Шашумин асаре, ки онро ба Ҳазрати қутбулавлиё ва сироҷи умам Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) нисбат медиҳанд, китоби «Муснад» (яъне, «Ҷамъи Ҳадис»)-и шариф мебошад. «Муснади шариф» китобест, ки дар он аҳодиси шарифи Расулулло (с) ба тартиби асмои саҳобаи киром разиаллоҳу анҳум, ба эътибори ҳуруфи ҳиҷо ва ё савобиқи дар Ислом ва ғайра мазкур мебошад.
Бино ба шаҳодати Имом Муҳаммад (р), Имом Муслим (р), Имом Абӯ-Юсуфи Яъқуб (р), Имом Абӯмуқотили Самарқандӣ (р), Имом Абӯмутеъи Балхӣ (р), Имом Зуфар ибни Ҳузайл, Имом Ҳаммод ибни Абӯҳанифа (писари Имоми Аъзам разиаллоҳу анҳу) Абдуллоҳи Муборак (р), баъдан Имом Тирмизӣ, Имом Муслим, Имом Бухорӣ ва ғайра ва уламои баъдина-Бурҳониддини Марғелонӣ (р) ва даҳҳо дигарон, Ҳазрати афзалулмуҷтаҳиддин ва тобеъин Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р), воқеъан китоби арзишманде бо номи «Муснад» (ҷамъи ҳадисҳои Расулуллоҳ (с), ба ривояти Имоми Хасфакӣ ва шарҳи Мулло Қорӣ доштаву онро ба пайравони солеҳу содиқи мазҳабаш боқӣ гузоштааст. То кунун 12 нусхаи дастии мӯътамади дорои ташреҳи «Ал-Муснад-ал-Имом-ал-Аъзам Абӯҳанифа (р)» мавҷуд ва маҳфуз аст.