Главная / Илм / АНГИНАИ ЛЮДВИГ

АНГИНАИ ЛЮДВИГ

angina-ljudvigaАНГИНАИ ЛЮДВИГ, флегмонаи шадиди насҷи чарбӣ, ки дар назди ғадуди оби даҳон пайдо мешавад. Беморӣ аз номи духтури немис В. Людвиг гирифта шудааст. Ангезандаи он стрептококкҳо ва стафилококкҳои анаэробӣ мебошанд. Дар бисёр маризон дар оғози беморӣ табларза, беҳолӣ, гулӯдард, дард кардани сар, беиштиҳоӣ рух менамоянд, забон варам карда бо ҳалолати хокистарранг фаро гирифта мешавад, оби даҳон меравад. Сабаби А. Л. бемориҳои сироятии римноки ҷавфи даҳон ё сандуқи сина мебошанд. Беморӣ мумкин аст дар натиҷаи фасод пайдо кардани ғадуди оби даҳон низ ба вуҷуд ояд.
Бо мақсади муолиҷаи А. Л. аз амалиёти ҷарроҳӣ истифода мекунанд. Баҳри пешгирии беморӣ тоза нигоҳ доштани ҷавфи даҳон ва табобат намудани дандонҳои пӯсида муҳим аст.
Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …