Главная / Илм / АМПУТАТСИЯ

АМПУТАТСИЯ

amputatciyaАМПУТАТСИЯ (лот. amputatio – бурида дур кардан), амали ҷарроҳист, ки қисми канории дасту пой ё аъзои иллатнок (мас., ғадуди шир, гарданаи бачадон ва ғ.)-ро бурида дур мекунанд. Қисман А. кардани дасту пойро экзартикулятсия ва пурра А. кардани аъзоро экстирпатсия меноманд. Фақат дар сурате А. мекунанд, ки ягон аъзои бадан аз кор монад ё ки хавфе ба ҳаёти бемор оварад (мас., мавҷудияти омосҳои саратонӣ, гангрена, бемориҳои вазнини сироятӣ, ки табобат намеёбанд, осебҳои сахту вазнини андомҳо, ба андозаи зиёд иллат ёфтани рагу асабҳо, ки имкони табобат надоранд ва ғ.).
А.-и дасту пой яке аз қадимтарин усулҳои ҷарроҳӣ мебошад. Тамоми зинаҳои он ҳанӯз ба духтурони Юнони Қадим, мас., Буқрот (а. 4 то м.) маълум буд. Ба А. духтурони Рими Қадим (а. 2) Села ва Архиген асос гузоштанд. Минбаъд тӯли садсолаҳо нишондодҳои ин олимон роҷеъ ба пешгирии хунравӣ фаромӯш гаштанд. Ҳамин тавр, А. фақат а. 16, баъди аз ҷониби ҷарроҳи франсавӣ А. Паре дарёфтани усули бастани рагҳое, ки ҳангоми А. бурида мешаванд, имконпазир гашт.
Тибби муосир барои роҳ надодан ба чирк гирифтани ҷароҳат чораҳои эътимоднок (тоза кардани ҷароҳат, истифодаи антибиотикҳо ва ғ.)-ро ба кор мебарад. Аз ин сабаб дар баъзе мавридҳо ҳатто дасту пой ё аъзои хеле сахт захмдоршударо низ бидуни А. сиҳат кардан мумкин аст. Дар мавриди А. ҳаминро ба назар мегиранд, ки қисми боқимондаи дасту пой (култа) барои протез кардан имконпазир гардад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …