Главная / Илм / АМНИОСКОПИЯ

АМНИОСКОПИЯ

amnioskopiiaАМНИОСКОПИЯ (Amnioscopia; юн. amnion – ҷанинпарда ва scopeo – мушоҳида кардан), тавассути эндоскоп, ки ба гарданаи бачадон ворид карда шудааст, муоина намудани ҳолати ҷанинпарда. А. дар мавриди гумонбар шудан аз гипоксияи шадид ё музмини тифл, аз мӯҳлат гузаштани ҳомилагӣ, ҳангоми резус-конфликт ва ғ. амалӣ гардонда мешавад. Вобаста ба ранг, шаффофият ва миқдори оби ҷанин, мавҷудияти момеза (меконий) ва баъзе аломатҳои дигар вазъи тифлро арзёбӣ мекунанд. А. дар мавриди аз сӯрохи аъзои ҷинсӣ омадани хун, колпит, сервитсит, хавфи афтодани ҷанин ва ғ. ҷоиз нест. А.-ро духтур ба ҷо меорад. Оризаҳои А. нисбатан кам мебошанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …