Главная / Гуногун / Ҷанги шаҳрвандӣ дар ИМА

Ҷанги шаҳрвандӣ дар ИМА

Баъди аз дасташон рафтани мансаби президентӣ ғуломдорони Ҷануб аз нав ба мубориза бархостанд. Авраам Линколн бояд 4 марта соли 1861 ба иҷрои вазифаи президентӣ шурӯъ мекард. Вале 20 декабри соли 1860 иёлати Королинаи Ҷанубӣ аллакай дар бораи аз иттифоқ баромадани худ эълон кард. Дар ин бора боз 7 иёлати дигар – Флорида, Ҷорҷия, Алабама, Луизиана, Техас, Миссисипи ва Теннеси эълон карданд. Онҳо муттаҳид гашта, Конфедератсияи Ҷанубро ташкил намуданд. Пойтахти он шаҳри Ричмонд интихоб шуд. Конфедератсия Ж. Девисро президенти худ эълон кард. Конфедератсияи Ҷануб мехост, ки ғуломдориро дар қаламрави худ абадӣ гардонад.

xusa-752x440-jpg-pagespeed-ic-d_azgtrtvl

12-13 апрели соли 1861 артиши Конфедератсияи Ҷануб истеҳкоми Самтарро, ки дар наздикии Чарлстон воқеъ гардида буд, баъди гулӯлаборонкунии шадид ишғол намуд. Ин воқеа оғози ҷанги мулкӣ дар ИМА шуд. Баъди ин А. Линколн ҷанубиҳоро исёнгар номида, сафарбаркунии ихтиёриёнро эълон кард. Дере нагузашта дар сафҳои ихтаёриён зиёда аз 75 ҳазор нафар одамон ҷамъ омаданд. Умуман Нерӯҳои Шимол нисбат ба Конфедератсия зиёдтар буданд. Аҳолии Шимол 19,2 миллион ва иёлоти ғуломдори Ҷануб 12 миллионро ташкил мекард. Бинобар ин Шимол сипоҳи зиёдтар ғун карда метавонист. Дар масъалаи сипоҳро аз яроқу аслиҳа ва маводи дигар таъмин намудан низ Шимол имконияти зиёдтар дошт. Вале дар иёлоти Ҷануб захираи зиёди яроқу аслиҳа мавҷуд буд. Ин захира ба дасти Конфедератсия даромад. Ғайр аз ин аксарияти афсару генералҳои артиши ИМА Конфедератсияро дастгирӣ мекарданд. Инчунин доираҳои ҳукмронӣ Англия, Фаронса ва Испания ҳам ҷонибдори Конфедератсия буданд. Ин давлатҳо ба ду давлати камқуввати мустақил тақсим шудани ИМА манфиатдор буданд.

То тобистони соли 1861 Конфедератсия артиши 120- ҳазорнафара ташкил кард. Ҷануб мехост, ки дар ҷанги рӯ ба рӯ Нерӯҳои Шимолро торумор карда, шаҳри Вашингтонро ишғол намояд. 21 июли соли 1861 дар наздикии шаҳри Манассас, ки тақрибан 40 км дуртар аз Вашингтон воқеъ гардидааст, артиши 35-ҳазорнафараи Шимол аз тарафи артиши 30-ҳазорнафараи исёнгарони Ҷануб шикаст хӯрд. Дар ин ҳолат ҳукумати Шимол ба лашкари худ аз нав сафарбаркунӣ гузаронида, аввал онро ба 500 ҳазор ва то охири ҳамон сол ба 660 ҳазор нафар расонид.

Моҳи январи соли 1862 сипоҳиёни Шимол ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузаштанд. Генерал Грант, ки дар Ғарб амал мекард, супориш гирифт, ки ҳавзаи дарёи Миссисипиро ишғол намояд. Ӯ аз ӯҳдаи ин кор баромада тавонист. Дар Ҷануб лашкари Батлер моҳи апрели соли 1862 бо дастгирии флот Орлеани Навро ба даст даровард. Ба ин нигоҳ накарда дар ҷои мухорибаи асосӣ, наздикии дарёи Потомак вазъияти артиши Шимол хуб набуд. Дар Ричмонд Маклеллан пурра шикаст хӯрд. Лозим омад, ки аз ҷойҳои дигари ҷанг ба тарафи Вашингтон лашкар равон карда шавад.

Дар зери таъсири оммаи халқ ҳукумати Авраам Линколн маҷбур шуд, ки ба чораҳои инқилобӣ гузарад. Онҳо ба Конститутсия мухолиф бошанд ҳам, дар айни замон ин корро зарурати ҳарбӣ тақозо мекард. Аз ҳамин вақт cap карда ҷанги мулкӣ ба инқилоб табдил ёфт ва ҳукумати А. Линколн ба амалӣ кардани чораҳои инқилобӣ шурӯъ намуд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …