Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДАР БОРАИ АМНИЯТ
(Ахбори маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №6, мод. 434; с. 2014, №11, мод. 646; Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 с., № 1283)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии таъмини амнияти инсон ва шаҳрванд, ҷамъият ва давлатро муайян карда, низоми таъмини амният, вазифа, мақсад ва самтҳои асосии онро ба танзим дароварда, салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ташкилотҳоро, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, дар соҳаи таъмини амният муқаррар менамояд. (ҚҶТ аз 27.11.14 с., № 1137)
БОБИ 1.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
– амнияти миллӣ – ҳолати муҳофизатии манфиатҳои ҳаётан муҳими кишвар аз таҳдидҳои воқеӣ ва эҳтимолии дохиливу берунӣ; (ҚҶТ аз 27.11.14 с., № 1137)
– манфиатҳои миллӣ – маҷмӯи эҳтиёҷоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва эҳтиёҷоти дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз амалишавии онҳо қобилияти давлат дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, арзишҳои ҷамъият ва ниҳодҳои асосии давлатдорӣ вобаста мебошад;
– манфиатҳои ҳаётан муҳим – маҷмӯи эҳтиёҷоте, ки аз қонеъгардонии онҳо мавҷудият ва рушди шахсият, ҷамъият ва давлат вобаста мебошад (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., № 1283);
– объектҳои амният – инсон ва шаҳрванд, ҳуқуқу озодиҳои онҳо, ҷамъият ва арзишҳои моддию маънавии он, давлат, сохти конститутсионӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии он;
– субъектҳои амният – давлат, шаҳрвандон, ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон;
– таҳдидҳо ба амният – маҷмӯи шароит, раванд ва омилҳое, ки барои амалишавии манфиатҳои миллӣ монеа мешаванд ё ба онҳо хатар ба вуҷуд меоранд;
– таъмини амният – татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи таъмини амният ба воситаи низоми тадбирҳои дорои хусусияти иқтисодӣ, сиёсӣ, ташкилӣ ва дигар хусусиятҳо, ки ҷавобгӯи таҳдид ба манфиатҳои ҳаётан муҳими инсон ва шаҳрванд, ҷамъият ва давлат мебошанд;
– амнияти иқтисодӣ – вазъи муҳофизатии иқтисодиёти миллӣ аз шароит, раванд ва омилҳои дохиливу беруние, ки рушди устувор ва истиқлолияти иқтисодиро зери хатар мегузоранд;
– амнияти озуқаворӣ – ҳолати муҳофизатии иқтисодиёти давлат мебошад, ки аз ҳисоби истеҳсолоти дохилӣ бехатарии озуқавории кишвар таъмин гардида, дастёбии воқеӣ, ки барои ҳаёти солиму фаъол ва рушди демографии ҳамаи аҳолӣ зарур аст, кафолат дода мешавад (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., № 1283);
– амнияти ҷамъиятӣ – ҳифзи ҳуқуқӣ-сиёсӣ, маънавӣ-ахлоқӣ ва иҷтимоии ҳаёт, саломатӣ ва некӯаҳволии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин арзишҳои ҷамъият аз хатар ва таҳдидҳои имконпазире, ки ба онҳо зарар расонида метавонанд;
– амнияти ҳарбӣ – ҳолати муҳофизатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҳдидҳои воқеӣ ва эҳтимолии хусусияти ҳарбидошта ба соҳибистиқлолӣ ва тамомияти арзии мамлакат;
– амнияти экологӣ – ҳолати муҳофизатии манфиатҳои ҳаётан муҳими инсон ва шаҳрванд, ҷамъият ва давлат аз таҳдидҳое, ки дар натиҷаи таъсири антропогенӣ ва дигар таъсиррасониҳо ба муҳити зист ба вуҷуд меоянд;
– амнияти иттилоотӣ – ҳолати муҳофизатии манбаъҳои давлатии иттилоотӣ, инчунин ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои ҷамъият дар соҳаи иттилоот;
– амнияти берунӣ – ҳолати муҳофизатии манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҳдидҳое, ки аз ҷониби давлатҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандони хориҷӣ бармеоянд;
– амнияти дохилӣ – ҳолати муҳофизатии манфиатҳои ҳаётан муҳими шахсият, ҷамъият ва давлат аз таҳдидҳои дохилӣ; (ҚҶТ аз 27.11.14 с., № 1137)
– мақомоти ваколатдори давлатии таъмини амният – мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи амният
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи амният ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон иборат мебошад.
Моддаи 3. Принсипҳои таъмини амният
Принсипҳои таъмини амният инҳо мебошанд:
– эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
– қонуният;
– масъулияти мутақобилаи инсон ва шаҳрванд, ҷамъият ва давлат оид ба таъмини амният;
– иттилоотонии фаврии байниҳамдигарӣ ва мувофиқаи амалҳои қувваҳои таъмини амният;
– ягонагӣ, баҳамалоқамандӣ ва мувозинати ҳамаи намудҳои амният;
– бартарияти чораҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иттилоотӣ;
– назорат аз рӯи татбиқи ҳамаи маҷмӯи амалҳо оид ба ҳифзи амният;
– робита бо низомҳои амнияти байналмилалӣ.
Моддаи 4. Субъектҳои амният
- Субъекти асосии таъмини амният давлат мебошад, ки вазифаҳои худро дар ин соҳа ба воситаи мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ менамояд.
- Шаҳрвандон ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, субъектҳои таъмини амният ба шумор рафта, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, инчунин мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки дар доираи салоҳияташон дар ин соҳа қабул карда шудаанд, дорои ҳуқуқу ӯҳдадориҳо оид ба иштирок намудан дар таъмини амният мебошанд. (ҚҶТ аз 27.11.14 с., № 1137)
- Давлат ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон ва ташкилотҳоро, ки мувофиқи қонун дар таъмини амният мусоидат мекунанд, таъмин менамояд.
Моддаи 5. Манфиатҳои миллӣ
Манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мебошанд:
– таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
– нигоҳдории ризоияти ҷомеа ва суботи сиёсӣ дар мамлакат (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., № 1283);
– рушду устувории иқтисодиёти кишвар;
– тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ягонагии халқ;
– пойдорӣ ва инкишофи арзишҳои моддӣ ва маънавии ҷамъият;
– тағйирнопазирии сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла истиқлолияти давлатӣ, шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, дахлнопазирии сарҳади давлатӣ ва ҷудонашаванда будани ҳудуди он;
– фаъолияти устувори ниҳодҳои давлатдорӣ, таҳким ва самаранокии фаъолияти онҳо;
– таъмини муҷаҳҳазгардонӣ ва омодагии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– иҷрои бечунучарои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ва нигоҳдории тартиботи ҳуқуқӣ;
– таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар асоси ҳамшарикӣ.
Моддаи 6. Таҳдидҳо ба амният
- Таҳдидҳо ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мебошанд:
– заифшавии адолати иҷтимоӣ ва судӣ, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, аз ҷумла афзоиши ҷинояткорӣ, ҷинояткории муташаккилона, ҷиноятҳои трансмиллӣ, савдои одамон, коррупсия, гардиши ғайриқонунии силоҳ ва воситаҳои нашъадор, ки ба пастшавии сатҳи ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, арзишҳои умумибашарӣ мусоидат менамоянд; (ҚҶТ аз 27.11.14 с., № 1137; ҚҶТ аз 15.03.2016 с., № 1283)
– фаъолияте, ки барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ равона карда шудааст, аз ҷумла амалҳое, ки ба тамомияти арзӣ, дахлнопазирӣ ва ҷудонашаванда будани ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷовуз мекунанд;
– заифшавии иқтидори мудофиавии мамлакат, таҳдид ба дахлнопазирии сарҳади давлатӣ, истифодаи қувва ва таҷовуз нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– фаъолияти ҷосусӣ, террористӣ, тахрибкорӣ (диверсионӣ) ва фаъолияти дигари хадамоти махсус, ташкилотҳои давлатҳои хориҷӣ ва шахсони алоҳида, ки барои расонидани зарар ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудаанд;
– номураттаб сохтани фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот,вайрон кардани муназзамии фаъолияти онҳо, паст гардидани сатҳи идоракунӣ дар кишвар; (ҚҶТ аз 27.11.14 с., № 1137)
– фаъолияте, ки ба амнияти иттилоотии кишвар таҷовуз мекунад;
– ифротгароии (экстремизми) сиёсӣ дар ҳама гуна шакли он, аз ҷумла барангехтани бадбинӣ ё хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ, мафкуравӣ, маҳалгароӣ ё гурӯҳӣ;
– мураккабшавии вазъи иҷтимоӣ-сиёсӣ, ки дар низоъҳои байни миллатҳо ва мазҳабҳо, бетартибиҳои оммавӣ, маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои беиҷозат ва корпартоиҳои ғайриқонунӣ ифода мегардад;
– ташкили воҳидҳои ҳарбие, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нашудаанд;
– якбора вайроншавии вазъи экологӣ, офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенидошта, эпидемия (паҳншавии умумии бемориҳои сироятӣ) ва эпизоотия (фавти саросари ҳайвонот);
– расонидани зарар ба амнияти иқтисодии давлат, аз ҷумла тавассути қочоқ бадастоварда ва маблағгузории терроризм, инчунин номуътадил гардонидани вазъи молиявии кишвар (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., № 1283);
– паст шудани сифати таҳсилот ва нерӯҳои зеҳнӣ дар мамлакат.
- Таҳдидҳои воқеӣ ва эҳтимолӣ ба объектҳои амният, ки аз манбаъҳои дохилӣ ва хориҷӣ бармеоянд, мазмуни фаъолиятро оид ба таъмини амнияти дохилӣ ва берунӣ муайян менамоянд.
БОБИ 2.
НИЗОМИ ТАЪМИНИ АМНИЯТ ВА ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ОН
Моддаи 7. Низоми таъмини амният
Низоми таъмини амниятро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи сиёсати ягонаи давлатӣ, қувваҳои бо ҳам ҳамкорикунандаи таъмини амният, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ташкилотҳое, ки дар доираи салоҳияти худ масъулияти таъмини амниятро ба ӯҳда доранд, ташкил медиҳанд (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., № 1283).
Моддаи 8. Вазифаҳои асосии низоми таъмини амният
Вазифаҳои асосии низоми таъмини амният инҳо мебошанд:
– пешбинӣ, ошкор ва пешгирӣ кардани таҳдидҳои дохилӣ ва берунӣ ба манфиатҳои ҳаётан муҳими объектҳои амният (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., № 1283);
– таҳия ва амалӣ намудани маҷмӯи тадбирҳои таъҷилӣ ва дарозмуддати пешгирӣ кардан ва аз байн бурдани ин таҳдидҳо;
– ташкил намудан ва дар ҳолати омодабош нигоҳ доштани қувваю воситаҳои таъмини амният;
– идора намудани қувваю воситаҳoи таъмини амният дар шароити ҳамарӯза ва ҳолатҳои фавқулодда;
– амалӣ намудани маҷмӯи тадбирҳои барқарор кардани кори мӯътадили объектҳои амният дар минтақаҳое, ки дар натиҷаи ба миён омадани ҳолатҳои фавқулодда зарар дидаанд;
– иштирок дар таъмини амнияти умумӣ ва минтақавӣ мувофиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон.
Моддаи 9. Қувваҳои таъмини амният
- Ба қувваҳои таъмини амният дохил мешаванд:
– Қувваҳoи Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– мақомоти амнияти миллӣ, корҳои дохилӣ, разведкаи ҳарбӣ, мубориза бо коррупсия андоз, гумрук, ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, мақомоти дигари таъмини амният, ки дар асоси қонун амал мекунанд. (ҚҶТ аз 27.11.14 с., № 1137)
- Қувваҳои таъмини амният дар доираи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳам ва бо мақомоти дахлдори давлатии давлатҳои ҳамшарик оид ба амнияти дастаҷамъона ҳамкорӣ намуда, ба якдигар оид ба масъалаҳои ба ваколатҳои онҳо дахлдошта иттилоъ медиҳанд. (ҚҶТ аз 27.11.14 с., № 1137)
- Таъмини амният барои тамоми мақомоти дигари давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ташкилотҳое, ки ин фаъолиятро дар доираи ваколатҳо, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои худ мустақилона ё дар асоси муроҷиати қувваҳои таъмини амният амалӣ мекунанд, ҳатмӣ мебошад. (ҚҶТ аз 27.11.14 с., № 1137)
БОБИ 3.
САЛОҲИЯТИ ПРЕЗИДЕНТИҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ВА МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ТАЪМИНИ АМНИЯТ
Моддаи 10. Салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
– роҳбарии умумии фаъолияти мақомоти таъмини амниятро амалӣ менамояд;
– самтҳои асосии амнияти дохилӣ ва беруниро муайян мекунад;
– амалҳои мувофиқашудаи ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатиро дар соҳаи ҳифзи манфиатҳои кишвар таъмин менамояд;
– кафили таъмини амнияти инсон ва шаҳрванд, ҷамъият ва давлат мебошад;
– мақомоти ваколатдори давлатии таъмини амниятро ташкил, аз нав таъсис ва барҳам медиҳад;
– афзалиятҳои ҳифзи манфиатҳои ҳаётан муҳими объектҳои амниятро муайян мекунад;
– Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис дода, ба он роҳбарӣ мекунад;
– бо пешниҳоди Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон консепсия ва стратегияи амнияти миллиро тасдиқ менамояд (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., № 1283);
– оид ба масъалаҳои таъмини амният фармон мебарорад ва амр медиҳад;
– тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти давлатии таъмини амниятро муқаррар, ҳамоҳанг ва назорат менамояд;
– ба сиёсати кадрии мақомоти давлатии таъмини амният назорат мекунад;
– барномаҳои давлатии таъмини амниятро тасдиқ ва татбиқи онҳоро назорат менамояд;
– ба таъмини иҷрои қонунҳое, ки муносибатҳоро дар соҳаи амният танзим менамоянд, назорат мекунад;
– ҳангоми таҳдиди хатари воқеӣ ба амнияти давлат ҳолати ҷангро эълон менамояд;
– дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё дар маҳалҳои алоҳидаи он вазъияти фавқулодда эълон менамояд;
– тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳияти заруриро оид ба масъалаҳои таъмини амният амалӣ менамояд.
Моддаи 11. Салоҳияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
– фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ҷорӣ намудани ҳолати ҷанг ва вазъияти фавқулодда тасдиқ менамояд;
– ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон розигӣ медиҳад.
- Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
– қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои таъмини амният ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба онҳоро ҷонибдорӣ менамояд.
- Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
– оид ба масъалаҳои таъмини амният қонунҳоро қабул карда, ба онҳо тағйиру иловаҳо ворид менамояд;
– санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро оид ба масъалаҳои таъмини амният тасдиқ ва бекор мекунад.
Моддаи 12. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
– ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунҳоро дар соҳаи амният пешниҳод карда, иҷрои қонунҳоро таъмин менамояд;
– таҳия ва татбиқи барномаҳои амнияти кишварро ташкил менамояд, иҷрои консепсия ва стратегияро дар соҳаи таъмини амният амалӣ месозад (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., № 1283);
– дар доираи салоҳияте, ки қонунгузорӣ муайян кардааст, ба мақомоти давлатии таъмини амният роҳбарӣ менамояд;
– ба таҳия ва татбиқи тадбирҳoи таъмини амният аз тарафи вазорату кумитаҳои давлатӣ, дигар идораҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо роҳбарӣ ва назорат мекунад;
– оид ба таъмини мудофиа ва амнияти давлатӣ тадбирҳо меандешад, бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон бо мақсади таъмини амният чораҳои маҷбуркунии давлатӣ (муҷозот) муқаррар менамояд (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., № 1283);
– Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ, воситаҳои моддӣ, захираҳо ва хизматрасониҳо таъмин менамояд; (ҚҶТ аз 27.11.14 с., № 1137)
– иҷрои барномаҳои давлатӣ ва нақшаҳои такмили силоҳу аслиҳа, инчунин барномаҳои тайёр кардани шаҳрвандонро аз рӯи ихтисосҳои каcбии ҳарбӣ таъмин мекунад; (ҚҶТ аз 27.11.14 с., № 1137)
– барои хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шахсоне, ки мувофиқи қонун бо мақсади таъмини мудофиа ё амнияти давлат ҷалб карда мешаванд, кафолати иҷтимоиро таъмин менамояд;
– ҳифзи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд;
– ба мудофиаи гражданӣ роҳбарӣ мекунад;
– тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар салоҳиятро оид ба масъалаҳои таъмини амният амалӣ менамояд.
Моддаи 13. Салоҳияти судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон:
– адолати судиро доир ба парвандаҳо оид ба ҷиноятҳое, ки ба амнияти инсон ва шаҳрванд, ҷамъият ва давлат таҷовуз менамоянд, амалӣ мекунанд;
– ҳифзи ҳуқуқ, озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, давлат, ташкилотҳо, иҷрои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистонро таъмин менамоянд.
Моддаи 14. Салоҳияти мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
– дар доираи салоҳияти худ амалӣ гардидани барномаҳои давлатии ҳифзи манфиатҳои ҳаётан муҳими объектҳои амниятро таъмин менамоянд;
– ба мақомоти болоии давлатӣ оид ба такмил додани низоми таъмини амният таклифҳо пешниҳод менамоянд;
– риояи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи амният таъмин менамоянд;
– дар доираи салоҳияти худ низомнома ва дастурамалҳои дохилиидоравиро оид ба таъмини амният таҳия ва тасдиқ мекунанд;
– ба фаъолияти ташкилотҳои тобеъ ҷиҳати банақшагирӣ ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба таъмини амният роҳбарӣ менамоянд;
– шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатиеро, ки амал (ё беамалии) онҳо боиси вайроншавии манфиатҳо ва таҳдид ба амнияти давлат мегарданд, ба ҷавобгарӣ мекашанд;
– тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ваколатҳоро оид ба масъалаҳои таъмини амният амалӣ менамоянд. (ҚҶТ аз 27.11.14 с., № 1137)
Моддаи 15. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии
шаҳрак ва деҳот, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ташкилотҳо, новобаста аз шакли
ташкилию ҳуқуқиашон
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон дар доираи ваколатҳо, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худ:
– дар воҳидҳои марзию маъмурӣ ва ташкилотҳои дахлдор оид ба таъмини амният чораҳо андешида, фаъолиятро дар ин самт ташкил менамоянд;
– маҳфуздории қувваҳо ва захираҳои сафарбарии аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршударо таъмин менамоянд;
– тибқи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ваколатҳо, ҳуқуқ ва уҳдадориҳоро оид ба масъалаҳои таъмини амният амалӣ менамоянд.
(ҚҶТ аз 27.11.14 с., № 1137)
БОБИ 4.
ТАЪМИНИ АМНИЯТ
Моддаи 16. Кафолатҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ташкилотҳо, новобаста аз
шакли ташкилию ҳуқуқиашон, ҳангoми таъмини амният
- Давлат тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амнияти ҳар як инсон ва шаҳрванд, ташкилотҳоро, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд. Давлат ҳимоя ва пуштибонии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки берун аз ҳудуди он қарор доранд, кафолат медиҳад.
- Ҳангоми таъмини амният ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд метавонанд танҳо дар асоси қонунҳо ва то андозае, ки он барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, саломатии аҳолӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзӣ зарур аст, маҳдуд карда шаванд. Дар ин ҳолат, шаҳрвандон ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд оид ба мaҳдуд карда шудани ҳуқуқу озодиҳои худ аз субъектҳои таъмини амният тавзеҳот гиранд.
- Шахсони мансабдоре, ки ҳангоми таъмини амният аз ҳадди ваколатҳои худ мебароянд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
- Ба шаҳрвандон ва ташкилотҳо, ки ба таъмини амният мусоидат менамоянд, дастгирии давлатӣ, аз ҷумла ҳимояи ҳуқуқии онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода мешавад.
Моддаи 17. Чораҳо оид ба таъмини амният
- Таъмини амният амалӣ карда мешавад ба воситаи:
– тадриҷан амалӣ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ бо назардошти тақсими дақиқонаи салоҳият ва таъмини фаъолияти мувофиқашудаи мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдор, ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, инчунин шаҳрвандон, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалӣ намудани чораҳо оид ба таъмини амният иштирок менамоянд; (ҚҶТ аз 27.11.14 с., № 1137)
– мувофиқатии чораҳои ҳифзи манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон аз таҳдидҳои воқеӣ ва эҳтимолӣ;
– масъулияти мутақобилаи инсон ва шаҳрванд, ҷамъият, давлат ва тавозуни манфиатҳои онҳо.
- Таъмини амният аз ноилгардӣ ва нигоҳдории сатҳи зарурии дараҷаи ҳифзи манфиатҳои миллӣ иборат буда, бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:
– муайян кардани самтҳои асосии фаъолияти давлат дар ин соҳа;
– пешбинӣ ва ошкор кардани таҳдидҳо ба амнияти миллӣ;
– амалӣ сохтани маҷмӯи чораҳои фаврӣ ва дарозмуддат оид ба пешгирӣ ва безараргардонии таҳдидҳо ба амнияти миллӣ, аз ҷумла доир ба бартарафсозии сабаб ва шароитҳои бавуҷудорандаи ин таҳдидҳо;
– сафарбарии қувваю воситаҳои таъмини амният дар ҳолатҳои пайдоиши таҳдиди бевосита ба манфиатҳои миллӣ, таҷовуз ба онҳо, аз ҷумла дар ҳолатҳои изтирорӣ (экстремалӣ) ва фавқулоддаи хусусияти дохилидавлатӣ, фаромарзӣ ва ҷаҳонидошта;
– қабули бетаъхири қарорҳо ва иҷрои амалҳо оид ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ, пешгирии фаъолияти ғайриқонуние, ки ба амнияти миллӣ таҷовуз мекунад, амалӣ гардонидани тадбирҳои дигари ҳуқуқмаҳдудкунанда;
– пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳое, ки бо таҷовузҳо ба манфиатҳои миллӣ алоқаманданд, амалӣ кардани маҷмӯи чораҳои барқарорсозӣ.
Моддаи 18. Таъмини амнияти иқтисодӣ
- Амнияти иқтисодӣ бо қарор ва амалҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон, ки барои иҷрои корҳои зерин равона карда шудаанд, таъмин мегардад (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., № 1283):
– таъмини истиқлолияти иқтисодии Тоҷикистон;
– роҳ надодан ба бунбасти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз низоми иқтисодиёти ҷаҳонӣ;
– нигоҳдорӣ ва таҳкими асосҳои захираҳои энергетикии иқтисодиёти мамлакат;
– то дараҷаи ниҳоӣ паст кардани сатҳи осебпазирии иқтисодиёти мамлакат, ки бо таъсири омилҳои эҳтимолии манфии дар муҳити геополитикии давлат бавуҷудоянда алоқаманд аст;
– таъмини ҳамкории самаранок бо сохторҳои молиявии ватанию байналмилалӣ, бартарияти равона намудани захираҳои қарзии дохилию хориҷӣ ва имкониятҳои сармоягузорӣ барои барқарор кардан ва рушди иқтисодиёти ватанӣ;
– баланд набардоштани сатҳи имконпазири касри буҷети давлатӣ ва устувор гардонидани қисми даромади он;
– роҳ надодан ба истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои буҷет ва захираҳои давлатӣ;
– роҳ надодан ба номувозинатии хатарноки рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои кишвар ва аз байн бурдани он;
– зиёд кардани ҳиссаи молистеҳолкунандагон дар иқтисодиёти кишвар бо шарти ҳавасмандгардонии рақобат ва маҳдудсозии фаъолияти инҳисорӣ;
– таъмини болоравии иқтисодии кишвар.
- Давлат бо мақсади ҳимояи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла барои нигоҳ доштан ва таҳким бахшидани нерӯи саноатӣ бо риояи кафолатҳое, ки ба сармоягузорони хориҷӣ медиҳад, аз болои вазъ ва истифодаи объектҳои иқтисодиёти мамлакат, ки онҳоро ташкилотҳои хориҷӣ ва муштараки хориҷию ватанӣ идора мекунанд ё молики онҳо мебошанд, назорат мекунад.
- Талаботҳо оид ба таъмини амнияти иқтисодӣ ҳатман дар мавриди имзо кардани қарордодҳо оид ба истифодаи захираҳои стратегии мамлакат, иҷрои ин қарордодҳо ва назорати иҷрои онҳо ба назар гирифта мешаванд. (ҚҶТ аз 27.11.14 с., № 1137)
- Ба қабули қарор ва иҷрои амалҳое, ки хилофи манфиатҳои ташаккулёбӣ ва фаъолияти мунтазами сохторҳои зерин мебошанд, роҳ дода намешавад:
– фазои бозории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар доираи он гардиши озодонаи захираҳои меҳнатӣ, молиявӣ ва дигар захираҳо амалӣ мегардад;
– низоми ягона ва мустақили молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла муомилоти асъори миллӣ дар тамоми қаламрави кишвар;
– низоми ягона ва мустақили коммуникатсионӣ ва энергетикии мамлакат.
- Бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон метавонанд талаботи иловагӣ ва амалу тадбирҳо оид ба таъмини амнияти иқтисодӣ пешбинӣ карда шаванд.
Моддаи 19. Таъмини амнияти озуқаворӣ
- Амнияти озуқаворӣ тавассути таҳия ва татбиқи чораҳои иҷтимоию иқтисодӣ, илмию техникӣ, маъмурӣ ва дигар чораҳое, ки ба пешгирӣ ва безараргардонии таҳдиди амнияти озуқаворӣ равона шудаанд, таъмин карда мешавад.
- Таъмини амнияти озуқаворӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
– таъмин намудани дастрасии воқеӣ ва иқтисодии маҳсулоти босифати озуқаворӣ барои аҳолӣ тибқи меъёрҳои физиологии истеъмолӣ новобаста аз синну сол, вазъи молумулкӣ ва иҷтимоӣ, ҷои истиқомат ва будубош;
– мутобиқатии сифати маҳсулоти озуқавории дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда, фурӯхташаванда ва ба он воридшаванда ба талаботҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– ташаккул, таҷдид ва пурра намудани захираҳои давлатии маҳсулоти озуқаворӣ, сарфи назар аз таъсири омилҳои номусоиди дохилӣ ва берунӣ;
– ташкили муҳити баробари рақобатпазир барои ворид шудан ба бозори маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ;
– ҳамкориҳои мутақобилаи давлат ва субъектҳои соҳибкории хусусӣ;
– мусоидат намудан ба баланд бардоштани нақши иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои тиҷоратӣ дар масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ; (ҚҶТ аз 27.11.14 с., № 1137)
– дастрас ва ошкоро будани иттилоот дар бораи ҳолати бозори маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ.
- Ба қабули қарорҳо ва аз ҷониби мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ содир намудани амалҳое (беамалие) роҳ дода намешавад, ки:
– ҳолати амнияти озуқавориро бад мекунанд;
– беасос баланд бардоштани нархи маҳсулоти озуқаворӣ, паст шудани захираҳои дохилии озуқавориро ба вуҷуд меоранд;
– ба содироти ғайриқонунии маҳсулоти озуқаворӣ берун аз ҳудуди мамлакат мусоидат мекунанд;
– ба воридоти маҳсулоти озуқавории бесифат ва барои аҳолӣ хавфнок ба бозори дохилӣ мусоидат мекунанд.
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми бад шудани ҳолати амнияти озуқаворӣ метавонад воридот ва содироти маҳсулоти озуқавориро муваққатан манъ ва ё маҳдуд намояд.
Моддаи 20. Таъмини амнияти ҷамъиятӣ
- Амнияти ҷамъиятӣ бо қарорҳо ва амалҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон, ки барои иҷрои корҳои зерин равона карда шудаанд, таъмин мегардад (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., № 1283):
– таҳкими кафолати таъмини амнияти шахсии шаҳрвандон, ҳуқуқу озодиҳои онҳо;
– ташаккули рӯҳияи умумимиллӣ, ки ба ватандӯстӣ ва ризоияти байни миллатҳо асос ёфтааст;
– таҳкими ягонагии халқи Тоҷикистон;
– дастгирии афзоиши табиии аҳолӣ, таъмини қабули чораҳои саривақтӣ бар зидди равандҳои бӯҳронии демографӣ ва банақшагирии оила;
– пурзӯр кардани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла шаклҳои муташаккили он, коррупсия ва терроризм;
– боздоштани болоравии бекорӣ ва пастшавии сатҳи зиндагии аҳолӣ, ки ба суботи сиёсии кишвар таҳдид мекунанд;
– пешгирии омилҳои ичтимоие, ки ба саломатӣ ва маънавиёти аҳолӣ, ирсияти (генофонди) халқи Тоҷикистон таҳдид мекунанд;
– монеъ шудан ба пастравии нерӯҳои зеҳнии мамлакат.
- Ба қабули қарорҳо ва содир намудани амалҳое роҳ дода намешавад, ки баръало метавонанд:
– пойдории ягонагии халқи Тоҷикистонро халалдор созанд ва муносибати байни миллатҳоро бад кунанд;
– ризоияти ҷамъиятӣ ва суботи сиёсиро дар кишвар халалдор созанд;
– боиси дахолати ташкилотҳои динӣ ба корҳои давлат гарданд. (ҚҶТ аз 27.11.14 с., № 1137)
- Даъватҳои зерини шаҳрвандон, аз ҷумла намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳамчун амалҳо оид ба ноустувор гардонидани амният эътироф шуда, боиси ҷавобгарии бо қонун пешбинишуда мегарданд:
– ба сарнагун сохтан ё бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла даъватҳо ба ҷудоихоҳӣ (сепаратизм) ва амалҳои дигаре, ки ба ягонагӣ, дахлнопазирӣ ва ҷудонашаванда будани ҳудуди мамлакат таҷовуз мекунанд;
– ба ғасби ҳокимият;
– барои бо роҳи зӯроварӣ қатъ гардонидани ваколатҳо ё монеъ шудан ба фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдори тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилёфта ва интихобшуда (таъиншуда); (ҚҶТ аз 27.11.14 с., № 1137)
– ба истифода кардани тафовути мавҷудбудаи мазҳабӣ ва ақидаҳои гуногуни динӣ бо мақсадҳои сиёсӣ.
Моддаи 21. Таъмини амнияти ҳарбӣ
- Ҳамаи мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ӯҳдадоранд, ки мусоидат намоянд (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., № 1283):
– ба таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат;
– ба нигоҳ доштан ва баланд бардоштани дараҷаи иқтидори ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– ба нигоҳ доштани иқтидор ва захираҳои сафарбаркунӣ.
- Қабули қарорҳо ва содир намудани амалҳое, ки ба иқтидори мудофиавии мамлакат, иқтидори ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонида метавонанд, манъ аст.
- Ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, роҳ дода намешавад:
– ба ҷойгир кардани пойгоҳҳои (базаҳои) ҳарбии давлатҳои хориҷӣ дар ҳудуди кишвар;
– ба убур (транзит) кардани воҳидҳои ҳарбӣ, аслиҳа ва техникаи ҳарбии давлатҳои хориҷӣ аз ҳудуди мамлакат.
- Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини амнияти ҳарбӣ ҷалб карда мешаванд.
Моддаи 22. Таъмини амнияти экологӣ
Ӯҳдадориҳои мақомоти дахлдори давлатӣ, ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон инҳоянд:
– ҳифзи муҳити зист, оқилона истифода кардан ва ҳимоя намудани захираҳои табиӣ;
– роҳ надодан ба беназорат ворид намудани технологияҳо, моддаҳо ва маводи хавфноки экологӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– пешгирӣ намудани олудашавии радиоактивӣ, кимёвӣ ва заҳролудшавии бактериологии ҳудуди мамлакат;
– маҳдуд намудани истифодаи технологияҳои хавфнок ва номукаммали экологӣ;
– пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои манфии экологии фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият.
Моддаи 23. Таъмини амнияти иттилоотӣ
- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми миллии ҳифзи иттилоот, аз ҷумла захираҳои давлатии иттилоотӣ таъсис ва мустаҳкам карда мешаванд.
- Қабули қарорҳо аз ҷониби мақомот ва шахсони мансабдори Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодии хориҷӣ бояд ба иттилооти объективӣ ва огоҳона дар бораи тамоюлҳои рушди сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳонӣ, вазъи сиёсӣ ва иқтисодии давлатҳои дигар, хусусан давлатҳои ҳамҷавор асос ёбад.
- Мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ӯҳдадоранд, ки тамоми чораҳои заруриро андешанд, барои роҳ надодан (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., № 1283):
– ба вобастагии иттилоотии Тоҷикистон;
– ба ғасб ва муҳосираи иттилоотӣ аз ҷониби давлатҳои дигар;
– ба бунбасти иттилоотии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва қувваҳои таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Ба қабули қарорҳо ва содир намудани амалҳое, ки хилофи манфиатҳои миллии ташаккул ва фаъолияти мунтазами фазои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дохил шудани Тоҷикистон ба низоми ҷаҳонии алоқа ва иттилоот мебошанд, роҳ дода намешавад.
- Содир намудани амалҳои зерин манъ аст:
– дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн намудани маводи интишорӣ, намоишҳои телевизионӣ ва пахши радиоии воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ, ки мазмуни онҳо амнияти миллиро халалдор месозад;
– ифшо кардани иттилооти хизматӣ ва дигар иттилооти ба манфиатҳои давлат алоқаманд.
Моддаи 24. Таъмини амнияти берунӣ
- Бо мақсади соҳиб шудан ба кафолатҳои байналмилалии амният, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини амнияти байналмилалӣ (ҷаҳонӣ, минтақавӣ) иштирок менамояд, ки қисми таркибии он амнияти кишвар мебошад.
- Амнияти мамлакат дар соҳаи муносибатҳои сиёсии берунӣ бо амалҳои зерин таъмин карда мешавад:
– иштирок дар тадбирҳои байналмилалӣ оид ба ташаккули тартиботи ҷаҳонӣ;
– ташаккул додан ва пойдории низоми самарабахши амнияти дастаҷамъона дар муҳити геополитикии Тоҷикистон;
– иштирок дар ташкилотҳои байналмилалӣ, ки фаъолияти онҳо ҷавобгӯи манфиатҳои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад;
– иштирок дар чорабиниҳои берун аз ҳудуди мамлакат, ки барои таъмини амният равона гардидаанд, тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон;
– дар мавридҳои зарурӣ якҷоя бо кишварҳои ҳамҷавор ҳалли масъалаҳое, ки ба таъмини амният дахл доранд.
- Ҷумҳурии Тоҷикистон:
– бо мақсади таъмини назорати боэътимоди сарҳадӣ низоми ҳифзи сарҳади давлатиро рушд ва таҳким мебахшад;
– низоми назорати фазои ҳавоиро бо пайвастани он ба низоми назорати байналмилалии ҳаммонанд ташаккул медиҳад;
– барои роҳ надодан ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ тамоми чораҳои заруриро меандешад.
- Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки муқобили давлат фаъолияти харобкорона бурда, зидди соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзии мамлакат, ягонагии халқи он, ризоияти ҷомеа ва суботи сиёсӣ дар мамлакат ошкоро баромад мекунанд, роҳ дода намешавад. Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузур дошта, ба чунин баромадҳои ошкоро роҳ медиҳанд, аз ҳудуди мамлакат бароварда шуда, ба ҷавобгарии дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон кашида мешаванд.
Моддаи 25. Таъмини амнияти ниҳодҳои давлатдорӣ
- Таъмини амнияти ниҳодҳои давлатдорӣ вазифаи муҳими мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, яке аз меъёрҳои арзёбии фаъолияти хизматии онҳо ба ҳисоб меравад.
- Талабот оид ба таъмини амният дар мавридҳои зерин ҳатман ба назар гирифта мешавад:
– тарҳрезии стратегии самту марҳилаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат;
– таҳия, қабул ва иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар санадҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдор. (ҚҶТ аз 27.11.14 с., № 1137)
- Ба қабули қарорҳо ва иҷрои амалҳое, ки хилофи манфиатҳои ташаккул ва фаъолияти мунтазами низоми ягонаи мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, амният ва судҳо, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҳамчунин низоми ягонаи ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, роҳ дода намешавад. (ҚҶТ аз 27.11.14 с., № 1137)
- Давлат барои расидан ба мақсадҳои зерин чораҳо меандешад:
– барои баланд бардоштани обрӯю нуфузи хизмати давлатӣ;
– барои ташаккули механизмҳои ташкилию ҳуқуқие, ки таъин шудани шахсони ба талаботи муқарраргардида ҷавобгӯ набударо ба хизмати давлатӣ роҳ намедиҳанд.
- Хизматчиёни давлатӣ дар фаъолияти худ ӯҳдадоранд, ки манфиатҳои умумидавлатиро ба роҳбарӣ гиранд. Ба хизматчиёни давлатӣ қабул кардани қарор ва анҷом додани амалҳое, ки обрӯи ҳокимияти давлатиро зери шубҳа гузошта, боиси ба манфиатҳои ғайрихизматӣ истифода кардани мақоми хизматӣ мегарданд, манъ аст.
- Расмиёти аз тарафи шахсони ваколатдори давлатӣ қабул кардани қарорҳое, ки бо амалҳои зерин алоқаманданд, бояд ба ҳадди муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ошкоро ва хусусияти назоратӣ дошта бошанд:
– тақсими маблағҳои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, аз ҷумла барои хариди давлатӣ ва захираҳои қарзӣ ҷудокардашаванда;
– додани иҷозату иҷозатномаҳо (литсензияҳо);
– ба субъектҳои хоҷагидор додани имтиёзу бартариҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ;
– хусусигардонии объектҳои моликияти давлатӣ.
Моддаи 26. Маблағгузории фаъолият оид ба таъмини амният
Маблағгузории фаъолият оид ба таъмини амният вобаста ба мазмун ва миқёси барномаҳо, хусусияти ҳолатҳои фавқулодда ва оқибатҳои онҳо аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
БОБИ 5.
ШӮРОИ АМНИЯТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 27. Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
- Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни мазкур таъсис ёфта, мақоми роҳбарии коллегиалӣ доир ба масъалаҳои мудофиа ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳияи қарорҳо оид ба татбиқи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ дар соҳаи таъмини амният мебошад.
- Тартиби ташкил ва фаъолияти Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Низомномаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, муайян карда мешавад.
Моддаи 28. Ҳайати Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби ташкили он
- Ба ҳайати Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои амният) Раис, Котиб, аъзои доимӣ ва аъзои Шӯрои амният дохил мешаванд.
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи мансаб Раиси Шӯрои амният мебошад.
- Ба ҳайати аъзои доимии Шӯрои амният Раиси Маҷлиси миллӣ ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиби Шӯрои амният дохил мешаванд. Котиби Шӯрои амниятро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд. Котиби Шӯрои амният фаъолияти Шӯрои амниятро ташкил ва ба дастгоҳи Шӯрои амният роҳбарӣ менамояд (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., № 1283).
- Роҳбарони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, корҳои хориҷӣ, адлия, мудофиа, корҳои дохилӣ, тандурустӣ, мақомоти амнияти миллӣ, мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб ва мақомоти ҳифзи муҳити зист, инчунин дигар шахсони мансабдор метавонанд аъзои Шӯрои амният бошанд. Ҳайати шахсии Шӯрои амният аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. Вобаста ба мазмуни масъалаи мавриди баррасӣ қарордошта, Шӯрои амният метавонад шахсони дигарро низ ҳамчун мушовирон ва коршиносон ҷалб намояд (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., № 1283).
- Ҳангоми баррасии масъалaҳои таъмини амният дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо барои иштирок дар кори Шӯрои амният намояндагони ваколатдори онҳо ҷалб карда мешаванд.
Моддаи 29. Салоҳият ва вазифаҳои асосии Шӯрои амният
- Салоҳияти Шӯрои амният:
– таҳлили маҷмӯии ҷараёни вазъи ҷаҳон ва минтақаҳо дар робита ба манфиатҳои амнияти миллӣ, ҷамъоварӣ, омӯзиш ва таҳлили ахборот доир ба фаъолияти низоми таъмини амният ва пешниҳоди тавсияҳо оид ба такмили он;
– ҳамоҳангсозии таҳияи консепсияҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи амният, баҳодиҳии таҳдидҳои дохилӣ ва берунӣ ба манфиатҳои объектҳои ҳаётан муҳими амнияти давлат ва муайянсозии манбаъҳои он, андешидани чораҳо ҷиҳати пешгирии онҳо (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., № 1283);
– таҳия ва ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани таклифу тавсияҳо доир ба қабули санадҳои зарурии қонунгузорӣ ва тадбирҳои ташкилӣ оид ба таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– таҳия ва ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани тавсияҳо оид ба қабул намудани қарорҳо доир ба масъалаҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат дар соҳаи таъмини амният;
– ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба масъалаҳои таъмини амният ва иҷрои амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин соҳа (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., № 1283);
– барқарор намудани робита бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва мақомоти амниятии кишварҳои хориҷӣ аз рӯи масъалаҳои таҳти салоҳияташ қарордошта;
– назорати иҷрои қарорҳои Шӯрои амният ва амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амният, андешидани тадбирҳо баҳри рафъи камбудӣ ва норасоиҳои ошкоршуда, сабабу шароитҳое, ки боиси рӯй додани онҳо гардидаанд.
- Вазифаҳои асосии Шӯрои амният:
– муайян намудани манфиатҳои ҳаётан муҳими инсон ва шаҳрванд, ҷамъият ва давлат ва ошкор намудани таҳдидҳои дохилӣ ва берунӣ ба объектҳои амният;
– ташаккули стратегия ва тактикаи сиёсати хориҷӣ ва дохилӣ дар соҳаи таъмини амният, тамомияти арзӣ, истиқлолият, сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– таҳия ва татбиқи консепсия ва стратегияи таъмини амнияти миллӣ ва баҳодии самаранокии он (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., № 1283);
– таҳияи қарорҳои фаврӣ оид ба пешгирии ҳолатҳои фавқулоддае, ки боиси оқибатҳои ҷиддии иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ, экологӣ ва дигар оқибатҳо шуда метавонанд, инчунин оид ба бартараф намудани чунин ҳолатҳо (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., № 1283);
– пешниҳоди таклифҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷорӣ намудани ҳолати ҷанг ҳангоми таҳдиди воқеӣ ба амнияти давлат, инчунин доир ба ҷорӣ, тамдид ё бекор намудани ҳолати фавқулодда;
– таҳияи пешниҳодот оид ба такмили низоми таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи навсозии мақомоти мавҷуда ё таъсиси мақомоти наве, ки амнияти инсон ва шаҳрванд, ҷамъият ва давлатро таъмин менамоянд;
– таҳлил ва ҷамъбасти иттилоот дар бораи вазъи амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– назорати иҷрои амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ.
Моддаи 30. Қарорҳои Шӯрои амният
- Доир ба масъалаҳое, ки дар ҷаласаҳои Шӯрои амният баррасӣ мегарданд, қарорҳои дахлдор қабул карда мешаванд. Аъзои Шӯрои амният ҳангоми қабули қарор ҳуқуқи баробар дошта, қарорҳо бо аксарияти оддии овозҳо қабул карда мешаванд.
- Қарорҳои Шӯрои амният оид ба масъалаҳои таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо протокол ва оид ба масъалаҳое, ки ҳалли онҳо қарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро талаб менамоянд, бо фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда мешаванд.
БОБИ 6.
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 31. Назорат ба фаъолияти мақомоти таъмини амният
Назорат ба фаъолияти мақомоти таъмини амният аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи он таъмин карда мешавад.
Моддаи 32. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 33. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи амният»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 1993 «Дар бораи амният» (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1994, №3-4, мод. 64; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, №22, мод. 270; с. 1996, №3, мод. 48, фасли ҶҶIV; с. 1997, №23-24, мод. 333, фасли ҶҶIV) аз эътибор соқит дониста шавад (ҚҶТ аз 15.03.2016 с., № 1283).
Моддаи 34. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 28 июни соли 2011,
№ 721