Главная / Илм / АМБУЛАТОРИЯ

АМБУЛАТОРИЯ

ambulatoriaАМБУЛАТОРИЯ (лот. ambulatorius – бо рафтуо иҷро кардан), муассисаи пешгирию табобати бемориҳо. А. ба фаъолияти нуқтаҳои фелдшерию акушерӣ ва нигаҳдории тандурустӣ назорату роҳбарӣ мекунад. Назар ба дармонгоҳ дар А. шумораи ками мутахассисон – терапевт, ҷарроҳ, педиатр, стоматолог кор мекунанд. Беморонеро, ки ба намуди дигари ёрии тиббӣ мӯҳтоҷанд, ба муассисаҳои дахлдор мефиристанд. Кори А. дар асоси принсипи тақсимоти ҳудуду маҳалҳо (аз рӯи маҳалли истиқомат ва ҷои кор) ба роҳ монда мешавад. Вазифаи коркунони А. инчунин аз гузаронидани тадбирҳои пешгирии беморӣ ва умури санитарию гигиенӣ иборат аст. Дар Тоҷикистон А.-и аввалин с. 1886 дар маҳаллаи Миршабхонаи ш. Хуҷанд, дар ҳавлии Грудинин ном тоҷир таъсис ёфта буд, ки асосан ба занҳои маҳаллӣ кумак мерасонд. Дар он як нафар духтури зан, тарҷумон ва фелдшер кор мекард. Дар тӯли зиёда аз як сол тақр. 4 ҳаз. наф. занон муолиҷа гирифтанд. Дар давраи Ҳукумати Шӯравӣ дар Тоҷикистон адади А.-ҳо хеле афзуд. А.-ҳои ҳозира бо таҷҳизоту лавозимоти замонавӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Дар А.-ҳо асосан духтурони оилавӣ фаъолият менамоянд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …