Главная / Илм / АМВОҶИ ЭЛЕКТРОМАГНИТӣ

АМВОҶИ ЭЛЕКТРОМАГНИТӣ

amvochi-elektromagnitiАМВОҶИ ЭЛЕКТРОМАГНИТӣ, афканишоти электромагнитӣ, тағйири майдони электромагнитӣ, ки дар фазо бо суръати ниҳоӣ (охирнок) паҳн мешавад., афканишоти электромагнитӣ, тағйири майдони электромагнитӣ, ки дар фазо бо суръати ниҳоӣ (охирнок) паҳн мешавад. Ба афканишоти электромагнитӣ мавҷҳои радио (мавҷҳои дароз, миёна, кӯтоҳ, ултракӯтоҳ ва микромавҷҳо), афканишоти гармӣ (шуоъҳои инфрасурх, рӯшноии ба чашм намоён ва шуоъҳои ултрабунафш), афканишоти ионзо ( нурҳои рентгенӣ ва гамманурҳо) мансубанд.
Таъсири биологии А. э.-ро хусусиятҳои мавҷу квантҳо муайян мекунанд. Хосияти мавҷҳо аз суръати паҳншавӣ дар фазо (дар атмосфера тақр. ба 300 000 км/сон. баробар буда, барои ҳамаи А. э. як хел аст), басомади лаппиши майдон ва дарозии мавҷ иборат аст. Басомади лаппишро бо гертсҳо (гс) чен мекунанд (гертс ин як лаппишест дар як сон). Бузургиҳои ҳосилавӣ инҳоянд: килогертс (Кгс) – 1 ҳаз. гс; мегагертс (Мгс) – 1 млн. гс; гегагертс (Ггс) – 1 млрд. гс. Дарозии мавҷҳо бо километр (км), метр (м), дитсиметр (дм), сантиметр (см), миллиметр (мм), микрометр (мкм) ва нанометр (нм) чен карда мешавад.
Хусусиятҳои квантии А. э. бо афканишоти электромагнитӣ дар шакли ҳиссаҳои алоҳидаи элементарӣ – квантҳо (фотонҳо) муайян карда мешаванд. Кванти электромагнитӣ энергияи муайян дорад. Бузургии энергия ба басомади лаппиш вобаста аст; басомади лаппиши майдони электромагнитӣ ҳар қадар калон бошад, энергияи квант ҳамон қадар зиёд аст ва он бо электронволт (ЭВ)-ҳо ифода меёбад.
Роҳҳои таъсири А. э. ба организми одам мураккабу гуногун буда, то ҳол пурра омӯхта нашудаанд. Ба бадани одам паҳн шудани мавҷҳо ба монанди дар фазо паҳн гашта, аз ашёи атроф инъикос ёфтани онҳо ба дарозии мавҷҳо ва намуди афканишот вобаста аст. Фаъолияти биологии мавҷҳои радио баробари кам шудани дарозии мавҷ меафзояд. Як қисми энергияи радиомавҷҳои ба организм воридшударо бофтаҳо фӯру мебаранд. Дар натиҷаи ин гармии зиёд ҷудо мешавад. Мас., агар чашм, ки рагҳояш нисбатан камтаранд, аз микроамвоҷи дарозии мавҷашон 10 – 12 сантиметра осеб ёбад, пас ҳарорати қисми ақиби зуҷоҷия 200С меафзояд ва худи чашм хира мешавад (ниг. Катаракта). Ҳангоми таъсири доимии А. э.-и пастшиддат одам хастагӣ эҳсос намуда, қобилияти корӣ суст мешавад, сар гоҳ – гоҳ дард мекунад, табъ хира ва асаб хароб аст. Баъзе одамон аз серарақӣ, суст шудани қувваи ҳофиза, нафастангӣ, дарди дил шикоят мекунанд. Дар ин гуна ҳолатҳо фавран ба духтур муроҷиат бояд кард. Дар аснои бо манбаи мавҷҳои радио сару кор доштан барои таъмини бехатарии кор аз усулу васоити замонавии ҳифозат истифода бурда мешавад.
Коргароне, ки доимо бо А. э. сарукор доранд, таҳти назорати тиббӣ мебошанд. Ба корҳои марбут ба А. э. одамон бояд вобаста ба касб қабул карда шаванд. Ниг. низ Афканишоти ионзо, Нуршифоӣ, Барқшифоӣ.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …