Главная / Илм / АМЕНОРЕЯ

АМЕНОРЕЯ

amenoreyaАМЕНОРЕЯ (аз а – ҳиссачаи инкорӣ, юн. men – моҳ ва rheo – мешорам), беҳайзӣ, ҳайз надидан. Ҳолатест, ки зан дар муддати 6 моҳ ё аз ин бештар ҳайз намебинад. Агар духтар баъди ба балоғат расидан ё зан тамоман ҳайз надида бошад, А.-и якумин ва агар боре ҳайз дида, минбаъд тамоман ҳайз набинад, А.-и дуюмин меноманд. Дар ҳаёти зан чанд давраи ҳайз надидан (то балоғат, ҳомилагӣ, бачамаконӣ, менопауза) вуҷуд дорад. Ин давраҳо чун ҳолати физиологии организм давом карда, баъд қатъ мегарданд (А.-и физиологӣ). А.-и патологӣ дар натиҷаи нуқсони модарзодии тухмдон, бачадон ва маҳбал, хеле суст инкишоф ёфтани узвҳои номбурда, инчунин осеб дидани ҷанин аз доруе, ки зан дар давраи ҳомилагӣ (дар аввал ва то охири моҳи сеюми бордорӣ – дар давраи муҳими тағйири ҷанин) истеъмол мекунад, пайдо мешавад. Табобати А.-е, ки аз ин сабабҳо рӯй додааст, имконнопазир аст. А. дар натиҷаи бемориҳои ғадудҳои эндокринӣ, хусусан ғадудҳои сипаршакл, болои гурда ва гипофиз, бемории сил, камвитаминӣ, исқоти пай дар пай низ ба вуҷуд меояд.
Сабабҳои А.-ро метавон ба ҷузъӣ ва умумӣ ҷудо кард. Ба сабабҳои ҷузъии А. мансубанд: вуҷуд надоштани маҳбал ва бачадон; омоси тухмдонҳо; тағйироти бебозгашти луобпардаи бачадон; кастратсияи шуоъӣ ё ҷарроҳӣ. Вале бисёр вақт сабаби А. бемориҳои вазнини сироятӣ (домана, ҳасба, вабо, пневмония, уфунат ва ғ.), сили шуш, гурда, тухмдонҳо, ҷигар, силсилаи дилу рагҳо, ғадудҳои усораи дохилӣ, амрози рӯҳӣ (шизофрения, психастения, саръ), заҳролудӣ (аз сурб, фосфор) ва ғ. маҳсуб мешаванд.
Муолиҷаи А. ба рафъи бемории асосӣ (камхунӣ, беиштиҳоӣ, диабет, бемориҳои ғадуди сипаршакл, гипофиз ва ғ.) вобаста аст. Хусусан тадбирҳое, ки ба беҳсозии бо хун таъмин гаштани узвҳои коси хурд нигаронида шудаанд, натиҷаи дилхоҳ медиҳанд. Давоҳои гормонӣ, физиотерапия ва истеъмоли витаминҳо низ муҳим аст.
Ад.: Норвитц Э.Р. (ва диг.), Наглядные акушерство и гинекология, М., 2003; Гинекология, М., 2005.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …