Главная / Гуногун / Ғамхурда – Ҳикоя

Ғамхурда – Ҳикоя

Баҳори соли 1992, ки ин қадар бетоқатона интизораш будем, фаро расид. Вале – дареғ! – ки он накў наомад. Дар ин баҳор хуни чандин нафар бегуноҳон рехт. Бар илова, журналисти боистеъдод ва нависанда Раҳмат Зайдуллоро ҳам аз қатори мо рабуд ин баҳор. Басо бармаҳал, дар қиёми орзую ниятҳои нек рабуд. Ў ба қавле журналисти ҳамакора буд. Вале ҳама кораш пухта. Вай касе буд, ки аз диданаш одам шод мегашт, гуфтору рафтораш ба дил тухми некӣ, одаму одамгарӣ мекошт. Борҳо шунидаам, ки дар борааш мегўянд:

– Ҷавони бекина, ба касе озораш намерасад.

– Як дона мавиз ёбад ҳамроҳи дўстонаш мехўрад.

– Дарёдилиаш андоза надорад.

gamginЯк моҳ қабл аз маргаш ба утоқи кориаш рафта будам. Серкор буд.

– Ана, – гуфт ў шодона, – ҳамаи мактубҳоро ҷудо кардам. Папкаи ҳикоя, шеър, чистон кушодам. Акнун ҳамаашро хонда мебароям. Мешудагиашро ба чоп тайёр мекунам, ба мондагӣ ҷавоб менависам. Охир бечора муаллифҳояшон интизор, чашми чор.

– Бисёр кори хайру савоб мешавад, – шод шуда гуфтам, зеро мазаи чунин интизориро ман бисёр чашидаам.

Сипас вай дар бораи боксёрҳо гап оғоз намуд. Бо шавқу завқ нақл менамуд. Баъд ба ман рў овард:

– Гўш кун. Як ҳикоя навис. Дар бораи боксёр. Барои «Машъал».

Акнун фаҳмидам, ки вай барои чӣ дар бораи боксёрҳо гап кушодааст.

– Ман? Ҳикоя нависам?

– Ҳа, ҳикоя дар бораи боксёр.

– Не, аз дастам намеояд, – рад кардам ман.

– Саросема нашав, як озмуда бин-ку. Ман боварӣ дорам, ки метавони.

Сад афсўс, ки ин ягона хоҳиши ў буд, ки дар зиндагиаш иҷро карда натавонистам. Он рўз ба гўшаи хаёл ҳам оварда наметавонистам, ки дигар ҳеҷ гоҳ ўро намебинам…

12 марти соли 1974, ҳамон рўзе ки бори аввал бо Раҳмат Зайдулло вохўрдам, ў ба нею нестони ман эътибор надода то истгоҳ гуселонид. Дар истгоҳ ногоҳ ба ёдам шаҳодатномаи мухбирӣ, ки бо ташабуси ў ба ман дода буданд, расиду онро аз киса бароварда гуфтам:

– О, инро шустан лозим! Чӣ гуфтед?

– Мешўем, – хушҳолона гуфт ў, – ҳатман мешўем. Лекин бо усули ман, ки он аз ду бахш иборат аст.

– Ин чӣ хел усул? Ду бахшаш чӣ?

– Усули ман, ин яъне бе арақ. Бахши аввал: тез-тез ба редакция меоӣ. Бахши дуюм: бо дасти пур, яъне ки мақолаю лавҳаю очерк. Мешавад?

– Чаро нашавад? Мешавад!

Борҳо дар танаш куртаи оддии обшуста дидаам. Дарёфтам: дар зери ин куртаи обшуста диле метапад софу беғубор. Диле метапад инсондўсту дардошно. Диле метапад орӣ аз кину ғараз. Диле метапад баномусу нанг. Диле метапад саршори маърифат, садоқату эътиқод. Вақтҳои фориғ аз кор назди ў мерафтам. Аниқтараш мешитобидам. Вай камгап буд ва беҳуда сухане намезад. Одати аҷибе дошт. Агар бо дасти холӣ мерафтам, дарҳол паси миз мешинонд, ба дастам қаламу қоғаз медод ва дар бораи ягон чиз нақл карда, далелу рақамҳоро ҳам медоду мегуфт:

– Фаҳмо?

Ҷавоби «ҳа»- ро шунида илова менамуд:

– Ана акнун худи ҳозир якта мақола навишта медиҳию ҷонат халос.

Ва саркашӣ фоида надошт. То мақоларо намегирифт ҷонам халосӣ намеёфт.

Ҳамон рўзе, ки дўстонаш ўро бо ҳиллаю найранг ба ҳушёрхона кашиданд, ў аз навбатдор илтимос кард:

– Иҷозат диҳед, ба хона занг занам, то завҷааму фарзандонам хавотир нашаванд.

– Ба ту мумкин не. Ту бангӣ. Ҳа- ҳа- ҳа!

– Хайр худатон занг зада гўед, – боз илтимос кард ў.

– Чӣ-ӣ?! Гапа бинеду…

Навбатчӣ хандид. Қоҳ- қоҳ хандид. Ва туф карда рафт. Раҳматулло зиқ шуд. Чунон зиқ шуд, ки қариб дилаш бикафад. Боз навбатчиро ҷеғ зад. Навбатчӣ бо карру фар якта-якта қадам монда омад.

– Ягон китоб дошта бошед, диҳед хонда шинам, – илтимос кард ў аз милиса.

– Ин ҷо китобхона не, ҳушёрхона, – гуфт милиса.

Ва ў боз хандид, хандиду туф карда рафт. Ва пас аз чанд рўз дар маҷлиси ҳизбии рўзномаи «Коммуна» тақдири Раҳмат Зайдуллоро ҳамагӣ як овоз ҳал кард. Ин овоз, овози ронандаи редаксия буд…

Гумон дошт, ки горком мўйро аз хамир ҷудо мекунад. Хато кард. Ва ў ба мубориза бархост. Ва дар ин мубориза дастболо шуд. Вале ин ғалаба ба ў гарон омад. Ба касалии диққи нафас гирифтор гашт. Ба беморхона афтод. Болои сўхта намакоб, бо сўзандору ўро ба касалии зардпарвин гирифтор карданд. Табобат мекарданд, аҳволаш беҳ намешуд. Ниҳоят беморхона ба дилаш заду баромад. Ба қавли худаш кисаҳояш аптека шуда мегашт. Акнун бо ин тани ранҷур чӣ гуна аробаи рўзгорашро бикашад?! Ба Душанбе омад. Дар рўзҳое омад, ки рўзномаи «Паёми Душанбе» таъсис мешуд. Ва ўро ба кор гирифтанд. Мариз буд, дард азобаш медод, вале дар душвортарин лаҳза низ аз сари кор намерафт, кўмаки беғаразонаи худро дареғ намедошт.

Масалҳои мансури ў чун офаридаҳои воло писанди хонандагони ҳақиқӣ буданд. Вале торикдилоне буданд, ки аз комёбиҳои эҷодии ў ғам мехўрданду дурўғ мебофтанд. Боре як журналист гуфташ:

– Ту масалҳои классикиро дуздида чоп мекунӣ.

Дили ў ба пўсташ рафта часпид. Ғазабаш ҷўш зад. Вале худро ба даст гирифта, оромона пурсид:

– Хўш, аз кадом классик ва аз кадом китобаш дуздидаам?

– Медонам.

– Донӣ оварда нишон бидеҳ, то бубинам.

– Майлаш, – гуфт ў. – Меораму расвогиата мебарорам.

Вале наовард. Дигар бо Раҳмат Зайдулло рў ба рў намешуд. Аз ў фирор мекард.

Як рўз ману ў дар назди чойхонаи «Роҳат» сўҳбат мекардем, ки як ҷавони ба ман ношинос ба ў гуфт:

– Эъ, ту Крылов шуданӣ-чӣ?!

Чеҳраи Раҳмат Зайдулло Ғамгин шуд. Абрувонашро чин карда, лаби поёнашро газид. Аммо лаҳзае пас симояш боз ҳамон суботкорию дилпуриро ифода менамуд. Чашмонаш, чун ҳамеша меҳрубон буданд.

Моҳи май. Рўзи шанбе. Ҳаво фораму гуворо. Ману ў сўҳбаткунон ба чойхонаи «Роҳат» мерафтем. Ногоҳ ў:

– Хушрўй-а? – гуфт.

– Кӣ?

– Арўс.

– Канӣ?

– Ҳо, ана.

Дар он тарафи роҳ арўсу домод дар иҳотаи одамон сўи қасри никоҳ мерафтанд. Дар ҳақиқат арўс зебо буд. Пас аз чанде дар рўзномаи «Паёми Душанбе» очеркаш бо номи «Вақте ки арўс мегиряд…» чоп шуд. Ва ман ин сатрҳоро гаштаву баргашта хондам: «… амсоли борони баҳорист он гиря. Ба замин сафо мебахшаду ҳусни атрофро ҳусн зам менамояд. … амсоли шабнами саҳарист он гиря, ки болои сабзаҳои тар як ҷилои ба худ хос, як шукўҳи муҳташаме мебахшад. … амсоли чашмаи мусаффост, ки марди ташнае аз он об нўшида дар ниҳоди хеш қудрат ва тавоноиро эҳсос мекунад…»

Вай чӣ қадар орзу дошт, ки ашки арўсии чор духтарашро бубинад. Во дареғ, ки ин ба ў муяссар нагашт.

Ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» ҳикояҳои ҳаҷвии ўро бо сураташ ва пешгуфтори хеле хуб чоп кард. Дар роҳ ўро вохўрда табрикаш намудам ва як ду сухани хуб гуфтанӣ будам, ки хитоб кард:

– Таъриф накун!

– Ин таъриф не, сухани ҳақ.

– Лозим не.

– Барои чӣ?

Ў посух надод.

– О, барои чӣ?

– Намефорад.

Ҳарду паҳлўи ҳам қадам мезадем. Бе сухан. Ягон даҳ дақиқа роҳ паймуда ба боғи марказӣ расидем. Ба як гўшаи он рафта, ба хараке нишастем. Атроф ором ва каме ҳузнангез буд. Хомўшӣ. Танҳо аз ҷониби хиёбони Рўдакӣ ҳар замон овози мошинҳо ба гўш мерасид. Ман боз лаб ба таъриф кушода будам, ки ў гуфт:

– Гўш кун, бигўй, ки чӣ ахмақие аз ман гузаштааст?

Аз ин гуфтор ман лол мондам. Вай бо нигоҳи аҷибе ба ман нигарист ва баъд сарашро поин андохт. Як замон хомўш монд. Сипас ором, мисли ин ки дар хоб ҳарф мезанад, гуфт:

– Устод Раҳим Ҷалил гуфта буданд, ки «Агар туро беасос таъриф кунанд, яқин дон, ки ахмақие аз ту даргузаштааст».

Ва вақте ин ҳарфро гуфт, баргашту ба ман нигарист ва билфосила афзуд:

– Мегўянд, ки ғуломро бо “ҳой боракаллоҳ” куштаанд.

Боз ў сарашро поин андохт.

– Раҳмон Остон инсони хуб, – ногоҳ гуфт ў. – Агар он кас намебуданд, ин саҳифа шояд намебаромад.

Ў ба андеша рафт. Баъд ба ман рў оварда гуфт:

– Агар ту дўсти ман бошӣ ва ба ман некӣ хоҳӣ ҳамеша кўшиш намо, ки ягон хатоиямро ёфта дар рўям гўй.

– Яъне, ки танқид кунам? Боз хафа нашавӣ? О, танқид шоколад не, талх.

– Дору ҳам талх. Лекин агар хафа шавам, он гоҳ риштаи дўстӣ аз ман баркан.

Ҳар ду ба осмон чашм дўхтем. Ба ростӣ, аз осмон чашм канда намешуд. Каб-кабуд, бетаг. Зебо буд осмон!

Нангу номуси мардӣ, орияти нони ҳалол ўро аз ҳар чӣ болотар буд. Ва соле дувоздаҳ моҳ бе унгур-пунгур, нозу нуз, фанду фиреб заҳмати арақрез мекард. Баҳору тобистон, тирамоҳу зимистон мактаб ба мактаб, боғча ба боғча, корхона ба корхона, деҳа ба деҳа, ноҳия ба ноҳия, пушта ба пуштаву кўҳ ба кўҳ мегашт. Ранҷаш ганҷ меовард – мақола, репортаж, лавҳа, очерк, таронаву масалу ҳикоя, латифаву ҳаҷвия рўйи дастурхони маънавиёти халқ мерехт. Рўзномае, моҳномае дарёфт кардан мушкил аст, ки навиштаи ў набаромада. Чанд моҳ паи ҳам чанд лавҳаю очерки Зиёи Хоҷадодро хонда ҳайрон шудам. Услуби навишт услуби Раҳмат Зайдулло ва дар дил мегуфтам, ки ин навиштаҳо ба қалами ў таалуқ доранд. Зиё Хоҷадодаш кӣ бошад? Маро аз чӣ бошад, ки ин савол ором намегузошт. Оқибат як рўз аз ў пурсидам:

– Зиё Хоҷадод ту нестӣ?

– Ҳа, – ҳайрон шуд ў. – Чӣ хел фаҳмидӣ?

– Аз рўи услуб.

Ў хандид. Талх хандид. Сипас бо дард як оҳе кашиду гуфт:

– Дўстон тавсия доданд, ки ҳамин тавр кунам. Бисёр чоп мекунӣ, ба чашми одамон мехалад, гуфтанд.

Ин гуфт ва хомўш монд, гўё интизори он буд, ки ман чӣ мегўям. Ман ҳарфе назадам.

Он рўз бояд ба деҳа мерафтам. Ба маркази ноҳия омадам, ки шаб фаро расид. Мошин набуд. Пиёда ба роҳ даромадам. Роҳам аз назди бинои редаксияи «Коммуна» мегузашт. Бинам, ки тирезаи утоқи Раҳмат Зайдулло равшан. Ба дарун нигаристам. Вай паси миз менишаст. Қалам ба даст. Ва неши килкаш рўи қоғаз метохт. Ба наздаш даромадам.

– Марҳамат дўсти азиз! – гўён аз ҷояш хест.

– Чаро қонунро вайрон мекунӣ?! – ҷиддӣ гуфтам ба ў.

– Кадом қонунро? – ҳайрон шуд ў.

– Қонуни меҳнатро. Мувофиқи он одам набояд аз ҳашт соат зиёд кор кунад. Пеш одамон барои рўзи кории ҳаштсоата мубориза мебурданд, хун мерехтанд, ту бошӣ шабу рўз кор мекунӣ.

– Касби мо ҳамин, – гуфт ў. – Байни шабу рўз фарқ намегузорем.

Ба чашмонаш нигаристам. Маъниҳои амиқеро мефаҳмам. Нигоҳам ба қоғазҳои рўи миз мелағжад. Қоғазҳо сиёҳ шудагӣ. Боварӣ дорам, ки чизи хонданибобе менависад. Аз ин рў вақти ўро гирифтан аз рўи инсоф набуд. Ба ў гуфтам:

– Барори кор!

Дар назди бинои Вазорати кишоварзӣ бо журналист Турдиалӣ Бойбобо рў ба рў омада аҳволпурсӣ мекардем, ки Раҳмат Зайдулло омад. Хароб, рангаш заъфарон. Табъаш ноҷур. Вале баробари моро дидан бо табассуми ошнову меҳрубон хушнудонаю самимона аҳволпурсӣ намуд.

– Раҳматулло, чӣ шуд? – дилсўзона пурсид Турдиалӣ Бойбобо.

Вай ҷавоб дода натавонист, ба ҷояш ман посух додам:

– Ғам, ако, ғам.

– Ғама ба дил роҳ надеҳ, – бо як дилсўзӣ ва меҳрубонӣ гуфт Турдиалӣ Бойбобо. – Ғам ба дил, ки роҳ ёфт, фила аз по меафтонад.

– Чӣ хел ғам намехўрӣ. Танҳо одами беор ғам намехўрад.

Оре, ў ор дошт. Ғам мехўрд. Ғами дигарон. «Одам бояд аз ғаму дарди дигарон огоҳ бошад» – ҳамин хел ақида дошт ў.

– Ҳар дард даво дораду ҳар ғам интиҳо.

Нуре дар чашмони дарунхамидааш дурахшид. Ва бо табассум гуфт:

– Хуб… Хайр то боздид!

25 январи соли 1992 бо ҷаҳлу ғазаб ба редаксияи «Паёми Душанбе» рафтам. Сабаби ҷаҳлу қаҳру ғазабам он буд, ки як рўз пеш 16 латифаи бо хуни ҷигар навиштаи маро чоп карда дар зераш «Гирдоваранда Ш. Мўсоев» навиштаанд. Чун вориди утоқи кории ҷонишини сармуҳаррири рўзнома шудам, ў бо чеҳраи кушоду истиқболи гарм ва сухани хуш маро аз аспи ҷаҳлу қаҳру ғазаб фуровард.

– Ҳеҷ боварии ходими мо наомадааст, ки ин латифаҳои олиҷанобро шумо навишта бошед, – бо табассум гуфт ҷонишин. – Гумон кардааст, ки латифаҳои одамони бузургро гирд овардаед…

Дар рўи ҳамин гап Раҳмат Зайдулло даромад. Пас аз зиёрату пурсупос ў гуфт:

– Хондам, инҳо латифа нестанд.

«Ўҳ, худо зад! – гуфтам дар дил. – Ба вай маъқул нашудаанд». Ба дилам ғулғула афтод. «Инҳо латифа нестанд». Яъне, ки навишта наметавонӣ нанавис.

– Ҳа, ҳа, инҳо латифа нестанд, – боз гуфт ў. – Инҳо ҳаҷвиётанд. Ҳаҷвиёти навзамон.

Ва ҳамон рўз боз бисёр маслиҳатҳои беғаразонаю дўстона дод. Ҳаҷвиёти навзамон! Ин ба ман хеле писанд омад. Пас аз ин ҳаҷвияҳоямро зери ҳамин навишта ба чоп медодам ва медиҳам.

Аввали моҳи феврали соли 1992 ба мудири шўъбаи адабии моҳномаи «Машъал» шоира Норинисо як ҳаҷвия бо номи «Шиносоӣ» бурдам. Ва дар ҳамин ҷо фаҳмидам, ки якчанд рўз пеш Раҳмат Зайдулло ба ин моҳнома ба кор гузаштааст.

– Акаи Раҳматулло хонда бинанд, маъқул кунанд шуд, – гуфт Норинисо. – Баъдтар хабар гиред. Ҳоло корашон аз мўи сар бисёр.

– Не, не, – гуфт Раҳматулло. – Худи ҳозир мебинам.

Ва ҳамаи корҳояшро як сў монда ҳаҷвияро дид. Пас аз ягон бист дақиқа:

– Ана шуд, – гуфта ба дасти Норинисо дод.

Ба он ҳаҷвия як нигаристаму ҳушам канд. Ҷумлаи обод намонда буд. Сип-сиёҳ шуда буд. Ба назарам чунин расид, ки як порча замини кишти маро аз нав шудгор карда, кишта бошад.

Қалами Раҳмат Зайдулло тез ва дар хизмати халқ буд. Вале сад афсўс, ки азобҳои кашидааш дар замони рукуд бе асар намонд. Бале, ўро як идда мансабдорон азоб доданд, хорӣ доданд, оқибат бемораш намуданд. Ва ин беморӣ ўро аз по уфтонд. Аз миёни мо ўро рабуд. Вале аз дили мо ҳеҷ гоҳ касе ўро рабуда наметавонад.

                                              22 июли соли 1992

Муаллиф: X Шералӣ Мўсо

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …