Главная / Гуногун / Алами Зор

Алами Зор

Вақтҳои охир муаллими фанни таърих Исматов одати аҷоибе пайдо кардааст. Ҳини ҳар сўхбат бамавриду бемаврид аз воқеаи фавқулоддаи ба сараш омада қисса мекунад.

– Медонед, мо даҳ кас дар маҳалла ҳафтае як бор оши ҳарифона мехўрем. Ин анъанаи чандинсола. Ёру ҷўраҳои қарин ҳастем… Бо навбат ҳар кас ҳамаро дар хонааш меҳмон мекунад. Табиист, ки рақсу суруд, нону намак, қанду мева, обу арақ… Бе ин намешавад. Не, не, ҳар кас ҳадди худашро мешиносад. Хуллас, як дафъа, фасли баҳор навбати оши ҳарифона ба ман расид. Занам, ки хеле бадасту по аст, рўи дастархон нону намак рост кард. Ҳар кас ба худаш муносиб обрў дорад. Маслиҳат кардему гуфтем, ки аз дигарон зиёд шаваду кам не. Аз ин хотир, ба мағоза рафтаму ба ҷои даҳ арақ понздаҳ шиша гирифтам. Кӣ медонад, ҳў яке сўҳбат метафсад. Баъд мабодо шарманда нашавем.

duxtar

Дурандешӣ хислати нағз-дия! Шафтолуи гап ҳамин, ки бар падараш лаънат, фурўшанда, ба ҷои бақияи пул даҳ дона билети лотарея дод. Мани содда, ҳафтафаҳм набошам, калаам сарамро хўрад, ба оши гаштак як навигарӣ дорам гуфта, ҳамон даҳ лотареяро ба аҳли маҳфил якто-якто тақсим кардам. Пешонии сахти ман, э вой гаранг набошам меҳмонпазирӣ гумон карда…

Қисса кўтоҳ, ҳодисаи зиндагия бинед, ки Аъзам таракторчӣ, одами як бурда нонашро дуруст хўрда наметавонистагӣ ба шарофати лотореяи ман тўҳфа карда, тасаввур мекунед, соҳиби мошини нави «Жигули» мешавад. Оши ҳарифона нахўрда мурам, намешавад магар? Ақл, ки нест… Бовар кунед, пас аз шуниданам се рўз хобу хўрам ҳаром шуд, ба худ наомадам. Болои мурда сад чўб гуфтагӣ барин дар рўзномаҳо навиштаанд, ки «бахти тракторчии колхози фалон Аъзам Фалончиев омад карду ба ивази лотареяи як сўмааш мошин бурид». Шабҳо ҳамроҳи занам мисли шамъ аз ғаму алам сўхта об мешудем. О ношуд набошӣ, мурғи саодати худаш ба кафи дастат нишастаро марҳамат гўён ба бегона ато мекунӣ… Ба назарам, лоторея кирм метофту аъзои баданамро аз дарун мехўрд. Тоқат накарда як бегоҳ хестаму ба хонаи Аъзам-тракторчӣ рафтам.

– Ошно, қатори дигарон туро ҳам ба оши гаштак ба хонаам даъват кардам?

Гуфт зор:

– Ҳа.

Пурсидам:

– Нону намакамро чашидӣ?

– Ҳа.

Пурсидам:

– Лотореяро яктогӣ тақсим кардам?

Гуфт:

– Ҳа.

Боз пурсидам:

– Ба ҳамон лоторея мошин баромад?

Гуфт:

– Ҳа.

Пурсидам:

– Шарм намедорӣ? О аз рўи инсоф гирем, ту бояд, бурди лотареяро, ё ақлан ними пулашро ба ман медодӣ…

Вай гуфт:

– Ман аз куҷо хабар доштаму ту аз куҷо медонистӣ, ки лотореяи тўҳфа кардаат бурднок аст. Мо даҳ кас будем. Насиби ман будааст. Чӣ акнун ман худамро овезам?..

Қадре пасту баланд рафтем, вале дилам ба ҷояш наафтод. Ду-се мўйсафеди маҳалларо миёнрав карда, маҷбур наздаш фиристодам. Не, ношукр, тан надод (зор).

Ба суди халқӣ муроҷиат кардам. Ҳаққи ҳалоли маро рўёнда диҳед, гуфтам.  Адолат помол мешавад гуфтам. Раиси суд қиссаи талхи маро шуниду дар охир насиҳат кард:

– Аввал, ба худододагон ҳасад мабар, ки ба онҳо худо додааст. Дуюм, тўҳфаро ҳеҷ кас пас намегирад. Аз ин рў…

Одамизод  шири хомхўрдаву бехабар аз он аст, ки зиндагӣ ин хел номардиҳо ҳам дорад…

Муаллим Исматов қиссаи шикоятии худро доимо бо ҳамин суханҳо анҷом медиҳад. Ҳарчанд аз оши гаштаку лоторея ниҳоят қимоб бошад ҳам, он ҳодисаи барояш аламоварро тез-тез ҳикоя мекунаду дилашро тасалло мебахшад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …