Главная / Илм / АМЁБАҲО

АМЁБАҲО

amyobaАМЁБАҲО (Amoebina), як гурӯҳи соддатаринҳо. Бештар дар обанборҳои шириноб, гоҳо дар хок сукунат ихтиёр мекунанд. А.-ҳои паразит низ мавҷуданд. Андозаи А. аз 50 мкм то 2 – 3 мм аст. А. шакли доимӣ надоранд. А.-е, ки ҷисмашон аз ситоплазма иборат аст, пойҳои қалбакӣ (псевдоподияҳо) дошта, онҳо вазифаи ҳаракат ва доштани ғизоро ба ҷо меоранд. Ғизои А. бактерияҳо, обсабзҳои майда, соддатаринҳо ва ғ. мебошанд. Дар атрофи ғизо аз ситоплазма шираи махсус ҷудо мешавад, ки он вакуолаи ҳозимаро ба вуҷуд меорад (андаруни он ғизо ҳазм шуда, заҳида ба ситоплазма мегузарад). Об ва маҳсули фаъолияти ҳаётиро вакуолаи кашишхӯранда ихроҷ менамояд. А. одатан як ҳаста (ядро) доранд, вале амёбаи Pelomyxa серядро аст. Бисёр А. бо роҳи ғайриҷинсӣ (тақсимшавӣ) афзоиш мекунанд. Дар А. афзоиши ҷинсӣ аҳёнан ба мушоҳида мерасад. Дар шароити номусоид (кам шудани ғизо, хунукӣ, хушк шудани обанборҳо ва ғ.) ҷисми А. лунда ва сатҳи протоплазма ғафс гашта, он ҷилди муҳофиз ҳосил мекунад (яъне систа ба вуҷуд меояд). А.-е, ки дар обҳои ширин сукунат доранд, далели ифлос будани об маҳсуб мешаванд. А.-и паразит дар рӯдаи ҳайвоноти гуногун ва одам зист мекунанд. Дар байни онҳо хусусан А.-и исҳоли хунин (Entamoeba histolytica) хавфноканд. Онҳо бемории амёбиазро ба вуҷуд меоранд, ки хеле вазнин аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …