АМЁБИАЗ (Amoebiasis), дизентерияи амёбавӣ, як навъ бемории паразитӣ. Ҳангоми он рӯдаҳо захмнок мешаванд, гоҳо думбал (абстсесс)-и ҷигар, майна ба вуҷуд меояд, шуш ва узвҳои дигар осеб меёбанд.
Ангезаи А. (Entamoeda histolytica) ба оилаи Entamoebidae, синфи Sarcodinae (қалбакипойҳо), типи Protozoa мансуб аст. Ҳаёти ангезанда аз ду давра иборат мебошад: нашвӣ (трофозоид) ва оромӣ (систа). Давраи нашвӣ аз 4 хели амёбаҳо иборат аст: бофтаӣ, нашвии калон, ҷавфӣ ва пешсистаӣ. Дарозии амёбаи бофтаӣ 20 – 25 мкм буда, хеле серҳаракат ва сироятовар аст. Он ҳангоми А.-и шадид дар узвҳои осебёфта ва наҷосати бемор ёфт мешавад. Дарозии амёбаи нашвии калон аз 30 – 40 то 60 – 80 мкм аст. Қобили фагоситози эритроситҳо (эритрофаг) мебошад. Ҳангоми А.-и рӯда дар наҷосати мариз дучор меояд. Амёбаи ҷавфӣ (дарозиаш 15 – 20 мкм) нисбатан кам ҳаракат мекунад. Дар ҷавфи рӯдаи ғафс мавҷуд аст. Дар ахлоти одамоне, ки А.-и шадиди рӯдаро аз сар гузарондаанд, мушоҳида мешавад. Амёбаи пешсистаӣ (дарозиаш 12 – 20 мкм) камҳаракат аст. Дар наҷосати одамоне, ки аз А.-и шадиди рӯда офият ёфтаанд, ҳамчунин дар наҷосати ашхоси ҳомили систа баъди истеъмоли давоҳои дарунрон ба мушоҳида мерасад.
Давраи оромии амёбаи исҳоли хунин дар шакли систаҳо ҷараён мегирад. Систаҳо мудаввар буда, қутрашон то 9 – 14 мкм аст. Онҳо дар ахлоти одамоне, ки А.-и шадиди рӯдаро паси сар кардаанд, беморони мубталои А.-и музмини такроршаванда (дар давраи беҳбудии муваққатӣ) ва ҳомилони систа мушоҳида мегарданд. Систаҳо ба таъсири омилҳои муҳит тоб меоранд. Дар ахлоти тар, ҳамчунин об то 1 моҳ қобили ҳаёт буда, дар хоки наму ҷои соя то 8 рӯз зинда мемонанд. Аз таъсири гармӣ ва хушкидан зуд маҳв мешаванд.
Манбаи сирояти А. шахси бемор ё ҳомили амёбаҳо мебошад. Систаи амёбаҳо ба воситаи ахлот хориҷ мешавад. Дар 1 г ахлот то 6 млн систа мавҷуд аст. Одам ҳангоми истеъмоли об ва хӯроквории олудаи систаҳо, ҳамчунин аз дасти ифлос сироят меёбад. А. дар мамолики иқлимашон гарм паҳн шудааст. Бемории мавсимӣ (тобистону тирамоҳ) мебошад. Хусусан моҳҳои август бештар хурӯҷ меёбад. Ба А. бештар одамони миёнсол гирифтор мешаванд.
Сироят дар натиҷаи ба роҳи узвҳои ҳозима афтодани систаи амёба ба вуқӯъ мепайвандад. Пардаи систа дар қисми поёни рӯдаи борик ё қисми болои рӯдаи ғафс гудохта шуда, худи систа дар сӯрохи қисми ба тана наздики рӯдаи ғафс зиндагӣ ва афзоиш менамояд. Дар чунин мавридҳо баъзан шахс мариз нашуданаш ҳам мумкин аст (онро амёбаҳомилии солим меноманд). Дар мавридҳои дигар, амёбаи ҷавфӣ ба пардаи зерлуобии рӯда ворид шуда, ба амёбаи бофтаии бемориовар табдил меёбад. Сабаби ба бофтаҳо даромадан ва гудохта шудани амёбаҳо моддаҳои махсус – ситолизинҳо ва ферментҳои протеолизӣ доштани онҳо аст. Амёба дар бофтаҳои девораи рӯда афзоиш меёбад ва ба пайдоиши думбал (абстсесс)-ҳои хурд мусоидат мекунад. Думбалҳо тадриҷан чуқур рафта, луобпардаро захмнок месозанд. Ба афзоишу осеби амёбаҳо микрофлораи рӯда таъсири калон мерасонад. Дар ин бобат тарзи ғизогирӣ ва вазъи саломатии шахс низ беаҳамият нест. Бо мурури вақт адади захмҳо меафзояд. Асосан куррӯда ва рӯдаи болорав осеб меёбад. Амёба тавассути хун мумкин аст ба ҷигар ва узвҳои дигар гузарад. Чунин вазъро А.-и ғайрирӯдавӣ меноманд, ҳол он ки вай оризаи худи А. аст. Оғози маризӣ ҳамеша ба иллати рӯдаҳо вобастагӣ дорад. Ҳини сӯрох кардани захмҳо перитонити маҳдуд ба назар мерасад. Дар мавриди шифо ёфтани захмҳо бофтаҳо хадша баста, мумкин аст рӯда танг шавад.
Давраи ниҳонии А. аз 1 ҳафта то 3 моҳ (бештар 3 – 6 ҳафта) мебошад. А. чунин хелҳо дорад: 1) А.-и рӯдаӣ (шадид, музмин, пинҳонӣ); 2) А.-и ғайрирӯдаӣ (гепатити амёбаӣ, думбали ҷигар, думбали узвҳои дигар, А.-и пӯст); 3) А.-и муштарак (якҷоя бо гелминтозҳо, дизентерияи бактериявӣ рух менамояд).
А. одатан ба таври шадид оғоз меёбад. Мариз сусту беҳол шуда, сар ва гоҳо шикам ба дард медарояд. Минбаъд исҳол пайдо мешавад, ахлот бо хуну луоб омехта аст. Мавзеи кӯрруда ва рӯдаи болорав ҳангоми даст расондан дард мекунад.
Пас аз давраи шадидӣ давраи офияти бардавом сар мешавад, ки бемор худро солим мепиндорад. Вале дертар маризӣ боз хуруҷ мекунад ва ҷараёни он музмин мегардад. Дар сурати табобат накардан, А.-и музмин то 10 сол давом менамояд. Вай ба ду тарзи сарирӣ (клиникӣ) – такроршаванда ва муттасил падид меояд.
А.-и такроршаванда гоҳ хуруҷ карда, гоҳо хомӯш мешавад. Дар мавриди хурӯҷ вазъи беморон қариб, ки бетағйир ва ҳарорати бадан мӯътадил аст, поёни қабурғаи тарафи рост дард мекунад (бинобар ин онро баъзан саҳван аппендитсит меноманд), исҳол рух менамояд.
Ҳангоми А.-и музмини муттасил маризӣ бидуни даври сабукшавӣ ҷараён мегирад. Вале, бо вуҷуди ин, падидаҳои беморӣ гоҳо тезутунд (дарди шикам, исҳол, қабзият, наҷосати хунолуд, баъзан тафсу таб кардани бемор) ва гоҳо каме суст мешаванд.
Ба оризаҳои А. перитонити умумӣ ё ҷузъӣ, танг шудани рӯда, амёбома, хуншории рӯда, кӯчидани луобпардаи рӯдаи рост мансубанд. Дар натиҷаи танг гаштани рӯда ва амёбома мумкин аст сӯрохи рӯда баста шавад. Амёбома ташкилаи омосшакл буда, дар девораи рӯда падид меояд ва ҳини такрор ёфтани сироят фасод ҳосил мекунад. Ба оризаҳои хориҷирӯдаӣ думбали ҷигар, майна, осеби пӯст мансубанд. Думбали ҷигар нисбатан бештар дучор меояд. Ба таври шадид ҷараён гирифтани думбал боиси таб, табларза, сустиву беҳолӣ ва дарди зери қабурғаи рост мешавад. Думбали амёбавӣ мумкин аст ба узвҳои наздик гузашта, ба пайдоиши думбали зеридиафрагмавӣ, перитонит, плеврити фасоддор ва перикардит мусоидат бинмояд. Думбали ҷигар гоҳо ба рӯи пӯст мебарояд ва дар чунин ҳолатҳо дар мавзеи носур осеби амёбавии пӯст ба вуқӯъ мепайвандад. Думбалҳоро ҳангоми таҳқиқи рентгенологӣ ошкор кардан мумкин аст.
А. дар беморхона муолиҷа карда мешавад.
Ад.: Хашимов Дж.М., Кишечный амёбиаз в Таджикистане, Д., 1970; Қамардинов Х.Қ (ва диг.), Бемориҳои сироятӣ, Д., 2000; Ҳамон муал., Инфекционные и паразитарные болезни, Д., 2009
Х.Қ. Қамардинов,
Э.Р. Раҳмонов.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …