре боре аз худ пурсидед, ки пули бачаҳои тоҷиратон меёфтагӣ ҳаром аст, ё ҳалол? Одам аз ҳамун пул ба ҳаҷ равад, зиёраташ қабул мешавад, ё не?

– Ҳой, ту бедин ҳарому ҳалолро чӣ медонӣ?! Магар ту набудӣ, ки чанд сол пеш дар мактаб бачаҳоро ту пинҳонӣ намоз мехонӣ, рўза мегирӣ гуфта, истинтоқ мекардӣ. Ё аллакай аз ёдат рафт! Ту фаромўш карда бошӣ ҳам, халқ фаромўш намекунад.

– Ман чӣ хел муаллим будам, халқ нағз медонад. Шумо аз номи халқ гап назанед. Лекин одамон дар бораи шумову писаронатон чӣ мегўянд донед, зарар надорад.

– Чӣ мегўянд?! – аз ҷой нимхез шуд Ҳоҷӣ Халил.

– Медонед, ки писари калониатон дусад килло анори Салим-боғбонро, ки ба нияти сари писарашро ҷуфт кардан бо як азоб то чиллаи зимистон нигоҳ дошта, фурўхтанӣ шудааст, бо тақал дуюним сомонӣ харида, дар бозори Душанбе кўтара ҳар киллояшро панҷ сомонӣ ба савдо задаст. Ку, марҳамат карда гўед, магар як бечораро фиребида, молашро муфт гирифта, сипас ба болояш як ракат нарх монда фурўхтан, қаллобӣ нест магар! Ин гапи куҷо, ки савдогар баробари боғбону деҳқон даромад бинад.

Ёқуб Раҳмон, ки ин гапҳоро бо ҳаяҷону ғазаб ба забон овард, нафасгир шуд. Ў чанд лаҳза гўё таъсири сухани худро санҷидан мехоста бошад, хап ба рўи Ҳоҷӣ Халил дида дўхт.

– Медонистам, ки ману писаронамро бад мебинӣ, аммо то ба ин дараҷа буданашро чашмдор набудам, – Ҳоҷӣ Халил лаҳзае хомўш монд ва баъд якбора шўрид. – Мур, сўхта-сўхта мур, ҳасудхўр!

– Ту мур, беимон! – паст наомад Ёқуб Раҳмон. – Ман ба боигарии ту қоил нестам ва қасам ба ҳама муқаддасоти олам ҳасад бурдан ба гўшаи хаёлам ҳам наомадааст. Ин гапҳоро барои он гуфтам, ки ту беномўс ҳаддатро шиносӣ, бо нўки биниат осмонро нахарошӣ. Вақте дар маъракаҳои мардум бе пўшт-пўшт ба пешгаҳи давра мегузарӣ, як бор андеша кунӣ, ки оё он ҷои туст?

– Алам кард! – аз ғояти ғазаб нимхез шуд Ҳоҷӣ Халил. – Як замон ту бологузар будӣ, мо ягон гап мегуфтем? Акнун ту ҳам тоқат кун. Медонам, душвор аст, алам мекунад, аммо мардонавор тоқат кун. Осиё ба навбат, – беҳуда нагуфтааст халқ.

– Агар ту арзанда бошӣ, ки тоқат кунам. Лекин вақте мис даъвои тилло будан мекунад, тоқатам тоқ мешавад, эй бенрмўс!

– Ман беномўсам ё ту? – заҳрханда кард Ҳоҷӣ Халил.

– Ту, албатта. Беномўс набошӣ, як поят дар лаби гўру ришат то ҳол сафед намешавад?

– Э ту худат кистӣ, ки бо ман туву ман мекунӣ! – беихтиёр домани яктаҳашро афшонда, аз ҷой хест Ҳоҷӣ Халил. – Аҳмақ набошам, вақти ғанимати худро беҳуда сарф карда, сафсатаҳои ту бемағзро гўш карда мешинам. Садқаи гап шавӣ ту, гадо.

Вақте Ҳоҷӣ Халил аз зинаҳо мефуромад, бо Искандар-қассоб дучор омад.

– Искандарбой! – гуфт вай бо овози баланд мад кашида. – Дина таъин кардам, наомадӣ?

– Дар хона набудам, Ҳоҷӣ-бобо, – гуфт Искандар-қассоб, бо ў дудаста вохўрдӣ карда, – тинҷӣ буд?

– Ҳамон гўсфанди парвоиро кушта медодӣ.

– Дина писаратон як пои гов гўшт харида буд, аллакай тамом шуд?

– О ту медонӣ-ку, ман гўшти гов намехўрам… Забҳи гўсфандро низ то ба чашмонам набинам, гўшташро намехўрам.

– Қассобҳо гўшти фурўширо низ бо дасташон мекушанд, –  хандид қассоб.

– Оббо, гапа бисёр накарда, биё! – норозиёна гуфт Ҳоҷӣ Халил. – Мошин фирист гўӣ, шукри худо дар ҳавлӣ се мошин ҳаст, бифиристам.

– Меоям, Ҳоҷибобо, – гуфт қассоб даст пеши бар. – Мошин лозим нест.

– Ҳа, биё, бачам, дуо мекунам, – гуфт Ҳоҷӣ Халил ва қоматашро рост гирифта, роҳашро идома дод.

– Э рўи ту барин ҳалолхўр сиёҳ, – гуфт Ёқуб Раҳмон, бо нафрат ба замин туф карда ва баъд аз чанд дақиқа ў низ аз чойхона баромада, сараш хам ҷониби хонааш рафт.

Инчунин кобед

tajhizot

Таҷҳизот барои ошхона

Аз куҷо дар Душанбе таҷҳизот барои ошхона, кафе, ресторан, ки аз пулоди зангногир — металли …