Главная / Гуногун / Амалиётҳои ҷангӣ дар соли 1918

Амалиётҳои ҷангӣ дар соли 1918

Моҳҳои март-июли соли 1918 лашкари Германия дар маҳаллаҳои Аррасу Лафар ва дар Фландрия бар зидди лашкари Англия дар Шампам ва дар водии дарёи Марна бар зидди лашкари Фаронса 4 маротиба ҳуҷум кард. Дар ин ҳуҷумҳо лашкари Германия садҳо ҳазор нафар аскарҳои худро қурбон кард. Ба ин нигоҳ накарда дар ин самт вай бар лашкари Англия ва Фаронса ғалабаи ҷиддие ба даст оварда натавонист. Маълум буд, ки дигар зӯри Германия ва иттифоқчиёнаш ба давлатҳои Антанта намерасад.

953518114_0_345_2709_1879_600x0_80_0_0_165da1991a7b7b606010eec71f5d2d2c

Баҳори соли 1918 Антанта ҷабҳаи амалиёти ҷангии худро васеъ кард. Давлатҳои ин гурӯҳи ҳарбӣ ва на танҳо онҳо бар зидди Русия таҷовузи ҳарбӣ ташкил карданд, ки он то соли 1920 давом кард. Ин давлатҳо мехостанд, ки ҳокимияти шӯроҳоро дар Русия барҳам зананд. Қувваҳои асосии зарбазанандаи ин таҷовузкоронро Англия, Фаронса, ИМА ва Ҷопон ташкил мекарданд. Лашкаркашии давлатҳои номбурда бар зидди Русияи Шӯравӣ барор нагирифт.

Лашкари беҳолу бемадори Германия дигар қобилияти ғалаба карданро аз даст дода буд. 18 июли соли 1918 лашкари Англия ва Фаронса ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузашта, он ҷойҳоеро, ки Германия моҳи май ба даст дароварда буд, бозпас баргардонид.

Дар миёнаҳои моҳи сентябр дар назди Сен-Мишел давлатҳои Антанта ба ҳуҷуми умумии мавқеъҳои душман cap карданд. Лашкари Германия талафоти калон медод ва дигар пеши роҳи рақибони пурзӯри худро гирифта наметавонист. Акнун шикасти Иттифоқи Чоргона яқин шуд, 15 сентябри соли 1918 қувваҳои Ҳарбии Булғористон дар наздикии Добро-Поле аз лашкари Антанта шикаст хӯрданд. Гурӯҳи калони сарбозони булғор дар муҳосира монда асир афтоданд. 29 сентябр намояндаи Булғория ба Созишномаи сулҳи таслимшавӣ имзо гузошта, аз ҷанг баромадани мамлакаташро тасдиқ намуд. Баъди Булғория 31 октябр Туркия ҳам ба Созишномаи сулҳ имзо карда, аз ҷанг баромад.

Таслимшавии Булғория ва Туркия аҳволи Германия ва Австро-Венгрияро боз ҳам вазнинтар кард. 3 ноябр боқимондаҳои лашкари Австро-Венгрия ба лашкари Италия таслим шуданд. Бо ҳамин Австро-Венгрия ҳам аз ҷанг баромад.

Шикастхӯрии Австро-Венгрия ба парокандашавии ин империя оварда расонд. Чехия ва Словакия аз он баромада, Чехословакияро ташкил карданд. Венгрия ҳам истиқлолияти худро эълон намуд. Давлату халқҳои дигари империяи Австро- Венгрия низ истиқлолият ба даст оварданд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …