Главная / Гуногун / Андоз чист ва барои чи он лозим аст?

Андоз чист ва барои чи он лозим аст?

Андоз ин пардохтҳои ҳатмӣ аз ҷониби корхонаву шахсони воқеӣ (одамон) ба хазинаи давлат аст. Андоз дар замонҳои қадим  буд ва онро ҳамчун «Ҳаққи подшоҳ» меномиданд.

andoz

Дар замони ҳозира маблағҳое, ки ба сифати андоз ба давлат супорида мешавад он барои қонеъ кардани талаботҳои давлатӣ лозим аст, ки ҷумлаи онҳо:

  1. Барои нигоҳ доштани амнияти кишвар. Барои яроқу аслиҳа, маоши кормандони мудофиаи кишвар, кормандони сохторҳои қудратӣ аз ҷумлаи милисаҳову кормандони БДА, сухторнишонӣ, гумрук, андоз, амният ва ғайра;
  2. Барои баланд бардоштани сатҳи дониши ҳалқ – масъалаҳои маориф;
  3. Барои масъалаҳои идоракунии давлатӣ – Ҳукуматҳои ноҳияву шаҳрҳо;
  4. Масъалаҳои тандурустӣ;
  5. Пардохти нафақа, ҷубронпулӣ ва дигар подошпулиҳо;

Андоз метавонад дар шакли пулӣ ва молӣ ба хазинаи давлат супорида шавад, лекин асосан  дар шакли пулӣ пардохт мешавад.

Дар Тоҷикистон аз соли 2015-ум инҷониб 10-намуди андоз ҳаст. Дар ҳолати пардохт накардани андоз аз тарафи ҳукумат нисбати шахсони андозбандишаванда ҷарима, мусодираи –амвол ва ё ҳабс пешбинӣ мешавад.

Барои ҷамъ кардани андоз дар Тоҷикистон сохтори махсуси давлатӣ сафарбар карда шудааст ки дар он зиёда аз 1000 корманд фаъолияти касбӣ менамоянд. Ин сохтор номи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ки бинои асосии он дар кучаи Неъмат Қарабоев дар шаҳри Душанбе –Пойтахти Тоҷикистон маскан гирифтааст.

Агар вазифаи асосии андоз ин ғанӣ карданӣ буҷаи давлат бошад, пас вазифаи дуюминаш ин ба танзим даровардани бахшҳои иқтисодиёт аст. Яъне агар андозаи андоз баланд бошад пас ин ё он соҳа аз фаъолияташ муфлис шуда ба дигар бахшҳои иқтисодиёт таъсири манфии худро мерасонад.

Инчунин кобед

Бахтиёр Иброхимов

Бахтиёр Иброҳимов – Тарҷумаи ҳол, сурат, мусиқӣ – MP3 скачать

Овозхони шоистаи Тоҷикистон Бахтиёр Иброҳимов соли 1972 дар шаҳри Исфара ба дунё омада, яке аз овозхонҳои маъруфи …