Главная / Илм / АНАЛГИН

АНАЛГИН

analginАНАЛГИН (Analginum), доруест, ки таъсири дардбарӣ, табфарорӣ ва зиддиилтиҳобӣ дорад. А.-ро дар мавриди дарди нимсара, бемориҳои шадиди роҳи нафас, зуком, энсефалит, сарсом (менингит), тарбод, зиқи дил таъйин мекунанд. Ҳамчун доруи таскинбахш ҳангоми сардард, дандондард, буғумдард, мушакдард, дардҳои хосияташон илтиҳобӣ кор фармуда мешавад. Дар ҳолатҳои дигар А. мумкин чандон таъсири босамар нарасонад. Вояи истеъмоли А. 0,25 – 1,0 г (рӯзе ду-се маротиба) пеш аз хӯрок ё баъди тановули он аст. Онро пеш аз истеъмол хоида майда кардан лозим.
Барои пурзӯр гаштани таъсир А.-ро ба зери забон мегузоранд (пурра об мешавад). Дар сурати дуру дароз истифода бурдан, А. ба системаи хунгард ва узвҳои хунофар таъсири номатлуб мерасонад. Ҳамчунин имкон дорад, ки дар баъзе ашхос боиси сар задани аллергия шавад. А.-ро дар шакли қурс истеҳсол мекунанд. Доруҳои маъмули омехта бо А. пенталгин ва баралгин мебошанд.

Загрузка...

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБӢ

Сабабҳои тағйирёбии фаслҳои сол. Аз курси табиатшиносӣ мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …