Главная / Илм / АНГЕЗАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ АСАБ

АНГЕЗАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ АСАБ

asabАНГЕЗАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ АСАБ, доруҳое, ки ба фаъолияти рӯҳӣ ва ҷисмонии организм тақвият мебахшанд. А. вобаста ба хусусияти таъсир гуногун мешаванд, мас., муқаввӣ, ангезишовар, рӯҳгиро, рӯҳнавоз, ноотропӣ ва ғ.
Баъзе давоҳои дигар низ хусусияти А.-ро доранд, чунончи, алкалоидҳои стрихнин, секуринин ва бархе аз давоҳои наботӣ. Стрихнин ва секуринин марказҳои ҳароммағзро ба ангезиш меоранд. Стрихнин узвҳои ҳис, аз ҷумла ба фаъолияти анализаторҳои босираро низ меангезад. Доруҳои мазкурро асосан дар мавриди нимфалаҷ ва фалаҷ, заъфи умумии мубодилаи моддаҳо, беҳолӣ (астения) таъин мекунанд. Давоҳои наботӣ бошанд, бештар дар ҳолатҳои хастагӣ, астения, гипотензия ва ғ. таъин карда мешаванд.
Доруҳои муқаввӣ фаъолияти марказҳои муҳими майнаи дарозрӯяро, ки нафаскашӣ ва гардиши хунро танзим менамоянд, пурзӯр мегардонанд, мас., кофеин, кофур, стрихнин ва ғ. Дар мавриди истифодаи доруҳои рӯҳафзо хастагӣ то андозае рафъ, қобилияти корӣ барқарор ва табъ болида мешавад. Доруҳои рӯҳнавоз ҳангоми афтодарӯҳӣ эътимодбахшанд. Баъзеи онҳо таъсири норадреналин (гармони мағзи ғадуди болои гурда)-ро пурзӯр мекунанд. Ниг. низ Доруҳои ангезишовар, Доруҳои рӯҳафзо.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …