Главная / Маданият ва санъат / Амсиласозии маснут

Амсиласозии маснут

Дигаргунии намуди ҷузъҳои либос ва ороишу зебогии он (ороишҳои гуногун, гулдӯзӣ, кашидадӯзӣ, апликатсия бо рангҳои гуногун, тисма) – ро амсиласозии либос меноманд. Дар вақти моделронӣ рангҳо бояд мувофиқ бошад ва дар вақти дӯхтан риштаҳо мувофиқи матоъ бошад.

Амсиласозӣ ва тароҳии (конструксияи) либос аз истифодабарии он вобаста аст, яъне истифодаи пешдоман якчанд намудро дорад. Пешдоман барои тайёр кардани таом бояд васеътар бошад, ки (яъне синаи ин қисми болои васеътар ва қисми поён васеътар бошад, ки ду паҳлӯи ронро ҳам руст кунад то ки либоси асосӣ аз ифлосиҳо муҳофизат шуда бошад.

Ҳама медонанд, ки барои кор дар ошхона либоси махсус: пешдонман, дастпўшак ва нимдастпўшак лозиманд. Пешдоман барои рўбучини хона, барои шустушўи асбобҳо барои ҷомашўии дастӣ, барои пешвозгирии меҳмон гуногун мешаванд. Мувофиқи таъиноташон барои тайёр кардани таом.

oroishi-libos

Пешдоман барои шустушўи асбобҳо ва ҷомашўии дастӣ бо пеши назди синадор ва аз матои обнагузаронанда бошад, он матоҳое, ки зич бофта нусхаи ҳархелаи гулдор ва ғайра. Ба пешдомане, ки барои пухтани таом лозим талаботи дигар мавҷуд аст: матояш барои тез- тез шустан мувофиқ ва он бояд доимо тоза бошад.

Он пешдоман бояд рўи либосро бештар пўшад барои аз ифлосӣ, чарахсаи равғанҳо дар вақти тайёр кардани таом нигоҳ дорад. Дар ин ҳолат ба пешдомани корӣ ороишҳои гуногун шарт нест, бурма, кашидадўзӣ ва ғайра, барои он ки дарзмолкуниро мураккаб мекунад.

Дар дигар ҳолат дар вақти тайёр кардани мизи идона он майдатар, зебо ва назардид бошад. Дўхтани пешдоман хеле содда аст. Шумо медонед, ки акнун чи хел қолабро месозанд, интихоби фасон ба шумо вобаста аст.

Ин корро мустақилона иҷро карда метавонед. Матоъро барои пешдоман харидан шарт нест. Либосҳое, ки ба шумо хурд шудаанд пешдоман сохтан мумкин аст, доман, курта ё ки аз куртаи кўҳнаи мардонаи гулдор, рахдор, бегули якранга ё рангаш ҳархела. Куртаи мардона асосан дар қади гиребон ё буриш ё қисми поён тез фарсуда мешавад, аммо қисми пеш ва ақибаш мустаҳкам мемонад. Аз ҳамин лиҳоз либосҳои матоъҳои сунъи ки зиёдтар хизмат мекунад шустанаш осон дарзмол кардан лозим не, онро бо ороишҳои тисмаҳои рангбордор ё апликатсия нав кардан мумкин. Аз рўймолҳои ҳархела аз матоъҳои пахтагин пешдомани хурди зебо дўхтан мумкин ба канори он ороишҳо дўхта ба кунҷаш тисмаҳои барои гарданбанд ва миёнбанд дўхтан мувофиқ аст.

Аз матоъҳои полиэтилени плёнка, клиёнка ё матоъҳои шафоф ба онҳо қолаби пешдоманро гузошта онро бо қайчи бурида дўхтан лозим нест. Ин хел пешдоманҳо зиёд хизмат намекунад, аммо дар сохтан ҳам вақти камро мегирад. Ин гуна пешдоманҳо бештар лозим барои ҷомашўи, шустани асбобҳо ва лигар корҳое, ки ба онҳ чирк пош мехўрад.

Агар шумо хоҳед, ки аз матои зич бофта (тит) пош намехўрдаги матоъ ё монанди плаши кўҳнаи (балонӣ) онгоҳ онро 20-25 см дарозтар буред ва поёнашро қатъ карда қисми паҳлўиро ҳам дўзед аз мобайни чоки амудӣ ба чоки қаткарда гузоред ва ба он тарафҳои ин чок амудӣ ду киса барои асбобҳо ва матоъҳои дар даст буда дўзед, пешдомани қулай барои корҳои хоҷагии рўбучин таъмири хона рўи ҳавлӣ ва ғайра истифода бурда мешавад.

Амсиласозӣ ба конструксия вобаста асосан ба таъғир додани хатҳои сина, хатти миён, хатти боло ва поёни пешдоман дигаргун сохтан ва ғайра мебошад.

Дар вақти амсиласозӣ якчанд ороишҳоро истифода мебарем яке аз намудҳояш.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …