Амал кардан ба суннаҳои Расул (с)
Расули акрам (с) фармуданд: ҳар ки дӯст дорад аз умматони ман сунатҳои маро, бас ба таҳқиқ дӯст доштааст маро ва ҳар ки дӯст дорад маро, дар биҳишт ҳамроҳи ман бошад.
Овардаанд, ки ҳар касе хоҳиши ба хоб дидани ҷамоли мубораки Расул (с) дошта бошад, ба муҳаббати замон ба суннатҳои Расули акрам (с) машғул шавал ва салавоти шарифро бисёр гӯяд.
Расули акрам (с) фармуданд: касе чизеро дӯст дорад, зикри ӯро бисёр кунад. Суннати Пайғамбар, яъне пайравии Пайғамбар кардан чӣ кореро, ки ӯ карда аст, ӯро иҷро кардан аст..
Овардаанд, ки шахсе назди Расул (с) омада гуфт: – Ё Расулаллоҳ (с), шаҳодат медиҳам ба ягонагии Худои таъоло ва шаҳодат медиҳам бар ҳақ будани Пайғамбарии шумо ва панҷ вақт намозро ба вақти худ мегузорам. Ва рӯзаи моҳи шарифи рамазонро медорам ва закоти молро медихам, чӣ савоб бошад маро?
Расул (с) гуфтанд, ҳар ки ба ин корҳое зикр кардӣ амал кунад, рӯзи қиёмат ҳамроҳи пайғамбарон ва сиддиқон ва шаҳидон маҳшур гардад. Агар бар падару модар оқ набошад. Агар оқи волидайн бошад, аз ҳама савоб маҳрум гардида аз даргоҳи Илоҳӣ дур бошад.
Ривоят кунанд, ки рӯзе Расули акрам (с) ҳамроҳи саҳобагон нишаста, ҳадисе аз дӯст доштани дунё намуданд. Ғайр аз Самома бинни Зайд, ҳамаи саҳобагон гиря карданд.
Самома (р) гуфт: – Ё Расулаллоҳ, дили ман сахт шудааст. Расули акрам (с) дасти мубораки худро ба дили Самома ниҳода гуфт: берун шав, эй душмани Худо. Яъне, эй шайтон, аз дили ӯ дур шав! Он гоҳ Самома (р) ба гиря даромад.
Расули акрам (с) фармуданд, ки сахтии чашм аз сахтии дил аст ва сахтии дил аз бисёрии гуноҳ аст. Ва бисёрии гуноҳ аз фаромӯш кардани марг аст ва фаромӯш кардани марг аз кор кардани бисёр аст ва кор кардани бисёр аз дӯст доштани дунё аст. Ва дӯст доштани дунё сари ҳамаи гуноҳон аст.
Илоҳо, ба ҳурмати Расули акрам (с) ба ҳамаи бандагони мӯьмин ва мӯъминот тавфиқи бар по доштани суннати ҳазрати Сайидулмурсалин (с)-ро арзонӣ дошта, аз дӯст доштани дунё паноҳ диҳӣ, омин.