Главная / Гуногун / ҶАНГИ ФАРОНСА ВА ПРУССИЯ

ҶАНГИ ФАРОНСА ВА ПРУССИЯ

Сабабҳо ва мақсадҳои ҷанг. Баъди дар соли 1866 дар ҳайати 22 давлати германиявй ташкил ёфтани иттифоқи давлатҳои Германияи Шимолй муносибатхои байни Фаронса ва Германия тезу тунд шудан гирифтанд.

Дар охирҳои солҳои 60-ум режими наполеонии Фаронсаро бӯҳрон фаро гирифт. Империяи Дуюм дигар дар байни оммаи халқ такягоҳи боэътимод надошт. Мардум аз он норозй буд. Ин режим танҳо тавассути ҷанг мустақар мемонд. Рақиби ҷангии Фаронса пешакӣ маълум буд. Ҷанг бояд бар зидди Пруссия оғоз меёфт. Наполеони III дар наздн худ мақсад гузошт, ки бо як зарбаи ҳалокатовар ин давлатро шикаст дода, иттифоқи давлатҳои Германияи Шимолиро барҳам занад. Бо ин роҳ имконият надиҳад, ки Германия» ягонаи пурзӯр ташкил карда шавад.

Чанд сол қабл дар ҷанчолҳои байни давлатҳои Германия Фаронса мақоми ҳакамро иҷро мекард. Вале, вақте ки Пруссия соли 1866 дар ҷанги зидди Австрия ғолиб баромад, вазъият тағйир ёфт. Пруссия боварй ҳосил кард, ки акнун қудрат дорад давлатҳои Германияро “аз боло” тавассути қувва муттаҳид созад. Фаронса бошад, мехост ки мақоми ҳакамии худро бар давлатҳои германиявй боз аз нав барқарор кунад. Фаронса душмани ашаддии муттаҳидкунни давлатҳои германиявй буд. Агар Пруссия ва давлатҳои дигари германиявй дар ҷанги дар пешистода бар Фаронса ғолиб баромада метавонистанд, пас бе мамониат дар давлати ягонаи милли муттаҳидшавии давлатҳои Германия ба амал омада метавонист. Аз ин рӯ, ҳар ду тараф ҳам ба ҷанги дар пешистода манфиатдор буданд.

Шикасти Фаронса дор оғози чаш 19 июли соли 1870 Наполеони III бо Пруссия ҷанг эълон кард. Дар ин ҷанг фаронсавиҳо ба ғалабаи осон умед мебастанд. Вале лашкари муттаҳидан давлатҳои германиявй ба ҷанг тайёрии пухта дида буд. Ҳанӯз дар муҳорибаҳои наздисарҳадй Фаронса ташаббусро аз даст дод. Аз аввали ҷанг ташаббусро Германия ба даст гирифт. Як қисми лашкари Фаронса аз сабаби беҳунарии лашкаркашон дар қалъаи Мете, ки он дар сарҳади

шарқӣ буд, ба муҳосираи лашкари Германия афтода, торумор гардид.

Қисми дигари сипоҳи Фаронса, ки Наполеони III ҳамроҳи он буд, ба  лашкари дар калъаи Мете бамуҳосираафтода шитофт. Ин нерӯҳоро лашкари Германия дар пастхамии Седан “пешвоз’ гирифт. Дар ин ҷо муҳорибаи шадиде ба амал омад, ки дар натиҷаи он лашкари Фаронса шармандавор шикаст хурд. 2 сентябри соли 1870 Наполеоии III фармуд, ки барои таслим шудан парчами сафед бардошта шавад. Ғайр аз ҳазорон нафари куштаю ярадоршуда 80 ҳазор нафар афсару аскарони Фаронса ба душман асир афтоданд.         «

Дар назди Седан шармандавор шикаст хурдани лашкари Фаронса аз пӯсида рафтани Империям Дуюми Фаронса дарак медод.

Инқилоби 4 сентябри соли 1870. Дере нагузашта хабари шикаст хурдани лашкари Фаронса ба Париж расида, қаҳру ғазаби бепоёни мардуми оддиро ба вуҷуд овард. 4 сентябр мардуми пойтахти ба кӯчаҳои шаҳр баромада аз нав барқарор карданн ҷумҳурӣ ва муҳофизати ваганро тақозо кард. Онҳо дар якчанд соат аввал бинои Корпуси Қонунбарор ва Ратушаи шаҳрӣ ва баъд тамоми шаҳрро ба даст дароварданд. Он рўз халқ бар ҳокимиятн император Наполеоии III талиба кард. Фаронса ҷумҳурй эълон карда шуд.

Инқилоби 4 сентябри соли 1870 дар таърихи Фаронса инкидоби чорумин буд. Ҳарчанд дар он мардуми оддй ғалаба карда бошад ҳам, буржуазиям дар ин кор таҷрибадори Фаронса аз он истифода бурда, аз рӯзи аввали инқилоб ҳокимиятро ба даст гирифта, ҳукумати муваққатиро ташкил намуд.

Ҳукумат хиёнати миллӣ. Ҳукумати муваққатии буржуазии ки 4 сентябри соли 1870 ташкил ефт. кайфияти ватандустонаи мардумро ба ҳисоб нагирифта наметавонист. Барон камин худро ҳукумати “Наҷоти Миллӣ” номид.

Вазири корҳои хориҷӣ Жюл Фавр ба халқи башӯромада эълон кард, ки ҳаргпз ягон ваҷаб замин ва ягон сайт кальаҳоро нахоҳад дод. Ин суханҳо гапфурӯшии авомфиребонаи рўйрост буданд. Барон муҳофизати Париж сокинони онро мусаллаҳ кардан лозим меомад. Вале ин кор ба ақидаи ҳукумат маънии мусаллаҳ кардани инқилобро дошт. Ҳукумати муваққатй аз ин иқдом метарсид. Вай намехост, ки халқ мусаллаҳ туда, ба муборизаи зидди истилогарон бархезад. Ии қувва метавонист дар қатори истилогарони Пруссия ҳукумати муваққатиро ҳам рӯфта партояд. Аз ҳамин сабаб ҳукумати муваққатй мехост, ки тезтар бо Пруссия забои як кунад. 27 сентябр лашкаре, ки ба он дар Мете генерал Базен фармондеҳй мекард. ба душман таслим шуд. Дар натиҷа 173 ҳазор нафар афсару аскаронн Фаронса асир афтоданд. Пруссияиҳо инчучин лавозимоти ҳарбии зиёде ғанимат гирифтанд. Баъди ин лашкари 230-ҳазорнафараи Пруссия бе ягон мушкилии чиддие ба тарафи Париж ҳаракат карда, онро муҳосира намуд. Ҳукумат бошад. барон муҳофизат кардани шаҳр чорае надид.

18-20 сентябри соли 1870 ҳукумати муваққатй пинҳонй бо сарвазири Пруссия Бисмарк вохурда, пешакй дар бораи сулҳ аҳду паймом кард. Баъд бо Пруссия Созишномаи сулҳи таслимӣ ҳам баст. Дере нагузашта ин хиёнат ба халқ маълум гардид. Вай ҳукумати “наҷоти миллй”-ро ҳукумати “хиёнати миллӣ” номид.

Муқовимати халқ бар зидди истилогарон. Он ҷанговароне, ки ба душман таслим нашуда ҷон ба саломат бурда буданд, ба сафҳои дастаҳои “франтирерҳо” (“тирадозони озод”) дохил шуда. бар зидди истилогарон қаҳрамонона меҷангиданд. Дар ақибгоҳи душман дастаҳои чирикҳо ташкил карда шуданд. Онҳо ба ситодҳои душман ҳуҷум мекарданд. Аз дасти ин чирикҳо ҳар рӯз садҳо душманон кушта мешуданд. Истилогарони Пруссия шаҳру деҳотро оташ зада, ба хок яксон мекарданд.

Аҳволи Париж ниҳоят вазнин буд. Мардуми дар муҳосирамонда баҳодурона муқобилият нишон медод. Дар шаҳр гуруснагй ҳукмрон буд. Одамон маҷбур мешуданд, ки сагу муш ва зоғу гурбаҳоро хӯрда, аз мурдан раҳо ёбанд.

Ҳазорон нафар парижиҳо ба Горди Миллӣ дохил мешуданд. Моҳи октябри соли 1870 шумораи он ба 250 ҳазор нафар расид.

Ҳукумати муваққатй ҳамоно хиёнати худро ба халқи Фаронса идома медод. Вай охири Моҳи январи соли 1871 бо Германия сулҳи муваққатй баст. Баъди чанде дар шаҳри Франкфурта лаби Майн Созишномаи сулҳи Фаронсаю Германия ба имзо расид. Ҳукумати фаронса розй шуд, ки музофотҳои Элзас ва Лотарингияро ба Пруссия диҳад. Бисмарк акнун намояндаи тамоми Германия шуд, чунки давлатҳои Германия воқеан муттаҳид шуданд. Дар ин бора ӯ ба оламиён эълон намуд.

Аъзои ҳукумати Фаронса дар ғами мансабҳои худ буданд. Барон дар сари ҳокимият мондан саросемавор ба Маҷлиси Миллӣ интихобот гузарониданд. Буржуазия, кишоварзон ва як қисми табақаҳои дигари аҳолиро, ки аз мақсаду маккориҳои ҳукумат хуб огаҳй надоштанд ва ҳам шоҳпараст буданд, истифода бурда, дар интихобот ғолиб баромад. Маҷлиси Миллии навинтихобшуда бо сардории Тиер ҳукумати зиддихалқиро ташкил намуд. Ҳукуматдорони Германия аз натиҷаи интихоботи Фаронса қаноатманд буданд. Онҳо ӯҳдадор шуданд, ки ҳукумати Тиерро дар Париж муҳофизат мекунанд ва намегузоранд, ки дар ин шаҳр аз нав инқилоб cap занад.

Ташкилёбни Коммунаи Париж. Муқобилият бар зидди истилогарони Германия ва душманони дохилиро Горди Миллӣ ба ӯҳда допгг. Ҷанговарони он аз байнихудашон КМ Горди Миллиро интихоб карданд. Ба Горди Миллӣ ҳукумати Тиер ягон хел ёрие намерасонид. Вай ҳатто ба гордчиён маош ҳам намедод. Гузашта аз ин. Тиер фармуд, ки Горди Миллӣ бесилоҳ карда шавад.

Гордчиён дар баландии Монмартра ҷой гирифтанд. 18 марти соли 1871 аскарони ҳукуматй ба онҳо ҳамла карданд. Бонги изтироб зада шуд. Мардуми Париж ба по хест. Дастаҳои Горди Миллӣ ба Нерӯҳои ҳукуматй зарбаи ҳалокатовар заданд. То зуҳр дар Париж ҳокимият ба дасти Горди Миллӣ гузашт. Шӯриши халқй ғалаба кард. КМ Горди Миллӣ ба ҳукумати инқилобии мардуми меҳнаткаши Париж табдил дода шуд. Ҳукумати Тиер ба Версал гурехт. КМ Горди Миллӣ ба таври фаврй ба Коммунаи Париж интихобот гузаронид. Дар он меҳнаткашон ғолиб баромаданд.

Коммунаи Париж дар муддати кӯтоҳи мавҷудияти худ ба манфиати мардум чораҳои зиёдеро ба амал баровард. Дар байни онҳо барҳам додани лашкари кӯҳна ва ташкили лашкари нав,

моликияти ҷамъиятӣ эълон кардан» воситаҳои истеҳсолот, манъи ҷаримаю фонзситонй аз маош, манъи мехнати шабонаи нонвойҳо, муқаррар кардан» маош» ҳади ақалл мусодира» корхонаҳои душманон» Коммуна ва ба ихтиёри кооперативҳои коргарй додан» онҳо ва ғайра. Шӯрои Коммуна қарор кард, ки» дар мактаб барои талабагон таълими ҳатмй бепул мебошад.

Шнкаст хӯрдани Коммуна. Ҳукумати Тиер ба ҳукуматдорони Германия дар бора» торумори Коммунаи Париж забои як кард. Барой ҳамин Бисмарк фармуд, ки» асирони ҳарбй ба ихтиёри Тиер баргардонида шаванд. Ба Тиер муяссар шуд, ки» сипоҳашро то ба 130 ҳазор нафар расонад. Душманон» коммунаро дар Версал бар зидди Коммунаи Париж ҳаматарафа тайёрй медиданд. Шурой Коммунаи Париж ба мусаллаҳ кардани Нерӯҳои худ машғул буд. Вале барои бар зидди версалчиён пурра ба ҷанг тайёр кардани онҳо муваффақ нашуд.

Версалчиён ба Париж 2 апрели соли 1871 ҳуҷум карданд. Зан; мард ва хурду калон ба мудофиаи шаҳр бархостанд. Коммунарҳо шуҷоатмандона меҷангиданд. вале қувваҳо баробар набуданд. Ба душманони инқилоби халқӣ муяссар гардид, ки даромадгохҳҳои шаҳрро ба даст дароранд. Баъди ин ҳуҷуми аксулинқилобчиён ба шаҳр аз се самт сурат гирифт.

Аҳволи коммунарҳо аз он сабаб вазнин мешуд, ки фармондеҳии Нерӯҳои мусаллахи Германия аз тарафи шарқии шаҳр ба версалчиён роҳ кушод. 21 май ба версалчиён муяссар шуд, ки тавассути дарвозаи Сен-Клу ба шаҳр зада дароянд ва кӯчаю маҳаллаҳоро паси ҳам ба даст дароранд. Аъзои Шӯрои Коммунаи Париж ҳам дар сангарҳо бар зидди версалчиён қаҳрамонона меҷангиданд. Дар ин маврид зану фарзандонашон ҳам ба онҳо ёрй мерасониданд. Ҷангҳои аз ҳама хунин аз 21 то 28 май ба амал омаданд. Он рӯзҳо номи “ҳафтаи хунин”-ро гирифтаанд.

Версалчиён коммунархои охиринро рӯзи 28 май дар назди девори қабристони Пъер-Лошез тирборон карданд. Бо ҳамин Коммунаи Париж шикаст хӯрд. Он ҳамагӣ 72 рӯз давом кард.

Сабабҳои шикаст хӯрдани Коммунаи Париж. Версалчиён тамоми хатоҳои коммунарҳоро моҳирона истифода бурданд. Онҳо дар байни ҳалқ зидди коммунарҳо корҳои таблиғотӣ бурданд. Версалчиён коммунарҳоро муфтхӯру ғоратгар меномиданд. Моликиятдорони майдаро аз он метарсониданд, ки гӯё Коммунаи Париж моликияти онҳоро мусодира мекард бошад.

Версалчиён бар зидди коммунархо лашкари Германияро истифода бурданд. Душманон дар Париж ҷосусони зиёде доштанд, ки онҳо ба зарари коммунархо кор мекарданд. Аксулинқилобчиён имконият доштанд, ки аз Банки Париж бе мамониат маблағ бигиранд. Коммунарҳо баъди дар Париж ғалаба кардан ба Версал ҳуҷум накарданд. Бо ин онҳо ба муттаҳидшавии аксудинқилобчиен ва тайёрии ҳуҷуми онҳо ба Париж имконият доданд. Коммунарҳо маблағҳои банкро барои пойдории инқилоб истифода набурданд. Онҳо ба аксулинқилобчиён раҳмдилона рафтор карданд. Инчунин Нерӯҳои харбии тарафхои муқобил баробар набуданд. Бартарӣ ба фоидаи версалчиён буд. Инқилоби халқӣ асосан дар Париж ғалаба кард. Он дар тамоми Фаронса паҳн нагардид. Ҳамаи инҳо сабабҳои нокомии Коммунаи Париж гардиданд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …