Главная / Гуногун / Амалиётҳои ҷанги дар соли 1916

Амалиётҳои ҷанги дар соли 1916

Ҳукуматдорони Германия диданд, ки соли 1915 дар ҷабхаи шарқӣ бар зидди русҳо ба нокомӣ дучор шуданд, қарор доданд, ки аввал қувваҳои Фаронсаро дар муҳориба беҳолу бемадор карда, баъд зада дур партоянд. Барои ҳамин лашкари немисҳо 21 феврали соли 1916 аз самти Верден ба ҳуҷум гузашт. Дар ин ҷо ҳайати фармондеҳии лашкари Германия ба пирузӣ бовар дошт. Вале, тавре ки баъдтар маълум гардид, ин коре будааст басо мушкил.

Пиёдааскарони лашкари немисӣ дар ин ҷо ба муқобилияти сахти ҷавобии сипоҳиёни фаронсавӣ дучор шуданд. Дар зарфи шаш моҳх ба лашкари Германия муяссар нашуд, ки ба муваффақияти чашмрасе ноил шавад.

9-germanskie-soldaty-na-pozicijah

Русҳо барои ба фаронсавиҳою англисҳо ёрӣ расонидан боз ба ҳуҷум гузаштанд. Моҳи июн сарбозони ҷабҳаи ҷанубу ғарбӣ, ки сарфармондеҳи он генерал А. А. Брусилов буд, хати мудофиаи германиявию австровенгриявиро рахна карда, қувваҳои душманро то 80-100 км ба ақиб партофтанд. Фармондеҳии артиши Германия маҷбур шуд, ки аз майдони ҳарбу зарби ҷабҳаи ғарбӣ як қисми лашкарашро ба ҷабҳаи ҷанубу ғарбӣ бар зидди сарбозони генерал А. А. Брусилов равон кунад. Ба ин нигоҳ накарда лашкари русҳо қисми Галигсия ва Буковинаро ба даст даровард. Дар ин самт қисми лашкари немисҳо ба муқобили Руминияи аз тарафи Антанта баҷангдаромада ҳуҷум кард. Русия маҷбур шуд, ки ҷабҳаи худро дар ин минтақаи ҷанг ба масофаи қариб 500 км дарозтар кунад, то ки ҳуҷуми иттифоқчии нави худ Руминияро дастгирӣ намояд.

Лашкари Англияю Фаронса дар ҷабҳаи ғарбӣ аз сустшавии Германия истифода бурда, моҳи июл дар самти Сом ба ҳуҷум гузашт. Дар ин ҷо муҳорибаҳои  шадиди дуру дароз то тирамоҳ давом карданд. Немисҳо моҳи декабр дар наздикии Верден ба мудофиа гузаштанд. Дар ин ҷо яке аз муҳорибаҳои  калонтарини Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ба амал омадааст. Муҳорибаи дар назди Верден ба амаломадаро “Гӯштқимакунии Верден” номидаанд. Он аз ду тараф қариб як миллион нафар одамонро ба коми худ фурӯ бурдааст.

Акнун ҳукуматдорони Германия дигар ба ғалаба бовар надоштанд. Минбаъд онҳо дар ғами аз шикаст наҷот додани мамлакати худ буданд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …