Главная / Илм / АЛОПЕТСИЯ

АЛОПЕТСИЯ

alopetciyaАЛОПЕТСИЯ (Alopecia), пурра ё қисман рехтани мӯй. А. модарзодӣ, лонавӣ, бармаҳал ва алоимӣ мешавад.
А.-и модарзодӣ гоҳо бо осеби нохунҳо, дандон ва пӯст ҳамроҳ мегардад. Хеле кам дучор меояд ва бештар хусусияти оилавӣ дорад.
Дар мавриди А.-и лонавӣ мӯи сар, риш, мӯйлаб, баъзан абрӯю мижгон, мӯи зери каш ҷо-ҷо (лонавӣ) пурра мерезад. Беморӣ асосан дар синни ҷавонӣ ва миёнсолӣ ба мушоҳида мерасад. Ба пайдоиши он бемориҳои сироятӣ, ноҷуриҳои эндокринӣ ва рӯҳӣ, таъсири нурҳои рентгенӣ ва ғ. мусоидат мекунанд. Ҷое ки мӯи он рехтааст, шакли доираро дорад. Гоҳо қитъаҳои хурд ба ҳамдигар пайваста, қитъаҳои калони бемӯйро ба вуҷуд меоранд. Пӯсти ҷои осебёфта суфта ва ҷилонок мебошад. Дар давраи оғози беморӣ сӯрохи масомаҳои фолликулаҳои мӯйро ба чашм дидан мумкин аст, вале баъдтар онҳо ҳамвору тахт мешаванд. Беморӣ аз 2 моҳ то 1 – 2 сол давом мекунад. А.-ҳои бадзот (тоталӣ) ва канорӣ дуру дароз идома меёбанд. Дар мавриди А.-и бадзот мӯи тамоми сар, дар аснои А.-и канорӣ бошад, фақат мӯи атрофи он мерезад.
А.-и бармаҳал асосан дар заминаи бемории себорея ба амал меояд. Хоси мардҳо буда, дар давраи ҷавонӣ ва миёнсолӣ мушоҳида мешавад. Рехтани мӯй аз қисми пешона оғоз ёфта, дар муддати чанд сол тамоми сарро фаро мегирад (баъзан фақат мӯи канорҳои сар боқӣ мемонад). Пӯсте, ки мӯи он рехтааст, ҷилонок ва тунук мешавад. Беморӣ дар занҳо низ метавонад ба мушоҳида расад (мӯи онҳо камубеш тунук хоҳад шуд).
Сабаби А.-и алоимӣ бемориҳои гуногун, мас., сифилис, сили пӯст, бодхӯрда, микроспория, трихофития ва ғ. мебошанд.
Дар мавриди ҳама шаклҳои А. муолиҷаро духтур таъин мекунад. Бо мақсади табобат аз кортикостероидҳо, витаминҳо, доруҳои оромсозандаи асаб, давоҳои васеъкунандаи рагҳои хунгузар, марҳамҳои гуногун ва ғ. истифода мебаранд.
Оқибати беморӣ ба шакли А. вобаста аст. Ҳангоми А.-и модарзод ва дар баъзе мавридҳо ҳангоми А.-и бадзот мӯй намебарояд. Дар сурати А.-и бармаҳал доманадор шудани бемориро метавон пешгирӣ кард.
Ад.: Зоиров П.Т., Бемориҳои пӯст, Д., 1999; Ҳамон муаллиф, Болезни кожи, Д., 2002; Ҳамон муаллиф, Частная дерматология и венерология, Д., 2007.
П.Т. Зоиров.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …