Главная / Гуногун / Ҳанбалия – мазҳаб

Ҳанбалия – мазҳаб

Ҳанбалия, ки пайравони Имом Аҳмад ибни Ҳанбали Марвазӣ /780-855/ мебошад. Ин мазҳаб дар асри IX аввал ҳамчун ҳаракати дини-сиёсӣ, ба вуҷуд омада, баъдан ба мазҳаби фиқҳиву ақидавӣ ташаккул ёфтааст. Ҳанбалия дар шароити бӯҳрони амиқи маънавӣ ва иҷтимоиву сиёсӣ, дар даврае, ки мухолифати ғоявии мӯътазила /ақлгароён/ ва мухолифони он, ба қуллаи баланди худ расида буд ва бар акси Аврупо дар олами Ислом, замони хилофати Халифа Маъмуна ин, ки намояндагони Исломи расмӣ, балки пайравону тарафдорони фирқаи ақлгароӣ ва озодандешӣ-мӯътазила, даст ба ташкили девони тафтиши ақоид /меҳнат/ зада буданд, хеле шӯҳрат ёфт.

Аҳмад ибни Ҳанбал /дақиқан моҳи ноябри соли 780, дар Бағдод тавлид ёфтааст/ аз он муқаллидони сунатгарои аҳли ҳадис буд, ки бо вуҷуди таъқибу шиканҷа, аз ақидаи ҳақи худ нагашт. Сарчашмаҳо Аҳмад ибни Ҳанбалро муаллифи чандин асар мешуморанд.

Аз ӯ китобе бо номи «Ал-Муснад ал-Имом-ал-Аҳмад» боқӣ монда, ки ҷамъи Ҳадис буда, дар он қариб 30-ҳазор ҳадис гирд оварда шуда аст. Ҳанбалиён дар дин хеле тундрав буда, мутаассибтарин мусалмонон, ба ҳисоб мераванд. Онҳо ҳамагуна кӯшиши тафсири озоди Қуръону Ҳадисро рад мекунанд. Дар масъалаи имомат, ҳанбалия ақидаи шиъаро ки мегӯянд-имомат меросист /яъне, ба имомат авлодони Алии Муртазо бояд бошанд, на ин, ки берун аз аҳли байт/ қатъан рад намуда, итоат ба имомро то муддате раво медонист, ки адолати воқеӣ, дар мамлакат барқарор бошад. Ҳанбалиён хилофи озодандешианд, масалан дар асри XIV Ибни Таймия-яке аз фуқаҳои бузурги ин мазҳаб, расман ҳамагуна «навигарӣ» ва ислоҳот, дар динро бидъат ва «куфр» эълон намуд.

Ҳанбалиён дар фиқҳ, аз рӯи Қуръон /китоб/, суннат, фатвои асҳоби Расулуллоҳ /с/, қиёс, истеҳсоб ва зароеъ ҳукм мекунанд. Онҳо матни Ҳадисро аз фатвои саҳобагон афзалтар ва муқаддам медонанд (ҳанафиён низ чунинанд, зеро ҳанафия дар асри Расулуллоҳ (с) ба вуҷуд омада буд-С.Б.Б), дар сурати набудани матни ҳадис, баъд ба фатвои саҳобагон (р) муроҷиат менамоянд. Дар сурати набудани фатвои асҳоб (р), ба ҳадисҳои заъиф рӯ меоранд, агар ин охирин ҳам набошад, баъд аз тариқи қиёс /далоили ақлӣ/, иҷмоъ, масолеҳ ва истеҳсоб ҳукм мекунанд. Истеҳсоб-ҳукмест, ки дар замони дуввум мисли замони аввал собит аст.

Ҳарчанд ҳанбалия ҳамчун мазҳаби фиқҳӣ, дар асри X ташаккул ёфт, адабиёту осори ҳанбалӣ баъдтар, дар асри XI ба вуҷуд омаданд. Маъруфтарини он «Китобул-умда-фи-аҳком-ал-фиқҳ»-и Муваффақ ад-Дин ибни Қудомӣ /1146-1223/ ва «Сиёсат уш-шаръия»-ву «Минҳоҷ-ус-сунна»-и Алломаи машҳури асри XIII-и Ҳанбалӣ-Ибни Таймия /вф.1328/ мебошад. Яке аз бузургтарин намояндаи ин мазҳаб (ҳанбалӣ) Ҳазрати Сайид Ғавсул Аъзам Абдулқодири Гелонӣ (р) мебошанд (султонулавлиё ва пири тариқаи «қодирия» – асри ХII).

Мазҳаби Ҳанбалия байни табақоти поёнӣ ва миёнаи Ироқ, Хуросон, Сурия ва Ҳиҷоз, таърихан таъсири зиёда доштааст ва ҳоло он мазҳаби расмӣ ва фиқҳӣ-қонунгузории Арабистони Саудӣ аст. Мазоҳиб ва фирқаҳои аҳли суннат ва ҷамоъат муътақиданд, ки маҳз онҳо суннати Пайғамбар /с/-ро бар хилофи таърифи аҳли шиъа нигоҳ медоранд. Инҳоянд чаҳор мазҳаби бонуфӯз ва интишорёфтаи арбаъаи аҳли суннат ва ҷамоъат, ки маҳз ба хотири дуруст фаҳмидани маъонии оёти шарифи илоҳӣ ва аҳодиси набавӣ (с) ва бо роҳи рост ҳидоят намудани мусалмонон, онҳоро ҳар яке аз аимаи бузарги Ислом ва шогирдони эшон, ба инояту ҳидояти Парвардигори субҳон вазъ кардаанд, яъне, аз рӯи Қуръон ва Ҳадис.

Хулосаи матолиби бахши мавзӯи мазоҳиби арбаъа /чаҳоргона/- и ҳақ ба чунин тарз аст, ки:

  1. «Вуҷуди мазоҳиби чаҳоргона» (ҳанафия, моликия, шофеъия ва ҳанбалия)-и ҳақ мисли обу ҳаво, барои мусалмонони олам зарур ва ҳатмист.
  2. Дур шудани мардум, аз яке аз ин чаҳор мазҳаби ҳақ, ҳазорон равия ва гурӯҳҳои мухталиф ва мухолифи ҳамро ба вуҷуд меоварад ва майдони нифоқу ишқоқро (муноқиша, хушунат) гармтар хоҳад кард, чуноне, ки имрӯз инро ба чашми сар мебинем (агар ин ҳолат давом ёбад, мардум, ба тамом ҷоҳил ҳазормазҳаб ва ваҳшӣ мегарданд-С.Б.Б).

З.Аима, яъне, имомони мазоҳиби арбаъа, ҳама аз аҳли салафи солеҳ (салафассолиҳин гуфта, Ҷаноби Расулуллоҳ (с), чаҳор ёри ъизом, саҳобаи киром (р), тобиъин ва табаъатобиъин (р), имомзодагони аҳли байт (саломуллоҳ), пирони мазоҳиб ва ҷамиъи азизу авлиёҳо, ки шумораашон зиёда аз 1400-то мебошанд, дар назар дошта мешавад ва «салафиҳо»-и имрӯза ба хоки қудуми аҳли салафассолиҳин баробар нестанд, яъне бузургони пешин ҳамагӣ пирони шариъатанду пирони тариқат ва инсонҳои комил ва муаллимони башарият, аммо маъатаассуф «фирқаҳои имрӯза», ба вижа «салафиҳо» пурғуруранду аҳли риё ва худнамо ва аз илми шариъату тариқат заррае баҳра набурда, корашон фитна асту нифоқу ҷудоиандозӣ ва фирқабозӣ ва худманишӣ, яъне табиати рафторашон ва гуфторашон басо ғарбиёнаву инглисона, яъне гӯё танҳо онҳо босаводанду дигар ҳама миллат бесавод. Вале як чизро бояд фаромӯш накард, ки касе, ки тарки мазҳаб кард, дер  зуд барои доллар шуда, динашро ҳам мефурӯшад) буда ва муҷтаҳидони шаръ мебошанд, ки иктифо ба иҷтиҳоди эшон, амри муҳим ва бидуни зарурат ба иҷтиҳод даст задан, хатари дар хато рафтан аст. Зеро барои муҷтаҳиди барҳақ будан, илми фарогири Қуръон ва Ҳадис, тақво аз ширкиёт ва бидъатҳо ва луқмаи бешаку шубҳа ва дигар умури лозима ва заруриву воҷибии тақво ва тақводорӣ, яъне, парҳезгорӣ, басо муҳиманд, ки ин авсоф, дар ин замонаи пуршӯру фитна ва рибоъу риё, дар баъзе ашхосе дилогоҳ аҳён-аҳён насиб мешавад /ки он ҳам бошад, ба ҷидду ҷаҳди суботкоронаи марди обиду зоҳид ва тақводор ва ё зани поку парҳезгор вобаста аст-С.Б.Б/. Касе, ки даъвои лаёқатиро ба ин амр намояд, худписанд ва худхоҳ аст ва аз аҳли такаббур, мисли баъзе аз «ҳазратҳо» фирқабозони садмазҳаби имрӯза…

Дигар ин, ки боз шудани дарвозаи иҷтиҳод, ба ҳар касу нокас, хатари бузурге буда, оқибати ногувореро ба бор хоҳад овард, ки ба ҷуз Аллоҳ таъоло, касе то чи андоза мусибатовар будани онро надонад. Чуноне, ки мебинем яке аз сабабҳои пайдоиши мазоҳиби золла ва равияҳои куфру ғулот ҳам маҳз аз он иборат аст, ки иҷтиҳоди эшон иҷтиҳоди гумроҳонаву басо хатокоронае аст, ки ҳосилаш ба ҷуз меваҳои ҷудоиандозӣ, дигар чизе нест ва он мунҳарифӣ, ки то ба имрӯз, дар байни мусалмонон ҳаст, маҳз аз иҷтиҳоди хатои душманони дини Ислом аст, ки ба зоҳир мусалмонанду ба ботин шайтон, яъне, шайтонулинс   » 79-17.

Ҳамчунин аҳли суннат ва ҷамоъатро фирқаву ҷараёнҳо, силсилаву тариқатҳои тасаввуфӣ ва ҷамъияту ташкилотҳо ва гурӯҳҳои динӣ, низ мавҷуданд, ки маҳз аз дохили чаҳор мазҳаби фиқҳии дар боло зикришудаи аҳли суннат ва ҷамоъат сабзида расидаанд, ба монанди: Ашъария асосгузораш фақеҳи шофеъӣ Абулҳасан Алӣ ибни Исмоили Ашъарӣ /873-941/; Асҳоби раъй-сарчашмаҳо Имом Абӯҳанифа (р) ва шогирдонаш-Муҳаммади Шайбонӣ, Абӯюсуфи Қозӣ, Зуфар ибни Ҳузайл, Ҳасан ибни Зайди Лӯълӯъи, Абӯмутеъи Балхӣ, Бишри Марисӣ, Абдуллоҳ ибни Муборак, Мотиридии Самарқандӣ, Абӯмуқотили Самарқандӣ, Имом Ҳаммод ибни Абӯҳанифа ва дигаронро асосгузорони ин гурӯҳи фиқҳии мазҳабӣ медонанд, ки дар масоили илоҳиёт ва фиқҳ, дар баробари оят ва Ҳадис, қиёс /далелҳои ақлӣ/-ро истифода мекарданд ва низ истифода мешавад то кунун, аз ҷониби пайравони эшон, яъне, мусалмонони ҳанафимазҳаб; Асҳоби Ҳадис-яке аз ду гурӯҳи фақеҳони сунниро номанд, ки дар фиқҳ танҳо Ҳадисро истифода мебаранд ва мувофиқи таълимоти аҳли суннат ва ҷамоъат ҳадис ё худ ахбор се навъ – мутавотир /пай дар пай/, фардӣ /гувоҳии шоҳиди ҳақгӯй/ ва мустафиз /ҷанбаи назарию амалии байни аҳодиси мутавотир ва фардӣ аст/ мешавад ва пайравони асҳоби ҳадис мутакаллимони Ҳиҷоз-тарафдорони Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р), Молик ибни Анас, Идриси Шофеъӣ, Сӯфёни Саврӣ, Аҳмад ибни Ҳанбал, Довуд ибни Алии Исфаҳонӣ ва дигарон мебошанд ва бино ба маълумоти сарчашмаҳо Муҳаммад ибни Идриси Шофеъӣ гуфтааст: «-Мазҳаби маро бубин, агар хабаре мухолифи он бошад, мазҳаби ман он бувад, ки дар хабар гуфта шудааст». Дар ин хусус, қабл аз ҳама Имоми Аъзам (р) гуфтаанд: «-Ман аввалан ба китоби Худо, яъне, Қуръони маҷид амал мекунам ва баъд аз он ба Аҳодиси шарифи Паёмбараш (с)…».

Асҳоби Ҳадис истифодаи қиёсро рад кардаанд, вале аз миёни эшон Имом Абӯҳанифа /р/ дар ҷавоби эшон гуфтааст: «Илми мо раъй аст ва раъй аҳсани умури мақдури мост» (баъд аз Ҳадис-С.ББ) 53-54.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …