Главная / Гуногун / Амалиётҳои ҷангӣ дар соли 1914

Амалиётҳои ҷангӣ дар соли 1914

Давлатҳои ба ҷанг дохилшуда ҳар яке нақшаи ҷангии худро дошт. Германия аз рӯи “Нақшаи Шлиффен” амал мекард. Чунин номро ин наwша аз рӯи номи сардори Ситоди қувваҳои мусаллаҳи Германия Шлиффен, ки дар арафаи саршавии ҷанг вафот карда буд, гирифтааст. Мувофиқи ин нақша Германия, Белгияю Люксембургро, ки сарҳадҳояшон на онқадар мустаҳкам буданд, рахна карда, ба қаламрави Фаронса зада даромада, онро маҷбур карданӣ буд, ки таслим шавад. Баъди ин навбат ба торумор кардани Русия фаро мерасид.

x1-mirovaya4-752x440-jpg-pagespeed-ic-secvseiioq

Дере нагузашта лашкари Германия артиши Белгияро торумор карда, ба Фаронса ҳуҷум меорад. Вай дар шимоли он бо гурӯҳи калони лашкари англисӣ вохӯрд. Немисҳо лашкари Англияро маҷбур карданд, ки ақиб нишинад. Баъд лашкари Германия ба Париж ҳуҷум кард. Мувофиқи “ваъда”-и Вилгелми II Германия Фаронсаро то тирамоҳ ба хок яксон карданӣ буд.

Вақте ки лашкари Германия ба забти Фаронса машғул буд, лашкари Русия маҷбур шуд, ки ба иттифоқчии худ – Фаронса ёрӣ расонад. Барои ҳамин сарбозонаш ба Пруссияи Шарқӣ зада даромада, Фаронсаро аз торуморшавӣ наҷот доданд. Сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи Германия маҷбур шуд, ки як қисми лашкарро аз майдони ҳарбу зарби Фаронса бароварда, ба Пруссияи Шарқӣ равон кунад. Лашкари Германия дар наздикии Мазур ба русҳо шикаст дода, онҳоро аз Пруссияи Шарқӣ пеш карданд. Дар ҷабҳаи ҷанубӣ бошад, қувваҳои Ҳарбии Русия хати мудофиаи Австро-Венгрняро убур намуда, қалъаи Перемишлро муҳосира карда, қисми Полша ва Галитсия (Украинаи Ғарбӣ)-ро ишғол намуданд. Лашкари немисии ба ин ҷо омада расида ба иттифоқчии худ ёрӣ расониданӣ буд, вале онро лашкари русҳо фишор дода, ба ақиб партофт. Баъди ин лашкари русҳо боз ба Пруссияи Шарқӣ зада даромад. Фармондеҳи лашкари Германия маҷбур шуд, ки боз 6 корпуси дигарро барои ёрӣ ба ҷабҳаи шарқӣ фиристонад. Ин иқдом аҳволи фаронсавиҳоро каме сабуктар кард.

Тирамоҳ маълум гардид, ки нақшаи “Ҷанги Барқосо”-и Германия барбод рафтааст, моҳи сентября соли 1914 дар назди дарёи Марна задухӯрди калони лашкари Германия бо лашкари Фаронса ва Англия ба амал омад. Аз ҳар ду тараф дар он зиёда аз 1,5 млн. кас иштирок кард. Лашкари Фаронсаю Англия ба ҳуҷум гузашта, 9 сентябр бар лашкари Германия дастболо шуд. Немисҳо маҷбур шуданд, ки ақибнишинӣ кунанд. Онҳо танҳо дар наздикии дарёи Эне ақибнишиниашонро бас карда, ба мудофиа гузаштанд.

Нақшаи немисҳо дар бораи он, ки аввал Фаронсаро торумор карда, баъд кори русхоро тамом мекунанд, барбод рафт. Германия маҷбур шуд, ки дар ду ҷабҳа ҷанг кунад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …