Главная / Гуногун / ҲАНАФИЯ ЧИСТ ВА ҲАНАФИ КИСТ?

ҲАНАФИЯ ЧИСТ ВА ҲАНАФИ КИСТ?

«Шахсияти нотакрори Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) фарзанди арҷманди халқи тоҷик (тоҷикони Афғонистон аз гузари Хоҷагони наздикии шаҳри Кобул) яке аз барҷастатарин намунаи олии инсони комил ва ормонӣ дар таърих ва фарҳанги тамаддуни исломии Шарқ ва ҷаҳон ба шумор меравад, ки шиораш одаму одамият, осоиштагии мардумон ва ҷорӣ кардани адлу инсофи қуръонӣ ва ахлоқу сифати муҳаммадия (с) дар қаламрави ислом буд…».

Эмомалӣ Раҳмон – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

«…Ва Илоҳукум илоҳун воҳидун ло илоҳа илло ҳува-р-раҳмону-р-раҳим». (Яъне: «Худои шумо, Худое аст якто. Худое ҷуз ӯ нест, бахшандаву меҳрубон». Сураи Бақара  ояи 163)

 Агар ба таъбири ҷадиду муосири забоншиносӣ, яъне этимолужия (решашиносӣ, таърихи пайдоиш вожа)-и калимаи «Ҳаниф» (Фарҳанги забони тоҷикӣ; касе, ки дар ақидаи худ, махсусан дар ақидаи динӣ устувор буда, яъне, ба Худо додашуда, ки ба азми худ пойдор аст (104., 731) ва ё «Ҳанифун» назар андозем, вожа – вожаи сӯриёист, яъне, арабист, ки далолат мекунад ба шахсе, ки ботинан мӯътақиди комил аст, ба вуҷуди Худои ягона (монотеист), яъне, шахси муваҳҳид (тавҳидгаро яктопапараст) ва тақводор, ки ботинан бо сидқи беандоза ва имони комил боварӣ дорад, ба вуҷуди Холиқи якто…

Ҳазрати Абӯнӯъмон ибни Хоҷа Собит машҳур ба Имоми Аъзам (р), ки намунаи барҷастаи инсони комил ва дар ҳадди боло муваҳҳид, яъне, ба Худо дода шуда буд, ҳаёти хеш ва ҷони хешро вақфи илми Ҳақ карда буд ва баъди муборизаҳои шадиди равонӣ, бо тӯдаҳои аҳли залолат ва ҷоҳу ҷалол ва чашмдорони бечашм, ӯ бинои шариати ғуррои Муҳаммадия (с), яъне, фиқҳи исломиро пай афканд ва то тавонист, тири ҳақ зиёда бар фарқи сари аҳли ботил, яъне, зоҳирмусулмонон зад, ки зад. Ва аз сӯзиши қалби покаш ӯ, яъне, Имоми Аъзам (р), дар ишқи Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло, ба худ «Абӯҳанифа» куният гузошт ва савганд ёд кард, ба он зоти шариф, ки шоистаи ин кунияти шариф мешавад ва миллионҳо муслиммнро аз паси худ (дар партави Қуръон ва Суннат), бо роҳи беҳини Ҳанафия хоҳад бурд. Аз сабаби он, ки Нӯъмон дар фиққи дини худ устувор буд, олами Ислом ҳам ӯро Абӯҳанифа хондаанд. Ва инак, ҳанафия он мазҳабест, ки Имоми Аъзам (р) таъсис дода аст… Дини мубини Ислом, ки оини беҳтарини Худошиносӣ, худшиносӣ, инсоншиносӣ, башардӯстӣ ва зиндагишиносист, моро аз вуҷуди Худои барҳақу мутлақ огоҳ месозад. Ин дин, ҳамон ойини ҳанафиёни қадим аст, ки ҳамчун дини ҷаҳонӣ, баъди зуҳӯрӣ Паёмбари гиромӣ Ҳазрати Муҳаммад (с) ва нузӯли «Қуръони Маҷид» интишор ва равнақ ёфт.

Вале, на ин, ки бо номи дини ҳанафия, балки бо номи дини Ислом (дини муслимин, – дини шахси мӯъмин ва муслим, яъне, ҳанафӣ ва ин ҷо вожаи «ҳаниф»-у «муслим» ва «мубин» ба як маъниянд, яъне, ба маънои шахс ва ашхоси тавҳидгаро ва содиқ ва сиддиқ ва калимаи «муслим» гунаи дигари вожаи «ҳаниф» аст, ки бар гунаи қаблии хеш бартарияти зиёде, дар талаффуз пайдо кард ва ба унвони дини мусалмонӣ, яъне, мафҳуми «Ислом», яъне таслимшуда интишор ёфт). Ҳанафия гуфта он эътиқод ва равияи парастишу ибодати Худои ягона, яъне, яккахудоиро меноманд, ки Ҳазрати Иброҳими Халилуллоҳ (ъ-с) саромадаш буд (яъне, маҳз ӯ буд, ки бо амру иродаи Парвардигори субҳон, ба бутпарастиву гӯсолапарастии мардуми гумроҳи ҳомиву сомӣ ва эронӣ хотима дод ва ба эшон хабар, аз вуҷуди барҳақи Холиқи мутлақ дод, ки ӯро ва танҳо ӯро, ба покизагиву ибодат метавон шинохт…) ва идомаи ҳақиқии он дини Ислом аст.

Дар китоби «Таърихи Табарӣ»-и Абӯалӣ Муҳаммад ибни Муҳаммади Балъамӣ, оиди зуҳури Ҳазрати Иброҳими Халилуллоҳ (ъ-с) сифатҳои ҷолибе бо фарозмониҳои басо ёдмону тавҳидӣ, ба қалам омадаанд, ки шаммае аз онро зарур медонем, ки дар ин мавзӯъ баён дорем: «…Пас чун вақти Иброҳим Салавотуллоҳи бибуд, мардумони нуҷум (ситорашиносон) гирд омаданд ва Намрудро гуфтанд: «Бад-ин сол андар писаре ояд, ба подшоҳии ту андар, ки ҳама бутон бишканад ва дине дигар орад. Ва ҳалоки ту бар дасти ӯ бувад. Намрӯд ба ҳар хонае занон бигумошт то ҳар куҷо, ки писаре ояд, андар ин сол, ӯро огоҳ кунанд, то ӯро бикушанд. Пас модари Иброҳим салавотуллоҳи алайҳи бор гирифт, ба Иброҳим (ъ-с). Чун шикамаш бузург шуд, падари Иброҳим (ъ-с) ӯро гуфт: «Кошки он фарзанди мо духтаре будӣ, то малик ӯро накуштӣ». Чун вақти бор ниҳодан бибуд, модар ӯро аз падар пинҳон кард ва ӯро гуфт: «Маро писаре омад ва бимурд ва гӯр кардамаш». Падар гуфт: «-Нек кардӣ». Пас ӯро наёраст ба хона андар доштан, баргирифт ва ба кӯҳе бурд ва шикофе (ғор) ба кӯҳ андар пинҳон кард ва санге бар дари он ғор биниҳод ва гуфт: «-Агар инро гурге ё шере бихӯрад, беҳ бувад аз он, ки ӯро пеши ман бикушанд». Ва ҳар вақт модар ба назди ӯ омадӣ ва шир ҳамедодӣ ва нигоҳ ҳамекардӣ. Ва ҳар вақт, ки омадӣ бо худ, ниҳода будӣ, ки ӯ мурда бошад ё даде хӯрда. Чун он ҷо расидӣ, ӯро дидӣ зинда ва ангушт ҳамемакидӣ. Ва Худой ӯро аз он ангушт рӯзӣ ҳаме берун овардӣ. Ва ҳар рӯз чунон, ки кӯдаке ба моҳе биболидӣ, ӯ болидӣ. Ва ёздаҳ моҳ ба ғор андар бимонд ва чандон боло кард, ки кӯдак ёздаҳсола. Пас Иброҳим (ъ-с) модарро гуфт: «-Маро аз ин ҷой берун бар»! Модар биёмад ва ба вақти он ки шафақ (офтоб) фурӯ шуда буд ва шаб торик гашта буд. Ва ӯро аз ғор берун овард. Чун берун омад ва сар бар кард, осмонро дид ва  ситорагонро, бо хештан гуфт ва биандешид, ки «-Ин осмонро бо ситорагон ъало кулли ҳол Худованде аст, ки биофарид». Ва табъи тавҳид ва маърифати Худои Таъоло азза ва ҷалла, ки андар ӯ бирӯста буд.

…Ҳамчунин аз маърифати Худои азза ва ҷалла ва нахустин талаб кардани тавҳид, аз Иброҳим (ъ-с) берун омад, пеш аз он, ки пайғамбарӣ дод, ё касе ӯро биёмӯхт. Ва пас Иброҳим (ъ-с) гуфт: «-Ин ҳамаро, ки ҳаме бинам Худое ҳаст, ки эшонро бароварад ва фурӯ барад ва ин ҳамаро Офаридгор ҳаст». Пас гуфт: «-Инни ваҷҷаҳту ваҷҳи ли-л-лазӣ фатара-с-самовоти вал-арза Ҳанифан ва мо ано мина-л-мушрикин» /яъне: «-Ман рӯй аз ин ҳама бигардондам ва рӯй сӯи он касе ниҳодам, ки Ӯ осмону замин офарид»/. «Ҳанифан», яъне, «тоҳиран» бад-он пок бигаравидам ва бо ӯ анбоз нагирам». Ва ҳам андар он соат дарахти тавҳид ба дили ӯ андар бирӯст / ва дар андешаи ӯ ва рӯҳу равони ӯ, имони ҳанафӣ реша гирифт-С.Б.Б/ 22, 109-111.

…Оре, дар асри ҷоҳилият /пеш аз Ислом/ қавмҳою қабилаҳои Арабистон, аз ҷиҳати мазҳаб бо ҳам ихтилоф доштанд, вале парастиши офтобу ситорагон, дар байни онҳо бештар паҳн будааст. Арабҳо аз он қавмҳое, ки бо онҳо робитаҳои тиҷоратӣ доштанд, худоҳояшонро қабул намуданд ва миқдори худоҳои арабҳо, аз микдори худоёни рӯмиён ва юнониён камтар набуд. Аз навиштаҷоти Ошӯрие, ки ҳафтсол қабл аз Масеҳ иншо шудаанд ва аз катибаҳое /навиштаҳо/, ки аз Сафо ба даст омадаанд, маълум мешавад, ки дар давраи қадим арабҳо, ба олиҳаҳои /санам, бут/ сершумор ибодат намуда, ва чандин муҷассама барои онҳо сохта будаанд. Масалан дар яке аз катибаҳои ошӯрӣ, зимни баёни ҳамлаи Ҳассар-Ҳаддун, ба Арабистон ва бозгашти ӯ аз он ҷо солноманигоре чунин менависад: «-Подшоҳи Араб бо тӯҳфаҳои зиёде дар Ниневия, ба дарбори ман ҳозир гардид, ӯ пои маро бӯсида илтиҷо кард, ки худоёнашро ба ӯ баргардонам. Ман аз ин ҳоли ӯ мутаассир шуда, ҳукм кардам, то муҷассамаҳои худоёни ӯро таъмир ва мадҳу санои худои Ошӯрро дар онҳо кандакорӣ намоянд ва сипас баъди имзо онҳоро ба ӯ баргардонам. Табуа – шоҳдухтари арабро, ки дар қасри ман тарбият шуда буд, ба салтанат барқарор намуда, бо тамоми худоёнаш ба мамлакаташ фиристодам».

Арабҳо агарчи худоёни зиёдеро мепарастиданд, вале маъбуди воҳид ҳам-дар онҳо вуҷуд дошт ва аз баракату тараққии ҳамин ақида буд, ки Паёмбари Ислом /с/ тамоми онҳоро ба парастиши Худои ягона ва барҳақ раҳнамоӣ фармуд ва ваҳдати миллиро таъмин, яъне ваҳдати миллати Иброҳими Халилуллоҳ (ъ.с)-ро пойдор намуд. 59, 13-14.

Дар Арабистон Маъбаде вуҷуд дошт (ва пойбарҷост), ки номи он Каъба буд ва мувофиқи ривоятҳо бинои он ба дасти Иброҳим (ъ-с) ва писараш Исмоил (ъ-с) сурат гирифтааст /дар он ҷое, ки Ҳазрати Одам /ъ-с/ Шиш /ъ-с/ ва Нӯҳ /ъ-с/ маъбад сохта буданд, барои ибодат ва тазкияи ботин-С.Б.Б/. Тамоми қавмҳои нимҷазираи Араб, Каъбаро аз мақомоти муқаддаса шумурда, эҳтироми онро воҷиб медонистанд. Аз дер замоне маълум буд, ки аз атрофу акноф ба зиёрати Маккаи мукаррама меомаданд ва Каъба дар ҳақиқати ҳол бутхонаи худоёни Арабистони пешазисломӣ будааст. Дар замони Паёмбари Ислом /с/ дар он се саду шаст бут мавҷуд буд ва ба қавли аксари таърихчиён сурати Ҳазрати Исо (ъ-с) ва Марям (ъ-с) ҳам дар байни онҳо мавҷуд будааст. Ороиш додани Каъбаро Арабҳо боиси фахри худ мешумориданд. Яҳудиён низ, ки бо арабҳо ҳамнажоданд, Каъбаро мисли арабҳо муқаддас шуморида эҳтиром мекарданд. Нигаҳбонии Каъба, бар дӯши қабилаи Қурайш буд. Бинобар ин қурайшиҳо мавриди таваҷҷӯҳ ва эҳтиромоти омма буданд.

Дар замони Ҳазрати Паёмбар /с/ бисёрии арабҳо, ки байнашон ҷамоати зиёде побанди мазҳаби яҳуд ва насорӣ буданд /ин буд, ки бештари воизон ва тарғиботчиёни ин ду дин байни қабоили Араб гашта, мардумро ба дини хеш даъват мекарданд-С.Б.Б/, Худои воҳидро парастиш менамуданд. Онҳо худашонро «Ҳаниф» /ба худо додашуда, дӯстдоранда ва эътирофкунандаи Худои ягона ва барҳақ-С.Б.Б/ меномиданд, ки дар «Қуръон»-и Паёмбари Ислом /с/ ҳам ҳамин исм мавҷуд аст. Фирқаи мазкур на фақат тавҳидро, ки рукни аъзами Ислом аст, эътироф менамуданд, балки ба рукни дигари Ислом ҳам мӯътақид буданд ва он иборат аст аз таслими инсон барои ризоияти Илоҳӣ /ва маънии -вожаи «Ислом» ҳам ҳамин аст, яъне, таслимшуда-С.Б.Б/. Монанди таслим будани Одам (ъ-с), Нӯҳ (ъ-с) ва Иброҳим (ъ-с) ҳангоми қурбонӣ намудани Исмоил (ъ-с). Аз ин ҷиҳат аст, ки Паёмбар /с/ мефармояд: «Касоне, ки қабл аз ман ҳам гузаштаанд, мусалмон буданд». 58,13,14.

«Ҷамъ гардидани тамоми бутҳои Араб, дар хонаи Каъба масъалаи Иттиҳоди мазҳабиро имконпазир ва ягонагии забонро осон намуд. Дар ҳақиқат вақти он расида буд, ки ваҳдати фикру ақида, дар тамоми мамлакат вуҷуд пайдо кунад».

Ин яке аз масъалаҳои муҳимест, ки ба Паёмбари Ислом /с/ собит шуда буд Паёмбар /с/ фармуданд: «Худои беҳамто ҳамон Худои Иброҳим (ъ-с) тармимгар ва бонии хонаи Каъба аст, ки тамоми арабҳо қабул доранд». Дар замони Паёмбари Ислом /с/ ба таври куллӣ, тамоюлоте ба тарафи иттиҳоди ватанӣ ва мазҳабӣ пайдо шуда буд. 58,13,14.

… Оҳиста-оҳиста, бо гузашти айём ва таҳаввули ангезаҳои волои ботинии башарият /бо иродаи Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло/, фирқаи худоҷӯёни ҷигаркабобу дилсофу бедордил – ҳанафия, ба сурати дини аҳли ҷомиа сабзида расид. Аммо на бо номи дини Ҳанафӣ, балки бо унвони дини Ислом, яъне, ойини мусалмонӣ, ки вожаи «муслим», яъне, ба Худо додашуда, ҳаммаънои калимаи «ҳаниф» буда, ҳарду ба як маъноянд ва гунаи ҳаммаънои якдигаранд. Ва Худованди карим ошкор сохт сифати ҷамоли мутлақи хешро ва бузургии хешро ва фиристод ба навбат ва пасиҳам ҳикматҳои ҷовидона ва бахшандаву бахшояндагии хешро ба инсоният, баҳри наҷоти башарият аз шаррият ва шӯрият…

Ва Исломро армуғон дод ва нузул кард «Қуръон»-и Маҷидро Худованд ва амр намуд /тавассути Ҷибриил ъалайҳиссалом/ ба Паёмбари гиромии хеш Муҳаммади Мустафо /с/, ки «Бигаравед ҳама ба ойини ҷовидонии Исломи барҳақ, ки ин аст ойини саодат, наҷотдиҳандаи башарият ва раҳнамунсозандаи инсоният, ба ҳаёти ҷовидонии пас аз марг».

Оре, Ислом дини мубин ва ягона ва беназир ва барҳақест, ки бурҳони раднопазири он аҳкоми илоҳӣ, возеҳтар 114 сураи муаззам ва муккаррами «Қуръон»-и Маҷид ва аҳодиси Расул (с) мебошад, ки зиёда аз 1400 сол ба ин ҷониб, зиёда аз як миллиарди аҳли ҷомеаи башариро ва кулли бедордилонро ба роҳи рост ҳидоят мекунад ва иншоаллоҳ, боз то ҷовидонаҳо ҳидоят хоҳад кард (яъне, маҷнунҳоро ба дидори дӯст ва Холиқи якто), ҷомеъаи башарро ба сӯи мақсадҳо ва ормонҳои олии инсонӣ…

Худованди мутаъол маҳз тавассути Исломи барҳақ, ки дастуроташ «Қуръон»-и Маҷид ва аҳодиси набавӣ (с) аст, ошкор сохт /бо навидрасон Ҷибриил ъалайҳиссалом/ зоти бе мисли хешро ба рӯи мӯъминин ва муслимин, астаъизубиллоҳ: Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим: «Қул ҳувваллоҳу аҳад, аллоҳу-с-самад, лам ялид ва лам юлад, ва лам якунлаҳу куфуван аҳад». /Яъне: Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон: «Бигӯ ӯст Худои якто, худойе, ки дар ҳоҷат, ба ӯ рӯ кунанд, на зода асту на зодашуда, ва на ҳеҷ кас ҳамтои ӯст» /сураи мубораки «Ал-Ихлос» муштамил ба чаҳор ояи шариф, ки дар Маккаи мукаррама нозил шуда, тарҷумаи Абдулмуҳаммад Оятӣ /8./112/.

… Худованди мутаъол дар Қуръони Маҷид мефармояд, астаъизу биллоҳ». «Мо кона Иброҳиму яҳудиян вало насрониян вало кин кона ҳанифан муслиман, ва мо кона минал мушрикин. Инна авлан-носи би Иброҳима аллазинат-табаъуҳу ва қоланнабийю валлазина оману. Валлоҳу валийюл мӯъминин», «Иброҳим на яҳудӣ буд, на насронӣ буд, балки ҳанафӣ-мусалмон буд. Ва аз мушрикон набуд. Наздиктарин касон ба Иброҳим ҳамоно пайравони ӯ ва ин паёмбар ва мӯъминон ҳастанд. Ва Худо ёвари мӯъминон аст». /Сураи «Оли Имрон» оёти шарифи арқоми 67 ва 68 тарҷумаи Абдулмуҳаммад Оятӣ/ Ҳанафӣ-ба маънии соҳиби дини рост ва муваҳҳид, яъне, ба Худо дода шудааст, дар баробари ширк. Дини ҳазрати Иброҳими Халилуллоҳ ъалайҳисаломро дини ҳанафӣ гӯянд. 12.,2.,67-68/ ва идомаи ҳақиқии он дини Ислом аст…

Оре, барҳақии ин мазҳаб, бар аҳли суннат ва ҷамоат ҳам ба оят, ҳам ба ҳадис ва ҳам шоиста ба дуову дуруд ин аст, ки дар хутбаи дуъойи «Авроди Фатҳия» /яъне, «Авроди шариф»- эҷод ва такмили Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ омада: «…Ҳамд ва сано мар парвардигореро, ки рабби оламиён аст… бар дини фитрати Ислом ва калимоти тавҳидии Қуръон ва бар дини набии мо Ҳазрати Муҳаммад /с/ ва бар миллати ҷадди мо Иброҳими ҳанафӣ, яъне, муваҳҳид ва муслим…».

Ногуфта намонад, ки дар Эрони Бостон ойини маздойӣ буд (ва низ ҳаст, дар боварии иддае аз мардум) то кунун, ки мисли ҳанафия парастиш ва ибодат кардани Худои ягона-Аҳурамаздо /ба забони Каломуллоҳ «Аллоҳ»/ вуҷуд дошт, вале он ҳам мисли яккахудоии яҳудия ва насрония аст, яъне, калаванда. Танҳо ва танҳо Ислом ба зоти худ динест, дини тавҳидгаро, ки Қуръони карим-бурҳони барҳақи он аст, яъне, ба ҷуз Қуръони Маҷид дигар кутуб ҳама мансуханд ва ҳикматномаи Эронӣ -Авасто ҳам, ки он китоби осмонӣ набуда, ниёиши инсон, яъне, Зартушти Испитамон (абармард ва нахустҳакими соҳибкитоб ориёиён, яъне, тоҷдорон-тоҷикон ва кулли ақвоми эронӣ), ба сӯи Худост ва инҷо аз амрҳои, илоҳӣ ҳарфе нест, ки мисли оёти Қуръон бошад.

Ислом пайғамбарии Исо (ъ-с)-ро муссаллам медорад, вале масеҳият /аҳли масеҳ/ ба рисолати Ҳазрати Муҳаммад /с/ иқрор намекунад. Масеҳият дар бораи улуҳият, ба таслис /яъне, «падар, писар ва рӯҳулқудс»-атрибутҳои Худои ягона/ қоил аст, вале Ислом тарафдори тавҳид аст ва ҷуз он ҳама чизро инкор мекунад яъне, тавҳид-тавҳиди комилу барҳақ аст. Ва дар назди муҷассамаи бо номи Исои Масеҳ ва акси Марям муноҷот кардан аз нигоҳи Ислом ширк ва будпарастист…

Масеҳиён Исо /пайғамбари Худоро/ худо медонанд (наъузу биллоҳ) ва иддаои хешро бад-ин тариқ таъкид ва таъйин, мекунанд, ки Исо (ъ-с) дар гаҳвора сухан гуфту мӯъҷизоте овард, ки аз дигарон сохта набуд ва монанди корҳои худоӣ буд/. /Эътироф нанамудани пайғамбарии Ҳазрати Исо ва мӯъҷизи ӯ гуноҳ ва куфр аст. Вале набояд онро, яъне, мӯъҷизоти ӯро корҳои худоӣ номид. Он ҳама мӯъҷизоти ӯ /ъ-м/ ваҳй буданд, аз баракати инояти он Худованди якто, ки Ҳазрати Исо /ъ-м/-ро халқ кардааст. Орифи шаҳир-Ҷунайди Боғдодӣ, дар мунозира ба аҳли яҳуду насоро, дар рӯи Даҷлаи пурталотум намоз гузошт, об ҷойнамози ӯ буд, пас ин каромотро чӣ гуна каромот гӯем? Ва ё пирам Ҳазрати Сайид Ғавсулаъзам Шайх Абдулқодири Гелониро, ки дар як они воҳид сайри олам мекард ва ба даму нафаси муборак бо иродаи Худованд мурдаро зинда мекард…-С.Б.Б 81,26/.

Таърих гувоҳ аст, ки чӣ гуна Расули акрам-афзалул-анбиёъи вал мурсалин Ҳазрати Муҳаммад /с/ бо далелҳои раднопазир ва илму каромот ва мӯъҷизоти бе мисли худододаш масеҳиён ва яҳудиёни дар шинохти зоти бемисл ва ягонаи Худо /«Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳадаҳу ло-шарика-лаҳ, лаҳул мулку ва лаҳул ҳамд»/ калавандаву гумроҳро, ки дунёгароянду зиндагиашон ба ҷуз сармояғундориву ғуссаи шикампуркунӣ, будпарастӣ дигар чизе нест, зери тозиёнаи сахт ва шармсоркунандаи танқид гирифта буд /охир чӣ ҳам метавон гуфт, ба ақли бандаи ҷоҳу ҷалол ва ғофил, ба ҷуз ин мисраи Бедил, ки гуфта: «-Зиндагии ғофилон хобу хаёле беш нест…»., ки дини онон дигарчи мефармояду эшон бошанд, тамоман дигар хел мефаҳманд-С.Б.Б.1/.

Намояндагону пайравони се дин-яҳудияту масеҳият ва дини фитрати Ислом, дар як ҷо гирд омаданд. Масеҳиён бо Муҳаммад /с/ ба муҷодала бархостанд ва баҳсу кашмакаши сахте миёни пайравони се дин рух дод. Яҳудиён аз рӯи инод мункири Пайғамбарии Исову Муҳаммад /с/ буданд ва мегуфтанд, ки Узайр писари худост /наъузубиллоҳ/ Оё Худо писар ҳам дорад? /Масеҳиён бошанд, ба таслис /яъне, падар, писар ва рӯҳулқудс/-у худоии Исо қоил буданд (наъузубиллоҳ). Муҳаммад /с/ ба Худои ягона /яъне, «Ло илоҳа иллаллоҳ»-Яъне, «Нест ҳеҷ маъбуде ба ҷуз Худои ҳақ ва яккаву ягона» даъват мекард ва тарафдори ваҳдату иттисоли маънавии ҷаҳон-аз азал то абад буд. Яҳудиёну масеҳиён аз ӯ мепурсиданд, ки ба кадом як аз пайғамбарон имон дорад. Ва Ӯ (с) ҷавоб медод: «Омано биллоҳи ва мо унзила илайно ва мо унзила ило Иброҳима ва Исмоила ва Исҳоқа ва Яъқуба вал асботи ва мо утия Мӯсо ва Исо ва мо утия-н-набийюна мин раббиҳим ло нуфарриқу байна аҳадин минҳум ва наҳну лаҳу муслимуна» 1/136/,  яъне, /«Ба Худову ба он чи ба мо фиристода ва он чӣ ба Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва фарзандони ӯ нозил сохта ва он чи ба Мӯсову Исо ва сойири пайғамбарони аз ҷониби Худо омада, имон дорем. Миёни ҳеҷ як аз онҳо тафовут намегузорем ва фармонбардору бандаи Худоем» /1/136/ /Пайғамбари Ислом/ аз суханони онҳо он чиро, ки мабнӣ, бар тардиди ягонагии Худо буд, ба сахтӣ рад мекарду мегуфт, ки мундариҷоти китобҳои осмониро таҳриф кардаанд ва ақоиди онҳо мухолифи таълимоти паямбароне ҳаст, ки ба пайғамбариаш иқрор доранд ва он чӣ ӯ овардааст /яъне, худи-Ҳазрати Муҳаммад /с/ ихтилофоте надорад. Зеро рӯҳи таълимоти онҳо ҳақиқати азаливу ҷовидонӣ аст, ки ҳар кас рӯҳи худро аз олоиш пок созад ва аз тамоюлоти онию гузарон канора гирад ва аз қайди авҳому ақоиди кӯҳна раҳо шавад ва ҷаҳонро бо дидаи борикбини соҳибназарон ва бедордилон   бинигарад, он ҳақиқати поку равшан ва соддаро ошкоро ҷилвагар мебинад. 81, 241-242.

Оре, Ҳазрати Расул /с/ барҳаққии дини масеҳ ва паямбарии Исои Масеҳро ва паямбарии Мӯсо (ъ-с)-ро эътироф кардаанд, зеро, ки ин нукот дар Қуръон зикр шудааст. Аммо баъзе аз олимон эътирофи Ҳазрати Муҳаммад /с/-ро тобиши дигар дода, навиштаанд, ки гӯё Расул /с/ қабл аз Ислом ва қабл аз рисолати Паёмбарии хеш, ба масеҳият гаравид ва онро қабул кард.

Файласуфи намоёни охири асри ХIХ-и Рус В.С.Соловьёв менигорад, ки «ҳанӯз дар асри XV Николай Кузанский, /de cribratione Al-Choran/ тасдиқ мекунад, ки Муҳаммад дини масеҳиро аз Сергия ном рӯҳонии насроние, ки дар Макка таълимоти масеҳро паҳн мекард қабул кардааст».98,19. Аммо ин ҷо ҳақиқат дигар аст, ба он далел, ки Ҳазрати Расул /с/ дини масеҳиро эътироф кардааст, на ин ки қабул кардаасту ба он гаравидааст, зеро ки Расул /с/ ҳанафӣ буданд ва ҳанафиён аз насл ба насл дар рӯҳияи эътирофи ҳаётии вуҷуди Холиқи мутлақ (на ин, ки модархудову писархудо…). тарбият ёфтаанд на ин, ки дар рӯҳияи худои инсоншуда ва ё инсони худошуда (наъузубиллоҳ), чуноне, ки аҳли насоро меҳисобанд Паямбар-Исои Масеҳ /ъ-с/-ро. Ҳазрати Муҳаммад /с/ хеле хуб медонист, ки Инҷил чӣ мегӯяд ва Исо чӣ мехоҳад, аммо насоро, ки доим бо Расул /с/ баҳс мекарданд аз баҳсашон аён буда, ки онон ҳама на ба дунболи ҳикмати дини Исоянд  ва на ба дунболи Мӯсо (ъ-с), балки як тӯдаи риёкору рибоъкору гумроҳонанду мушриконанд, ки Худоро вуҷуди заифе меҳисобанд, ки аз барои ислоҳи башарият худро ба сурати Исо табдил дод ва баъд тавлид ёфту баъдан ба ислоҳи ҷомеъаи инсонҳои раҳгумзада пардохт ва оқибат азобе сангин дид ва мехкӯб шуд. На, ҳаргиз ин тавр нест. Худованд банда ва пайғамбараш Исо /ъ-с/-ро ҳамчун, сайид /пешво/ ба одамон халқ ва зуҳӯр кард. Исои Масеҳ /ъ-с/ бандаи Худост-С.Б.Б/.

Ҳанафии содиқ ва ал-ваъд – ал-Амин Ҳазрати Муҳаммад /с/ хуб медонист, ки ба Холиқи яктову қодири беҳамто ва олими сирри вал хафиёт ҳеҷ зарурате нест, ки дар назди махлуқоти офаридааш заиф бошад /барои ислоҳ ё интиқом аз гуноҳ/ ва худро ба ҳар сурат табдил диҳад (наъузубиллоҳ). Ва Худованд дар тамоми китобҳои муқадддас /ба хусус дар Қуръон/ амр кардааст, ки ба роҳи рост биравед то аз зумраи гунаҳгорон набошед, ки фардо азобу уқубат мар шуморост гунаҳгорон. Бинобар ҳамин Расул /с/ медонист, ки Ҳазрати Исо /ъ-с/ ба ҷуз ба ҳайси як паямбари Худо ва як махлуқ, яъне халқкардашуда дигар касе нест. Ва худи Расул /с/ даъвати аҳли яҳуду насороро қатъиян рад карда, ки талабашон буд, ки ба яке аз ин динҳо гаравад, аммо Расул /с/ ин даъвати эшонро қатъиян рад кардааст. Чизи дигар он аст, ки дар давроне, ки оини нахустҳаниф-Ҳазрати Иброҳим /ъ-с/ ва писари ӯ Исмоил /ъ-с/ ҷорӣ буду рисолати паямбарии Иброҳим (ки теша ба решаи бутпарастӣ ва сехудоиву садхудоӣ ва гӯсолапарастӣ зад) маълум, ки ин орзуи деринаи худи ҳанафиён буд, пас чӣ зарурате буд, ки Расул /с/ дини насрониро ва ё оини дигарро қабул кунад. Ҳине, ки нури имони партавафшони тавҳид, дар замири муборакаш намудор буду хабар аз зуҳури наздики дини барҳақ ва нузули «Қуръони Маҷид» медод. Ва дар оғози рисолати Паямбарии хеш худи Расул /с/, дар вақти баҳсу муҷодала бо аҳли насорову яҳуду куффору маҷусу мушрику бутпарасту гӯсолапараст, ҷавоб додааст, ба эшон, ба забони Қуръон, яъне, бо оёти аҳкоми Илоҳӣ: ки «Қул ё айюҳал кофируна. Ло аъбуду мо таъбудуна. Вало антум ъобидуна мо-аъбуд. Вало ана ъобиду-м-мо абадтум. Вало антум ъобидуна-мо-аъбуд. Лакумдийнукум валиядин» /яъне: «Эй расули мо «бигӯ/, ки эй кофирони мушрик. Ман он /бутон/-ро, ки шумо /ба худоӣ/ мепарастед, ҳаргиз немепарастам. Ва шумо ҳам он Худойи яктое, ки ман парастиш мекунам, парастиш намекунед. На ман ҳаргиз худоёни ботили шуморо ъибодат мекунам. Ва на шумо якто Худойи маъбуди маро ъибодат хоҳед кард. Пас инак дин /ширку ҷаҳлу рибоъу фахр/ барои шумо бошад ва дин /тавҳид- ва Худопарастӣ/-и ман ҳам баройи ман /то рӯзе, ки ба амри ҳақ шуморо аз ин ширк баргардонам ва ба роҳи тавҳиди Худо ва худопарастӣ ҳидоят кунам/ «7» Сураи 109/.

Ислом дини фитрат аст ва Қуръони Маҷид, ки амрҳои Худованд аст, моро ҳушдор мекунад, ки ба ҷуз Аллоҳ, яъне, Офаридагори яккаву ягона, дигар ба ягон махлуқи ночиз ва бутҳои бе ҷон саҷда накунем. Танҳо он Худоеро бояд парастид, ки ба мо ҷон ва суратҳо бахшид ва мемиронад ва оқибат зинда мегардонад, пас аз марг ва бад-ин васила муъминонро дар биҳишти анбарсиришт  ҳаёти ҷовидона иноят мекунад.

Худованди карим дар Қуръон, дар сураи мубораки «Юнус» /даҳум сураи Қуръони карим/ 104-ум ояи шариф мефармояд, астаъизу биллоҳ: «Қул ё айюҳанносу ин кунтум фӣ шаккин мин дини фало аъбудул-лазина таъбудуна мин дуниллоҳи вало кин аъбудуллоҳал-лазӣ, ятаваффокум ва умирту ан акуна минал мӯъминин» (яъне: «Бигӯ: «(Эй Муҳаммад) Эй мардум агар шумо дар дини ман тардид доред, ман  чизҳоеро, ки ба ҷойи Аллоҳ мепарастед намепарастам. Ман Аллоҳро мепарастам, ки шуморо мемиронад ва маъмур шудаам, ки аз мӯъминон бошам») /Тарҷумаи Абдулмуҳаммад Оятӣ/ сураи 10-ум, ояи 104.

Ва ҳамчунин Худованд дар 105-ум ояи шарифи сураи мубораки «Юнус» мефармояд, астаъизу биллоҳ: «Ва ан ақим ваҷҳака лид-дини ҳанифан вало такунанна минал мушрикин» /Яъне: «Ба дини ҳаниф рӯй овар ва аз мушрикон мабош»! – Тарҷумаи Абдулмуҳаммад Оятӣ/. 5. сураи 1-уми ояи 105.

Бале, ин амрҳову даъватҳои Ҳақ субҳонаҳу ва таъолост, ки мо инсонҳоро, аз гумроҳӣ ва бандагии нафс /ки аз макрҳои шайтони лаъин аст, барои инкори Ҳақу худоношиносиву худношиносӣ ва парокандагӣ/ нигоҳ медорад. Ин амрҳои Худованд, ба тамоми башарият, яъне, ба тамоми қавмияту халқияту миллати кураи Арз дахл дорад, ки мо агар ба роҳи Худо равонем, пас бояд, ки Худованди яккаву ягонаро, яъне, Офаридагорро бишиносем ва ба ӯ имон оварем.

Сардаргумиву гумроҳии аҳли насоро бад он поя расида, ки баъзе аз эшон то ба он хулосае омадаанд, /яъне, ба ибораи худашон -озодандеш/, ки дини барҳақи масеҳӣ ва паямбарии Исои Масеҳро рад карда «Инҷил»-ро унсурҳои дуздидашуда ва калкашудаи дину ойинҳои Қадима /эрониву яҳудӣ ва сомиву буддоӣ/ номида, худи Исои Масеҳ /ъ-с/-ро як образи бофтаи афсонавӣ номидаанд.

Масалан, нависандаи машҳури Фаронса-Лео Таксилъ /1854-1907/ муаллифи асарҳои «Забавное Евангелие», («Инҷили ғалатӣ») ва «Забавное Евангелие, или жизнъ Иисуса»/ «Инҷили ғалатӣ ва ё зиндагии Исо»/ пас аз мутолиоти зиёди кутуби динӣ, ба хулосае омада, худро шомили гурӯҳи мушрикон қарор дода /ки онро дар оғози китоби дуюмаш гурӯҳи охир, яъне, сеюм номидааст/ навиштааст, ки «…дини масеҳӣ, дини хаёлан бофташудааст ва дини аз унсурҳойи адёну ойинҳои қадимӣ сохташуда аст ва Исову ёрони ӯ инсонҳои ормоние мебошанд, ки одамон хаёлан бофтаву дар бораашон афсонаҳои ғалатӣ эҷод кардаанд, ки касро ба гумроҳӣ мебарад. Исо хоҳ одам бошад хоҳ Худо, ман ба ин боварӣ надорам, дини барҳақ набояд ин тавр бошад…». 59.,3.

Аммо барои мусалмонон мусаллам ин аст, ки /ҳам ба «Қуръон» ва ҳам ба «Ҳадис» ва ҳам ба «Иҷмоъ»/ дини масеҳӣ дини барҳақ, «Инҷил»-«Қудскитоби осмонӣ» /яъне, амру дасгуроти илоҳӣ, ки боз аз ҷониби Худованд китоби «Инҷил»-и Исо (ъ-с), «Таврот»-и Мӯсо (ъ-с) ва «Забӯр»-и Довуд (ъ-с) мансух карда шудаанд/ ва Ҳазрати Исо битни Марям /ъ-с/ яке аз паямбарони барҳаққи тамадунни пешин аст. Ва кулли муслимин имон овардаанд ва савганд ёд кардаанду мӯътақид бар онанд, ки чаҳор китоби муқаддаси илоҳӣ вуҷуд дорад, «Таврот»-и Мусойи Калимуллоҳ, «Забур»-и Довуди Халифатуллоҳ, «Инҷил»-и Исойи Рӯҳуллоҳ /бо ҷамъи авроқе, ки ба номи Иброҳими Халилуллоҳ дар «Аҳди Қадим» аст /ва ҷовидондастур «Фурқон», яъне, «Қуръон»-и Ҳазрати Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу ъалайҳи ва олиҳи ва саллам. Ва бурҳони имони комили муслимин бо иқрори забониву тасдиқи қалбӣ ин аст, ки омада: «Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим-Омантубиллоҳи ва малоикатиҳи ва кутубиҳи ва расулиҳи вал явмил охири вал қадари хайриҳи ва шарриҳи миналлоҳи таъоло ва баъси баъдал мавт» /яъне: Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон «Имон овардам ман, ба Худои таъоло ва ба фариштагони Худо ва ба китобҳои Худо ва ба паёмбарони Худо ва бар рӯзи Қиёмат ва ба тақдири некӣ ва бадӣ, ки аз Худост ва ба зинда шудан, баъд аз мурдан»/ 13,8-14.

Ва имони мустаҳкам доранд, муслимин ба вуҷуди ягона ва бемисли он Холиқи мутлақ ва донойи сирри вал хафиёт: «Омантубиллоҳи камо ҳува биасмоиҳи ва сифотиҳи ва қабилту ҷамиъа аҳкомиҳи ва аркониҳи, иқрорун биллисони ва тасдиқун бил қалби» яъне: «Имон овардам ба Худои таъоло, ба ҳамаи номҳои мубораки ӯ, ки дар Қуръони Маҷид омадааст, бовар кардам ва ҳамаи фармонҳои ӯро қабул намудам ва аз он чи манъ кардааст, боз истодам, бо иқрори забонӣ ва тасдиқи қалбиам /ботинӣ/»13.,8-14.

«Дар Арабистони то исломӣ шахсонеро ҳанафӣ меномиданд, ки ба вуҷуди Худои ягона эътиқод доштанд, вале мансуби ягон дини муайяне набуданд то он замоне, ки Ҳақ таъоло ҷовидонойин ва ҷовидонмактаб-дини Исломро эҳё ва «Қуръон»-ро ба номи Ҳазрати Муҳаммад /с/ нозил кард /Б.Б./ Ҳанафия, яке аз манбаъҳои монотеистӣ-ғоявии дини Ислом аст, ки намояндагони барҷастаи худро дошт.

Мутаассифона /ба ҷуз ривоёт ва оёти «Аҳди қадим», марбут ба Иброҳим /ъ-с/ то ба имрӯз маводе ба дасти аҳли тадқиқ нарасида, ки он битавонад таърихи пурфарози аҳли ба Худододашудагон, яъне ҳанафиёнро пеши мо мунаввар ва ба пуррагӣ, ба ҷилва диҳад. Дар асрҳои VI-VII мелодӣ, ба қабоили мухталифи марбути Араб воизони масеҳӣ ва яҳудӣ аҳён-аҳён, бо аҳодиси ба ин ойинҳо ҷалбкунанда, ба мардум муроҷиат мекарданд. Эшон намояндагон ва аз тарафдорони «яккахудоии номаълум ва калаванда» буданд /яъне, ҳанафияи ибтидоӣ/. Худи Ҳазрати Муҳаммад (с)-у ёронаш ва баъзе мухолифонаш-паямбари худхонда ва қалбакиву бардурӯғ-Мусайлима ва чанде аз зумраи эшон низ ба ҳанафия гаравида буданд…». 50, 34.

Намояндагони чашмраси ҳанафӣ, дар ибтидо инҳо буданд; Саҷҷоҳ, Тулайҳ, Асвад, Мусайлима, Зайд ибни Амр, Усмон, Убайдуллоҳ ва Варқа /ки ба масеҳият дил баста, дар охир пушаймон шудаанд/, ки дар манбаъҳо номи эшон ба назар мерасад. То давраи Ҳазрати Муҳаммад /с/ паёмбарии худро ошкор сохтан, ба мардум, чанд нафар ба худододашудагон, ё худ худоҷӯёне ба мисли ибни Зайд ва ғайра буданд /яъне, гурӯҳе, ки рӯзи Қиёмат на ҳамроҳи қавми масеҳисту на ҳамроҳи қавми яҳудӣ/, ки худро ҳанафӣ меҳисобанд 33, 543. Ҳазрати Муҳаммад /с/ дар ибтидо, дар тарғиби дини Ислом, ба тарзи /яъне, аз рӯи ҳикмат ва суннати Иброҳими Халилуллоҳ-Б.Б/ равияи ҳанафӣ, амал кардааст, ки дар охир натиҷаи хуб дод. Ва дар ҳама ҷо ҳикмати Иброҳим (ъ-с)-ро таблиғ мекарданд ва мардуми атрофу, акнофро ба парастиши Худои ягона даъват мекарданд, дар Арабистони пешазисломӣ, байни аҳли ҳанафӣ, як кӯшиши муттаҳид шудан ва ба ойини ибодат ташкил додани равияи ҳанафия буд.

Чизи дигар ин, ки шуури инсоният то ба дараҷаи дарку фаҳмиши таълимот ва мактаби ҷовидониву ҳамешасабз /ки ҷомеасозу башарислоҳкунанда аст/, ки бояд аз ҷониби Офаридагор армуғон меомад, инкишоф ёфта буд. Ва ҳарчанд, ки дар он асру замон тамаддунҳои пешрафтаи башар ба мисли эрониён /меҳриёну маздоиён, монавиёну зардуштиён/-у юнониён /ҳазорхудоён/, мисриён /гӯсолапарастону бутпарастон/-у яҳӯдиён /бутпарасту говпараст ва баъдан эътирофкунандаи калаванда ва гумроҳ ба Худо/, бобулиёну ҳиндуиёну чиниён /бутпарастон/ ва амсоли эшон буданд, аммо ба иродаи Ҳақ субҳонаҳу ва таъоло, яъне Офаридгори оламу одам, нури маърифати тавҳидгаро аз шинзорҳову мурдарегҳои тафсон ва теппакӯҳҳову даштистонҳои ба сукут рафтаи Араб /ба хусус Ҳиҷоз/ ба оҳистагӣ тулӯъ мекард, то ки сомиҳое ки асрҳо боз /аз замони Одам/ дар як гӯшаи қалби хеш меҳр ва бовариву имон ба Худойи ягонаро парвариш медоданд, ба якборагӣ, то ба ҷовидонаҳо мунаввар созад ва бад-ин васила оташи ишқи ҷонфизо дар қалби бедордилони кулли аҳли башар ниҳад…

«Ва ҷомеаи арабии асри VI-и мелодиро идеологияе /тафаккур/ лозим буд, ки қабойили парокандаву даштиро ба ҳам орад, то ки бад-ин васила таммадуни наве қомат рост кунад. Ин идеология мебоист фақат дин бошад, зеро, ки танҳо тавассути тафаккури ба қалбҳо оташангезу муттаҳидкунанда мумкин аст, ки маккиёни худоҷӯро ва кулли аъробро ба ҳам овард, бо иродаи Ҳақ… Барои эҳёи тафаккури тоза ва ҷустуҷӯи дини барҳак, ки битавонад Худованди ягонаро ба мардум ошкор кунад, як иддае аз маккаиёни Худоҷӯ ҷадалҳо мекарданд, ки эшонро ҳанафиён мегуфтанд.

Ҳазрати Муҳаммад /с/ ҳанафиёнро /худ низ аз зумраи дудмони аҳли ҳанафӣ буд/ хеле эҳтиром мекард махсусан эҳтироми ӯ-салъам ба Ҳазрати Иброҳим, Исмоил, Исҳоқ, Яъқуб, Солеҳ ва ғайра ъалайҳимо салом, беандоза буд-С.Б.Б /зеро эшон, ба он гурӯҳи Худоҷӯ ва Худопарасте маҳсуб мешуданд, ки гузаштагонашон бо эҳтирому эътирофи як вуҷуде мутлақ зист мекарданд ва ба ҳаёти ҷовидонии пас аз маргӣ имон доштанд, ки ин ақидаашон наздик буд, ба динҳои яҳӯдиён ва масеҳият «90.,76-78»/.

Ва дар охир Ҳазрати Муҳаммад /с/ дар асоси тариқати ҳанафия ҷамоаи ибтидоии диниро ташкил кард, ки ба пайдоиш ва тавлиди дини Ислом сабаб шуд ва асос гузошт. Худованде, ки аз рӯи тасаввуроти ҳанафии Ҳазрати Муҳаммад /с/ парастиш мешуд, бо таъбири Раҳмон /бахшанда/ ном бурда мешуд, ки дар «Қуръон», дар сураи «ар-Раҳмон» муфассал баён шудааст /баъдан аз рӯи таълимоти Қуръон дар Ислом Худовандро бештар бо номи Аллоҳ/ ва дигар исмҳои муаззами Ҳақ таъоло 99исми Аллоҳ таъоло С.Б.Б/-ро зикр мекардагӣ шуданд». 51, 44-306.

Дар давраи то исломӣ, дар Арабистон «ҳаниф» гуфта шахсони алоҳидаи парастандаи Худои ягонаро мегуфтанд, ки онҳо урфу одатҳои худро доштанд ва бо динҳои масеҳӣ ва яҳӯди ягон робитае надоштанд.

Дар Қуръон нахустҳаниф Иброҳим /ъ-с/ аст, ки дар асоси равияи он Ҳазрати Муҳаммад /с/ ойини ҷадиду ҷовидонаи Исломро созмон дод, ки муқобили динҳои бисёрхудоии қадим, дини арабҳои бутпарасти қадим ва динҳои яккахудоии калавандаи эронӣ, яҳӯдӣ ва насронист. Ва ҳатто ишорате ҳам ҳаст, ки Иброҳим на аз қавми яҳуд асту на аз қавми насронӣ. Вожаи «ҳаниф» дар оёти аксари сураҳои Қуръон ба чашм мехӯрад, ки дар Мадина нозили онҳо ба вуқӯъ пайваста шуда буд, ҳамчун муродиф, яъне синоними «муслим» ва ҳар ҷо, ки номи Иброҳим аст он ҷо низ «Иброҳим, ҳанифан, муслиман» ҳукм шуда. Аз асри YIII-IX сар карда, дар адабиёти динӣ, вожаи «муслим» ва «мусалмон», ба ҳукми анъана даромад. Синоними ё худ муродиф ва гунаи дигари ҳанафия – вожаи «Ислом», дар байни ин рӯҳониён ва дар асарҳои уламо анъана гардид ва номи ойини ҳанафия, бо унвони дини Ислом, яъне, ойини муслимин, ба амри қонун даромад. Термини «ҳанафӣ», танҳо дар доираи сӯфиёне бештар ба кор мерафт, ки мутааллиқи ин равия буданд, аммо дар асл дини мубини Ислом, ин ҳамон ойини ҳанафист. Ва Имоми Аъзами сӯфии Кӯфӣ, аз ин хотир аст, ки ба худ «Абӯҳанифа» куният дод, бо амри дили огоҳаш-С.Б.Б). 49-273.

«Ойини миллии ақвоми пеш аз исломии Араб, дар давраи заҳӯри Ҳазрати Муҳаммад /с/ эътибори пешинаи худро оҳиста-оҳиста аз даст дод ва танҳо бо нишонаҳои мифологии худ, дар андеши қабоили мухталифи Араб боқӣ монд, ки онҳо танҳо кӯҳнашудаи қурбон кардани инсон /аниқтараш фарзанд/ дар мавзеъҳои барои Аъроб муқаддас буду халос. Аммо, баъзе аз қабоили қисмати шимолии Арабистон, андешаву ормонҳо ва бовариҳои хешро аз насл ба насл нигоҳ дошта меомаданд, ки ин боиси он мегашт, ки эшон, ба зиндагӣ ва ба Офаридагори номаълум, ба таври эҳтиром андеша бикунанд. Инро дар мисоли Бани Узро дидан мумкин аст, ки байни онон ҳатто масъалае ҳам буд, ки мегуфтанд-«Онҳо /яъне, Бани Узро/ мемиранд ва ба он ҳангом, ки дӯст медоранд». 98-19, 21-23».

Мубориза баҳри ҳаёт ва рӯ ба рӯ омадан, ба мушкилоти рӯзгор ва қувваҳои ободкор ва низ харобкории табиат, қабоили шимолии арабро водор месохт, ки перомуни Офаридгор зиёд андеша ронанд, зеро, ки ойин ва русуми кӯҳна ва қабилавии эшон дигар ҷавобгӯи суолҳояшон набуданд. Бо он меҳри самимие, ки (дар тӯли солҳо аз насл ба насл меомад), нисбати Офаридгори ягонаи олам, дар сина мепарвариданд, қабоили даштситони Араб, ба сӯи Қуллаи мурод, ба оҳистагӣ қадам мезаданд. Зуҳӯри Иброҳими ҳанафӣ саломуллоҳ /монотеист, тавҳидгаро парастанда ва эътирофкунандаи Худои якка ва ягона/ ва писари ӯ Исмоил (ъ-с) оташе сӯзон дар қалби аъроби ҷӯёи ҳақиқат зад ва ҳама бутҳоро бишикасту бутхонаҳоро бисӯхту оташ заду фурӯ рехт. Ва қурбонӣ кардани фарзанд, дар қурбонгоҳ ҳам, бо ҳамин ба охир расид ва аз ҷониби Худованд мӯҳри хотима, ба ин суннати кӯҳан зада шуд. Ва минбаъд мардум ба ҷои инсон чорвои ҳалол /гӯсфанд, гову буз, шутурро ва ғайраҳоро/ баҳри Худованд қурбонӣ мекардагӣ шуданд, ки он Ҳам аз суннати Иброҳим аст, ки ба ҷои Исмоил, Худованд ба ӯ гӯсфанди кабуди биҳиштӣ армуғон дод. /Албатта ин ҷо қурбон кардани Иброҳим /ъ-с/ мар писари худ Исмоил /ъ-с/-ро розест дигар, ки ба амри Ҳақ буд, барои озмоиши ӯ, яъне, Иброҳим, дар роҳи дарки ҳастии-Худо, бандагӣ ба ҷой овардан ва сар напечидан аз амри илоҳӣ имон ба Ӯ ҷалла ҷалолаҳу ва меҳру садоқат, нисбати ӯ вуҷуди мутлақи Офаридгор, тазкияи ботин, шукру фақр, тақвову вараъ ва маҳви шайтон-С.Б.Б/.

Ба ин хотир аст, ки асосгузори ойину расми яктопарастӣ, яъне, тавҳидгаро ва ё худ ҳанафӣ, баъди Одам ва Нӯҳ (ъ-с) Иброҳим ва писари ӯ Исмоил /ъ-с/ маҳсуб мешаванд. Дар баробари ин ҳар қабоили Араб, боз ба иборае паёмбаре доштанд, ки онҳоро бо роҳе наздик, ба ойини ҳанафӣ мебурд; мисли Солеҳ, Ҳуд, Нӯҳ ва Шуъайб /дар бораи аҳли Мадина ва атрофи он / ва ғайра.

Хулоса, ҷаҳонбинии динии аҳли сомӣ рӯз ба рӯз, моҳ ба моҳ ва сол ба сол инкишоф меёфт, ки меёфт ва боварии эшон нисбати вуҷуди Холиқи мутлақ зиёд мешуд. Ва дар оқибат ин кӯшиш ба он оварда расонд, ки онҳо минбаъд ҳам, дар бораи Худои ягона ва ҳам дар бораи қосиди Худованд фикр меардагӣ шуданд. Онҳо боварӣ доштанд, ки Худои онҳо ҳаст ва ӯ рӯзе ба эшон Пайғамбарро бо фармонҳояш, ки дар як китоб ҷамъ оварда шудааст, мефиристад. Сомиҳои асил чунин ақида доштанд, ки дини асосӣ ва ҷовидона он динест, ки фиристодаи Худо ва китоби муқаддасро дошта бошад. Дини Иброҳим ҳарчанд тараннумкунандаи ҳанафӣ бошад ҳам, вале он дине буд, иборат аз суннатҳои мухталифи динӣ, ки онро ҳам аҳли насоро ва ҳам яҳудия қабул доштанд. Аъроб, ки ба нияти эҳёи дини яккахудоии барҳақ ҷадал мекарданд, боз чашминтизор буданд ва боварӣ доштанд, ки ба ғайр аз Иброҳим ва чанд пора авроқи навиштаҷоти муқаддаси ӯ дер ё зуд фиристодаи дигаре бо китоби бузург хоҳад омад, ки давоми пайғомҳои Иброҳим хоҳад буд. Ба ин хотир бозрасони он китоб барои эшон яъне, барои ҳанафиёни пешазисломӣ, хеле зарур буд. Назар ба дигар қабойили Араб, аҳли қурайш, ба ойини ҳанафии хеш сахт мӯътақид буданд ва бесаброна интизори навид ва пайғоми тозаи Худованди ягонаи хеш буданд, ки ҳатто ӯро мудом бо номи «Раҳмон» ёд мекарданд. 98., 19-21.

Дар ин бора таърихнигор ва солноманависи барҷастаи олами исломӣ Ибни Исҳоқ ривояте меорад, ки чунин аст: «Рӯзе иддае аз қурайшиён, дар назди Каъба – дар атрофи яке аз бутҳои худ, ки он ҷо ҷои қурбонгоҳи эшон буд, ҷамъ омаданд. Ва қурбониҳо карданд. Ҳар соле як маротиба, аҳли Қурайш, дар ин макон ҷамъ меомаданд ва баъди қурбонӣ, ҷаласае меоростанд ва гоҳе мешуд, ки ҷашн ҳам меоростанд. Дар ҳангоми таҷлили яке аз ин гуна ҷашн, чаҳор нафар аз мардони Қурайш, аз ҷашнгоҳ номаълум, ба гӯшае рафтанд ва дур аз чашму гӯши мардум, бо ҳам сӯҳбати хосае оростанд, ки сӯҳбати эшон барои дигарон ғалатӣ мёнамуд. Инҳо: Варқа писари Нӯъфал, Усмон Ибни Ҳувайрис, Убайдуллоҳ-писари амӯйи Ҳазрати Муҳаммад /с/, яъне, писарамаки Ӯ (с) ва Зайд ибни Амр буданд. Онон байни худ мегуфтанд: «-Эй ҳамқавмон, аҳли Қурайш, дар ҳолати сардаргумӣ ва бесару сомонӣ қарор доранд, онҳо дини барҳақи Иброҳимро дуруст дарк накардаанд ва худи мо ҳам анқариб дар ҳамин ҳолатем. Дини Иброҳимро таҳриф пашояд. То ба кай мо гирди ин санг /Каъба/ мисли онон давр мегардем, ки он на ҳарфҳои моро мефаҳмаду на бо мо ҳарф мезанад ва аз дасти ин санг ягон нишонаи бад ё неке ҳам ба вуқӯъ намеояд. Пас баҳри чӣ зарурате мову шумо аз паси эшон, дар гардиши гирди ин сангем? Моро ҳиҷрат мебояд, то бошад, ки бад ин тариқи кор дине ва ҳақиқате шойистатар пайдо кунем». Ва бо ин ният он чаҳор ҷавонмард, ба саёҳати ақсойи олам баромаданд, то ки бозҷӯ кунанд, ойини ҳанафӣ, яъне дини ҳаққонии Иброҳимро. Аз ин чор тан се нафарашон, яъне, Варқа /хеши наздики Ҳазрати Муҳаммад /с/-додарзодаи Хадича-зани Паёмбар (с), ки барои ӯ ягон монеаи интизорӣ, ба пайғоми Муҳаммад /с/ ва рисолати ӯ набуд, вале андешаи калавандагӣ ва гумроҳӣ, ӯро водор сохт, ки ба масеҳият гаравад /Убайдуллоҳ-писари амаки Паёмбар/ ва Усмон ҳам дини Масеҳро қабул карданд. Чаҳорумини эшон Зайд, аз дини масеҳият ҳам ягон манфиату муроди дили хешро ёфта натавонист. Ва ҳамчун ҳанафии содиқ, яъне, чуноне, ки қабл аз сафараш буд, ба Макка баргашт. Ҳазрати Муҳаммад /с/ дар овони хурдсолӣ ӯро мудом дар назди Каъба медид, ки мардумро ваъз мегуфт ва эшонро аз ойини бутпарастӣ, ба сӯи ҳақиқат, яъне, ба дини Иброҳим (ъ-с) ҷалб ва даъват мекард ва мегуфт: «-Қасам ба номи оне, ки риштаи ҳаёти ман дар дасти ӯст, аз байни Шумо ман нафаре ҳастам, ки муътақидам ба дини Иброҳимӣ». Вале чизи дигар ин ки Зайд ба ғайр аз ваъзу зӯҳду паймонҳои хеш, камбудиҳои роҳи интихобкарда ва дини баргузидаи худро ошкоро баён мекард ва бад-он қойил буд, ки ин ойин наметавонад ҷавобгӯи кулли ормонҳои инсоният бошад ва мегуфт: «-Худоё, Худовандо! Агар ман медонистам, ки чӣ гуна ибодат шоистаи туст ва чӣ гуна парастидан қабули хотири туст, ман ҳоли ҳозир онро қабул мекардам, вале афсӯс, он чӣ гуна аст, ман ҳоло намедонам». 98,19-21».

Зайд ин бор азми сафар ба худ ихтиёр кард ва ба сӯи Миср раҳсипор гардид. Дар ҳини бозгашт, ба ӯ хабаре расид, ки Ҳазрати Муҳаммад /с/ мардумро ба дини нав /ба дини ҷовидона, ба он дине, ки мардум интизораш буданд/ ба ҳақиқати мутлақ даъват дорад ва ӯст он Пайгамбари Худо /с/, ки мардум орзуяш мекарданд. Зайд барои фаҳмидани ҳақиқати ҳол (маҷнунвор) ба сӯи Ҳиҷоз шитофт, вале ӯро дар роҳ /норасида ба мақсад /роҳзанони ҷоҳил ба қатл расониданд. Зайд таълимоти худро на танҳо ба тарзи шифоҳӣ /перепатикӣ-машшоъӣ, ки хоси ҳакимони юнонист-С.Б.Б/, яъне, сӯҳбат, балки ба воситаи шеърҳояш низ, ки тавассути муаррихон то ба рӯзгори мо омада расидаанд /оре Зайд ибни Амр, яке аз аввалин саромадони шеъри классикии адабиёти Араб ба ҳисоб меравад-С.Б.Б/ баён доштаву медошт. Ӯ ҳам бо сухан ва ҳам бо қалам зидди ойини бемӯҳтавову беманшаъи бутпарастӣ ва суннатҳои вулгаронаи ақвоми Араб баромад карда, мардумро ба Худои ягона ба-ойини парастиши он Худои ягона, ба дини Иброҳими ҳанафӣ даъват мекард.

Ҳазрати Муҳаммад /с/ Зайдро хеле таърифу тавсиф мекард ва ӯро ҳамчун як фарди ҳидояткунандаи мардум, ба ойини Иброҳим (ъ-с) хеле эҳтиром мекард, Ва /аз рӯи маълумотҳо ва Ҳадис/ боре Муҳаммад /с/ ҳини як баромади хеш, ба мардум рӯ оварду гуфт: «-Дар рӯзи Ҳашр, (яъне, қиёмат ё худ явмул ҷазо) Зайд ибни Амр, танҳо худаш савоби як ҷамоаи ибодатхонаи ҷомеъро ташкил ва дар симои худ таҷассум мекунад «98, 21-23.

Чуноне, ки гуфтем, синоним ё худ муродиф ва гунаи дигари ҳанафия «Ислом» /аз «муслим»-таслимшуда/ дар байни рӯҳониён ва дар асарҳои уламо анъана гардид, зиёда истифода шуд ва номи ойини ҳанафия, бо унвони дини Ислом, яъне, ойини муслимин, ба амри қонун даромад. Термини «ҳанафӣ» танҳо дар доираи сӯфиёне бештар ба кор мерафт, ки мутааллиқи ин равия буданд.

Ва Худованди Карим дар «Қуръони Маҷид», дар ояти шарифи панҷуми сураи мубораки «Баййина» мефармояд; Астаъизу биллоҳ; «…Ва мо умиру илло лияъбудуллоҳа мухлисийна, лаҳуддийна, ҳунафоа ва юқимуссалота ва юътуззакота ва золика дийнул қаййима…». /яъне: Ва /дар китоби осмонӣ/ амр нашуданд, магар бар ин, ки Худоро ба ихлоси комил /бе ширку ифрот/ дар дин /Ислом/ парастиш кунанд ва аз ғайри дини ҳақ рӯй гардонанд ва намоз ба по доранд ва закоти фақирон бидиҳанд /6 /98-5/, ки ин аст ойин ва роҳи шинохти Худо ва ин аст Исломи барҳақ ва ин аст, шойистамазҳаб ва афзалулмазҳаб-ҳанафия, ки мазҳаби адлу дод асту ҳидояткунандаи роҳи рост ва эҳтироми фақирон. Ва ҳақ гуфта Расули акрам /с/, ки: «-Мӯъмин бародари мӯъмин аст»…

Чуноне, ки гуфта шуд ҳанафия ҳамоно таълимоти мактаби намоёни Худошиносӣ ва диншиносиву диндории ҳанафиён, яъне, тавҳидгароён аст. Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ мазҳаби хешро маҳз дар партави Қуръон ва Суннат ва дар роҳу тариқати фирқаи гузаштагони муваҳҳид – ҳанафия созмон дод. Бинои бегазанди фиқҳи исломиро дар партави Қуръон ва Суннат, нахустин бор, дар таърихи Ислом пай афканд, ки ин ормони Расуллоҳ – /с/ буд ва бо амри дил, ба худ «Абӯҳанифа» (падар ва пешвойи тавҳидгароёну умматони Расулуллоҳ (с))  куният дод. Ва баъди даргузашти ин пешвойи аҳли тавҳид, шогирдон номи мазҳабашонро «Ҳанафия» номиданд.

Бале, пас аз фавти пешвои аҳли суннат ва ҷамоат ва вориси ҳақиқии Расул /с/ – Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/, ки яке аз барҷастатарин шахсияти ирфонӣ ва намунаи басо олии инсони комил ва ормонӣ, ва ҳанафӣ, дар таърихи дин ва илму ҳикмати башарӣ маҳсуб мешуд ва мешавад, шогирдону пайравонаш ва кубарои ҷамъи ӯ ва бузургтарин уламои аҳди, ӯ, он фирқаи аҳли тавҳидро, ки худи Абӯнуъмон ибни Хоҷа Собити дар ҳадди боло муваҳҳид /яъне, «Абӯҳанифа», яъне, «падар ва пешвойи аҳли тавҳид» ё ин ки «падар-пешвойи фирқаи ба худодашудагон/ таъсис намуда буд, ба номи ӯ /яъне, номи мактаб-мазҳаби ӯро аз кунияти ӯ-«Абӯҳанифа» баргирифтанд/ яъне, аниқтараш, дар асоси кунияташ-Абӯҳанифа, мазҳаби таъсиснамудаи ӯро «Ҳанафия» номгузорӣ карданд. Ки мазҳаби ӯ, дар партави Қуръон ва Суннат, яъне, дар асоси Каломуллоҳ ва Аҳодиси набавӣ /с/ ва дар асоси афкору андешаи малакутии Имоми Аъзам /р/ ва асҳобу тобиъин ва кубарову орои шогирдонаш созмон ва созгор дода шудааст, ки дар ҳақиқат мазҳаби муҳаззаби аҳли тавҳид аст…».

Дар таҳия, такмил, тарғиб ва ривоҷу интишор ёфтани мазҳаби ҳанафия, дар давраи исломӣ /ки асосгузори ин мазҳаби расмӣ, мутафаккири камназир ва шаҳири асри VIII Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит-ибни Қайс ибни Марзбон-ал-Форсӣ разиаллоҳу анҳум аст/, шогирдони Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/-Абӯюсуфи Яъқуб, Абӯмутеъи Балхӣ, писараш Ҳаммод ибни Абӯҳанифа /р/, Имом Муҳаммад, Абӯмуқотили Самарқандӣ, Абӯлайси Самарқандӣ, Абдуллоҳ ибни Муборак, Мотиридии Самарқандӣ Имом Зуфар ва ғайра содиқона амал карданд, ки дар як муддати мадид мазҳаби мазкур дар байни муслимин тарафдорони зиёде пайдо намуд. «Мазҳаби ҳанафӣ, дар асри VIII, дар Ироқ ба вуҷуд /расман/ омада, аниқтараш дар шаҳри Кӯфа ва минбаъд дар Шарқ густариш ёфт. Шаҳри Бағдод маркази маъмурии ҳанафиён гардид ва дар Хуросону Мовароуннаҳр /Осиёи Миёна/ ба нуқтаи олии нашъунамоаш расид « 52., 124. Афкори пешқадам ва роҳи мазҳаби пурфурӯғи фақеҳи кабир /фақеҳ гуфта илоҳиётшинос ва ҳуқуқшиноси варзидаи Исломро гӯянд, ки донандаи хуби қоидаву қонунҳои шаръӣ мебошад/, пири аҳли фиқҳ Абӯҳанифа /р/ роҳи миллионҳо муслиминро мунаввар гардондаву мегардонад. Баъд аз Имоми Аъзам /р/ разиаллоҳу анҳу шогирдон ва асҳобашон кори эшонро давом додаанд.

*Дар китоби «Мӯъҷамул мусаннифин» низ омада, ки аз Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) ин асарҳо боқӣ мондаанд: «Китобассалот» (оиди намоз); «Китоб-ал-маносик» (Китоби Ҳаҷ); «Китоб-аш-шурут», «Китоб-ал-фароиз» (оиди мерос), «Китоб-ал-олим-вал мутааллим» (оид ба устод ва шогирд); «Китоб-ал-фиқҳ-ал-акбар» ва «Китоб-ал-васия», яъне ҷамъи ин ҳафт асарро ба Имоми Аъзам мансуб донистаанд.

Шояд хонандаи азизро чунин суоле дар сари муборак пайдо шуда бошад, ки пас сабаб чӣ буда, ки Имоми Аъзам Нӯъмон ибни Хоҷа Собит /падараш аз муридон ва ҳамсӯҳбатони Мавло Алӣ саломуллоҳу алайҳ буд/ ба худ «Абӯҳанифа»-куният дода аст. Мо дар аввали ин бахши навиштаҳо дар бораи маънии вожаи «ҳаниф» /яъне, ҳамон «муслим» ва «мубин»/ басо муфассал сухан баён доштем ва ин ҷо ҳоҷат ба такрори дубора нест. Ва аз назари мо ҷавоби возеҳу саҳеҳ нисбати иллати ба худ «Абӯҳанифа»-куният гирифтани Ҳазрати Абӯнӯъмон Имоми Аъзам /р/ ин аст, ки ӯ, яъне, Имоми Аъзам /р/ яке аз бузургтарин ва ноёбтарин шахсияти ирфонӣ ва маҷнуни ҷамоли Ҳақ буд, ки имони басо комил, ба вуҷуди Холиқи мутлақ ва ба дини мубини барҳақи Ислом, яъне, шариъати ғурройи Муҳаммад /с/-ия дошт ва инсони комил буду мусалмони фозил ва гаравида буд ба дини ҳақ, ки фирқаи аҳли тавҳид аст ва он муҳаббате, ки ба Худованди якка ва ягона /ҷалла ҷалолаҳу/ дошт, ба худ «Абӯҳанифа» /яъне, «пешвойи аҳли тавҳид»/ куният ихтиёр кард; ки ин интихоботи куният ҳам, аз илҳоми Худодод ва андешаву каромоти худи Имоми Аъзам /р/ аст, ки аз олами ғайбӣ бо садойи ҳотифе, ба гӯши ҷону мағзи андешааш армуғон шуда, ки: «-Эй Абӯнӯъмон ибни Собит, туӣ сазовори куният ба «Абӯҳанифа» ва муборак аст бар ту ин кунияти шариф, ки ту Имоми барҳақи аҳли суннат ва ҷамоат ва раҳнамойи умматони Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаъин ҳастӣ ва хоҳӣ буд. Иброҳими Ҳаниф /ъ-с/ хонаи Каъбаро бино намуд, ту эй Абӯҳанифа пай афкандӣ дар партави Қуръон ва Суннат бинои шариатро»

Дар китоби «Маноқиби Имоми Аъзам» /р/ тарҷумаи форсии китоби Ҳазрати қутбул авлиёъ Имом Ал-Ҳармайни шарифайн Мавлавӣ-Шайх Шаҳобуддин Аҳмад ибни Ҳаҷар Ал-Ҳайтамӣ Ал-Маккиӣ раҳматуллоҳи алайҳ, бо номи «Ал-Хайрот-ал-ҳисон фӣ-маноқиб Ал-Имом Ал-Аъзам Абӯҳанифа Ан-Нӯъмон», ба тақдим ва таҳқиқи Шайх Халил Ал-Майс – мудири Ал-Азҳари Лубнон, ба тарҷумаи Абдурраӯфи Мухлис, чопи Лубнон соли 1377-и хурдодмоҳ, саҳ.43-44., дар бораи сабаби ба худ кунияи шарифи «Абӯҳанифа»-ро гирифтани Имоми Аъзам /р/ омада: «-Ҳамчунин тазкиранигорон иттифоқи назар доранд, бар ин, ки кунияти Имоми Аъзам-«Абӯҳанифа», муаннаси «ҳаниф», аст, ки ба маънии «обид» ё «мусалмон» мебошад, зеро «ҳаниф», яъне, «майл», ва «муслим», яъне, гароянда, ба сӯи дини ҳақ, мебошад.

Ва гуфтаанд, ки сабаби такнияи Имоми Аъзам, ба ин куният он буд, ки эшон ҳамеша давотеро истеъмол мекарданд, ки дар лаҳҷаи аҳолии Ироқ ба номи «ҳанифа» номида мешавад.

Ва баъзе дигар гуфтаанд, ки Имоми Аъзам /р/ духтаре доштааст, бо номи Ҳанифа ва сабаби кунияи эшон ба «Абӯҳанифа» низ ҳамин буд, аммо ин нуқтаи назар рад шудааст ба ин ки Имоми Аъзам /р/ дар ҳадди иттилоъ аз ғайри Ҳаммод, ҳеҷ фарзанди духтар ё писаре дигар надоштаанд. Яъне, эшон танҳо як писаре бо номи Ҳаммод доштанд ва эшонро ҳеҷ як духтаре набуд.

Хатиби Бағдодӣ ва ғайри он бо санаде мунқатеъ, аз Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ ривоят кардаанд, ки фармуд: «-Баъд аз ман касе кунияамро ихтиёр намекунад, магар ин ки Маҷнун бошад».- Раввот /ровиён/ мегӯянд: -Аз ин рӯ, баъд аз эшон чанд танро дидем, ки ин куниятро интихоб карданд ва хирадҳои ҳамагишон заиф буд. Аммо, дар радди ин ривояти заиф гуфта шудааст, ки: -Наздик ба се тан аз аимаи уламои Ислом, баъд аз Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ ин кунияти мазкурро ихтиёр намуданд, ҳамчун Абӯҳанифаи Атқонӣ /р/ ва Абӯҳанифаи Динаварӣ /р/, ки саромадони аҳли хирад ва дониши рӯзгори хеш буданд. Аммо таърих қабл аз Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ чеҳраи саршиноси дигареро бо ин кунияти шариф муаррифӣ накардааст. Муаллифи китоб мегӯяд: – «Ба ҷуз чанд тан аз тобиъини ғайримашҳур, ки ман асомии эшонро ёфтаам» /Ҳайтамӣ/ 43-44.

Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа дар замони Халифа Абдулмалик ибни Марвон ба дунё омадааст. Зиндагии Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ саропо ибратбахш, барои тамаддуни имрӯз аст. «Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ он шахсияти сиёсӣ ва иҷтимоист, ки дар зиндон, дар роҳи хидмати Ислом ва тарғиби суннат, яъне, аҳодису афкори Пайғамбар /с/, тавсифи хулафо ва пуштибонии фақирон ҷон супурд» 97,39. Ӯ ориф ва сӯфии бузург буд ва шуҷоатмандона, дар ҳар анҷуман, бо фатвойи раднопазири хеш мушкили уламо ва мардуми оддиро ҳал мекард. Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ зиёдтар ба ибодат машғул буд, чиҳил сол, ӯ на шаб хоб дошту на рӯз, ба вузӯъи /таҳорат/ пок намоз мегузорид, дар хуфтан ва бомдодон зиёд зикру муноҷот мекард «ҳангоми самоъи оёти азоб то ҳадде мегирист, ки ҳамсоягон ба ҳоли ӯ дил месӯхтанд /Худо рӯҳашро шод дорад/» 97, 39-40.

Пешвойи аҳли суннат ва ҷамоъат, фақеҳи кабир ва имому ҳакими камназир Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ бештари назариёти хешро ба шогирдони худ, ба тарзи шифоҳӣ баён мекард /мисли ҳакимони эронӣ ва машшоъиён ё худ перепатикҳои юнонӣ/.

Қисмате аз мероси илмии Абӯҳанифа /р/ дар шакли ҳадис, гузориш ҳикмат, андеша, эроду танқид, ҷавобия, яъне, ба сурати мутафарриқа, тавассути асарҳои шогирдони фақеҳ ва бағоят донишмандаш-«Китоб-ал-Хироҷ»-и Абӯюсуф ибни Яъқуб ва дар асарҳои Муҳаммади Шайбонӣ, аз ҷумла «Муатто», «Ал-Мабсут», «Китоб-аз-зиёдат» /Китоби Имоми Аъзам ба ривояти Имом Муҳаммад/, «Китоб-ал-Осор» (аслан китоби Имоми Аъзам ба ривояти Имом Муҳаммад) ва ғайра, то ба рӯзгори мо омада расидааст. 49,. 11.12.

«Абӯҳанифа /р/ ва пайравонаш дар масъалаҳои ҳуқуқ /фиқҳӣ, шаръӣ-С.Б.Б/ аксаран ба раъй ва қиёс истинод менамуданд ва усули истеҳсонро истифода мебурданд, аз ин хотир ҳанафиёнро асҳоби раъй низ меномиданд (аммо раъю қиёсро аз рӯи қавли асҳоб он вақт истифода мекарданд, ки мухотабашон аз фаҳмишии оёт, яъне тафсир ва Ҳадис ба мушкилӣ рӯ ба рӯ шавад). Онҳо ҳамчунин тавассути қиёс, дар бораи масъалаҳои баҳсноки ҷомеаи мусалмонӣ хӯлосаҳои /амиқ/-и мантиқӣ мебароварданд, дар муқоиса бо ҳаёти рӯзмарра.

Дар таърихи дини Ислом ва мардуми мусалмон, Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ мавқеи барҷаста ва нақши боризиеро дорост, зеро ки оғози анъанаи офаринишу нигориши асарҳои хаттии улуми илоҳӣ, дар Ислом маҳз асарҳои ин мутафаккири камназир маҳсуб мешаванд. Яъне, Абӯҳанифа /р/ нахустмуаллифи осори хаттист, дар таърихи дини Ислом ва таърихи тамадуни исломӣ.

…Ҳазрати Абӯҳанифа разиаллоҳу анҳум, дар ҷамъомадҳо ҳамроҳи шогирдонаш иштирок мекард, ки шогирдонаш ҳамаи баромадҳо ва гузоришоту маърӯзаҳои устоди хешро бо саволҳояш навишта мегирифтанд ва низ маноқиботи ӯро ва ҳамчунин ҳадисҳои ӯро ҷамъ меоварданд. Дертар, ин навиштаҷот, ба шакли китобҳои алоҳида тартиб дода шуд, ки маҳсули тафаккури Худододи Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ буд, аз ҷумла: «Фиқҳ-ал-Акбар» /асоси аҳкоми шаръӣ/ номи дигараш «Асл-ат-тавҳид», «Ал-фиқҳал-абсат», «Муснад»-маҷмӯъи ҳадисҳо ба ривояти Имом Муҳаммад, ки шогирдонаш ҷамъ овардаанд, «Китоб-ал-олим ва мутааллим», «Рисолаи Абӯҳанифа, ба Абӯмуслим Ал-Баттӣ-Имоми Басра» ва низ рисолаи «Васиятнома» ҳам, ба қалами ӯ марбут аст. Бояд гуфт, ки асари бисёрҷилдаи Аҳмад ибни Ҳанбал /р/ /780-855/ асосгузори мазҳаби ҳанбалия низ бо номи «Муснад» маъруф аст. Аз рӯи васияти Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ ва дар асоси асарҳои номбурда ва усули муҳокимаҳои Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ шогирдонаш мазҳаберо таъсис намуданд, ки бо номи ӯ маъруф аст. Яъне, он орзуву ормоне, ки ҳанафиёни ибтидоӣ, пеш аз зуҳури дини мубини Ислом доштанд /яъне, ойини ҷадиди шинохти зоти Худо ва тариқати ибодат ба ӯ…/ дар давраи имоматии Абӯҳанифа /р/ ва шогирдону миллионҳо пайравонаш, аз нав эҳё гардид ва ҷомаи амал пӯшид. «Абӯҳанифа яке аз саромадони илми Ислом аст. Таълимоти қиёсии Абӯҳанифа /р/-ро шогирдонаш, ба таври васеъ тарғибу ташвиқ мекарданд. Ҳатто шогирди Абӯҳанифа /р/ Абӯюсуф /731-798/ китобе бо номи «Ал-хироҷ», дар ин замина навишт, ки он яке аз сарчашмаҳои мӯътабар ва қадимаи фиқҳи исломӣ, ба шумор меравад» 93, 22-23.

Шояд суоле ба сари мутолиъини гиромӣ афтад, ки пас Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ дар асоси кадомин усул мазҳабашро бино ва таъсис намудааст?

Бояд гуфт, ки мазҳаби муҳаззаби сироҷи умам Имоми Ҳумом Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ ҳамон мазҳабе аст, ки дар партави Қуръон кулли орзуву ормонҳои Расули гиромӣ /с/-ро ва суннати он Ҳазрат /с/-ро ҷомаи амал пӯшонидаву мепӯшонад ва хоҳад пӯшонд.

Ҳамоно ҳақ ба ҷониби ҳуҷҷатулислом ва имоми ҳумому басо фозил ва авлиёи комили ҳарамайни шарафайн Ҳоҷӣ Шайх Шаҳобуддин Аҳмад ибни Ҳаҷар Ал-Ҳайтамӣ Ал-Маккии шофеимазҳаб аст, ки дар бораи ҳамин мавзӯи мадди назар фармудаанд:

«Бидон, ки туро лозим аст, то аз суханони уламои дар бораи Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ чунин бардошт накунӣ, ки Имом ва ёрони эшон раҳамаллоҳ, аз асҳоби раъй будаанд ва на ин нисбатро барои эшон бипазирӣ, ки эшон раъйи хешро бар суннати Расули акрам /с/ ва ё қавли асҳоби киромашон /р/ муқаддам мегардониданд, зеро ки Имом /р/ ва ёронашон ҳам, аз ин иттиҳом ва ҳам аз он поку мубаррианд.

Ва агар намедонӣ, инак бидон, ки ин ҳақиқат аз тариқи бисёрӣ, аз Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ ба субут расида аст, ки эшон ороу андешаҳои фиқҳии худро аввал аз Қуръон баргирифтаанд ва агар дар Қуръон намеёфтанд, аз Суннат бармегирифтанд ва агар дар Суннат намеёфтанд, пас ба қавли саҳобаи киром руҷӯъ мекарданд ва агар барои саҳоба, дар масъалае аз масоил ихтилофе мебуд, раъйи он саҳобаеро бармегузиданд, ки қавли он ба Қуръон ё Суннат наздиктар мебуд ва ҳаргиз аз доираи аҳволи саҳоба берун намерафтанд.

Ва агар барои ҳеҷ як аз саҳобаи киром /р/, дар масъалаи мадди назарашон сухане ва ё ишорате намеёфтанд, дар ин ҷо буд, ки қавли яке аз тобиъинро намегирифтанд, балки худ иҷтиҳод мегирифтанд, чунонки тобиъин иҷтиҳод кардаанд, зеро Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ худ аз зубдагони тобиъин буданд.

Фазил ибни Аёз /р/ гуфтааст:-Агар чунончи дар як масъала ҳадиси саҳеҳе вуҷуд медошт, Имом Абӯҳанифа раҳамаллоҳ, аз он пайравӣ мекарданд, ё агар қавле аз саҳоба ва тобиъин вуҷуд медошт, аз он пайравӣ менамуданд ва дар ғайри он қиёс /такя ба далели ақлӣ-С.Б.Б/ менамуданд ва ба беҳтарин ва накӯтарин ваҷҳе, асли қиёсро ба кор мегирифтанд.

Ва низ аз Имом Абӯҳанифа /раҳамаллоҳ/ дар ривояте мустанад нақл шудааст, ки фармуд: «-Чун ҳадис ба сиҳҳат расид, пас ҳамон мазҳаби ман аст». Ва Ибни Муборак /р/ мегӯяд:-Ва ривояте дорем, аз Имом Абӯҳанифа раҳамаллоҳ, ки фармуд: «-Чун ҳадиси Русули Худо /с/, ба миён омад, пас бар сару чашм! Ва чун аз саҳобаи киром ривояте омад, аз миёни ороу аҳволашон /қавли эшон/ якеро интихоб мекунем ва ҳаргиз аз ақволи эшон берун намеравем, аммо чун аз тобиъин қавле ба миён омад, бо эшон вориди майдон мешавем».

Низ аз Ибни Муборак /р/ нақл шудааст, ки гуфт:-Тааҷҷуб аст, барои мардум, ки мегӯянд, Имом Абӯҳанифа раҳамаллоҳ, ба раъй фатво дода, дар ҳоле, ки ҷуз ба Ҳадис ва ривоят фатво надодааст.

Ва низ аз Имом Абӯҳанифа раҳамаллоҳ нақл шудааст, ки фармуд: «-Барои аҳаде ҷавоз надорад, ки раъйи худро дар паҳлӯи китоби Худои таъоло ва ё суннати Расулуллоҳ /с/ ва ё саҳобаи киром тамассук қарор диҳад ва аммо он чи, ки саҳобаи киром, дар он ихтилоф намудаанд, пас аз миёни ақволи эшон, наздиктарини эшон, наздиктарини он, ба китоби Худои мутаъол ё ба Суннати мутаҳҳараи Набии акрам /с/-ро ихтиёр мекунем ва дар ин ҷиҳат иҷтиҳоду кӯшиш менамоем ва он чи, ки аз ин доира гузашт, пас иҷтиҳод ба раъй ҳаққи касоне аст, ки ихтилофи дар як масъаларо аз ҷанбаҳои мухталифи он баррасӣ карда ва сипас қиёс мекунанд».

Ибни Муборак /р/ мегӯянд:-Имом /Абӯҳанифа раҳамаллоҳ/ ва ёронаш ба ин усул мутамассук буданд. Ва Имом Музаннӣ /р/ мегӯяд:-Аз Имом Идрис ибни Абдуллоҳи Шофеъӣ /муассиси мазҳаби шофеия/ раҳамаллоҳ, ба гӯши худ шунидам, ки фармуд: «-Мардуми олам дар қиёс резахӯри хони пурфайзу эҳсони Абӯҳанифа /р/ ва оилаи ваянд».

Ва ба далели диққати қиёсҳои мазҳаби эшон буд, ки Имом Музаннӣ /р/ дар суханони эшон бисёр тааммул ва ба орои эшон муроҷиаву назар мекард, то бадон ҷо, ки ин кори бародарзодааш Имом Таҳовӣ /р/-ро бар он дошт, то аз мазҳаби шофеъӣ, ба мазҳаби Имоми ҳумом Абӯҳанифа /р/ мунтақал гардад, чунонки Таҳовӣ /р/ худ ба сароҳат ин рӯйдодро таъкид кардааст.

Ҳасан ибни Солеҳ /р/ мегӯяд:-Имом Абӯҳанифа раҳамуллоҳ сахт аз носиху мансух тафаҳҳус мекард ва комилан ба ривоёти ҳадиси аҳли Кӯфа ошно буд ва пайрави сарсахти он аҳодисе буд, ки аз ҳиффози ҳадис ба аҳолии шаҳраш-Кӯфа мерасид.

Марде аз Имом /Абӯҳанифа раҳамуллоҳ/ шунид, ки масъаларо бар   масъалаи дигаре қиёс менамояд, пас фарёд кашид:-Ин муқоисаро канор бигзоред, ки аввалин қиёскунанда Иблис ъалайҳилаъна буд. Имом /Абӯҳанифа раҳамуллоҳ/ ба сӯи вай рӯ оварда фармуд:

«-Шумо суханро дар ғайри ҷойгоҳи он қарор додед, Иблис ъалайҳилаъна бо қиёси худ фармони Худои Таъолоро рад кард, чунонки Ӯ таъоло ҷалла ҷалолаҳу худ, дар китоби хеш хабар дода ва бо ин кор кофир гардид, он Иблис ъалайҳилаъна. Аммо қиёси мо пайравии амри Худои таъоло аст, зеро ки мо ин қиёсро ба китоби Худои таъоло /Қуръони Маҷид/ ва Суннати паёмбараш /с/, ё ақволи ҳамаи асҳоби кироми вай /с/ ва тобиъин /р/ бармегардонем, лизо мо бар мадору меҳвари атбоъ мечархем, пас чӣ гуна мешавад, ки бо Иблис ъалайҳилаъна баробар бошем?!»

Ин буд, ки он мард дармонд ва гуфт: «-Ғалат кардам ва тавба мекунам. Худои ъазза ва ҷалл қалбатро мунаввар гардонад, чунонки қалбамро мунаввар сохтӣ».

Ва низ аз Имом /Абӯҳанифа раҳамуллоҳ/ нақл шудааст, ки доиман ба таъкид мегуфт: «-Ин мазҳабе, ки мо бар он ҳастем раъйе аст, ки ҳеҷ касеро бар пазириши он маҷбур намекунем ва намегӯем, ки бар аҳаде қабули он воҷиб аст, пас ҳар кас назди хеш беҳтар аз онро дорад, онро биёварад, то аз вай бипазирем».

Муттаасифона, дар он асре, ки Ҳазрати Имоми Аъзам раҳамуялоҳ мезистанду фаъолият доштанд, касе ҷуръат намекард, ки масъалаеро пеш гузорад ва онро ҳаллу фасл намояд ва онро ба уммат баён дорад, ки ҳам ба китоби Худо ва ҳам ба Суннати Расулуллоҳ саломуллоҳу алайҳ ва ҳам ба асҳоби кирому тобиъин разиаллоҳ ва иҷтиҳоди ёрони Имоми Аъзам раҳамуллоҳ рост ояд, зеро ки дониши эшон ба он дараҷае набуд, ки тобу тавони нури пурфутӯҳи афкору андешаи «Чароғи уммат» ва мазҳаби муҳаззаби он Имоми ҳумом ва ёронашро дошта бошад. Возеҳтар ин, ки Имоми Аъзам Абӯҳанифа разиаллоҳу анҳум моҳи тобони шаръу миллат ва дину давлат буданду дигар ҳама ситорагони гирди ӯ. Ва ба қавли Имом Шофеъӣ раҳамуллоҳ: «-Ҳама уламо дар фиқҳ резахӯри хони Абӯҳанифа раҳамуллоҳ ҳастанд»,-Сайид Бурҳониддин/. Ва Ибни Ҳазм /р/ мегӯяд: «-Тамоми ёрони Абӯҳанифа /р/ бар онанд, ки мазҳаби вай ин буд, ки:-Ҳадиси заиф бар қиёс авло аст» 62, 59-61.

… Тибқи маълумоти маҳаққиқон, тамоми ақоиду таълимоти Абӯҳанифаро шогирдонаш Абӯюсуфи Яъқуб ибни Муҳаммади Қозӣ, Муҳаммад ибни Ҳасани Шайбони, писараш Ҳаммод ибни Абӯҳанифа, Зуфар ибни Ҳузайл, Абдулмуайяди Балхӣ, Мотаридии Самарқандӣ, Абӯмутеъи Балхӣ, Абӯмуқотили Самарқандӣ ва набераҳояш Исмоил ва Иброҳим ибни Ҳаммод ибни Абӯҳанифа, Абӯлайси Самарқандӣ ҷамъоварӣ намудаанд.

Ҳанафиёнро чуноне, ки зикр шуд, маъмулан асҳоби раъй низ меноманд. Онҳо ба қиёс аҳамияти махсус медоданд /яъне, дар он ҳангом, ки барои тафсири оят ва ҳадис мушкил пеш ояд/. Абӯҳанифа /р/ қиёси ҷаҳриву хуфия ва истинботи маънои аҳкомро беҳтарин роҳи ҳалли масоили динию шаръӣ ва ҳуқуқӣ пиндошта, таъкид кардааст, ки «раъй беҳтарин умури мақдура мебошад». Вақте ки мӯътазилиён илми каломро бунёд гузоштанд, ҳар фирқаи ба он муқобил мехост, ки бо он мухолифат варзад ва аҳкоми асосии онро рад намояд. Дар чунин шароити тезу тунди ғоявӣ, Ҳанафия зуҳӯр кард ва ба таблиғи ақоиди худ пардохт. Он пеш аз ҳама усули истеҳсонро истифода бурд, ки мувофиқи он зимни истифода аз қиёс ва ду хулосаи имконӣ, ҳамонашро истифода мебурданд, ки барои уммату ҷамоат мувофиқ бошад. Масалан, дар Қуръон, ҳадис, дар бораи дуздии пинҳонӣ, ҷазо муайян карда шудааст, вале роҷеъ ба роҳзанӣ, ки дуздии рӯи рост аст, чизе дар онҳо зикр нашудааст, Ҳанафиён аз рӯи истеҳсон амал карда, ҷазои барои дуздӣ муайяншударо барои роҳзанӣ, низ истифода мебурданд.

Ҷиҳати ҷолиби таълимоти ҳанафиён аз он иборат аст, ки онҳо ба ғайр аз ҳуқуқи динӣ, ҳукуқи дунявиро низ истифода мебаранд, мебурданд ва ба урфу одат ва русуми неки халқҳо, ки то интишори дини Ислом, дар маҳалҳо ҷорӣ буданд, аҳамияти махсус медоданд ва медиҳанд. Чунин рафтори пайравони Ҳанафия мувофиқи салиқаи мардуми таҳҷоиву ҳокимони маҳаллӣ буд ва боиси зуд интишор ёфтани Ҳанафия, дар байни халқҳои аҷамӣ гардид.

Ҳанафия костию фузӯнии имонро намепазируфт ва намепазирад. Худоро аз азал ягона ва холиқу розиқ медонисту медонад, ки роҷеъ ба калом мавқеъи муайяне надошт, зеро онро гоҳ қадим ва гоҳ муқаддас мешуморид ва мешуморад. Қуръонро каломи азалӣ меҳисобид ва меҳисобад, пайравонаш худро мӯъмин шуморида, имонро тасдиқ бо қалбу иқрор ба забон мепиндоштанд ва мепиндоранд, ва ба намояндагони дигар динҳо муносибати бетарафона доштанд ва доранд.

Дар аҳди хилофати Аббосӣ, Ҳанафия нуфӯзи зиёд пайдо кард. Минбаъд дар давраи ҳукумронии туркҳои усмонӣ, низ аксари дастгоҳҳои қазоват, таълимоти Ҳанафиро кор мефармуданд, масъалаҳои шаръӣ, бо роҳи иҷмоъву қиёс ҳал мешуд. Пас аз вафоти Абӯҳанифа, Абӯюсуфи Яъқуб /731-804/ дар «Китоб-ул-хироҷ», Муҳаммади Шайбонӣ /749-805/ дар «Ҷомеъ-ул-сағир», Хуросонӣ дар «Ҷомеъ-ул-румуз», Қудурӣ дар «Ал-мухтасар», Мотаридӣ /вафоташ 944/, Имомон Иброҳим ва Исмоил ибни Ҳаммод ибни Абӯҳанифа /р/, Имом Зуфар ибни Ҳузайл, Абӯмутеъи Балхӣ, Абӯлайси Самарқандӣ, Абӯмуқотили Ҳанафӣ ва дигарон таълимоти Ҳанафиро инкишоф додаанд. Бӯрҳониддин Алӣ ибни Абӯбакри Марғиёонӣ/ ки аз тоҷикони Фарғона аст/ яке аз уламои машҳури мазҳаби ҳанафӣ буд. «Ҳидоя»-и ӯ маҷмӯи муҳими қонунҳои ҳуқуқӣ мебошанд. Дар- асри XVI «Мутлақ-ул-ахбор» тамоми қонунҳои ҳукуқии мусулмонони ҳанафиро гирд овард ва минбаъд он дастури асосии қозиёну муфтиёни ҳанафӣ гардид. 53. 195-196.

… Аз замони Ҳазрати Паёмбари гиромӣ /с/ то ба ин дам, зиёда аз 1400 сол гузаштааст ва дар давоми чаҳордаҳ аср, дар байни мусалмонони рӯи олам анқариб 73 мазҳабу равия ва фирқаҳои гуногуни динӣ, ба вуҷуд омадаанд, вале бузургмазҳаб-мазҳаби муҳаззаби «Сироҷи умам-Имоми Аъзам» /р/-ҳанафия ягона мазҳабест ва тариқатест, ки аз ҷиҳати моҳияти динӣ, фалсафӣ, маънавӣ, эстетикӣ, таҷрибавию ахлоқӣ, адлу адолатпарварӣ ва башардӯстӣ ва сиёсиву иҷтимоӣ, назар ба ҳамаи мазоҳибу фирқаҳои Ислом бартарияти томеро доро аст. 3еро, ки муассиси ин мазҳаби софитару сернуфӯз, фақеҳи кабиру имоми шаҳир, сироҷи умам, аз зумраи тобиъини муъаззам ва авлову афзали муҷтаҳиддин ва авлиёаллоҳ Ҳазрати Имоми Аъзами муаззами сӯфии Кӯфӣ /р/ аст. Ҳар касе, ки бар ин тариқат аст, роҳаш мунаввар аст зеро, ки муршид ва имоми ин мазҳаб донои давру замон «Чароғи уммат»-Ҳазрати Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит /р/ аст. Возеҳтар ин/ ки ӯ тарбиятдиҳанда, роҳнамо ва пешбарандаи одилу басо солеҳ ва мӯъмини умматони Ҳазрати Муҳаммад /с/ аст. Мазҳаби Ҳанафия аз замони таъсисаш сар карда, дар партави Қуръон ва Ҳадис ба тадриҷ обрӯю эътибор пайдо кардан гирифт. Дар Хуросон аз асри IX сар карда ҳанафиён мутобиқан, ба шароитҳои маҳал системаи ҳуқуқии истифодаи обро таҳия карданд. Ҳанафиён, дар Мағриб низ аз асри XI сар карда, мавқеи намоёнро ишғол карданд:-дар Ситсилиё /Итолиё/ дар Анатолиё, Балкан, Қафқози Шимолӣ, қисматҳои Причерноморе ва Поволжаи Русия ва дар бисёре аз ҷамоҳири марзи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ғайра онҳо мавқеи идоракунандаро доштанд. Бо таназзули хилофати Аббосӣ, мазҳаби ҳанафия мавқеи пештараи худро аз даст дод. Вале дар империяи Усмонӣ /Туркия/ ҳанафия мазҳаби ҳукумату давлат эълон гардид. Агар қозӣ ё муфтӣ намояндаи мазҳаби дигар бошанд ҳам, ҳукми фатворо тибқи фиқҳ /ҳуқуқ/-и ҳанафӣ мебароварданд.

Барои зуд густариш ёфтан ва инкишофи бомуваффақияти ҳуқуқи ҳанафӣ, тааммулпазирии нисбии динии ҳанафиён, ба ғайрандешон ва истифодаи васеи ҳуқуқи оддии маҳаллӣ /урфу одат, русуми неки қавму қабилагӣ/, ки то пайдоиши дини Ислом вуҷуд доштаанд, мусоидат намуданд. Дар натиҷа ҳанафияро мардуми кӯҳнишин ва саҳроӣ /суғдиён, яъне, яғнобиён, язғуломиҳои бадахшӣ халқиятҳои турк ва баъзе аз курдҳову тамоми паштуҳои эрониасл ва ғайра бо камоли майл қабул карда, зимнан таомули хешро нигоҳ доштанд. Ғайр аз ин ҳанафиён нисбат ба яҳудиёну масеҳиён ҳисси бадбинона надоштанду надоранд ва дар масоили ҳуқуқӣ, гоҳо раъй ва қиёсро васеъ истифода мебурданд (баъди Қуръон ва Ҳадис)…

Дар замоне, ки Имоми муаззам Абӯҳанифа /р/ дар қайди ҳаёт буданд, ба ҳазрати эшон ҳама бо лутфу марҳамати хоса муносибат мекарданд, зеро ки Имоми Аъзам /р/ донойи замон ва ягонаи асри худ буданд ва дар тақво ҳам, назири эшон шайхеро ё фақеҳеро ё муваҳҳидеро дарёфтан амри муҳол буд. Имоми Аъзам /р/ ҳамчун дигар шайху урафо дур аз мардум, дар кӯҳу камар ва чиллахонаҳои тангу тор, ба ибодат ва тақвияти ҷисму рӯҳи хеш, яъне, тазкияи ботин машғул набуд ва нашуд. Балки ӯ шайх сӯфӣ ва фақеҳи шуҷоъ буд, ки кулли мардумро ба ибодат даъват мекард ва ононро ба зиндагӣ дилгарм намуда, усулҳои ибодат ва зиндагиву роҳати онро меомӯзонд ва қатъӣ таъкид мекард, ки дар Ислом беҳтарин ибодат ин адои намози панҷвақтаи бо ҷамоат ва доштани рӯза мебошад. Зиндагии пурҳикмати Имоми Аъзам /р/ худ як намунаи олии Худошиносӣ, инсоншиносӣ, хештаншиносӣ, ибодат ва зиндагидорӣ, барои кулли муридон ва пайравонаш буду ҳаст. Ҳазрати Имоми Аъзам /р/ амали басе хайру саршори борони раҳмати Худовандиро барпо сохтаву барои имрӯзиён дастур гузошта, ки онро танҳо паёмбарон қодиранд, ки ба инсонҳо, яъне, ба умматони худ барпо созанд, яъне, намози ҷамоъаро, ки Ислом дар ҷамоъа нумӯъ мекунад ва бақо дорад…

«Тақрибан то ба даврони ҳукумати хилофати Халифа Маъмун кулли мусалмонон худро ҳанафӣ меҳисобиданд, ки баъдан ҷои «вожа»-и «ҳанафӣ»-ро гунаи ҳаммаънову муродиф ва ҳаммазмуни ин калима, вожаи «муслим», «таслимшуда»-ба Худо додашуда, яъне, мусалмон гирифт» /ва ойини ҷовидонаву барҳақ, бо номи Ислом ба вуҷуд омад. С.Б.Б./ 32., 104-111.

Дар «Тазкират-ул-авлиёъ»-и Шайх Фаридуддини Аттор, дар маноқиби Ҳазрати Имом Абӯҳанифа /р/ омада: «-Абӯҳанифа ҳар шаб сесад ракаъат намоз мекард. Рӯзе зане бо зане мегузашт. Аз он ду яке гуфт: «-Ин мард Абӯҳанифа аст, ки ҳар шаб понсад ракаъат намоз мегузорад».

Абӯҳанифа он шунид ва ният кард, ки «-Баъд аз ин, дар ҳар шабе понсад ракаъат намоз мегузорам, то гумони эшон рост шавад».

Рӯзи дигар мегузашт /Абӯҳанифа/, ки кӯдакон бо ҳамдигар гуфтанд: «-Ин мард, ки меравад, ҳар шаб ҳазор ракаъат намоз мегузорад». Абӯҳанифа гуфт: «-Ният кардам, ки ҳар шаб ҳазор ракаъат намоз хонам /гузорам/. Рӯзи дигар шогирде ба вай гуфт: «Мардум мегӯянд, ки Абӯҳанифа шаб намехобад».

Гуфт: «-Ният кардам, ки дигар шаб намехуспам».

Гуфт: «-Чаро».

Гуфт: «-Бисёр бандагонанд, ки дӯст доранд эшонро бо коре, ки накардаанд, ёд кунанд. Ман барои ин ки аз он қавму тоифа набошам, дигар паҳлӯ ба замин намегузорам. 30., 26.

Боз омада: «Рӯзе дар гармоба буд Абӯҳанифа. Якеро бе зерҷома /таҳпӯшак/ дид. Баъзе гуфтанд: –            Ӯ фосиқ аст. Ва баъзе гуфтанд: – Ӯ даҳрӣ аст. Абӯҳанифа чашм ба ҳам ниҳод. Он мард гуфт:-Эй имом рӯшноии чашм аз ту кай бозгирифтанд?! Гуфт: /Имом Абӯҳанифа/: «-Аз он гоҳ, ки пӯшиш аз ту бардоштанд. 30, 27.

… Аз умдатарин хусусиятҳои илмиву амалии фақеҳи кабир дар он буд, ки Имом Абӯҳанифа /р/ дар пайравии фақеҳону илоҳиётшиносони Мадинаи мунаввара, Басра ва Кӯфа усули фиқҳро пурра эътироф намуда, қиёсро хеле такмил дод ва дар амал онро ба таври васеъ истифода мекард. Ӯ дар заминаи қиёс усули истеҳсонро /қарору фатвои қозӣ, дар асоси боварии шахсӣ/ танзим ва ҷорӣ кард. Имом Абӯҳанифа /р/ дар ин ақида буд, ки ҳар як мурофиъа анҷоми нек дошта бошад ё аққалан бадӣ наоварад. Қозӣ ҳамеша бояд дар рафти мурофиъа расму таомул, одат ва шароити зиндагии ҷамоаи мушаххасро ба эътибор гирад ва ба иззати нафси фард нарасад. Оре, ин тарзи мурофиъа беҳтарин ва одилтарин усули кори қозиёт аст, ки имрӯз бо ин усул дар бисёре аз мамолики мутараққии ҷаҳон корҳои мурофиавӣ доир карда мешаванд, ки назария ва амалияи онро бошад 1310 сол қабл аз мо, нахустин бор фақеҳи кабир Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ муайян ва дар амал нишон додааст.

Мувофиқи таълимоти Имом Абӯҳанифа /р/ ҳама аъзоёни ҷомеа, новобаста аз вазъи иҷтимоию сиёсиашон, баробарҳуқуқанд /яъне, ҳама инсон ва бандаи Худоянд/ фарди озодро хилофи иродаю хоҳишаш ба коре ё амале маҷбур сохтан раво нест, ки ин хилофи Қуръони Маҷид ва хилофи таълимоти Расулуллоҳ /с/ аст ва сар тофтан, аз амри Худованд ва тарки амри Паёмбар /с/ кофирист. Амали иҷборӣ, ғайриқонунист ва шахси таъзиқоваранда бояд ба ҷавобгарии амалӣ ё ахлоқӣ кашида шавад. Фақеҳ бе ҳеҷ ваҷҳ набояд амали ғайриқонунии шахси мутасаддӣ ё мансабдорро ҳақ барорад.

Фақеҳ бояд пок бошад, яъне, одил, на ин ки порахӯр ва ришвахӯр (мисли имрӯза баъзе қозиҳову милисаҳо, муфаттишҳо, прокурорҳо ва ғайра), ки ришвахӯрӣ ин лошахӯрист, яъне, ҳароми ҳаром. Имом Абӯҳанифа /р/ аслан зидди ғуломдорӣ, бардадорӣ баромад карда, ғуломро низ соҳибҳуқуқ ва аз ғуломӣ озод кардани ғуломро бошад, амали инсонпарварӣ ва башардӯстӣ медонист. Маҳз ҳамин нукот боиси ривоҷу интишори васеъи таълимоти мазҳаби Имом Абӯҳанифа /р/ ибни Собит ва ноил гаштани ӯ ба унвони оливу мӯътабар ва ифтихории «Имоми Аъзам» гардидааст.

… Чуноне, ки қаблан зикр гардид, дар ибтидо, Имом Абӯҳанифа /р/ ба илми «усули дин» ва ё «калом» машғул буда ва бо бисёре аз уламои замонаш баҳсҳо кардааст. Нақл аст, ки барои радду ибтоли интиқолҳо ва шубҳаҳое, ки нисбат ба шариати ғурройи Муҳаммадия /с/ ҷой дошт, 27 маротиба вориди Басра шуда, бо шахсиятҳое чун Ҷаҳм ибни Сафвон, бо мӯътазила ва хавориҷ ва рофизиёни тундраву каҷрав зиёд баҳсу мунозираҳо кардааст. Вале баъдан, бо сабабе ба омӯзиши фиқҳ мепардозад ва ба ҳалқаи шогирдони фақеҳи бузурги асри худ Ҳаммод ибни Абӯсулаймон /р/ мепайвандад. Имом Абӯҳанифа то вафоти устодаш Ҳаммоди Фақеҳ /р/аз шогирдони мумтоз ва басо содиқи ӯ буд ва баъд аз вафоти устодаш низ идомадиҳандаи кори ӯ ва толиби мағфирати илоҳӣ, ба ӯ дар намозу ибодат будааст, ки ин олитарин нишонаи сипосгузористу эҳтироми устод.

«Абӯҳанифа /р/ дар асари ошноӣ, бо илми калом ва баҳсу мунозира бо намояндагони гуногуни ин мактаб, дар фанни «ҷадал» ва «мунозира» маҳорати комил ёфта буд /Чаро? Аз ин хотир, ки аксар вақт дар баҳсу муноқишаҳо Имом Абӯҳанифа /р/ ҳақ мебаромад ва дурӯғу таҳрифҳо ва асноду далел ва аҳодиси худбофтаву худсохтаи маҷҳули эшонро фош мекард-С.Б.Б/. Ӯ /яъне Имом Абӯҳанифа/ маҳорати ҷадал ва усули мунозироти хешро дар илми фиқҳ /ки аз мушкилтарин илми илоҳиётшиносӣ буда, дар боби аҳкоми назарӣ ва амалии шариати Ислом, дар асоси манобеъ ва далойили тафсилӣ баҳс мекунад. С.Б.Б./ ба кор андохт ва бар хилофи асҳоби Ҳадис андеша ва истидлолоти ақлиро дар фиқҳ ва Ҳадис ба кор бурд ва раъй ва қиёс ва усули истеҳсонро вориди фиқҳ кард то он ҷо, ки мактаби фиқҳии Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ бо унвони «мактаби раъй» ва ё «асҳоби раъй ва қиёс машҳур аст». 18. 75.

«Мазҳаби Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ демократитарин мазҳаби Ислом аст, аз он лиҳоз, ки ӯ илова ба қиёс, истеҳсон ва раъй, ба урфу одати мардум низ такя мекардааст, ки ин боиси дар тамоми ақсойи олам Мовароуннаҳру Хуросон, Арабу Аҷам, Ҳинду Покистон, Қафқоз, Рум, Чин, Русия, Эрон, Индонезия, Нимҷазираи Араб, Африқои Шимолӣ, Туркия ва ғайра паҳн ва интишор гардидани ин мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоъат шудааст. Мақсад аз истеҳсон, назди Ҳанафиён он аст, ки дар сурати вуҷуди далели қавитар ё ба амал мувофиқат накардани ҳукм, он дар асоси истеҳсон бекор карда мешавад. Аммо урф истода дар ҳукм аз анъана ва суннатҳои маҳаллӣ мебошад. Бо сабаби истифода аз раъй, қиёс ва истеҳсону урф Ҳанафия аз дигар мактабҳои фиқҳии аҳли суннат ва ҷамоъат ғанитар гардид, ин фиқҳро-«фиқҳи тақдирӣ» /фарзӣ/ низ меноманд». 18. 75.

Дар омади сухан ва мувофиқати баёни матлаб, ба мавзӯи мавриди баҳс, як нуктаро бояд зикр намуд, ки мо ба андешаи он уламое мухолиф ҳастем, ки мегӯянд:-Имом Абӯҳанифа бар хилофи Қуръон ва аҳодиси набавии Расули акрам /с/, яъне далойили нақлӣ, асосан ба далелҳои ақлӣ, яъне, қиёсу раъй ва усули истеҳсон такя намуда, ҳикмат баён кардааст ва бештар бар хилофи Асҳоби Ҳадис амал кардааст, ки ин даъвои эшон ботил буда, комилан нодуруст аст! Чаро, ки бе такя ба Қуръон ва Ҳадис мазҳабе дар дини мубини Ислом, таъсис намудан ҳеҷ номумкин аст ва ҳам ношуданӣ. Имоми Аъзам /р/ аз зумраи ин гуна «уламо» набуд. Мазҳаби Имоми Аъзам – мазҳаби асри Расулуллоҳ (с) аст ва пайрави Қуръону Ҳадис аст.

Барои он ки Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ он бузурги замон ва абармарди илму ҳикмат ва доиратулмаорифи асри худ, ҳеҷ гоҳ бар зидди афкори саҳеҳи асҳоби Ҳадис ва ғайра ҳикмат баён накардааст. Имоми Аъзам /р/ бо он илму каромоти Илоҳӣ, ки ба ӯ иноят шуда буд, хеле хуб медонист, ки ҳадиси саҳеҳи Расули акрам /с/ кадом аст ва аҳодиси худбофтаву худсохта ва ба Расули гиромӣ /с/ нисбат додаи «уламои» давр кадом аст. Имом Абӯҳанифа, ки худ аз тобиъин буданд, бузурггарин муҳаддаси асри худ буданд… Зеро бе такя ба Қуръон ва Ҳадис, таъсис додани мазҳаб ҳеҷ мумкин нест! Имоми Аъзам /р/ бо намояндагону пайравони фирқаҳои замони худ аз ҷумла: мурҷиъа, мӯътазила, хориҷӣ, асҳоби ҳадис ва ғайра маҳз дар болои мавзӯи ҳадис мухолифат меварзид.

Чаро? Барои он, ки намояндагони фирқаҳои ибтидоии Ислом, аз ҷумла хавориҷ, мӯътазила, асҳоби ҳадис ва ғайра ба ҳар роҳ мекӯшиданд, ки барои амалӣ гардонидани мақсадҳои ғаразонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва моддиву маишии худ /мисли имрӯз/ андешаҳои пурғараз ва тафриқандозонаи худро дар қолаби ҳадис тарҳрезӣ намуда, бо ин роҳу усули айёрона, ба худ роҳ кушоянд. Яъне, мисли Абдуллоҳ ибни Саббоҳи Яҳудӣ, ки барои амалӣ гардонидани мақсадҳои ниҳонии худ, аз номи Мавло Алӣ /ъ-с/ «ҳадис»-ҳо баён мекард ва ин рафтори ӯ ба он оварда расонид, ки олами Исломро, ки ҳама мӯъмин, аҳли суннату ҷамоат ва пайравони Расули акрам /с/ ва ёрони гиромӣ /р/ ва асҳоб /р/-и Ӯ /с/ буданд, ба ду равия, яъне, шиъа ва суннӣ ҷудо кард ва баъдан хуни ноҳақ рехта шуд ва дар натиҷаи ғалатравӣ ва нофаҳмӣ ва гаправиву ғафлатравӣ ва ҷаҳолати худи мусалмонон, Имомони муаззам чун Имом Ҳасан (ъ) баъдан Имом Ҳусайн /ъ-с/ ва 76 тан ёрони эшон ва чандинҳазор мӯъминон бе гуноҳ ба шаҳодат расиданд /Илоҳо рӯҳашон шод боду ҷояшон ҷаннатулҷовидон/ ва ин тафриқаи аз ҷониби «мусалмонон»-и аҷнабии дар асл мухолифи Ислом тарҳрезишуда, то ҳол кори худро дар байни фирқаҳову мазоҳиби Ислом карда истодааст, яъне, мӯъминоне ки ҳам /яъне, ҳам шиъиёну ҳам сунниён/ ба Худову Расули Худо ва ба Қуръони карим имон овардаанд, бар хилофи гуфтаи Паёмбари гиромӣ саллаллоҳу ъалайҳи ва олиҳи ва саллам /«Мӯъмин бародари мӯъмин аст»/, ба якдигар мисли гург менигаранд, ки ин рафтори ғайриинсонист. Ин дунё барои касе ҷовидон нест, одам ғанимат аст. Кинаву адоват ҳаром аст…

Чуноне, ки аз тарҷумаи ҳоли Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ равшан мегардад, ӯ дар илми Ҳадис ва ба хусус шинохти Ҳадиси саҳеҳу носаҳеҳ маълумоти кофие доштааст. Бинобар ҳамин ӯ, яъне, Имом Абӯҳанифа /р/ дар таълимоти хеш, дар истифодаи Ҳадис бағоят эҳтиёткор буд ва нағз медонист, ки бори каҷ ба манзил намерасад ва рӯзе мерасад, ки ҳақ ба ҳақдор мерасад, ӯ чаҳор ҳазор устоди Ҳадис дошт, яъне, Имоми Аъзам /р/.

Бале, бубинед ки имрӯз чӣ миқдори аҳодиси маҷҳулу носаҳеҳро муҳаққиқон /аз замони Имом Бухорӣ то кунун/ ошкор карда баромадаанд ки бардурӯғ, аз номи Расули акрал! /с/ гуфта ва дарҷ шудаанд. Имом Абӯҳанифа /р/ агар эҳтиёткорӣ накарда, ҳар чизи пешомадаи гузаштаро Ҳадис гуфта истифода мекард, пас оқибати таълимоти ӯ ва оқибати мову шумо чи мешуд?

Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ ҳарчанд, ки баъди Қуръону Ҳадис ба усули қиёс ва раъю истеҳсон амал карда бошад ҳам, вале аз аввалин қадамҳои хеш, дар роҳи дини Ислом маҳз, ба Қуръон ва Ҳадис такя кардааст ва таълимоти мазҳаби хешро ҳам дар асоси Қуръон ва Суннат, яъне, аҳодиси набавии Расули акрам /с/ тарҳрезӣ кардааст, ки ба барҳаққии он таърихи Ислом, нақлу ривоёти шогирдону ҳамасрони Имоми Аъзам /р/ ва тамоми тазкираҳову асарҳои муҳаққиқони дарунравшану беғараз /ба мисли «Китоб-ул-хироҷ»-и Имом Абӯюсуфи Яъқуб, «Ҷомеъ-ул-сағир»-и Имом Муҳаммади Шайбонӣ, «Эҳё-ал-улум»-и Имом Муҳаммади Ғаззолӣ, «Ҷомеъ-ур-румуз»-и Имом Хуросонӣ, «Ал-Мухтасар»-и Имом Қудӯрӣ, «Ҳидоя»-и Имом Бурҳониддини Марғелонӣ, «Тазкират-ул-авлиё» ва «Хусравнома»-ҳл Шайх Аттори Валӣ, «Тазкират-ул-машоих», «Махзан-ул-суфаҳо» барин асарҳо; нигоштаҳои камназири яке аз бузургтарин муҳаққиқи шинохтаи дини Ислом Шайх-ул Ҳинд Аллома Шоҳ Валиюллоҳи Ҳанафии Деҳлавӣ; «Салоти Масъудӣ»-м Шайх Масъуд ибни Маҳмуди Самарқандӣ, нигоштаҳои Убайдуллоҳ ибни Масъуди Тафтазонӣ Тоҷушшаръ/, «Ахбор Абӯҳанифа ва асҳобиҳӣ»-и Алии Саймирӣ, «Имоми Аъзам Абӯҳанифа ва афкори ӯ»-и устоди фозил Иноятуллоҳи Иблоғ, «Маноқиби Имоми Аъзам»-и Аллома Ҳайтамӣ, «Маноқиб-ал-Имом-ал-Аъзам»-и Аллома Шиблии Нӯъмонӣ,  «Эҳёи фикри динӣ дар ислом»-и Аллома Иқбол, «Маъдан-ул-ҳол»-и Мавлавӣ Ҷунунӣ, «Имоми Аъзам ва мазҳаби ӯ»-и Муҳаммадсабури Бухорӣ, «Имоми Аъзам /Абӯҳанифа/ кист?»-и муҳаққиқи ҷавони тоҷик Бегиҷон Рустамзода, мақолаи «Ҳазрати Имоми Аъзам» /маҷаллаи «Тоҷикистон» №3-4, 1998/ ва китоби «Аҳвол ва афкори Ҳазрати Имоми Аъзам /р/» (2000)-и аз муаллифи ин сатрҳо /яъне, бандаи фақир Сайид Бурҳониддини Бузургмеҳр, яъне Тӯраев Бурҳониддин Бузургович/ ва нашри наву такмилёфта ва таҳрирёфтаи китоби ҳозир, аз муаллифи ин китоб Сайид Бурҳониддини Бузургмер – «Аҳвол ва осори Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) (2008) китоби зиндагӣ ва осори Имом Абӯҳанифа» (2004) – аз Муҳаммадшариф Ҳимматзода ва ғайра барин асарҳо ва ғайра, далелу бурҳон ва шаҳодати барҳақ, бар нигоштаҳои боло шуда метавонанд, ки ҳама дар асоси маводи илмии мӯътамад нигошта шудаанд.

Чизи дигар ин, ки агар Имом Абӯҳанифа /р/ зидди афкори саҳеҳи асҳоби ҳадис амал мекарду бе такя, ба Ҳадис, яъне, суннати Расули акрам /с/ фаъолият мекард, ҳеҷ гоҳ байни аҳли суннат ва ҷамоат ба он дараҷае обрӯву эътиборе пайдо намекард, ки ҳоло мазҳаби ӯ онро дорад. Чуноне, ки маълум асту муҳаққиқин ошкор кардаанд, дар олами Ислом, дар байни чаҳор мазоҳиби аҳли суиннат ва ҷамоъат ва дар байни аимаи бузург ва фуқаҳои барҷастаи аҳли суннат ва ҷамоъат Имом Абӯҳанифа /р/ ҳамчун афзалтарин Имом ва бузургтарин фақеҳ ва «Имоми Аъзам» эътироф шудааст ва мазҳаби ӯ ҳамчун одилтарин ва демократитарин ва башардӯсттарин ва прогрессивитарин мазҳаб шинохта шудааст, ки шаст фиссади аҳли суннат ва ҷамоъат бар ин мазҳабанд. Ва низ /чуноне, ки дар рафти баёни мавзӯъҳо, ба мутолиъини гиромӣ ошкор гардид/ худи аимаи бузурги аҳли суннат ва ҷамоъат Имом Молик ибни Анас /р/, Имом Шофеъӣ /р/ ва Имом Ҳанбал /р/, ба хубӣ эътироф кардаанд, ки Имом Абӯҳанифа /р/ фарзонаи замону «Чароғи уммат» аст ва мазҳаби Ӯ шойистатарин ва авлотарин мазҳаб, дар равияи аҳли суннат ва ҷамоъат аст, ки аз он бӯи хуши фазилати асри Расулуллоҳ (с) меояд.

Имоми Аъзам /р/ ба номи Худо ва ба ҳаққи нури пурфуруғи файзосову файзбахши ду ҷаҳонии Расули гиромӣ – Муҳаммади Мустафо /с/ савганд хӯрда, ки то зинда аст, дар асоси Қуръон ва Ҳадис, яъне, суннати Паёмбар /с/ амал карда, тири ҳақ ба сӯи ботил мезанад ва ин буд, ки ӯ ҳаёти хешро вақфи ин амали басо хайру саршори савоб кард ва Кохи шариъатро бино кард.

Ва агар ба гуфтаи баъзе муаллифон Имом Абӯҳанифа /р/ ба далойили нақлӣ, яъне, аҳодиси Расуллуллоҳ /с/ тамоман эътибор надода, танҳо аз рӯи такя, ба далелҳои ақлӣ, яъне, қиёс ва раъю истеҳсон амал мекард, ҳеҷ гоҳ таълимоти ӯ ва мазҳаби асосгузоштаи ӯ, дар байни аҳли суннат ва ҷамоъат ва ҳатто дар олами Ислом низ обрӯву эътиборе пайдо намекард ва ҳамчунин бузургтарин фақеҳу «Имоми Аъзам»-и муаззами сӯфии Куфӣ ном намебаровард.

Ва Расули акрам /с/ ҳеҷ гоҳ ягон ҳарфу ҳиҷо ва ҳатто ҳадисе баён накарда, ки пасттар аз ақли умматаш бошад. Чи гуна метавонад, ки муаллими башар, инсони шариф ва баргузидатарин ва афзалтарини бани башар ва ҷумла анбиёи вал мурсалин, ки дастури асосии Ислом ва роҳнамои башарият, яъне, амрҳои Худованд – Қуръони маҷид ба номи ӯ /с/ ваҳӣ шудааст, ҳикмате ва ё ҳадисе баён намояд, ки дар нерӯи ҳикмати ақлии умматаш ҳеҷ бошад? Наъузубиллоҳ миназзолик! Ҳазрати Расулуллоҳ /с/ афзалтарин ва донотарини башар, дар назди Парвардигор аст.

Ихтилофи назари Имоми Аъзам /р/ нисбат ба таълимоти асҳоби ҳадис ҳам аз он ҷиҳат буд, ки асҳоби ҳадис дар «Муснад» ё худ маҷмӯъи ҳадисҳои худ, ҳадисҳои носаҳеҳро низ ворид сохта буданд, ки умматро ба мушкилоти диниву мазҳабӣ, рӯ ба рӯ мекард.

Дар замони Имоми Аъзам /р/ маҷмӯи ҳадисҳое монанди «Муснад»-и Абдулмалик – яке аз муҳаддисони машҳури давраи аввали Ислом /ва ҷамъи ҳадисҳои Заҳро/ яке аз мураттибону гирдоварандагони аҳодиси набавӣ, вуҷуд дошта бошад, ҳам вале Имоми Аъзам /р/ дар баёну истифодаи ҳадиси набавӣ, хеле ва хеле эҳтиёткор буд ва ба таҳрифу таъвил роҳ намедод ва бинобар ҳамин, ин рафтори Имом Абӯҳанифа /р/ маънои онро надорад, ки гӯё ӯ далелҳои нақлӣ, яъне, аҳодиси Расуллуллоҳ /с/-ро ба инобат нагирифта, асосан ба далойили ақлӣ, қиёс ва раъю истеҳсон барин усулҳои фиқҳӣ, такя намуда, асҳоби ҳадисро эътироф намекардааст. Душманони Имоми Аъзам /р/ маҳз дақиқкорӣ ва мӯшикофиҳои ӯро, дар омӯхтан ва истифодаи аҳодиси набавӣ /с/-ро дастак ва асосу баҳона карда, ба Имом Абӯҳанифа /р/ тӯҳматҳои бебунёди зиёдеро бор карданд /ва ҳоло ҳам…/

Ва чуноне, ки қаблан ҷо-ҷо дар мувофиқати мавзӯъҳо баён намудем, Ҳазрати Имоми Аъзам /р/ аз овони ҷавонӣ, ба вазъи масойили каломӣ ва фиқҳӣ машғул буда, дар ин роҳи басо душвор маҳорату малакаи Худододе доштааст. Ва ҳар ҳикматеро, ки баъди ҳалли масойили мушкили шаръӣ, дар шоҳидии уламои давр ва муфассирону муҳаддисон ва аҳли ахбор, баён медоштааст, ҳамаро ба ҳайрат меовардааст, ва аз шодии он ҳама такбир мегуфтанд, ки дар ҷавоби такбири аҳли масҷиди Одинаи Кӯфа, тамоми аҳли масоҷиду мадориси шаҳр ва тамоми аҳолии бедормағзи шаҳр такбир мегуфтанд, ки шукри Худо, ки Имоми замон – Абӯҳанифа боз чанд масойили мушкилро ҳал намудааст. Чаро? Барои он, ки ҷавобҳои дар ҳалли масойили мушкили шаръӣ, баёндоштаи Имоми Аъзам /р/ ҳам, дар асоси оёти Қуръон ва ҳам дар асоси ҳадисҳои Ҳазрати Расули акрам /с/ комилан дуруст ва қобили қабули уламову фуқаҳо, яъне, муфассирони Қуръон ва муҳаддисони аҳодиси набавӣ /с/ ва қобили қабули уммат буд.

Ва ҳақ ба ҷониби яке аз муҳаққиқони мазҳаби Имоми Аъзам /р/ мӯҳтарам Мавлавӣ Муҳаммадсабури Бухорӣ аст /эшон дар ин ришта китобе бо унвони «Имоми Аъзам ва мазҳаби ӯ» нигошта, ки соли 1997 аз тарафи Маркази Фарҳанги Исломии Бухоро, ба табъ расидааст/, ки андешаҳое ҷолиб ва хеле бикре барои исботи ҳақ ва ибтоли назариёти уламои мухолифи Имоми Аъзам ва мухолифи мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоъат амалкунанда, баён дошта шудааст. Аз ҷумла, эшон қайд мекунанд, ки: «-Баъд аз вафоти Ҳазрати Имоми Аъзам (р) бадхоҳону сустимонон ва бадмазҳабон, дар байни пайравони ин мазҳаби ҳақ рахна ворид сохта, парокандагӣ ба амал оварданд ва бо ҳар роҳу восита ақидаҳои Имоми Аъзамро ғалат маънидод мекарданд. Онҳо чунин даъвои ботилро пеш меоварданд, ки гӯё Имоми Аъзам ба далоили нақлӣ, яъне, аҳодиси Расулуллоҳ (с) эътибор надода, ба далелҳои ақлӣ, яъне, қиёс амал мекардааст. Ва табиист, ки ин амалҳои зишт барқасдона, иғвогароёна ва бо мақсадҳои ҷудоиандозӣ, байни мусулмонон пайдо мегардад. Яке аз хусусиятҳои мазҳаби Имоми Аъзам (р) ин аст, ки Имом ва шогирдонаш ба Қуръон ва Ҳадиси Расули Акрам (с) такя менамуданд ва хулосаҳои эшон низ мутобиқ ва мувофиқи каломи Ҳақ ва гуфтаҳои Расулуллоҳ (с) аст. Ва барҳақ бисёр таърихнигорон, барои исботи ҳақ будани фикру ақоиди Имоми Аъзам рисолаҳо иншо карда, бо далелҳо ба мардум фаҳмондаанд. Вале мутаассифона, на ҳамаи он китобҳо то ба имрӯз ба мо расидаанд. Дар «Тазкират-ул-Машоих» қайд шудааст, ки: «Абӯҳанифа чун дар шаб дар бистари хоб медаромад, аз як паҳлӯ ба паҳлӯи дигар мегашт. Чун ба ҷониби рост дароз мекашид, масъалаеро пеш меовард ва ҳангоме мехост ба он ҷавоб бигӯяд, ба ҷониби чапаш мегашт ва бо инояти Худованд масъала ҳали худро меёфт. Субҳ ба масҷиди Одина рафта, намози бомдод, яъне, «Фаҷр»-ро мегузорид ва дар ҳалқаи илм менишаст, ки муфассирин аз муҳаддисин ҳозир шуда, ба кутуби тафсир ва ҳадис назар мекарданд. Чун ҷавоби Имоми Аъзам (р) тибқи оят ва ҳадис дуруст мебаромад, дар қалби мубораки Ҳазрати Имом (р) аз шодии он алангаю туғён ба амал меомад, ки забонаҳои он то ба андешаву лисони мубораки ӯ мерасид ва бо вуҷуди пурҳаяҷону рухсори лолагуну нурафшон, беихтиёр ангушти ишорати худ боло мекард ва бо овози ниҳоят баланду гуворо такбир, яъне: Аллоҳу Акбар-Аллоҳу Акбар, Ло-Илоҳа иллаллоҳу валлоҳу Акбар, Аллоҳу Акбар валиллоҳилҳамд» мегуфт. Ҳозирин низ ҳамроҳи вай бо як овоз такбир мегуфтанд. Ин такбири эшонро мардумон дар мадорису бозорҳо шунида, такбир мегуфтанд ва ба ҳамин тартиб садои такбир, дар тамоми шаҳр чун амвоҷи пурталотум паҳн мегардид ва ин садои гӯшнавози такбир, ба мардум иттилоъ медод, ки Имоми Аъзам (р) масъалае баён карда ва ҷавобашро тибқи Қуръон ва Ҳадис ҳал намудааст, ки муфассирин, қориёни Каломуллоҳ ва муҳаддисини нуктадону нуктасанҷ ва басо мӯшикоф, дар дурустии он мувофиқат кардаанд.

Ширкаткунандагони доимӣ, дар маҷлиси Абӯҳанифа (р) уламо ва кубарои шинохтаи Ислом, монанди устодаш Ҳаммод, Абдуллоҳ ибни Муборак, Имом Ҷаъфари Содиқ (р) Вақиъ ибни Ҷарроҳ, Абӯюсуфи Яъқуб, Муҳамад ибни Ҳасани Сӯфёни Саврӣ, Довуди Тоӣ, Ибни Мусаъар, Фузайл, ибни Айёз, Йброҳими Адҳам, Зуфар ибни Ҳузайл, Абӯмутеъи Балхӣ, Абӯмуқотили Самарқандӣ, Ҳаммод ибни Абӯҳанифа, Имом Малик Ибни Анас – Ал-Асбаҳӣ ва даҳҳо дигарон буданд» 79-6.

Бале, Имоми Аъзам (р), ки аз ҳафтсолагӣ, ба шунидан ва омӯзиши ҳадисҳои малакутӣ ва алфози мубораки Расули Акрам(с) майлу рағбати беандозае дошт ва низ дар илми Ҳадис ва маънидоди онҳо маҳорати аҷибе дошт, дар вақти тадрис ва ҳини баёни ҳикмат ва масойили шаръӣ ба шогирдон мудом, дар баробари ояи шарифи Қуръони Карим, аз аҳодиси набавии Расули Акрам (с) низ мисол меовард. Ва шогирдони худро таъкид менамуд, ки дар кори худ мудом ба дастуроти сарчашмаҳои мӯътамаду мӯътабар, яъне, Қуръон ва Ҳадисҳои саҳеҳи Рисолатпаноҳ Ҳазрати Муҳаммад (с) такя намоянд, ки мактаби онҳо (яъне, мазҳаби ҳанафия) маҳз дар асоси ин ду сарчашмаи мӯътабар ва басо раҳнамо таъсис ёфтааст, ки бо номи мадраса ё худ мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат шӯҳрат дорад. Ва нақл аст, ки Имоми Аъзам (р) дар лаҳзаҳои вопасини умри худ ҳам, ки дар натиҷаи лату кӯбҳои ваҳшиёнаи иддае аз худобехабарон ҷисми муборакаш басо абгор ва сиёҳу хуншор гашта буд, мудом фикру хаёлаш ба тақдири ояндаи умматони Паёмбари гиромӣ (с)-аш, яъне, ба қисмати буду боши пайравони мазҳабаш (ҳанафиёни бедордил банд будаасту бас, ки гуфта:

«-Ёрони ман, шумоён, ки ҳама аллакай доноёни замонед, дар роҳи худ устувор ва собитқадам бошед ва мардона ба пеш қадам занед ба пулу моли ҳароми бегонагон дода шуда, дину мазҳаби худро нафурӯшед ва бо тири Ҳақ ботилро ҳадафи худ қарор диҳед ва бе ибову бе тарс онро ба нишон гиред зеро, ки ёри босафойи Паёмбари гиромӣ (с) Мавло Алӣ (р) низ фармуда, ки:-Бузургтарин гуноҳ тарс аст». Пас мо бояд аз аҳли бидъат наҳаросем зеро, ки роҳи пешгирифтаи мо роҳи ҳақиқат, яъне, роҳи шариат, роҳи тариқат ва роҳу расидан ба ҳамаи мақсадҳои неки инсонӣ аст. Огоҳ бошед, ки мо бо иродаи Парвардигор барои посу пойдории шариъати ғурро ва эҳтирому эҳёи ойину суннати беҳтарин авлоди одам ва Хоҷаи Тоҳову Ёсин, яъне, пайғамбари барҳақи охируззамон Ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ба майдони мубориза омадаем. Ёрони ман, пас чун шамъ бисӯзед то, ки бисозед ва бисӯзед то ки роҳи ҳазорон умматони Паёмбари гиромиамон (с) ва роҳи пайравони мӯъмин ва солеҳи худро мунаввар бо нури Қуръон ва Аҳодис гардонед, ки Биҳишти анбарсиришт муштоқи дидори чунин мардони Худост».

«Дар давоми тақрибан чаҳордаҳ асри гузашта, садҳо муҷтаҳиддин ва уламои шинохтаи Ислом, аз мазҳаби Имоми Аъзам (р) пайравӣ кардаанд. Дар асри ХХ-и мелодӣ баъзе муғризин ва бадмазҳабон мисли имрӯза тӯдаҳои зархарид ва мазҳабфурӯш тавонистанд, баъзе парокандагиҳо ва гурӯҳбозиҳоро дар дохили мазҳаб ба вуҷуд биёваранд. Ин ашхос бехирадоне мебошанд, ки аз ҳақиқати мазҳаб бехабаранд ва ё ходимони яҳуд ва насороянд, ки ба ин тариқа мехоҳанд тафриқагароӣ ва гурӯҳбозиро бештар бисозанд ва қуввату қудрати мусулмононро аз байн бубаранд (ва ба ҷои он як ҷомеаи ваҳшии одамхӯри луччаку урён ва фоҳишону майхорагон ва рибоъхорону риёъкорон ва аз Худо мункиронро бисозанд ва боз масоҷиди дини ҳақро ба анбори ғаллаву чизҳои дигар табдил диҳанд, вале Худо қодир аст, дер ё зуд мушрикон ва кофарон ва кару кӯрон ва шоҳҷорӯбришону шортикпӯшон, он сияҳрӯзиҳоеро хоҳанд дид, ки онро қавми Лут пайғамбар (ъ-м) дида ва чашида буд ва ҳама песу махав хоҳанд шуд-С.Б.Б)… Эшон чунин иғворо ба роҳ меандозанд, ки гӯё Имоми Аъзам (р) ба далоили нақлӣ, яъне, аҳодиси Расулуллоҳ (с) эътибор надода, балки ба далелҳои ақлӣ, яъне, қиёс амал мекардааст. Ба ин зуъми фосид Имоми Аъзам (р) ва ёронашро, ки дар тамаддуни исломӣ назирашонро нахоҳем ёфт, чуноне дар фарҳанги «Амид» мазкур аст, танҳо асҳоби раъй, яъне, қиёс мегӯянд. (Суоле пеш меояд, ки пас он тӯдае, ки худро асҳоби ҳадис ва ё амалкунандагони басо ва басо тундрав, дар Суннати Расулуллоҳ (с) медонанду меҳисобанду мепиндоранду доим таън ба Имоми Аъзам (р) ва мазҳаби муҳҳазаби ӯ мезананд (мисли имрӯза фирқаҳои ғаппариши яҳудниҳоди долларпарасти динфурӯшу мазҳабфурӯш) худ чӣ коре шоиста ва басо олӣ, дар роҳи Худо, яъне, дини мубини Ислом кардаанд, ки мақбултар ва писандидатар, аз хидматҳо ва заҳамоти Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) ва ёронашон бошад, ки мо битавонем бадон равия амал кунем? Ба Худо савганд, ки яке аз шоистатарин инсони комил ва орифу сӯфии вораста ва Имоми барҳақ ва муҷтаҳиди воқеӣ ва уммати солеҳи Расулуллоҳ (с) ва бунёдгузори нахустин бинои фиқҳи шариати ғуррои Муҳаммадия (с), ҳамоно Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р)-и аслан тоҷикзабон ва ёронаш аст, баъд аз асҳоби кирому акобири мутааххирин, ки ҳаёти хешро саропо вақфу сарфи пойдории ин дини мубин ва эҳёи Суннати Расули Акрам (с) кардаанд. Ва дигар уламое, ки баъди ин «Чароғи уммат» зуҳур кардаанду мекунанд, ба гуфтаи Имом Шофеъӣ (р); «Аёли Абӯҳанифаанд»-у резахӯрони хони нахустолими барҷастаи илми фиқҳ-Имоми  Аъзам Абӯҳанифа. Чизи дигар ин аст, ки вақте дар хилофати мутамаркази (Бағдод) исломӣ ҷангҳои нафсонӣ мерафт, ҳанафиён лоҷарам Бухороро марказу пойгоҳи Ислом қарор доданд. Ва ба шарофати мазҳаби Имоми Аъзам ва дастгирии Оли Сомон  Бухоро – «Бухорои Шариф» гардид, ки ҳама ҳасад мебурданд.

Алӣ Қорӣ, ба хотири огоҳ сохтани ин бехирадон дар «Муснади Имоми Аъзам» мегӯяд: «Бадеҳист, ки касе илми Қуръон ва Ҳадисро фаро нагирифта бошад, имоми уммат буданашро тасаввур карда намешавад ва фуқаҳо (чуноне Имом Шофеъӣ иқрор кардаанд) айёли ӯ нахоҳанд буд!»

Баъзе кӯрдилон адовати худро ба Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р)бо чунин калимоти маккорона ва зоҳиран зебо пардапӯш карда мегӯянд: «-Ин ҳадис ба Абӯҳанифа нарасидааст», (Инсоф ку, охир Имом Абӯҳанифа худ муҳаддиси бузург ва аз ҷумлаи тобиъин будаанд!-С.Б.Б), ки ин ба ҷуз тӯҳмат, бӯҳтон, бахилӣ ва кизб, чизи дигаре нест. Мо ба хотири рад ва ибтоли қавли ин зумра иғвогарон ва камсаводон ва ғофилон, чанд мунозараҳои воқеӣ ва баҳсҳои илмиро аз рӯзгори эшон нақл хоҳем кард.

Аз ҷумла, қиссаи мунозараи Имоми Аъзам (р) ва Авзоъӣ, ки онро Ибни Уяйния ривоят карда ва дар «Муснади Имоми Аъзам» мазкур аст, муносиби зикр мебошад. Авзоъӣ ба Имоми Аъзам (р) гуфт: «-Чаро Шумо дар намоз ҳангоми рукӯъ рафтан ва аз рукӯъ боло шудан (ба қиём рафтан) дастонатонро намебардоред?

Имоми Аъзам (р) гуфт:-Зеро дар ин мавзӯъ аз Расулуллоҳ (с) чизе, яъне, ҳадисе, ки бемуъораз бошад, ривоят нашудааст.

Авзоъӣ гуфт:-Чӣ гуна ривоят нашуда, ки Заҳрӣ ба ман аз Солим, ӯ аз падараш Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят карда, ки Расулуллоҳ (с) ҳангоми ибтидои намоз ва ҳангоми ба рукӯъ ва аз рукӯъ боло шудан дастонашро мебардошт?

Имоми Аъзам (р) гуфт: -Ҳаммод ибни Иброҳими Ашъарӣ, аз Иброҳими Нахъӣ, ӯ аз Алқама ва Асвад ва он ду аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) ривоят менамоянд, ки «Расулуллоҳ (с) танҳо дар ибтидои намоз дастони муборакашро мебардошт ва дигар ин амалро такрор намекард.

Авзоъӣ гуфт:-Ман ба ту аз Заҳрӣ, Солим ва Абдуллоҳ ривоят мекунам ва ту ба ман аз Ҳаммод ва Иброҳим ва Алқамаву Асвад ва Ибни Масъуд сухан мегӯӣ?!

Имоми Аъзам Абӯҳанифа дар ҷавоб гуфт:- Ҳаммод ибни Иброҳими Ашъарӣ нисбат ба Солим Фақеҳтар ва донотар буд. Алқама дар илми Ҳадис аз ибни Умар камтар нест, агарчӣ Ибни Умар мушарраф ба сӯҳбати Расулуллоҳ (с) гардидааст.

Асвад низ фазилати зиёдае дорад ва Абдуллоҳ ибни Масъуд он чунон касест, ки фазилаташ машҳур буда, ҳоҷат ба баёни муфассал нест ва султони муҳаддисин аст. Авзоъӣ баъди ин посух ночор хомӯш монд. Дар «Муснади Имоми Аъзам», ба ривояти Асбаҳонӣ омадааст:-Абдулворис валади Саъид гуфтааст:- Ба Маккаи мукаррама омадам ва он ҷо бо Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р), Ибни Лайло ва Ибни Шабарма мулоқот кардам. Аз Абӯҳанифа пурсон кардам: Чӣ мегӯӣ, дар масъалаи ҷавози савдои марде, ки чизеро байъ кунад ва шарте бигузорад? Посух дод: «-Байъ ва шарт ботил аст».

Баъд аз он назди Абӯлайло омадам ва ин масъаларо пурсон кардам, ки гуфт:-Байъ ҷоиз аст ва шарт ботил мебошад. Назди Ибни Шабарма рафта, ин масъаларо пурсидам, ки гуфт:-Байъ ва шарт ҷоизанд. Ба худ гуфтам: Субҳоналлоҳ, се донишманди аҳли Ироқ, дар як масъала ихтилоф доранд. Пас боз назди Абӯҳанифа (р) омадам ва ӯро аз воқеаи кор хабардор сохтам, ки гуфт:»-намедонам, ки онҳо чӣ гуфтаанд.-Аммо Амр ибни Шуъайб аз падараш ва аз бобояш ба ман ривоят кард, ки Расулуллоҳ (с) аз байъи бо шарт, яъне, чизеро ба шарте фурӯхтан ё харидан, манъ кардааст».

Дар «Таълиқи Мухтор», бар китоби «Осор» омадааст: Абӯмутеъи Балхӣ гуфт;-Дар масҷиди ҷомеъи Кӯфа, рӯзе ҳамроҳи Имоми Аъзам (р) нишаста будам. Назди вай Сӯфёни Саврӣ, Муқотил ибни Ҳаббон, Ҳаммод ибни Муслим, Имом Ҷаъфари Содиқ ва дигар фуқаҳо ва фузало омаданд ва чунин шикоят карданд:- Ба мо хабар расида, ки дар масоили динӣ, бисёр аз қиёс (далелҳои ақлӣ) кор мебарӣ, ки мо аз ту хавф дорем, ки гумроҳ нашавӣ ва дигаронро низ гумроҳ насозӣ. Зеро аввалин касе, ки фармудаи Худоро тарк карда, ба далели ақлӣ, кор гирифтааст, ки Иблиси лаъин (мурод ин ҷо воқеъаи машҳурест, ки сабаби гумроҳ ва малъун гардидани Иблис, яъне, шайтон шудааст. Он чунин аст: Чун Аллоҳ таъоло баъди хилқати Одам, фариштагонро, ки Иблис дар байни онон буд, амр кард, ки пеши Ҳазрати Одам ъалайҳиссалом саҷда намоянд, ҳама ба ҷуз Иблис саҷда карданд. Аммо Иблис чунин далели ақлӣ (қиёс)-ро ба худ раво дид, ки ӯ аз оташи махлуқ аст ва Одам (ъалайҳиссалом) аз хок офарида шудааст ва оташ аз хок беҳтар аст, бинобар ин набояд назди Одам (ъалайҳиссалом) саҷда кунад. Ба ин далели ақлии худ, Иблис тарки амри Худованд кард ва оқибат ба ҷовидона гумроҳ ва малъун гардид ва ин аст, ки аз замони Одам (ъалайҳиссалом) то ба ин дам бандагони солеҳи Худо борони лаънат ба Иблис фиристодаанду мефиристанд ва хоҳанд фирист-С.Б.Б). мебошад.

Абӯмутеъи Балхӣ мегӯяд:-Он рӯз, то нисфирӯзӣ, Имоми Аъзам (р) бо ҷамъи эшон мунозира кард ва ононро аз усули мазҳаби муҳаззаби худ огоҳ сохт ва дар охир гуфт: «-Ман аввалан ба китоби Худо, яъне, амру фармонҳояш-Қуръон амал мекунам ва баъд аз он ба Суннати волойи Пайғамбараш /с/, баъд аз он ба ончӣ асҳоби киром файсала кардаанд такя мекунам ва истинод меварзам.-Масъалаи иттифоқи байни асҳоби киромро ба масъалае, ки дар ҳукми он, дар байнашон ихтилоф аст, муққадам медорам ва ин ҳин, яъне, ҳангоми амал ба масъалаи ихтилофи байни асҳоби киром, қиёс мекунам. Яъне, ба усули қиёс беҳтарини онро интихоб мекунам ва онро мазҳаби хеш қарор медиҳам».

Абӯмутеъи Балхӣ, дар охир гуфтаанд: «-Баъди шунидани ин ҷавобҳову далелҳои раднопазири Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа, ҳамаи онон (яъне, Имом Ҷаъфари Содиқ, Сӯфёни Саврӣ, Муқотил ибни Ҳаббон, Ҳаммод ибни Муслим ва ҷамъи онон) аз ҷой бархостанд ва дастону зонувони Имоми Аъзам (р)-ро бӯсида, гуфтанд:-Ту воқеан пешвои кулли уламо мебошӣ! «-Он бадгумоние, ки дониста, дар ҳаққи ту аз мо воқеъ шуда буд, бубахш».

Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) гуфт: «-Ғафараллоҳу лано ва лакум аҷмаъин», (яъне: -Аллоҳ таъоло мо ва шумоёнро ба якҷоягӣ авф кунад). Имом Шаъронӣ мегӯяд: «-Аллоҳ таъоло ба ман фазл карда, ки муяссарам сохт, то се нусхаи саҳеҳи китоби «Муснади Имоми Аъзам»-ро мутолиъа кунам, яъне ҳадисҳои ҷамъовардаи ӯро.

Пас дидам, ки танҳо аз ахёри тобиъини хайрулқурун, ки дар ривояти Ҳадис сиққа ва мӯътамад мебошанд, монанди Асвад, Алқама, Ато, Икрима, Муҷоҳид, Макҳул, Абдуллоҳ ибни Масъуд Ҳасани Басрӣ ва монанди инҳо ривоят кардааст. Ин ашхоси мазкур он чунон ровиёне мебошанд, ки байни эшон ва Расулуллоҳ (с) ашхоси сиққа мӯътамаданд, ки ҳеҷ яке аз эшон муттаҳам, ба кизб (дурӯғгӯӣ) нагардидаанд».

Соҳиби фатвои «Сироҷия» мегӯяд: «-Абӯҳанифа (р) асоси мазҳаби худро ба шӯро бунёд карда, асло худ ба танҳоӣ, ба вазъи масоил шурӯъ накардааст. Ҳар масъалаеро, ки ба шогирдонаш ироа медошт, ҷавоби ононро мешунид ва фикри худро низ баён медошт ва барои даст ёфтан ба ҳалли дурусти он, бо эшон мунозира мекард. Ин баҳсу мунозираи илмӣ, то замоне идома меёфт, ки ба қавли ӯ ё ба қавли онон иттифоқи умум сурат бигирад ва баъди ин Имом Абӯюсуфи Яъқуб онро китобат мекард».

Алӣ ибни Муҳаммади Баздавӣ, аз Имом Абӯюсуф ривоят кардаанд, ки гуфтааст:-Дар масъалаи махлуқ гуфтани Қуръон, бо Имоми Аъзам шаш (6) моҳ мунозира кардам. Саранҷом ба ин иттифоқ кардем, ки касе агар «Қуръон»-ро махлуқ бигӯяд, мутлақан кофир аст!

Яке аз хусусиятҳои мазҳаби Имоми Аъзам (р) ин аст, ки (чи хеле, ки қайд шуд) он дар асоси шӯро (фатвои иттифоқи ҷамъи уламо ва фуқаҳои варзида) бунёд шуда, дар он қавли Имом (р) ва шогирдонаш мӯътабар аст ва фатвои амал, ба қавитарини он мебошад…

Бинобар ин, агар касе ба қавли яке аз шогирдони Имоми Аъзам (р) амал намояд, ки он қавитар аз қавли Ҳазрати Имоми Аъзам (р) аст, аз мазҳаби Имоми Аъзам (р) хориҷ нахоҳад шуд». 79-7-12.

Бале, ба ин хотир аст, ки (ҳарчанд такрор малоловар аст, аммо азизон, зикри нукоти зер, ки ҳоло дидаи мубораки худ бар он медӯзед, хеле ва хеле хонданбоб ва гуворост) бисёре аз уламо ва фуқаҳои машҳури Ислом, нисбати Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) ва мазҳаби муҳаззаби он сироҷи умам ва нисбати шогирдони барӯмандаш бисёр некӯ сухан гуфтаанд ва ҳурмату иззати азамати Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) ва ёронашро басо самимона ба ҷо овардаанд.

Аз ҷумла, дар «Маноқиби Имоми Аъзам»-таълифи Маккиӣ омадааст:-Имом Шофеъиро шунидам, ки мегуфт:-Молик ибни Анасро пурсон кардам, ки:-Оё бо Имоми Аъзам (р) мулоқот намудӣ ва мунозира кардӣ? Имом Молик дар посух гуфт: «-Оре, бо он бузургвор ва сироҷи умам зиёд мулоқот доштам, дар симои Имоми Аъзам (р) мардеро дидам, ки агар ба ин девори аз санг биношуда назар намуда бигӯяд, ки:-Ин девор аз тиллои холис бунёд шудааст, албатта, ба ин гуфтаи худ далел оварда метавонад!

Дар «Ахбори Абӯҳанифа (р)-Авн, яъне, писари Абдуллоҳ писари Утба мегӯяд:-Касе аз Имоми Аъзам (р) шаби худро хубтар, дар ибодат намегузаронид. Шаш моҳ ҳамроҳаш будам ва надидам, ки ҳатто як шаб дароз кашида хоб карда бошад…

Дар «Ахбори Абӯҳанифа» омадааст:-Рабеъ мегӯяд:-Аз Имом Абдуллоҳ ибни Идриси Шофеъӣ, бо гӯши худ шунидам, ки мегуфт: Имом ва фақеҳи барҳақе, ки дар воқеъ фахри олами Ислом аст, Имоми Аъзам (р) аст ва дар илми фиқҳ, мардумон назди Имом Абӯҳанифаи Кӯфӣ аёланд».

Ҷое омада: Убайдуллоҳ ибни Умар гуфт:-Назди Аъмаш (р) будам, ки аз ӯ масъалаеро пурсон карданд. Аъмаш ба мардуми ҳозирбуда назар карда, ба Абӯҳанифа (р) гуфт:-Ай Нӯъмони доно, ҷавоби ин масъаларо бигӯед! Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит (р) дар як нафас ҷавоби он масъаларо баён кард. Аъмаш гуфт:-Ин ҷавобро аз куҷо гуфтӣ, яъне, ба кадом далели шаръӣ? Имоми Аъзам (р) гуфт:-Аз ҳадисе, ки ба мо ривоят карда будӣ! Аъмаш гуфт:-Шумоён, яъне, фуқаҳои Ислом, табибон ва моён, яъне, ровиёни Ҳадис, ба манзалаи давоӣ, дар давохонаем.

Дар «Муснади Абӯҳанифа», ба ривояти Асфаҳонӣ омадааст:-Имоми Аъзам (р) гуфт:-Дар Макка бо Ибни Ато мулоқот кардам ва аз вай чизеро пурсидам, ки ба ман гуфт:-Ту аз куҷо мебошӣ? Дар ҷавоб гуфтам: Аз аҳли Кӯфа. Пурсон кард:-Аз ҷумлаи касоне, ки дини худро пароканда сохта гурӯҳ-гурӯҳ гардидаанд?! Гуфтам: Оре! Боз пурсон кард: Пас аз кадом гурӯҳ мебошӣ? Гуфтам:-Ман аз ҷумлаи касонеам, ки салафро дашном (уламойи аҳди Расулуллоҳ (с), ҷумлаи тобиъин ва акобири исломро) намедиҳанд, ба қазо ва қадари Худо имон ва эътиқод доранд ва касеро ба содир кардани гуноҳ кофир намегӯянд! Пас Ато ба ман (мегӯяд Имоми Аъзам ) гуфт: -Ҳақро ба дурустӣ дарёфтаӣ ва ба он побанд бош!

Муаллифи китоби «Таълиқи мухтор бар китоби «Осор» Мавлоно Абдулбории Каҳнавӣ мегӯяд:-Аз Имом Аҳмад ибни Ҳанбал (р) муассиси мазҳаби ҳанбалия ривоят шуда, ки гуфтаанд:-Чун дар масъалае қавли се нафар иттифоқ бошад, мухолифати эшонро шунида нахоҳад шуд. Аз вай пурсиданд, ки онҳо киҳоянд? Чунин посух доданд:-Абӯҳанифа Имоми Аъзам (р), Имом Абӯюсуфи Қозӣ ва Имом Муҳамад ибни Ҳасан (р). Аз Имом Музаннии Ироқӣ, ки донои асри худ буд, чунин суол карданд:-Дар шаъни Имом Абӯҳанифа (р) чӣ мегӯӣ? Гуфт: Ӯ пешвои эшон аст…

Пурсиданд: Абӯюсуфи Яъқуб чӣ? Гуфт:-Аз ҳамаашон бештар, аз ҳадис пайравӣ мекунад. Боз пурсиданд:-Дар шаъни Имом Муҳаммад чӣ мегӯӣ? Гуфт:-Дар масоили шаръӣ, аз ҳама хубтар аст. Пурсиданд:-Дар шаъни Имом Зуфар ибни Ҳузайл чӣ мегӯӣ? Гуфт:-Дар қиёс яке аз бузургони эшон мебошад.

Имом Шофеъӣ (р) мегӯяд: «-Ба ҷуз Имом Муҳаммад ибни Ҳасан (шогирди Имоми Аъзам) бо касе, ки мунозара мекардам, ранги рӯяш тағйир меёфт. Се нафарест, ки агар забони эшонро намедонистам, ҳукм мекардам, ки онҳо малоика мебошанд, Имом Муҳамад, ибни Ҳасан дар фиқҳ, Касоӣ дар наҳв ва Асмаъӣ дар шеър… «79.-12-14

Суоле метавонад пайдо бишавад, ки: Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) аз ҷумлаи тобиъин буд ва ё табаъа тобиъин? «Ҷавоби мо (С.Б.Б) ин аст, ки ӯ, яъне, Имоми Аъзам (р), ки дар асри Расулуллоҳ (с) саҳоба ва тобиъини гиромӣ (р) зистаанду бо чанде аз эшон, аз ҷумла, бо Анас ибни Молик (р) ҷамъ 16 саҳоба ва чанде дигар дидор кардаанду сӯҳбати эшонро дарёфтаанд, пас ба дурустӣ, аз аҳли тобиъину кубаройи замонанд ва дар илми ҳадис машҳур.

Дар ҷое омада, ки Имоми Аъзам (р) аз ҳафт саҳобаи киром (р) ривоят кардаанд. Аз ҷумла, дар китоби («Таълиқи мухтор бар китоби Осор» мазкур аст. Хоразмӣ гуфтааст:-Уламо бар ин иттифоқ доранд, ки Имоми Аъзам худ бевосита аз асҳоби Расулуллоҳ (с) ривоят кардаанд, лекин дар ададашон ихтилоф аст. Баъзеҳо гӯянд аз шаш саҳоба ривоят кардаанд, ки яке аз эшон зан мебошад. Баъзе дигар гӯянд, ки аз панҷ нафар, ривоят карда, ки як нафарашон зан аст. Ва баъзе дигар гӯянд, ки аз ҳафт нафар ривоят карда, ки яке аз эшон зан аст.

Бинобар қавли аввал, ки ӯ яъне, Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р), ки аз шаш саҳобаи киром разиаллоҳу анҳум ривоят кардааст, инҳоянд: Анас ибни Молик (р), Абдуллоҳ ибни Унайс (р), Абдуллоҳ ибни Ҳорис (р), Ибни Ҷузъу-з-Зубайдӣ (р), Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) Ибни Абӯавфо (р), Восилаҳ ибни Асқаъ (р) ва бинти Аҷаза (р). Бинобар қавли саввум, Маъқал ибни Ясор (р) изофа мешавад. Аммо бинобар қавли дуввум, ки мегӯянд: аз панҷ саҳобаи киром (р) ривоят кардааст, Ҷобир ва Маъқал ибни Ясор (р) дар ҷумлаи асҳоби мазкур дохил намебошанд.

Ибни Халдун бошад, аҳли салафро саҳобагон (ҳамсӯҳбатон)-и Расулуллоҳ (с) номидааст, ки дуруст аст. Касоне, ки бо саҳобагон ҳамсӯҳбат шуда, илми эшонро фаро гирифтаанд, тобиъин номида шудаанд. Бино ба он қавле, ки Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) бо ҳафт нафар аз асҳоби кироми Ҳазрати Расули Акрам (с) вохурӣ ва сӯҳбате ҳам доштаанд, инҳо мебошанд: 1.Анас ибни Молик (р). 2.Василаҳ ибни Асқаъ (р). 3.Маъқал ибни Ясор (р). 4.Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р). 5.Абдуллоҳ ибни Ҳорис (р). 6.Абдуллоҳ ибни Унайс ибни Абиавфо (р), 7.Оиша бинти Аҷуд (р).

Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р)-и тобиъин, баъзе аз аҳодиси саҳеҳу шарифи Расулуллоҳ (с)-ро, ки аз забони ин ҳафт саҳобаи киром (р) шунида аст, чунин нақл кардааст:

1.Анас валади Молик (р) мегӯяд, ки Расулуллоҳ (с) гуфт: «Талаб кардани илм фарз аст, барои ҳар мард ва зани мусалмон». .

2.Анас валади Молик (р) айзан мегӯяд, ки Расулуллоҳ (с) гӯфт: «Далолаткунандаи кори хайр, монанди ба иҷро расонандаи кори хайр аст. Ба дурустӣ, Аллоҳ дӯст медорад, ки бандагони дар ғам гирифторшударо кӯмак ва мадад карда шавад».

3.Абдуллоҳ валади Ҳорис аз Расул (с) гуфт: «Касе, ки фақеҳи дини Худо шавад, Аллоҳ Таъоло ғамҳояшро дур карда, ризқашро аз тарафе мерасонад, ки дар гумонаш пайдо шудани ризқ, аз он тариқ набуд».

4.Ҷобир аз Расулуллоҳ (с) ривоят карда, «Шахси сарватманде пеши Расул (с) омада гуфт:-Ман фарзанд надорам. Пас Расули Худо гӯфт:-Чаро талаби омӯрзиш ва хайру садақати бисёр намекунӣ, то Худо бароят фарзанд ато кунад? Он мард садақаҳо кард ва истиғфори зиёд намуд. Аллоҳ таъоло ба ӯ 7 фарзанд ато намуд».

5.Абдуллоҳ валади Абиавфо аз Расул (с) мегӯяд: «Шахсе барои Худо масҷиде бино кунад, агарчӣ он монанди лонаи Қатот (номи парандае-сангобдавак) хурд бошад ҳам, Аллоҳ Таъоло барои ӯ дар Биҳишт кӯшке бино мекунад».

6.Восилаҳ, аз Расул (с) нақл мекунад, ки: «Аз мусибате, ки ба сари бародари мусулмонат расидааст, шодӣ макун, ки Аллоҳ ӯро аз он наҷот дода, туро ба он мусибат гирифтор мекунад.

7.Абдуллоҳ ибни Унайс аз Расул (с) мегӯяд: Чизеро бисёр дӯст дорӣ, вай туро оқибат кӯрӯ кар мекунад».

8.Оиша духтари Аҷӯд, аз Расул (с) ривоят кардааст: «Бештарин лашкари Худо, дар рӯи замин, малах аст. Ман онро намехӯрам ва ҳаромаш ҳам намегӯям».

Мулоқоти Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) – ро бо баъзе аз асҳоби киром (ба мисли Анас ибни Молик разиаллоҳу анҳум), муҳаддисини маъруф низ инкор надошта, ӯро дар ҷумлаи тобиъин зикр кардаанд. Чуноне Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ (р) дар шарҳаш бар «Саҳеҳи Бухорӣ»-и Имом Ал-Бухорӣ менависад: «-Ин мазҳаби ҷумҳури асҳоби киром, мисли Ибни Аббос (р), Алӣ (р), Муъовия (р), Анас ибни Молик (р), Холид ибни Валид (р) Абӯҳурайра (р), Оиша (р) ва Умми Хони разиаллоҳу анҳум аҷмаъин ва инчунин аз тобиъин мисли Ҳасани Басрӣ (р), Ибни Сирин (р), Шаъбӣ (р), Ибни Мусайяб (р), Атои Маккий (р) ва Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) мебошанд». 79 14.

Хулоса, Имоми Аъзам (р) дар таълимоти худ, ба далелҳои нақлӣ, яъне, ҳадисҳои Расулуллоҳ (с) такя мекард ва онҳоро барои ҳифз ва риоя кардан, ба шогирдони худ талқин мекард. Исботи ин далоили нақлии зер, аз намунаҳои ақоиди фиқҳи ҳанафӣ аст, ки Имоми Аъзам (р) дар чанд боб ба онҳо такя намуда, барои баёни матолиби хеш, аз ин далоили мӯътамад ва саҳеҳи нақлӣ истифода кардааст, ки мо инҷо барои исботи бо далел, интихоби чанд қатраҳо аз он баҳри бекаронаи суханони раҳнамо, яъне, аҳодиси Набавӣ (с)-ро мисол овардаем, ки чунин аст:

Имоми Аъзам (р) аз Абӯбарда (р), ӯ аз падараш, яъне Абӯмусои Ашъарӣ (р) ривоят намоянд, ки гуфт:-Расулуллоҳ (с) чунин фармудаанд: «-Уммати ман-уммати марҳума аст, яъне, омӯрзидашуда мебошад, ки дар охират солеҳони он ба азоб гирифтор нахоҳанд шуд. Азоби ин умматон аз дасти якдигар, яъне ба қатлу ғорати баъзе дигарашонро дар дунё воқеъ шавад» 79-6.

Шакке нест, ки мусалмонон бандаҳои хоси Парвардигоранд. Бо вуҷуди ин, ҳикмат ва адолати илоҳӣ тақозои онро дорад, ки агар кори гуноҳе содир намоянд, яъне, бандагон, пас подошашонро бубинанд. Биноан, ба хотири ин, ки аксаран дар қиёмат, чуноне дар лафзи ҳадиси набавӣ (с) омадааст, марҳуманд.

Ҷазои амалҳои бадашонро бандагон дар дунё хоҳанд чашид. Аз ҳамин ҷиҳат аст, ки мусалмонон, аз ҳама бештар, ба мусибатҳо ва балоҳову нохушиҳо даст ба гиребон мешаванд. Ҷои дигар омада: Имоми Аъзам (р) аз Абӯзубайд (р), ки вай аз Ҷобир (Р) ривоят намояд, ки Набӣ (с) гуфт: «Чун ба яке аз Шумо хушбӯие оварда шавад, пас аз он микдоре истифода кунед». Бале, атр ва хушбӯӣ чизест, ки табиати инсонҳои солим онро дӯст доранд ва истифода баранд. Чун Расулуллоҳ (с) табиатан бидуни пошидани хушбӯй, хушбӯй буда, аз баданаш ва вуҷуди муборакашон бӯи миск (мушк) мерасид умматашро ба истифодаи хушбӯиҳо, мисли мушк анбар ва ғайра ташвиқ кардааст. 79-.6.

Дар бораи амонат будани мансаб омада: Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р), он инсони комил ва шахсияти нотакрору камназир, дар зӯҳду тақво ва ибодату тақлиди бандагӣ, ба Худованд, аз Ҳайсам (р), ӯ аз Ҳасани Басрӣ (р), ӯ аз Абӯзари Ғаффорӣ (р) ривоят намоянд, ки Расулуллоҳ (с) фармуд: «Ай Абӯзар! Иморат, яъне, вазифа ва мансаб амонат аст. Яъне, дар он хуқуқи Худо ва бандаҳоро бояд риоят карда шавад. Он расвоӣ ва пушаймониро фардои қиёмат, ба бор оварад. Танҳо касе аз ин масъулият барояд, ки онро ба ҳаққаш гирифта, яъне, лоиқ ва мустаҳқиқи он мансаб бошад ва он чиро болояш воҷиб аст, адо кунад.

Заъфи имон ончунон чашмонро хира ва қиёматро аз назар дур намояд, ки масъулият ва ҷавобгарии он рӯз, фаромӯш шавад ва кас ба коре даст занад ва даъвои мансаберо кунад, ки аз ӯҳдаи он набарояд ва худро ба сахтиҳои дунё ва қиёмат гирифтор кунад». 79-6.

Дар бораи оқибати дуздӣ, зино, ҳаққи ҳамдигарро хӯрдан ва аҳдшиканиву дурӯғгӯи бошад, омада: Имом Муҳаммад (р) дар «Муатто», аз Имом Молик (р) ва ӯ аз Яҳё ибни Саъид (р) ривоят намояд, ки ба ӯ аз Абдуллоҳ ибни Аббос (р) хабар расида, ки Расулуллоҳ (с) гуфтаанд: «-Дар кадом қавме ғулул, яъне, дуздидан, аз моли ғанимат, моле аз душман ба даст меояд, ошкор гардад, дар дилҳояшон тарсу хавф андохта шавад. Дар байни кадом қавме зинокорӣ интишор ёбад, ба яқин марг дар байни онон зиёд хоҳад шуд. Дурӯғгӯён душмани Худоянд ва дурӯғгӯӣ, аз торикии имон аст, бикӯшед то дилҳоятон мунаввар бошад ва алфози дурӯғ, аз забонатон канда. Кадом қавме, ба кам кардани паймона ва вазн, яъне, ҳаққи ҳамдигарро дар сари савдо хӯрдан машғул шаванд, ризқашон қатъ, яъне, кам ва бебаракат гардад. Кадом қавме ҳукмҳои ноҳақ намоянд, дар байнашон ҳамдигаркушӣ ва хуни ҳамдигарро рехтан зиёд шавад. Кадом қавме ба аҳди худ қадр ва паймоншиканӣ кунад, душманонаш болои онон ҳоким хоҳанд шуд…». 79.-6

(Мисли ҳамсоягони атроки муғулнажоди саҳроии тиҳимағзи мо, ки  нисбати мо найрангҳо ва аҳду паймоншиканиҳо мекунанд…-С.Б.Б).

…Ба ин хотир мазҳаби Ҳанафӣ, аз паҳншудатарин, яъне, интишорёфтатарин, одилтарин ва демократитарин мазҳаби динӣ, дар байни фирқаву мазоҳиби мухталифи Ислом мебошад, ки зиёда аз шаст фиссади аҳли суннат ва ҷамоат бар ин мазҳабанд. Зеро, ки пешвои он ва асосгузори он инсони комил ва фақеҳи кабиру Имоми Шаҳир- Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа ибни Собит ибни Қайс ибни Марзбон ибни Завтӣ Ал Форси Ал Кобулӣ (аз даризабонон, яъне, аз тоҷикони бедордилу бедормағзи Кобули бостон аст) Ал-Куфй (р) аст…

Дар боби издивоҷ омада: Имоми Аъзам аз Зиёд, ӯ аз Абдуллоҳ ибни Ҳорис ва ӯ аз Абӯмӯсо ривоят намоянд, ки гуфт: Расулуллоҳ (с) фармудаанд: «-Издивоҷ кунед! Ба ростӣ, ман ба бисёрии Шумо, наздики дигар умматон фахр мекунам».

Таълимоти дини мубини Ислом, ба зиёд шудани насли пайравони ин уммат нигаронида шуда, мухолифи ҳар гуна таҳдид ва ба плангирии демографии насли инсонӣ (ки аз ихтироъу афсонаҳои бофтаи «уламойи ғайримусалмонист, яъне, яҳуду насорои найрангбоз») мебошад. Инсоне, ки Худованди карим ҷалла ҷалолаҳу худ онро пайдо ва халқ карда аст, дар вуҷуди ҳамаи онҳо қудрати пайдо кардани ризқ дар барояшон муқарарршударо, гузоштааст (давлати Чин наздики ду миллиард аҳолӣ дорад ва дар ҷаҳони имрӯза бойтарин давлат ба ҳисоб меравад)…

Оё никоҳи муваққатӣ равост? Имоми Аъзам аз Нофеъ ва ӯ аз Абдуллоҳ ибни Умар ривоят намоянд, ки Расули Акрам (с) аз никоҳи мутъаӣ, рӯзи фатҳи Хайбар манъ кард.

Никоҳи мутъа ва муваққатникоҳӣ-никоҳи чандинмуддатина, яъне, муваққатӣ (сиға) мебошад, ки дар садри Ислом ривоҷ буда, дар охирҳои айёми ҳаёти Пайғамбар (с), яъне, дар (Ҳаҷҷи вадоъ»,) бинобар он чӣ Алӣ Қорӣ гуфтааст, ҳаром гардид. Бар ҳаром будани ин никоҳ иҷмоъи уммати Муҳаммад (с) сурат гирифтааст:

«-Биноан, он никоҳи ботил буда, ҳамбистарӣ бо зан, дар асоси чунин никоҳ, зинои ошкоро аст, ки гуноҳест басо азим». Ин ҳадисро Имом Аҳмад ва Имом Ал-Бухорӣ, низ ривоят кардаанд…

Дар боби се чизе, ки шӯхӣ надоранд: Имоми Аъзам аз Ато, ӯ аз Юсуф писари Моҳак, вай аз Абӯҳурайра (р) ривоят кунанд, ки Расулуллоҳ (с) фармудаанд: «-Се чизро ҷиддӣ, ба забон овардан ва ба ҳазлу шӯхӣ гуфтани онҳо, ҷиддӣ маҳсуб аст. Он се талоқ, никоҳ ва раҷъа мебошанд.

Яъне, агар шахсе ба тариқи ҳазлу бозӣ, занашро талоқ кунад ва нафси занеро қабул бикунад ва ё дар талоқи раҷъӣ, ба зани талоқкардашуда бигӯяд, туро раҷъа кардам, ҳамчунонаст, ки инро ҷиддан гуфта бошад. Маънои раҷъа дубора гирифтани зани талоқкардашуда мебошад, ки дар талоқи раҷъӣ, қабл аз тамом шудани иддаи занаш ба муҷарради қавли завҷа туро руҷӯъ кардам, яъне, дубора ба занӣ гирифтам, воқеъ гардад. Аммо дар талоқи боин дубора таҷдиди иҷобу қабул лозим аст. Ба дастуроти шариъат бозӣ накунед!

Имоми Аъзам (р) аз Абӯисҳоқ, вай аз Абӯбарда, ӯ аз падараш ривоят намояд, ки Расулуллоҳ (с) фармудаанд: «-Чист ҳоли қавме, ки ба муқаррарот ва қавонини дини Худо бозӣ карда мегӯянд (яъне, бо занонашон):-Ҳаққо, ки талоқат кардам ва яқинан дубора ба заният гирифтам».

Нописандӣ, ба дастурот ва муқаррароти шариъати илоҳӣ, куфр аст. Вале, бо вуҷуди ин, бисёре аз бародарони мо дониста ва ё надониста нафсҳои худро ба бозӣ кардан, ба фармудаҳои шариъати Худо, мустаҳқиқи азоб месозанд. Агар чунин амали нораво қасдан сурат бигирад, бими куфр аст. Дар лафзи ҳадиси шариф чунин кор, дар масъалаи талоқ беҳӯда зикр нагардидааст. Зеро аксари мардум имрӯз, аз ин масъалаи муҳим ғофиланд ва ба шӯхиву бозӣ, лафзи талоқро истифода мекунанд.

Лафзи талоқ калимаи оддӣ нест, бо зиёд талафуз кардани лафзи талоқ, имон аз тани инсон меравад ва ба қавли аҳли тақвову фатво бо ба забон овардани лафзи талоқ арши аъло меларзад (С.Б.Б).

Бале, ашхосе пайдо мешаванд, ки даҳҳо маротиб занони худро талоқ медиҳанд ва боз бо онон ҳамбистар мешаванд. Яке аз сабабҳои қашшоқии рӯзгор, балову офат, авҷи касофат, касалиҳо ва мунҳариф шудани фарзандон аз дини ҳаққи аҷдодашон, ин ҳаромзодагии онҳост, ки аз чунин падару модари ғофилу фосиқу дайюсу ҷоҳил ва рибохор ва ришвахӯр, ба дунё омадаанд…

Дар боби бахшидани гуноҳи хуни ба ноҳақ рехташуда: Имоми Аъзам аз Ато, вай аз ибни Аббос (р) ривоят намоянд, ки Расулуллоҳ (с) фармудаанд: «-Кас авф кунад, аз хуни ба ноҳақ рехташуда, ба ҷуз Ҷаннат дигар савобе надорад».

Яъне, камтарин савоберо, ки мустаҳқиқ хоҳад шуд, бузургтарин комёбиест, ки он дохил шудани Ҷаннат мебошад. Ин ҳадиси шариф, ки овардем, баёнгари фармудаи Аллоҳ аст: «Ва ҳувал-лазӣ яқбалут-тавбата ъан ъибодиҳи ва яъфу ъанисса-йиоти ва яъламу мо тафъалуна» (Сураи «Аш-Шӯро, 25-ум оят). (Яъне: «Ва ӯст, ки тавбаи бандагонашро мепазирад ва аз гуноҳон авфашон мекунад ва ҳар чӣ мекунед, медонад». сураи «Аш-Шӯро-ояи 25-ум»-Тарҷумаи Абдулмуҳаммад Оятӣ).

Ва низ Худованди ҷалла ҷалолаҳу, дар ояи мубораки сураи шарифи «Аш-Шӯро» (сураи 42-уми Қуръони Маҷид) мефармояд, астаъизу биллоҳ: «…Фаман ъафо ва аслаҳа фааҷруҳу ъалаллоҳи, иннаҳу ло юҳибуз-золимин» (Аш-Шӯро»-40). Яъне:…Пас касе, ки авф кунад ва оштӣ варзад, муздаш бо Худост, зеро Ӯ ситамкоронро дӯст надорад. (Сураи «Аш-Шӯро»-ояи 40-ум; тарҷ. Абдулмуҳаммад Оятӣ).

Нафси аммора, шайтони музир ва раҷим, фитнаҳо ва найрангҳои душманони кӯрдили Ислом, аз рӯзи зӯҳури ин дини мубину басо ростин, то имрӯз ҳазорон маротиб сабаби кашмакашиҳо ва хунрезиҳои ба ноҳақ, байни мусалмонон гардида ва ҳазорон пайравони ин дини мубин, аз дасти бародарини мусалмони хеш (мисли даврони солҳои 30-юм ва то 60-70-уми ҳукумати Шӯравӣ, ки бо амри он, ки;-салларо биёваред, мусалмонони кӯрдили мо калларо бурданд ва бо гуноҳи;-мулло, эшон, бой, кӯлак, кӯҳнапараст арабидону арабихон ва китобдор ва ғайра, ҳазорон мардони ҳақ ва пешвоёни илму маърифат ва номбардорони миллатро ба мисли Аллома Шайх Нақибхони Туғрал, Саъдуллоҳ Рабиӣ ва даҳҳо дигаронро куштанд, зиндон карданд ва ба Сибиру Шарқи Дур тройка-яъне, бо шоҳидии се мунофиқи кӯрдил ва ғуломони чоплӯси бегонагон дур карданд, яъне, беному нишон нест карданд ва ҳама пешвоён ва доноён ва ҳакимони пешбари моро бо фитнаҳои шайтонӣ, аз байн бурданд ва хуни ноҳақ рехтанд, ки ба ғазаби Худо, оқибат як давлати абарқудрат, ба якборагӣ пош хӯрд-С.Б. Б) ба охират рахти сафар бастанд. Дар ҳама давру замон ягона роҳу тариқи қатъи чунин кашмакашиҳои байни ҳамдигарӣ, рӯ овардан ба дастуроти китоби Худо ва Суннати Пайғамбари гиромии Ӯ (ҷалла ҷалолаҳу) мебошад, ки ин амалро шадидан маҳкум карда, ба қотили мусалмон қаъри нори дӯзахро маскану бошиши абадӣ муайян намудаанд. Ба ислоҳкунандаи чунин хунрезиҳо ва авфкунанда,   аз   хуни   ба   ноҳак,   резондаи   ақрабояш   ва   тарки интиқомкунанда, аз бародари мусалмонаш, беҳтарин неъмати илоҳӣ, Ҷаннати ҷовидону босафоро муқаррар кардаанд.

Авфу бахшиш, ягона калиди дарвозаи ислоҳи чунин кашмакашиҳои ҳаром ва нораво, ягона роҳи наҷот, аз бадбахтиҳои дуниявӣ ва ухравист ва наҷот аз бардашавӣ ба дигарон. Пас, ай бандагони Худо, ба ин тариқати Худо ва Расулаш(с) фармуда қадам бизанед, агар мехоҳед, аз расвоии дунё ва охират наҷот ёбед. Ва ғуломи бегонагон нашавед, то садақахӯр ва бенаво нагардед. Дар боби набахшидани гуноҳ…

Имоми Аъзам аз Нофеъ, вай аз Абдуллоҳ ибни Умар ривоят намоянд, ки Расулуллоҳ (с) фармудаанд: «-Пеши касе узр биёрад, бародари мусалмонаш, яъне, ҷурме, ки дар ҳаққи ӯ кардааст, пас қабул накунад узру бахшиши вайро, мисли соҳиби макс гунаҳгор шавад».

Соҳиби макс даҳякгиранда, яъне, оширро гӯянд. Касеро, ки тибқи дастӯроти шариъати Ислом бояд ҳангоми убури тоҷирҳо, аз сарҳад, аз даҳ ҳисса, як ҳиссаи моли онҳоро барои байтулмол (хазинаи давлат) бигирад. Ғолибан чунин ашхос болои мардум зулм намуда, моли зиёдашонро тороҷ менамоянд, ки ин дуздии ошкорост ва зулм, дар ҳақи тоҷирон. Биноан дар ҷабру зулму гунаҳгорӣ машҳур шудаанд. Пас, агар шахсе узри бародари мусалмонашро напазирад, мисли оширон гунаҳкор мебошад, ки гунаҳкорро дар ҷаннат роҳ нест, ба ҷуз нори дӯзах…

Дар боби гуноҳи се нафар, ки авф аст: Имоми Аъзам, аз устоди худ Ҳаммод ибни Абӯсулаймони Фақеҳ, вай аз Иброҳими Нахъӣ, ӯ аз Асвад ва ӯ аз модари мӯъминон Оиша (р) ривоят намояд, ки Расулуллоҳ (с)чунин фармудаанд: «-Қалам аз се шахс бардошта шудааст: (Яъне, гуноҳи се шахс китобат нашаванд)-Аз ноболиғ, то бузург шудан ва ба балоғат расиданаш (духтар то нӯҳсолагӣ ва писар то дувоздаҳсолагӣ), аз девона то соҳиби ақлу хирад гардиданаш ва аз шахси хоб, то бедор шуданаш…».

Дар боби он, ки оё кӯлоҳ (тоқӣ, каллапӯш) ба сар кардан суннат аст? Имоми Аъзам аз Ато валади Абӯраббоҳ ва ӯ аз Абӯҳурайра (р) ривоят намоянд, ки Расулуллоҳ (с) қалансуваҳ, яъне, кӯлоҳ ва ё худ радоъ доштанд. Алӣ Қорӣ мегӯяд»:-Мурод аз қалансуваҳ он чизест, ки ба он сарро пӯшонида (сатр) мешавад».

Басо ғофилонеро мебинем, ки кӯлоҳ (ба занҳо сатри сар), яъне, давлати сарро бар сар накунанд ва ба аҳли яҳуду насоро ва буддоӣ ва маҷӯсӣ ва ғайра пайравӣ кунанд (чӣ занҳо ва чӣ мардҳо) ва кӯлоҳ бар сар карданро як чизи муҳим надониста, ҳам дар тасфи тобистон ва чангу дуду хок ва намиҳои тирамоҳу сардиҳои замистон ва борони сарди баҳорон бо сарҳои ӯрён мегарданд, ки ба саломатиашон зарар дорад ва суннати хуби Расулуллоҳ (с)-ро зери по менамоянд.

Дар ҳадиси шарифи дигарӣ, ривояткардаи Ҳазрати Имоми Аъзам (р) аз Ато ва ӯ аз Ҳазрати Абӯҳурайра (р) ва дар ривояти Ибни Асокир (р) низ кулоҳ ба сар кардани Ҳазрати Расулуллоҳ )с) ривоят шудааст…

Дар боби он, ки ҳамаи корҳои нек садақа мебошанд: Имоми Аъзам (р) аз Ато (р) ва ӯ аз Ҷобир (р) ривоят кунанд, ки Расулуллоҳ (с) фармудаанд: «-Ҳар кори некеро, ки ба ғанӣ ва фақир анҷом бидиҳӣ, барои ту садақа аст». (Ва дар ҳадиси шарифе ҳам омада, ки : «Садақа радди бало»-ба қавли Расули Худо (с)-С.Б.Б).

Кори хайреро анҷом додан, ки аз он амали ту бандагони Худо нафъ баранд, бе аҷру савоб набуда, барои ту садақа хоҳад буд, ки подошашро Худованди раҳмонир-раҳим даҳчанд бидиҳад…

Дар боби он, ки ҳар он, ки ин амал содир кунад, аз боби мусалмон нест, омада: Имоми Аъзам (р) аз Абдуллоҳ валади Динор (р), вай аз Абдуллоҳ валади Умар ривоят намоянд, ки Набӣ (с) фармудаанд: «-Аз мо, (яъне, аз гурӯҳи моён) нест касе, ки дар савдо ғаш» (яъне, хиёнат ва фиреб кунад, ҳам дар хариду фурӯхт ва ҳисоби пулу мол ва ашё ва дар сари тарозу).

Ғаш дар савдо, моли камбаҳоро бо моли қиматбаҳо омехта кардан, чорвои нухсдор ва девонаю маъюбро хуб ҳукм кардан ва ба қимати моли гарон онро фурӯхтан мебошад ва дар наздики фарорасии иди «Фитр» ва иди «Азҳо», яъне Иди Қурбон нархи ҳама чизро, яъне хурокаву пӯшокаро қиммат фурӯхтан ҳам аз бадтарин гуноҳони кабира аст…

Алӣ Қорӣ мегӯяд: «-Дар аксари тариқҳои ривоятшудаи ин ҳадиси шариф омадааст: Расулуллоҳ (с) дар бозор гандумро дид, ки таркардашуда фурӯхта мешуд, яъне, намнок пас чунин фармуданд».

Мутаассифона имрӯз, дар савдо бисёр ашхоси каме пайдо мешаванд, ки дар фурӯхтани молу масолеҳ фиребу хиёнат мекунанд, ошкоро дурӯғ мегӯянд, қасаму савганд мехӯранд, бахусус дар рӯзҳои идҳои мусалмонон ва дар тарозу хиёнат мекунанд ва моли пастро бо моли қиматбаҳо омехта мекунанд; дар ғалла, намак ва ғайра об мепошанд ва пулу моли ҳалоли худро ҳаром месозанд. Чӣ оқибат доштани ин амали нораво ва кирдори носазоро бояд ҳар яки мову шумо, аз ин ҳадиси шариф дониста ва хулосаи зарурӣ бароварда бошем. Бадтарин гуноҳ он аст, ки дар моҳи шарифи Рамазон ё дар наздикии «Иди Фитр» ва «Қурбон» савгодагрон молу маҳсулотро қимат фурӯшанд, ки гуноҳест азим, ки ҳафтодсола намозу рӯзаи он қимматфурӯш барбод мешавад ва ба ҳафтод бало гирифтор мешавад, ки яке аз он балоҳо қаҳтии хонадон сӯхтани дӯконҳо ва мағозаҳо ва ғайра.

Дар боби он, ки ҳеҷ масткунандаеро табак, тамоку, героин, нашъа, май, манӯш (ва аз гиёҳҳо ва нӯшокиҳои масткунанда ва сусту заифкунанда даст бикашед) омада:

Имоми Аъзам (р) аз Алқама валади Марсад ва аз Ҳаммоди Фақеҳ валади Абӯсулаймон ва онон аз Абдуллоҳ, валади Бӯрайра ва ӯ аз падараш Бурайра валади Ҳусайб ривоят кунанд, ки Ҳазрати Набӣ (с) фармудаанд: «-Ҳеҷ масткунандаеро манӯш!»

Дар масъалаи ҳаром будани истеъмоли ашёи масткунанда, аҳодиси зиёд, бар асоси ҳукми Худованд, ворид шудааст, ки яке аз онро Имом Аҳмади Ҳанбал (р) ва Имом Ал-Бухорӣ (р) Имом Муслим (р) ва дигарон ривоят кардаанд, ки лафзаш чунин буда: «-Куллун мусаккарун ҳаром» (Яъне: «Ҳама ашёи масткунанда ҳаром аст!) Яъне, наздик аст, ба ҳадди тавотур бирасад. яъне, ба ҳадде, ки касе онро инкор кунад, гунаҳкор шавад ва гуноҳи кабира гирад.

Абӯдовуд (р) аз модари мӯъминон Умми Саллама (р) ривоят намояд, ки Расулуллоҳ (с) истеъмоли он ҳама чизеро, ки касро маст ва сусту заъиф (мисли май, нашъа, шираи кӯкнор, банг, героин, кокоин, никотин, нос ва ғайра мислиҳум) мегардонад, қатъиян манъ кардаанд. Имом Аҳмади Ҳанбал (р), Имом Муслим )р) ва дигарон аз Абдулоҳ ибни Умар (р) ривоят кунанд, ки Расулуллоҳ (с) фармудаанд: «-Тамоми ашёи масткунанда хамр аст ва тамоми ашёи масткунанда ҳаром мебошад. Касе дар дунё хамр бинӯшад ва дар ҳоле бимирад, ки тавба накарда, ба ин амали норавояш идома медиҳад, дар охират аз он маҳрум хоҳад шуд».

Ва ба қавле, «дар гандобаҳои ғализу касифи зиноъкорон ғарқ хоҳад шуд, ки ба имдоди ӯ касе нахоҳад расид. Яъне, ғарқ хоҳад шуд, дар чоҳи ғализу касиф, ки ба имдоди ӯ касе нахоҳад расид. Яъне, аз хамри ҳалол ва лазизи Ҷаннат маҳрум шавад»…

Дар боби он, ки оё шароб фурӯхтан ҳалол аст? Имоми Аъзам (р) аз Муҳаммад ибни Қайс (р), ӯ аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят намояд, ки: «-Як рафиқи Ибни Қайс аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) аз фурӯхтани шароб ва хӯрдани шароб ва хӯрдани пули аз фурӯхти он ба даст омада пурсон кард.

Ибни Умар (р) гуфт: «Ҳалок кунад Худо яҳудиёнро, ки хӯрдани пайҳо (яъне, равғани сафед, ки болои гӯшти инсон ва ҳайвонот пайдо мешавад) барояшон ҳаром буд, онон хӯрдандаш, яъне, бихӯрданд ва пулу моли ба даст омада аз савдои онро (арақ) барои худ ҳалол қарор доданд. Ба яқин Аллоҳ таъоло хамрро ҳаром ҳукм кардааст. Пас фурӯхтани он ва хӯрдани он ва хӯрдани пули аз даромади он ба даст омада, аз савдояш ҳаром аст, зеро ки он ғизо ва нӯшокии инсонӣ нест».

Ин ривояти мазкурро Имом Муҳаммад )р) дар китоби «Осор» зикр карда ва афзудааст: «-Ба ин қавл амал мекунем ва он қавли Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) мебошад». Майнӯш ва майфурӯш то он даме, ки тавба накарда, ҳаромро ҳалол шуморида, дар ҳоли мастӣ мурда монад, ҷаноза кардани ӯ дуруст нест ва ӯ дар қиёмат дар сурати хук мехезад. Гуноҳи майфурӯш аз майнӯш дида, бузургтар аст…

Дар боби оё дар ҷиҳод (ҷангҳо ва задухӯрдҳои тарафайн) куштан, яъне, қатл намудани кӯдакон, занон ва пирону маъюбон равост? Омада: Имом Муҳаммад, дар «Муатто» аз Имом Молик Ал-Асбаҳӣ, вай аз Нофеъ, ӯ аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят намоянд, ки: «Дар яке аз ғазоҳояшон, алайҳи куффор, Ҳазрати Расулуллоҳ (с) занеро кушта дида, чунин амалро кори зишт қаламдод карданд ва куштани занон ва кӯдаконро ва пирону маъюбон ва маризонро қатъиян манъ намуд».

Имом Муҳаммад (р) баъди зикри ин ривоят гуфтааст: «- Ва ба ин ривоят амал менамоем. Сазовор нест, ки дар ғазо (ба хусус, дар ғазоҳои бемаънии имрӯзаи олами исломӣ, ки бо иғвои бегонагон сар задаву рух медиҳанд, ки боиси ҳалокати занону кӯдакон ва маъюбону оҷизон ва таҳқир ба ҷасадҳо ва қабрҳои онҳо мешаванд-С.Б.Б) зан ва пиронсолон кушта шаванд. Ба ҷуз дар ҳолате, ки дар сафи аскарони душман қарор гирифта бошанд».

Дар «Таълиқи мумаҷҷад»- Мавлоно Абдулҳай, инчунин манъ будани қатли кӯрон (нобиноён), шалону фалаҷон ва маъюбон ва дигар ашхоси заъифу нотавонро ҳам зикр кардааст. Қатли чунин ашхос танҳо ҳангоме равост, ки онон амиру сарлашкар ва ё роҳбару роҳнамои душман бошанд ва ё дар сафи ҷанг қарор гирифта, бо роҳбарии худ адӯро қувват бидиҳанд»…

Дар боби он, ки мусла чист, омада: Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) аз Алқама (р) ва ӯ аз ибни Бурайда (р) ривоят намоянд, ки Расулуллоҳ (с) аз мусла, яъне, буридани гӯш, бинӣ даст, пой ва забон ва ғайра манъ кардаанд.

Инчунин дар ривояте омада, ки Расулуллоҳ (с) баъзе асҳоби киромро, ки ба ҷанг раҳсипор буданд, чунин васият кардаанд: «-Мусла накунед ва аҳду паймоншиканӣ нанамоед, хурдсолон ва пиронсолонро макушед!»

Дар ривояти Имом Аҳмади Ҳанбал, Имом Бухорӣ, Имом Муслим, Имом Тирмизӣ ва Насоӣ, аз Абдуллоҳ ибни Умар омада, ки Расулуллоҳ (с) фармудаанд: «-Лаънат кардааст Худо касеро, ки ҳайвонеро (яъне, мавҷудоти зиндаро ва хазандагону парандагонро ва ҳашарот ва ҳайиллоямут ва зирӯҳе, ки хоҳ дорои ақл бошаду нотиқ, мисли инсон ё ғайри нотиқ мисли гову мол ва ғайра (мусла кунад) яъне, ягон узви ӯро бурад ё қатъ созад)»

Шаклу андоми ҳама махлуқотро Худованди холиқи якто, худ халқ карда, яъне, офаридааст, ба ҷуз Ӯ таъоло (ҷалла ҷалолаҳу) касе ҳақ надорад, ки онро тағйир бидиҳад (аммо хатна кардани писаракон, рози дигар аст, ки барои покии аъзо ва аз нигоҳи тиббӣ ва шаръӣ тоза будани узви таносул ва ғайра, ки аз замони Ҳазрати Одам алайҳиссалом ва пайамбарони пешин ба хусус, аз даврони Ҳазрати Иброҳим ва Исмоил алайҳиссалом, то ба рӯзгори Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва аз он Ҳазрат саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва асҳобиҳи ва саллам то ба ин рӯзгори мо, байни мусалмонон суннат шудааст, яъне, то ба ҷовидон-С.Б.Б). Биноан, ба ҳукми шаръӣ муслакунандаи золим ва ба лаънати бепоёни Худованд гирифтор гардад…

Дар боби он, ки дар Ҷаннат барои худ чӣ гуна хона сохта бошем?-омада: .   Ҳаммод писари Имоми Аъзам (р), аз вай ривоят кунанд, ки гуфт:-Шунидам Абдуллоҳ валади Абӯавфоро, ки мегуфт:-Аз Расулуллоҳ (с) шунидам, ки мегуфт: «-Касе аз барои Худо масҷиде бунёд кунад, агарчӣ монанди лонаи Қатот хурд бошад. Аллоҳ таъоло барои ӯ хонае дар ҷаннат бунёд хоҳад кард».

  1. I. Барои шарҳи вожаи қатот, ин ки қатот парандаест хурд, ки ба форсӣ онро сангора (сангобдавак) гӯянд…

Дар боби фарқи хона аз қабр омада: Имоми Аъзам аз Нофеъ ва ӯ аз Абдуллоҳ ибни Умар ривоят кунанд, ки Расулуллоҳ (с) фармудаанд: «-Дар хонаҳоятон намоз бигзоред ва маскани хешро қабристон магардонед.

Айни ин ҳадиси шарифро Имом Тирмизӣ ва Насоӣ ривоят кардаанд. Дар ривояти Дорулқатнӣ омадааст: «-Дар хонаҳоятон намоз бигзоред ва намози нафлиро дар хона тарк масозед».

Дар ривояти Имом Бухорӣ, аз Зайд валади Собит омадааст: «-Ай мардумон, дар хонаҳоятон (ҳам, ба ғайри намози ҷамоъа дар масҷид, ҳамчунин, яъне, суннат ва нафл) намоз бигзоред. Зеро ба ҷуз намозҳои фарзӣ, беҳтарин намози кас онест, ки дар хона бигзорад».

Хона маскани зиндаҳо ва қабристон маскани мурдаҳост, хонае, ки бо намоз ва дигар ибодатҳо пурнур ва мунаввар карда нашавад, ба қабристони хомӯшон шабоҳат дорад. Хона барои намозҳои нафлӣ ва масҷид барои намозҳои фарзӣ (ва суннат) беҳтарин макон мебошад.

Дар боби ҳаммом омадааст: Имоми Аъзам (р) аз Ато ва ӯ аз Ҳазрати Оиша (р) ривоят намоянд, ки Расулуллоҳ (с) фармудаанд: «-Бисёр хонаи бад аст, ҳаммом ва обаш тоҳир намекунад»

Дар ҳаммомҳои умумӣ, ки дар он мардон бараҳна ва лучу урён дохил шуда, аврату олоти якдигарро чун ҳайвоноти беақлу ҳуш, ба намоиш мегузоранд, корест шаръан ҳаром ва ақлан зишт ва аз рӯи одоб нораво аст. Инчунин оби ҳавзҳои бисёр ҳаммомҳо ақлан ва шаръан ва тиббан бо назофат намебошанд. Биноан, Расулуллоҳ (с) чунин ҳаммомҳо ва обҳои онҳоро, ки ба талаботи шариъати Ислом ҷавоб намедиҳанд, «тоҳиркунанда намебошанд» гуфтааст, яъне поккунанда нестанд. Аммо ҳаммомҳое, ки утоқҳои ҷудогона дошта, назофати обҳои онҳо риоя мегарданд, боке надоранд.

Дар ривояти дигари Имоми Аъзам, аз Абӯзубайр ва ӯ аз Ҷобир (р), ки Расулуллоҳ (с) фармудаанд: «-Ҳалол нест, аз барои марде, ки имон ба Худо ва рӯзи қиёмат дошта бошад ин, ки бе изор дохили ҳаммом шавад. Ва касе авраташро аз чашми мардум напӯшонад, ба лаънати Худо ва фариштагон ва ба лаънати халқ қарор хоҳад гирифт».

Барои шарҳи вожаи аврат, яъне аз зери ноф, то зери зону аз барои мардон ва тамоми бадан барои занон аврат мебошанд ва фарзу воҷиб аст, ки сатр карда шаванд (С.Б.Б).

Дар боби касе, ки мусалмонеро кофир бигӯяд: Имом Муҳаммад ибни Ҳасан, шогирди Имом Аъзам, аз Имом Молик ал-Асбаҳӣ, ӯ аз Абдуллоҳ ибни Динор, ӯ аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят намоянд, ки гуфт:-Расулуллоҳ (с) фармудаанд: «-Кадом шахсе бародари мусалмонашро кофир бигӯяд, пас ба таҳқиқ, ба куфр яке аз ин ду руҷӯъ кардаанд».

Яъне, агар кофир гуфташуда мусалмони воқеъӣ бошад, кофиргӯянда худ кофир гардад!

Имом Муҳаммад (р) баъди зикри ин ривоят, дар «Муатто» гуфтааст. «-Сазовор нест барои ҳеҷ як мусалмоне, ки касеро аз аҳли Ислом, ба сабаби содир кардан гуноҳеро, агар чӣ гуноҳи бузург ва кабира бошад (зеро Худованди холиқу ҷаббор худ медонад, ки подоши гунаҳкорон чист ва ин ҷо ба ҳукми бандаи оҷиз ва махлуқ ҳеҷ зарурате нест), ба куфр нисбат бидиҳад ва ин қавли Имоми Аъзам (р) аст…

Боби – оё яҳудӣ ва насрониро ба занӣ гирифтан равост? Имом Муҳаммад (р) вай аз Иброҳими Нахъӣ ва ӯ аз саҳобаи Расулуллоҳ (с) Ҳузайфа (р) ривоят намояд, ки:-Дар Мадоин (Эрон-Тайсафуни қадима) ба як зани яҳудия издивоҷ кард. Амиралмӯъминин Ҳазрати Умар (р) ба вай нома фиристод, ки «он зани яҳудиро талоқаш бидеҳ!» Ҳузайфа (р) дар ҷавоб ба Ҳазрати Умар (р) чунин нома навишт:-Оё вай ба ман ҳаром аст, ай амиралмӯъминин! Ҳазрати Умар (р) ба вай дубора чунин нома навишт: «-Туро ҷиддан мегӯям, ки мактуби маро то ҳанӯз нагузошта, ӯро талоқаш бидеҳ. Зеро ман хавф мебарам, ки дигар мусалмонон, ба ту пайравӣ намоянд ва занони аҳли зиммаро, аз ҷиҳати ҷамолашон, барои худ зан ихтиёр кунанд. Чунин амал барои дар фитна гирифтор шудани занони мусалмон бас аст»!

Имом Муҳамад (р) ин ривоятро дар китоби «Осор» ривоят карда ва афзудааст:-Ва тибқи ин ривоят амал менамоем.-Издивоҷи занони яҳудиро ҳаром намегӯем, лекин лоиқ ва шоиста инро мебинем, ки ба ҷои онон аз занони басо соҳибҷамол ва бо имону бо иффати мусалмон, завҷа ихтиёр карда шавад ва ин қавли Ҳазрати Имоми Аъзам (р) аст.

Бале, ба ҳамагон маълум, ки тибқи дастуроти шариъати Ислом никоҳи занони аҳли китоб, яъне, яҳуд ва носоро ҳалол аст. Аммо дар муҳите, ки насли имрӯзаи яҳудиён ва насрониён тарбия ёфта ҳаёт ба сар мебаранд, аз доираи шариъати мо берун буда, аксаран аз аҳли китоб намебошанд, балки онҳо ҳукми мулҳидро доранд ва то дини Исломро бо имони комил напазиранд, ба занӣ қабул кардани онон роиҷ нест ва никоҳашон ҳам мутлақан раво нест. Зеро пӯшида нест, ки чӣ гуна ин тоифа наъраҳои илҳодиро баланд карда, тамоми динҳоро ботил эълон кардаанд ва бар муқобили дину оин ва расму ойини неки инсонӣ, ҷанги оштинопазиреро шӯрӯъ намудаанд, ки ба иқрори худ миллионҳо диндорро қатл кардаанду мекунанд.

Биноан ин насли (ноқисулақл, ба шаҳват дода шуда ва ғуломи шикам, ки асосан сарчашмаҳои илми оламро аз мардуми Шарқ омӯхтаанд) имрӯзаи онон, аз дину оин бехабар буда, чун чаҳорпоён, дар сарашон ба ҷуз фикри бизан, бисӯз, бихӯр ва бигард, чизе нест ва аксаран ҳама мулҳиданд ва ба дини худ бовар надоранд ва паёмбарро аз Худо фарқ намекунанд ва ҳокимони эшон бошанд, то ба имрӯз табли «доду диҳиш» мезананду табли «ҳикмату фалсафа», баҳри «наҷоти башарият».

Дигар ин ки никоҳ барои мусалмонон танҳо ба хотири қазои шаҳват нест, балки суннат буда, ибодат ба шумор меравад. То насли пок тавлид ёбад. Мақсад аз издивоҷ, аввалан фарзанд аст ва сониян аз ҳамдигар нафъ бурдан ва ба сабаби он худро аз зиноъ (алоқаи ҷинсӣ бо зани ғайр ва беникоҳ) нигоҳ доштан мебошад. Пас зани мулҳиду бединеро кас издивоҷ намояд ва ба занӣ интихоб намояд, хавф аст, ки фарзандони ӯ дар рӯҳияи бединӣ тарбия ёбанд. Чуноне борҳо дидаем, ба сабаби чунин издивоҷу никоҳҳо, баъзе бародарони мо ба ҷое, ки насли мусалмонро дар рӯи замин зиёд намоянд ва пайравони дини Худоро бештар созанд, фарзандони эшон дар сафи кофирон, яъне, мулҳидону худоношиносон ва бадрӯён қарор гирифтаанд, ки ин ба ҳамаи мо маълум аст.

Душманони дини мубини Ислом, яъне, яҳуд ва носорои тиҳимағз, аз занҳои фоҳиша ва сабукпову беимони яҳудӣ ва насронӣ, дар тӯли таърихи пайдоиши Ислом, дар заъиф сохтани шафқат ва нерӯи мусалмонон борҳо кор гирифтаанд. Чуноне, ки Туркия ва Фаластин шоҳиди равшани ин коранд. Кишвари Туркия, дар чанд асри гузашта маркази хилофати исломӣ буда, ҳимояи ҷаҳони исломро ба дӯш дошт. Ин мардуми ҷангҷӯву шуҷоъ куфри ҷаҳониро ба ларза дароварда, маркази насрониёни олам-шаҳри Константинопол (яъне, Истамбул, ки аслан аз ибораи «Ислом булдӣ» аст»)-ро ба қаламрави Ислом дохил намудаанд. Чуноне, аз таърих хабар дорем, ба интишору авҷи зиноъ ва шаробнӯши ва нашъамандӣ ва рибохӯрӣ, на танҳо афроди оддии Туркия, балки баъзе халифаҳову афандимҳои онро ва муллоҳои онро фосид сохтанд ва саранҷом хилофатро тавонистанд суқут бидиҳанд. Ин мамлакате, ки дар гузашта, ойини Ислом ва мазҳаби ҳанафияи Имоми Аъзам (р) намунаи қудрат ва тавоноии мусалмонон ба шумор мерафт, имрӯз ба як кишвари хушомадгӯи яҳудия ва насоро мубаддал гаштаасту бо фоишахонаҳо ва занони сабукпо шӯҳрат бароварда ва ба як кишвари ҳампаймон ва ҳамтабақи яҳуд ва насоро табдил ёфтааст…

Ва мо аз Худованди мутаъол таманнои онро мекунем, ки бандагони Худо, ки умматони солеҳи Расули акрам (с), пайравони содиқи Имоми Аъзам (р) ва муридони вафодори Мавлои Балхӣ, яъне, Мавлоно Ҷалолуддини Балхии Рӯмӣ, яъне, шуҷоатмандон ва асилзодагони Туркия, баҳри он мекӯшанд, ки дар ин кишвари исломӣ, саропо нури Ислом дурахшон бошад на ин ки як кишвари риёву рибоъ. Туркияро он асолате мебояд, ки қаблан онро дошт. Аммо фаластиниҳо шуҷоати таърихӣ дошта; дар ибтидои ҷанг бар муқобили яҳуд, ҳамчун як қудрати шикастанопазире муттаҳид, муқовимат менамуданд.

Яҳуд ва носоро, бо макру найранг, дар дохили мардуми фаластинӣ рахна зада, эшонро ба ҳизбҳои гуногун (дар кишвари мо ҳамчунин амалиётро ба анҷом расонида, дар натиҷа мардуми тоҷикро ба майдони болову поин ва кофару мусалмон ҷудо карданд, ҳизбҳо эҷод намуданд ва тоҷики мӯъминро ба маҳалҳо ҷудо намуданду тақсим сохтанд ва боз имрӯзҳо низ афроде худро аз «солеҳон» шуморида, мазҳаби моро пош доданианд ва якпорчагии кишварро халалдор карда истодаанд (чуноне; ки Қувайтро аз Ироқ ҷудо карданду ба базаи ҳарбӣ ва таҷовуз табдил доданд ва бо баҳонаи толибонкушӣ имрӯз Афғонистонро ба майдони ҳарбу зарб ва кишвари героинфурӯш табдил додаанд ва пештар аз он бо баҳонаи бумби атомӣ кишвари Ироқро, ки як мамлакати зебо буд, ба харобазор табдил доданд ва ҳоло ҳам дар даруни оғилҳо ва катакҳо, яъне ҳелчаи мурғҳо бомбаи атомӣ меҷӯянд) ва беҳтарин муҷоҳиддин ва ҷавонони бо ақидаро аз майдони ҷанг кашида, бо баҳонаи ҳиҷрат ба Амрико ва Аврупо оварданд. Дар инҷо аз занони фоҳиша кор гирифта, эшонро фосид сохтанд ва ғайрату ҷавонмардиро аз вуҷудашон бишустанд. Ҳар зани яҳудӣ муваззаф буд, то ба назди фаластиниҳо, дар кишварҳои хориҷ муҳоҷир рафта, фаҳшро ривоҷ бидиҳанд ва ба ин тариқа ҷавононро айёш бисозанд ва фикри ҷиҳод ва озод сохтани кишварашонро аз андешаи онон дур бисозанд. Имрӯз чуноне мебинем, ҳазорон фаластиниҳо дар тамоми гӯшаву канори кишварҳои ғарбӣ сукунат ихтиёр карда ва кишварашон зери тасарруфи яҳудиён қарор гирифтааст ва марзу буми фаластин зери суми хару аспони яҳудиву америкоӣ ва ҳароси мо ҳам аз ин аст, ки Худо накунаду рӯзе фаластиниҳо, дар марзи Ватани хеш иҷоранишин шаванд…

Имрӯзҳо, ки матоъи риёву рибоъ ва фаҳшу ваҳшоният ба мадҳушӣ харидор пайдо кардааст, инсоният ба гургҳои даранда мубаддал гардида аст ва ба ҷои он, ки бо тафаккури худамон ободкориҳо карда бошем, баръакс шабу рӯз корамон куштору ғорати якдигар асту бас. Худованд Заминро барои буду боши мо офаридааст ва ин замин махзани бебаҳои зиндагист, ки боигариҳои он тамомнашаванда ва беинтиҳост ва барои садҳо миллион нафар насли одам басанда асту кам нест ва ҳоҷат ба гӯшти тани якдигарро хӯрдани шумову мо, яъне, кофару мусулмон, яҳуду буддоӣ, насорову маҷӯсӣ нест!

Дар солҳои охир сели занони фоҳиша аз Русия, Аврупо ба Дубай, Абӯдабӣ ва дигар кишварҳои исломӣ, бо киштӣ ва тайёра сарорез шуда, ҷавонони зиёди ин кишварҳоро мубтало ба зинокорӣ гардонидаанд. Чуноне шоҳидони айнӣ шаҳодат додаанд, занони мусулмон, дар муқобили ба ин мусибат мубтало шудани шавҳаронашон ва аҳмият надодан ба онон, музоҳара карданд, то ҳукуматдоронро водор ба бастани ин фасод бисозанд.

Ҳамаи ин дасисаҳои кофирон, ба хотири ин аст, ки насли ҷавони олами Исломро айёш ва фосид бисозанд. Ончунон насле ва «тамаддуне доно» ба вуҷуд биоваранд, ки дин ва Ислом наздашон ҳеҷ арзише надошта, ягона мақсаду маромашон шаҳватронӣ, бе обилаи кафи даст, ба воситаи рибоъу ғорат ва дуздӣ ва муттаҳамӣ ва дайюсӣ ва фитнаву шӯрангезӣ, ба даст овардани пулу мол, интишор ва паҳн намудани рӯзномаву маҷаллаҳо (чуноне, ки имрӯз бархе аз «рӯзноманигорон»-и « басо мутамаддину компютершинос»-и тоҷик, ба ин кори «хайр» иқдом кардаанд ва аз ҳисоби он «маоши ҳалол», ба даст меоранд) ва видеокосетҳои филмҳои даҳшатовар ва фаҳш бошаду бас.

Табиист, ки чун мард зинокор шавад ва айёшу бе имон шавад ва шаҳвати худро дар занҳои фоҳиша адо кунад, шумии ин амал ба зан ва ба фарзанди ӯ низ сироят кунад ва эшон ҳамсафари сарпарасти фосиқи худ бигарданд. Чун оилаҳо Худобехабар шаванд ва аз Исломи мубин дур шаванд ва адаби инсонӣ ва шариъати Ҳазрати Муҳаммад (с)-ро ва мазҳаби Имоми Аъзам (р)-ро пос надоранд (оқибат фирқабоз шаванд ва зуд ба доллар фурӯхта шаванд ва надонӣ, ки дину мазҳабашон чист?). Пас фосид ва мулҳид шаванд ва боигариву сарвату савлаташон ба ҳукми Худо барбод гардад, умри эшон кӯтоҳ гардад ва зоғи ғам дар хонадон тухми доғу ғам гузорад ва оила барбод равад ва пасон ҷомеъа ҳам фасод ва нобуд гардад ва тифлакон ятиму овора ва занон беваву бечора. Худоё бар марду зани мо тавфиқ каромот бифармой, нафси танпарастӣ ва шайтанатро аз қалбҳо ва чашмони мо бибардор, то бошад, ки бо ҳидоят ва роҳнамоии ту ва Расули гиромӣ (с)-ат роҳи нишоти ин дунё ва охиратро биёбем ва гавҳари имон, ба мо ҳамроҳ кун эй Худои меҳрубон ва мардумро аз беҳтарин мазҳабат-мазҳаби Имоми Аъзамат ва аз дигар мазоҳиби аҳли суннат ва ҷамоъат дур магардон, хурду бузурги моро тавфиқи бандагӣ иноят фармой. Тоҷикону Тоҷикистонро нигаҳ дор, эй Худо, аз тамоми офати арзиву самоӣ…

Бале, муқаддароти илоҳӣ, дар ин рафта будааст, ки дар даҳаи охири садаи ХХ-и мелодӣ, мардуми мутадаййин, худопарасту ҳанафӣ ва исломпарвари мо, ба мушкилоти зиёде даст ба гиребон гарданд.

Дар ҷангҳои бемаънӣ ( аз ҷониби муҳандисони пӯхтакору айёри яҳуду насоро тарҳкашидашуда)-и воқеъшуда даҳҳо ҳазор одамон қурбон гардиданд, ки бештар аз навад фоизи он ҷавонону шаҳмардон буданд. Аз панҷ, як ҳиссаи мардуми кишвар муҳоҷир шуд, ки боз навад фоизи онро ҳам ҷавонон ташкил медиҳанд. Инчунин 90 фоизи муҳоҷирон, ба Русия ва дигар кишварҳои ғайри исломӣ ва бархе гурӯҳ-гурӯҳ, ночор, ба ҷамоҳири туркзабони ҳамсоя ҳиҷрат карданд.

Даҳҳо ҳазор ҳамшираҳои мо шарбати талхи бевагӣ ва бекасиро чашидаву мечашанд. Зани бо ҳаёе, ки дирӯз бидуни зарурат, аз хона берун намерафт ва бо марди аҷнабӣ гапу ҳарф намезад, имрӯз ба бадахлоқӣ мубтало гардидааст. Бисёр кам деҳаҳое боқӣ монда, ки дар он даҳҳо марди даюси даҳзанаи ҷайбаш бе пул ва даҳҳо зани фоҳиша пайдо нашуда бошад. Агар илова ба ин шумораи ҷавонони аз ду ҷониб қурбоншуда, ин нуқтаро баён бидорем, ки ҷавонони зиёде зани ғайри мусалмон гирифтанд ва теъдоде ҳам айёш шуда, ҳаёти хубу поки оила ва оиладориро зарур намедонанд, он гоҳ чӣ мусибате ба ҷомеъа таҳдид доштаро хуб дарк хоҳем кард.

Биноан, дар чунин шароити дарҳаму барҳамӣ, касе хидмат ба дини мубини Ислом, ҳимояи мазҳаби Имоми Аъзам, ҳимояи марзу буми мусалмоннишин, ҳимояи Ватан-модари азиз-Тоҷикистонро қарзи худ медонад ва мубориза бар муқобили фирқагароӣ, дуздиву ғорат, нашъаҷаллобиву нашъамандӣ ва куштор ва зинову фасодро вазифаи эмонӣ ва хостаи виҷдонии хеш медонад, ҳалол зиндагӣ намояд. Ватани азизро, ки имрӯзҳо хушбахтона тинҷиву осоиштагӣ фароҳам омадааст, (яъне, бо кӯшишҳои бузургфардони бедордил ва тоҷикони асил, махсусан ва зиёдатан бо кӯшишҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Ҷаноби олӣ-Эмомалӣ Раҳмон эҳтиром намояд, ба қадри соҳибистиқлолии Тоҷикистон бирасад, зиндагии тоҷикона дошта бошад. Сарқонуни ҷумҳуриро эҳтиром кунад, «Қонуни забон»-ро эҳтиром кунад ва мувофиқи дастуроти шариъати ғурро ва мазҳаби муҳаззаби Ҳазрати Имоми Аъзам (р), аз издивоҷ ва хонадоршавӣ, ба зани мулҳиди ғайримусалмон, сарфи назар намояду аз ин кор даст шӯяд ва ба кишвари офтобиву исломкеши хеш баргашта, издивоҷи ҳалол кунад, то ки фарзанди некӯ ба дунё ояд ва ояндаи Тоҷикистон бо наслҳои  солимақли ходими дину давлат таъмин бошад (мисли нажоди Оли Сомон, ба хусус, мисли Шоҳ Исмоили Сомонӣ раҳматуллоҳу алайҳ ва мисли президентамон Ҷаноби олӣ, Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон).

Дар мусофират нон ғелон-ғелон, ба пеши кас намеояд ва агар мо чашм аз шаҳвату маишати ҳаром ва маю нашъаи умркӯтоҳкунанда даст кашида, дар Тоҷикистони худ ҳалол меҳнат кунем, биллоҳ ба Худо, ки як тини ҳалоли бо меҳнат ёфтаи мо, аз садҳо рублу доллари нопоки рибобунёди яҳуду насоро авлотар ва покизатар аст. Беҳуда нагуфтаанд, ки:

Хоки Ватан, аз тахти Сулаймон хуштар,

Хори Ватан, аз лолаву райҳон хуштар.

Вазъи имонии шахсе, ки гуноҳи кабира содир кардааст: Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р)перомуни ин мавзӯи басо муҳим чунин мегӯянд: «-Соқит намешавад аз муслим васфи имон, ба сабаби иртикоби гуноҳи кабира».

Мӯътазилиён (яке аз ҷараёнҳои иртиҷоии шиъа) чунин ақида доранд, ки «аз шахси муртакиби гуноҳи кабира шуда; имон хориҷ  мешавад». Гуноҳи кабира он аст, ки амали он мувофиқи Қуръон ва Ҳадис мамнӯъ аст. Ва ба қавли Имом Абӯҳанифа (р):-Кофир намешавад муслим, ба сабаби гуноҳ, агарчӣ кабира бошад, магар он гоҳ, ки онро ҳалол ва раво донад, зеро имон иқрор аст, ба забон ва тасдиқ аст, ба қалб, яъне дил. Гуноҳ зоил намекунад, иқрор ва тасдиқро. Аммо касе, ки ҳалол ва раво донад гуноҳеро, ки собит шудааст ба насси қотеъ, пас ӯ кофир аст, ба Аллоҳ, чаро, ки ҳалол донистани онҳо дурӯғи мутлақ аст, ба Аллоҳ ва Расул (с)-и Аллоҳ ҷалла ҷалолаҳу. Барои сухани Аллоҳ, ки фармудааст: «Ва мо отокумур-Расулу фахузуҳу ва мо наҳокум анҳу фантаҳу ваттақуллоҳа» (Тарҷума: «Ва ҳар чӣ бидиҳад шуморо Расул, пас бигирад ӯро, ва ҳар чӣ наҳӣ мекунад, аз ӯ, пас манъ шаванд ва битарсанд аз Аллоҳ»).

Ва Расул (с) гуфтааст: «-Ва анна мо ҳаррама Расулуллоҳи мисла мо ҳаррамаллоҳу ва ман каззаба биоётиллоҳи юдхилҳуллоҳу финнори алат-табиди» (Тарҷума: «-Ба таҳқиқ он чӣ ҳаром гӯфт Расулуллоҳ, монанди он чизе аст, ки ҳаром кардааст онро Аллоҳ. Ва касе дурӯғ бидонад оёти Аллоҳро, дохил кунад Аллоҳ ӯро дар нори дузах ба ҳамешагӣ»). Барои равшании ин масъалаи мавриди назар, чанде аз гуноҳи кабираро зикр мекунем, ба мисли; ливотат, шурби хамр (май, арақ ва масткунандаҳо), ширк, дуздӣ, зиноъ, қатли муслим ба ноҳақ, сеҳр (макр, коҳилӣ, фолбинӣ, ҷодугарӣ, афсун),рибо, ришва, тӯҳмат, дурӯғгӯӣ, ғайбат, тарки фароиз ва никоҳи муваққатӣ (ки зинои ошкоро аст, бар мазҳаби Имоми Аъзам раҳамуллоҳ ва ғайра мислуҳум.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

ruza_ramadan

Дуоҳои ният ва ифтори рӯзаи моҳи  шарифи рамазон

Нияти рӯза гирифтан: «Ва ли савми ғаддим-мин шаҳри рамазона-л-лазӣ фаризатан навайту». Тарҷума: Рӯзаи фардоро аз …