Главная / Гуногун / Ғалабаи Шимол бар Конфедератсияи Ҷануб

Ғалабаи Шимол бар Конфедератсияи Ҷануб

Баъд аз он ки Шимол ба ҷанги инқилобӣ гузашт, Конфедератсия дар муҳорибаҳо паси ҳам шикаст мехурд. Ғалабаи охирини нисбатан калони ҷанубиҳо дар муҳорибаи назди Чанслорсвилл моҳи апрели соли 1863 доир гардида буд. Тобистони ҳамон сол дар Ҷанги мулкӣ гардиши куллӣ ба амал омад. 1 – 3 июли соли 1863 Дар ҷанги З-рӯзаи назди Геттисберг артиши ҷанубиҳо шикаст хӯрда, ба ақибнишинӣ cap кард. Баъди як рӯз генерал Грант дар муҳорибаи калоне ғолиб баромад ва нуқтаи муҳимтаринеро дар Миссисипи, ки Виксберг ном дорад, ишғол намуд. Дар ин муҳориба то 10 ҳазор нафар аскару афсарҳои Конфедератсия  ҳалок шуданд. 29.5 ҳазор нафари дигарашон асир афтоданд. Ғайр аз ин артиши генерал Грант 170 тӯпи лашкари Ҷанубро ғанимат гирифт.

xusa-752x440-jpg-pagespeed-ic-d_azgtrtvl

Соли 1864 артиши Шимол дар зери роҳбарии умумии генерал Грант барои пурра торумор кардани Ҷануб шурӯъ кард. Артиши генерал Ли дар наздикии Аппоматтокс муҳосира карда шуд. Ӯ 9 апрели соли 1965 маҷбур шуд, ки таслим шавад. Дере нагузашта қисмҳои дигари артиши Конфедератсия низ таслим шуданд ва бо ҳамин ҷанги мулкии ба инқилоб табдилёфтан ИМА ба охир расид.

Баъд аз ғалаба ҳукумати Линколн барои бесилоҳ гардонидани исёнгарон ягон чораи таъсирбахш наандешид. Аксарияти афсарони артиши Ҷануб, ки асир афтода буданд, дар баробари савганд ёд кардан, озод мешуданд. Президент Линколн ҳам хуб муҳофизат карда намешуд. Натиҷаи ҳамин беэҳтиётиҳо буд, ки 14 апрели соли 1865 дар театр, хангоми тамошои спектакл ҷонибдори ашаддии ғуломдорон актёр Буст Авраам Линколнро парронд.

Баъди ғалабаи Шимол бар Конфедератсияи Ҷануб марҳалаи таҷдиди иёлоти ҷанубӣ оғоз ёфт, ки он аз соли 1865 то соли 1878 тӯл кашид. Ин вақт ҳам собиқ ғуломдорон мавқеи худро бе муқобилият аз даст намедоданд.

Рабство

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

хасибхои Точики

Ҳасибҳои болаззаттарини тоҷикӣ – ҳасибҳо

Ҳасибҳои болаззат дар шаҳри Душанбе- пойтахти Тоҷикистон, бо тамғаи “Хасибчаи Дидор” дар комбинати шири Душанбе …