Главная / Илм / АМПЛИПУЛСТЕРАПИЯ

АМПЛИПУЛСТЕРАПИЯ

amplipulsterapiiaАМПЛИПУЛСТЕРАПИЯ, яке аз усулҳои муолиҷа. Дар мавриди А. аз электри синусоидии модулӣ истифода мебаранд. А. ба хунгардиш таъсири фаъол мерасонад, тағзияи бофтаҳоро зиёд карда, раванди мубодиларо қувват мебахшад; фишори хунро паст ва кашиши дилро муназзам мекунад, хунгардиши майна ва гурдаро беҳтар, дискинезияи мушакҳои суфтаро бартараф месозад. А.-ро дар мавриди нимфалаҷ ва фалаҷ, бемориҳои музмини узвҳои дарунӣ (пневмания, зиқи нафас, решмараз, дискинезияи талхароҳа, бемориҳои илтиҳобии узвҳои коси хурди мардон ва занон, неврит, невралогия, садамаҳои асабҳои канорӣ ва дастгоҳи такяву ҳаракат, бемориҳои буғумҳо, остеохандроз, сподилёз, ихтилоли хунгардиши канорӣ) кор мефармоянд. Истифодаи он ҳангоми бемориҳои дилу рагҳо, ҳомилагӣ, омосҳо, илтиҳоби шадиди фасоднок, экзема ва ғ. ҷоиз нест.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …