Главная / Илм / АНАЛИЗАТОРҲО

АНАЛИЗАТОРҲО

analizatorАНАЛИЗАТОРҲО, силсилаи ташкилаҳои махсуси асаб дар ҳайвоноти олӣ ва одам, ки ҳодисаҳои дар атроф ва дохили организм ба амал ояндаро дарк, инчунин ахбори қабулкардаро таҳвил мекунад. Мафҳуми А.-ро с. 1909 олими рус И.П. Павлов ба илм дохил намудааст.
Дарки ангезаҳои дохилӣ ва берунӣ дар ретсепторҳо – нӯги торҳои асабҳои марказшитоб (афферентӣ) оғоз меёбад. Ретсепторҳо энергияи ангезандаро ба импулсҳои асаб мегузаронанд, импулсҳо тавассути торҳои асабия ба қисмҳои марказии анализатор ва билохир ба ҷойҳои гуногуни қишри мағзи сар гузаронида мешаванд. Қисми асосии А. ахборро аз атроф қабул мекунанд. Инҳо ба ном А.-и экстеросептивӣ (берунӣ), мас., сомеа, босира, шомма, зоиқа ва ломисаанд. А.-и дигар – интерсептивӣ (дарунӣ) ҳолати муҳити дохилии организмро назорат мекунанд. Дастгоҳи мувозинат, такяву таҳрика ва савияи фишори хун зери таъсири онҳо мебошанд.
Мағзи сар тавассути А. доимо оид ба ҳодисаҳои муҳими биологии ҳам беруни организм ва ҳам дохили он ахбори муфассал ва аниқ гирифта, мувофиқи он «фармон»-и зарурӣ медиҳад. Қонунияти проексияи вусъатёбанда (экстенсивӣ) хосияти мушаххаси А. аст: савияи намояндагии А. ҳар қадар баланд бошад, ба он ҳамон андоза миқдори зиёди унсурҳои асабӣ дохил мешаванд. Унсурҳои асаб дар ретсепторҳо аз ҳама кам ва дар қишри нимкураҳои калон аз ҳама бештар воқеъ гаштаанд; аз ин сабаб қисмҳои болоии асабияи марказӣ қобиланд ахбори расидаро беҳтару саҳеҳтар таҳлил кунанд. Ҳар кадом анализатор дар тамоми савияҳои асабияи марказӣ минтақаи майяни проексияи ретсепторҳои худро дорад. Ин ба таъсири мутақобилаи А.-и гуногун, таҳлили пурратари ахбори қабулшуда ва ба вуҷуд овардани тасвири комили олами беруна имкон медиҳад. Маҳз ягонагии таҳлил ва синтез мувофиқати тасаввуротро бо ҳақиқати воқеӣ таъмин менамояд. Мас., бӯи ҳайвони даррандаро дарк карда (А.-и шомма), овози онро шунида (А.-и сомеа) ё худашро дида (А.-и босира) қурбонии эҳтимолӣ нафақат пайдоиши ҳисси дард ва расидани маълумоти иловагиро мунтазир намешавад, балки вазъиятро пурра тасаввур мекунад ва мувофиқи он амал менамояд.
Дар сурати ихтилоли яке аз А. (иллатёбӣ, беморӣ), ҳамчунин дар ҷараёни машқ имконоти дигар А. васеъ мешавад. Мас., эҳсоси шунавоӣ, ломиса, дарки фишор ва ҳарорат дар нобиноён нисбат ба шахсони бино хубтар инкишоф ёфтааст.
Ад.: Орлов Р.С., Ноздрачев А.Д., Нормальная физиология, М., 2005.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …