Главная / Гуногун / Амирони Бухоро (халқи тоҷик дар нимаи аввали асри XIX)

Амирони Бухоро (халқи тоҷик дар нимаи аввали асри XIX)

Соли 1800 амири Бухоро Шоҳмурод вафот кард. Ба ҷои ӯ писараш амир Ҳайдар ба тахти аморат нишаст. Ӯ соли 1826 дар синни 48-солагӣ аз дунё гузашт.

Сулолаи хонадони Аштархонӣ (Ҷониҳо) худро аз авлоди пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад пиндошта, тахаллуси ифтихории сайидро доштанд. Хонадони сулолаи манғития аз ин авлод набуданд. Бинобар ин асосгузори ин сулола Муҳаммадраҳимхон духтари охирин сулолаи хонадони аштархонӣ – Абдулфайзхонро (1711-1747) ба издивоҷи худ даровард. Бо ин ӯ мақсад дошт, ки насли ояндаи хонадони Мангития ба унвони муқаддас ва ифтихории «сайид» мушарраф гардад. Вале аз ин никоҳ фарзанд нашуд.

Баъди ба сари ҳокимият омадан Шоҳмурод зани амакаш Муҳаммадраҳимхонро (духтари Абдулфайзхонро) ба ақди никохи худ даровард. Аз онҳо се фарзанд таваллуд ёфтанд. Калониаш Ҳайдар ном дошт. Азбаски ӯ аз духтари сайид таваллуд ёфта буд, аз амир Ҳайдар cap карда, то Олимхон (1910-1920) амирони Бухоро пеш аз номи худ номи ифтихории «сайид»-ро менавиштагӣ шуданд.

Дар солҳои аввали ҳукмронии амир Ҳайдар ба лашкари Бухоро муяссар гардид, ки ба Хева зарбаи шадид расонида, аз ҷониби ин хонигарӣ хавфи ҳуҷуми душманро ба Бухоро бартараф намояд. Вале баъд аз чанд соли ин воқеа, ба сабаби заиф гардидани аморати Бухоро, хонҳои Хева аз ҷумла, Муҳаммадраҳимхони қунғурот, муттасил ҳуҷум намуда, то деворҳои Бухоро расид.

Бо мақсади муттаҳид кардан ва мустаҳкам намудани давлати худ амир Ҳайдар ба саргаҳи Зарафшон ҳамла намуда, Панҷакент, Фалғар ва Мастчоҳро як муддат ба қаламрави худ дохил намуд. Муборизаи амир Ҳайдар бо Шаҳрисабз, хонии Хуқанд ва Ӯротеппа хеле тулонӣ ва тоқатфарсо буд. Ба амир лозим омад, ки ба тарафи Ҳисор ҳам лашкар кашад.

kushbegi-buharyi

Ӯ сиёсати падари худро дар бобати марказият додани давлат пеш бурда натавонист. Вай худро яке аз уламои замон пиндошта, дар мадрасаи арк, ки бо амри ӯ сохта буданд, ба дарсгӯӣ машғул шуд. Амир Ҳайдар Қуръонро аз бар карда бошад ҳам, ҳеҷ гоҳ зоҳиди риёзаткаш набуд. Дар ҳарами худ духтарони зиёдро ҷамъ оварда буд. Дар замони ӯ муқовимати феодалони маҳаллӣ дубора қувват гирифт. Дар натиҷаи лашкаркашиҳои сершуморе, ки ба муқобили феодалони исёнкор ва ҳамсоягони хусуматпарвар ба амал оварда мешуд, инчунин пардохти маоши беш аз ҳазор амалдор ва инъомҳои пулии ҳарсолаи аъёну ашроф, эҳтиёҷи моддии давлат низ зиёд мегардад. Дар ин вақт ҳарчи амир Амир Ҳайдар чанд писар дошт. Насрулло – фарзанди дуюми ӯ иқдом дошт, ки ҳарчи зудтар ба тахти Бухоро соҳиб шавад. Ӯ ҳокими Қаршӣ буд ва падараш амир Ҳайдарро ба туи хатнаи писараш Музаффар ба он шаҳр даъват намуд. Падараш дар туй ширкат варзид. Вале дар роҳи бозгашт ба Бухоро бемор шуда, баъди 18 рӯз вафот кард. Зеро писараш Насрулло ба хӯроки падар заҳр андохта буд. ду баробар аз дахли ӯ зиёдтар буд. Андозҳо ба номи молиёт ва хироҷ монанди қушунпулӣ, танобпулӣ, алафпулӣ, чубпулӣ, миробона, кавсан ва ғайра дубора ҷорӣ гардида буданд. Ба замми ин, ғоратгариҳое, ки ҳангоми амалиёти ҳарбӣ ба вуқуъ меомаданд, ба сари мардуми меҳнаткаш мусибатҳои зиёд оварда, онҳоро боз ҳам қашшоку бенавотар мегардонданд. Дар ибтидои солҳои бистум таназзули иқтисодӣ ва харобии саросари кишвар руҳ дод. Афзудани ҷабру зулм ва истибдод боиси cap задани ошубҳои халқӣ гардид. Яке аз калонтарини он шӯриши хитойқипчоқҳо буд, ки аз соли 1821 то соли 1825 дар водии Миёнкол cap зада давом кард.

Писари калонии амир – Мир Ҳусайн ба тахти Бухоро нишаст. Қушбегии амир Ҳакимбӣ бо Насрулло забон як карда ба Мир Ҳусайн таомҳои заҳролуд дода, ӯро ҳалок карданд. Баъд аз 76 рӯзи ҳукмронӣ Мир Ҳусайн низ вафот кард. Вале пеш аз вафоташ ӯ бародараш Мир Умарро аз Кармина даъват намуда, ба ҷои худ амир таъин карда буд.

Ҳукмронии Мир Умар камтар аз ду моҳ давом кард. Ӯ бештар ба айшу ишрат машғул шуда, ба корҳои давлати беаҳамиятӣ намуд. Ин бепарвоӣ сабаби норозигии аъёну ашроф ва мардуми Бухоро гардид. Аз ин вазъият истифода намуда, Насрулло бо мақсади ишғоли тахти Бухоро ба суи ин шаҳр лашкар кашид. Ба ӯ қушбегӣ Ҳакимбӣ кумак мерасонд. Мир Умар маҷбур мешавад, ки Бухороро тарк намуда, фирор намояд. Баъд аз якуним сол ӯ дар Хуқанд вафот кард. Ҷасадашро оварда дар Бухоро гурониданд.

Насрулло соли 1826 ба тахти Бухоро соҳиб шуда, то соли 1860 ҳукмронӣ намуд. Ӯ фавран се бародари дигари худ – Зубайрхон, Ҳамзахон ва Сафдархонро бо зану фарзандонаш қатл намуда, аз даъвогарони таҳти амирӣ худро эмин намуд. Барои асрори ба тахт соҳибшавиашро пинҳон доштан, қушбегӣ Ҳакимбӣ низ қатл шуд. Дар давоми як моҳи пас аз чулуси худ Насрулло ҳар рӯ 50-100 касро ба қатл мерасонд. Ба ғайр аз инҳо Насрулло дар ибтидои 7-8 соли ҳукмронии худ ҳамаи дарбориёни падараш, наздикон, сипоҳиёни ӯро аз вазифаашон маҳрум намуда, қатл кард ва молу мулки ҳар кадом ба манфиати хазинаи амир мусодира шуд. Ӯ бо ғаддорӣ ва хунхории фавқулода аз дигар амирон фарқ мекард. Барои ин вайро мардум «амири қассоб» номида буданд. Дар давраи ҳукмронии зиёда аз сисолаи худ амир Насрулло бо бадкирдорӣ, қатлу куштор, хиёнат, бешарафӣ ва хирсу ози гушношунид ном баровард.

Амир Насрулло бо Шаҳрисабз, Ӯротеппа, Хуқанд ва Хева муттасил ҷанг мекард. Кӯшишҳои ӯ дар бобати ба ҳайати аморати Бухоро баргардонидани вилоятҳои соҳили чапи Ому, ки акнун ба тасарруфи амирони афғон даромада буданд, натиҷа набахшид.

Амир Насрулло бо мақсади ҳокими мутлақ гаштан як қатор чораҳои ниҳоят бераҳмона дид. Умаро ва сарони сипоҳ, агар андаке норозигӣ изҳор кунанд ва ё майли ҷудошавӣ намоянд, кушта ё худ бадарға шуда, молу мулкашон мусодира мегардид.

Соли 1842 ӯ беки Мастчоҳ Ботурхоҷаро ба Бухоро ҳамроҳ бурда, қатл намуд. Соли 1858 дар яке аз шӯришҳои худ ба Ӯротеппа ба амир Насрулло муяссар мешавад, ки шаҳрро забт намуда, ҳокими он Рустамбекро ба қатл расонад.

Баробари лашкаркашиҳо амир Насрулло дар пойтахт барои бехатар намудани худ, ҳуқуқи қушбегиро маҳдуд намуд.

Соли 1837 амир Насрулло ислоҳоти ҳарбӣ гузаронд. То ин вақт лашкари Бухоро аз ду қисмат иборат буд: яке нӯкарҳо, ки бидуни муҳлат хизмат мекарданд, дигаре қарачирикҳо, ки сершумор буданд. Ғайр аз нӯқарҳо шогирдпешаҳо низ буданд, онҳо хизмати қисми тайёрии қушунро адо мекарданд. Нӯқарҳо ба ду қисм – ба мерганҳо ва найзадастон ҷудо мешуданд. Мерганҳо бо туфанг ва ё камон, найзадастон бо найза мусаллаҳ буданд. Қисми махсусро туп ташкил медод, ки ба он тупчибошӣ фармонфармоӣ мекард.

Қарачириқҳо аксар вақт бесилоҳ буданд. Мардони бе силоҳ, аз рӯи амри амир, белу каланд ба даст мегирифтанд.

Асоси қисми муназзами амир асирони рус, форсҳо ва дигарон буданд. Барои онҳо либоси махсуси низомӣ ҷорӣ карда шуд. Ҳамаи сарбозони ин қисм мусаллаҳ буданд. Силоҳи тупчиён таппонча ва шамшери русӣ буд.

Соли 1860 ин мустабиди хунхор аз тарафи зани ба зур гирифтааш – духтари беки Шаҳрисабз Кенагасхоним ба ҳалокат расонда шуд. Аз баъзе ривоятҳо маълум мешавад, ки номбурда ҳангоми хоб ба гуши амир симоб рехтааст. Амир Насрулло аз дарди ҷонкоҳ бедор шуда, пеш аз марг фармудааст, ки он зан ва ҳамаи фарзандони ӯро кушта, ба чоҳ партоянд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …