Главная / Илм / АМИЛАЗАҲО

АМИЛАЗАҲО

amilaza1АМИЛАЗАҲО, ферментҳое, ки оҳар, гликоген ва диг. полисахаридҳои ба онҳо наздикро таҷзия мекунанд. Се навъи А. маълуманд: α – Амилаза (крахмалро ба декстринҳо табдил медиҳад; амилазаи декстриногенӣ); β – Амилаза (крахмалро ба малтоза табдил медиҳад; амилазаи сахарогенӣ); глюкозамилаза (ҳосил шудани глюкоза ва декстринро таъмин менамояд). α – Амилаза дар растаниҳо ва микроорганизмҳо вомехӯрад. β – Амилаза дар растаниҳои олиташаккул мавҷуд аст. Одатан, гидролизи полисахаридҳо бо иштироки якҷояи А.-и гуногун ба амал меояд.
Зери таъсири шираи тухми нешзадаи ҷав ба қанд табдил ёфтани крахмалро (таъсири ферментии А.) олими рус К. С. Кирхгоф баён намудааст (1814). Аввалин доруи ферментиро олимони франсавӣ А. Пайен ва Ж. Персо (1833) аз шираи сумалак ҷудо кардаанд. Баъзе А. дар ҳолати кристаллӣ ҷудо карда шудаанд. А. барои ҳазми хӯрок ёрӣ мерасонанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …