Главная / Маданият ва санъат / Андешаҳои панду ахлоқии Сайидои насафӣ

Андешаҳои панду ахлоқии Сайидои насафӣ

Аслан панду ахлоқ ва тарбияву таълим мақсади адабиёти бадеӣ аст. Эҷодкоре, ки ба эҷоди бадеӣ рӯ меорад, ҳатман муносибати худро ба ин масъала баён мекунад. Ғазалиёти Сайидо дар баробари фаро гирифтани мавзӯъҳои дигар, ақидаҳои тарбиявӣ-ахлоқии шоирро низ дарбар гирифтаанд. Аз тарафи дигар, ба ин восита таълимоти фалсафаи амалии СайидоСайидо

Масалан, Сайидоҷонибдори саъю кӯшиш, ҷаҳду ҷадал, амалу ҳаркат аст. Барои дарёфти қути лоямут инсон бояд мисли санги осиё пайваста дар ҷадал бошад, яъне ризқи худро ҳалол кунад, тавассути меҳнат ба даст биёрад. Ӯ ба ин маънӣ таъкид мекунад, ки:

Рӯзӣ насиби кас ба нишастан намешавад,

Бояд чу осиё зи пайи обу дона рафт.

Ба ақидаи шоир, инсон набояд ғафлат варзад, балки бояд мақсади муайян дошта бошад. Ӯ кӯшишу ҳаракат, ҷаҳду талош, саъю ҷадалро талаб меномад ва мегӯяд:

Бе талаб, ай Сайидо, мақсад намеояд ба даст,

Ч,о ба маҷлис мекунад най аз фиғони хештан.

Меҳнату кор, машғулияту фаъолият, обрӯ ва эътибори инсон аст ва мардумоне, ки ин сифатҳоро доро ҳастанд, соҳибҳунаранд ва дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ хору залил нахоҳанд шуд:

Рӯ намеорад ба хони ҳеҷ кас соҳибҳунар,

Боғбон ризқи худ аз пушти гулистон мехурад.

Ё худ:

Шир мегардад бурун аз кӯҳ баҳри Кӯҳкан, Ризқи худ соҳибҳунар аз санг пайдо мекунад.

Сайидо барои инсони меҳнаткаш на танҳо саҳрову дашт, балки ҳама ҷоро меҳнаткада медонад ва бояд дар ҳама ҳолату дар ҳама ҷо кас фориғ аз саъю кӯшиш набошад:

Мурғи кабоб рӯзии соҳибтараддуд аст,

Дар хона анкабут шикори магас кунад.

Ё ин ки:

Устухони хушк беташвиш кай ояд ба даст

Аз паи рӯзӣ магӯ табъи ҳумо осуда аст.

Шоир, ки худ бо меҳнати ҳалол зистааст, муфтхӯронро чашми дидан надорад. Ҳатто дасту пои инсон, ки агар вазифаи худро ба ҷо наоранд, онҳоро бояд баст, мегӯяд:

Паймонае, ки бода надорад, шикастанист, Дасте, ки масдари эҷод нест, бастанист.

Ба назари шоири меҳнатдӯсту покизакор, хисоли ҳамидаи инсонӣ аз қабили вафодорӣ, сидқу сафо, ростгӯӣ, ростқавлӣ, некиву некӯкорӣ, раҳму шафқат, инсондӯстиву мардумнавозӣ, илмомӯзиву донишмандӣ, сабру тоқат, бурдбориву пуртоқатӣ ва ғайраро тарғиб намуда, оммавӣ гардидани онҳоро ҷонибдор аст: Ӯ мегӯяд:

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба ҷаҳон,

Сарв агар хушк шавад, боз асо мегардад.

Ё худ:

Рафиқ аз каф мадеҳ, душман агар хоҳӣ забун гардад, Туро сӯзан ба даст афтод, хор аз по бурун афтад.

Барои доро гардидани инсонҳо бо хислатҳои ҳамида ҳатман тарбият зарур аст. Аз ин рӯ, ба андешаи шоир, инсон ҳатман бояд аз мактаби тарбия мегузарад.

Дар ғазалиёти Сайидо ба ҷуз мавзӯъҳои маъмулии жанри мазкур, мавзӯъҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ, тарбиявӣ-ахлоқӣ, танқидӣ-ҳаҷвӣ, шарҳиҳолӣ- хонаводагӣ ва ғ. хеле баланд садо додаанд, ки нигоҳи тоза ба мазмуну мӯҳтавои ғазалсароӣ мебошад. Ин ҳамин маъниро дорад, ки Сайидо ба ин восита адабиётро ба ҳаёти ҷамъият, ба рӯзгори халқ, ба зиндагии табақаҳои иҷтимоӣ хеле наздик намуда, нияту мақсад ва орзуву омоли мардумонро асосан инъикос намудааст.

Аз тарафи дигар, тозакории Сайидо дар ғазалсароӣ ба хусусиятҳои шаклии жанр тааллуқ надорад, яъне ӯ дар қофияву радиф, вазн ва сохтори дигари шаклии ғазал гардиши ҷиддӣ ворид накардааст.

Тозакориҳову навовариҳои шоир дар мундариҷаи ғазалсароӣ, моҳияти тематики ғазал дахл дорад, ки ғазали ӯ оинаи рӯзгори асри шоир гардидааст. Ғазалҳои Сайидо саршор аз тазодҳову зиддиятҳои ҳаёту зиндагӣ, низоъҳои сиёсӣ-таърихӣ, ҳаёти-иҷтимоӣ, тоифавию табақавӣ ва ғайра аст. Инҳо низоъҳо ва тазодҳои рӯзгори ҳамарӯзаи ҷомеъа мебошад, пас ғазалиёти Сайидо инъикосгари ҳаёти инсонҳост. Ӯ ин ҷанбаъро низ бо ҳунари хоси шоирона ва бо сабку шеваи фардӣ- индивидуалии худ эҷод кардааст.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

mechet-dushanbe-2

Масҷиди нав-калони шаҳри Душанбе

Масҷиди калонтарини шаҳри Душанбе яке аз мачитони калонтарини дунё ва аз ҳама бузургтарин дар Осиёи …